Ба гунаи намодин нишон дода мешавад, ки плани баъдӣ болои Тоҷикистон аст, аммо ба воситаи иғфоли ҳама дар қадами нахуст Туркманистон ҳадаф хоҳад буд.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, шореҳи “Сангар”
Таҳаррукоти ҷадид дар минтақа аз ҷониби муттаҳидини фароминтақавӣ, бахусус дар Шимоли Афғонистон нишон медиҳад, ки талошҳое ҷараён дорад, то ҳалқаи муҳосираро аз ду ҷониб болои Русияву Эрон ва Чин ба воситаи қазияи Арманистону Озарбойҷон ва ҳам қазияи Афғонистону ТТП тангтар созанд. Як теъдоди зиёде аз нафарбариҳо дар Шимоли Афғонистон, ба мақсади фиреби иттилоотӣ сурат гирифтааст. Ҳол он ки ба гунаи намодин нишон дода мешавад, ки плани баъдӣ болои Тоҷикистон аст, аммо ба воситаи иғфоли ҳама дар қадами нахуст Туркманистон ҳадаф хоҳад буд. Ин асл дар ҷанги кунунӣ, ки хусусияти ҳибридӣ дорад, ҷанбае аз ҷангҳои иттилоотӣ аст.
Дар зимн руқабои муттафиқини минтақаӣ ба дурустӣ медонанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо Русия аст ва режими амниятии он тавъамият ва ҳамбастагии наздик бо Паймони амнияти ҷамъӣ, ки Русия ҷузи муҳимми он маҳсуб мешавад, дорад ва омодагӣ ҳам барои ҷанг дорад, биноан, нишон медиҳанд, ки барнома болои ин кишвар аст. Дар ҳоле ки дар як ҳаракати ғайри қобили пешбинӣ, ба нуқтаи дигар, ки осебпазирии бештар дорад, зарба ворид мекунанд. Ба ин манзур, қазияи Шимоли Афғонистон ҷиддӣ мешаваду талошҳо ҷараён дорад, то аз таҷаммӯъи қувватҳои муқовиматмеҳвар ва зидди Толибон ва барномаҳои ҳомиёнашон дар Шимоли Афғонистон, ба воситаи барномаҳои сиёсӣ мамониат сурат гирад.
Ҳамзамон ҳавли ин талошҳои низомиву роҳбурдӣ равандҳои сиёсии мувозиро дар Туркия, Покистон ва Аврупо созмондеҳӣ кардаанд, то монеи шаклгирии як ҷабҳаи васеъ бар зидди Толибон ва террористони фаромиллиятӣ шаванд. Дарвоқеъ, тарси аслии муттаҳидини фароминтақавӣ ҳам ҳамин аст, то иҷоза надиҳанд ҳаракате бар зидди Толибон ва барномаи интиқоли террористон ба Шимоли Афғонистон сурат гирад.
Дар ин миён мавқифи чиниҳо то ҳанӯз номушаххас аст. Чиниҳо то дақиқаи навад ба роҳи худ мераванд ва фикр мекунанд, ки масири таъмини манофеи худро интихоб кардаанд, дар ҳоле ки барнома рӯйи иғфоли чиниҳо низ вуҷуд дорад. Зоҳиран чиниҳо рӯи фарши сурх бо Толибон ҳамгом ҳаракат мекунанд. Дар ҳоле ки барномаҳои васее барои ба вуҷуд овардани таҳдидҳои амниятӣ дар моҳавли муттафиқини осиёиву минтақаӣ рӯи даст аст. Фарши сурхи ҳамворшуда барои Чин дар Афғонистон ва даргир сохтани Русияву Осиёи Марказӣ дар ҷабҳаи ҷанг бар зидди ошӯб дар минтақа, натиҷаи як раванди созмондеҳишуда аз ҷониби руқабои онҳо аст. Талош мешавад, то аз иттиҳоди эҳтимолии Чину Русия дар ҳавзаи Шимол ҷилавгирӣ шавад.
Эрону Толибон дучори муаммои амниятии ҷиддӣ ҳастанд. Нооромиҳои ахир дар аёлатҳои Балучистону Систон манбаъи нигаронӣ барои мақомоти Теҳрон аст. Эрониҳо ба таври дақиқ маълумот доранд, ки чизҳои машкуке бар зидди манофеъашон дар ҷараён аст. Ду рӯз қабл мақомоти эронӣ тасовире аз таслиҳоти амрикоиро, ки тоза ба даст овардаанд ва қарор буд барои мухолифонашон дода шавад, намоиш доданд. Дар асл манбаъи нигаронии эрониҳо, як ҳаракати созмондеҳишуда ба воситаи террористони чандмиллиятӣ аст, ки Толибон бистари муносиби онро фароҳам овардаанд. Қазияи ДОИШ барои феълан муаллақ мондааст ва нигаронӣ аз Ҷундуллоҳу соири гурӯҳҳои балучи мухолифи режими Эрон аст. Он чиро, ки зоҳиран дар расонаҳо гузориш дода мешавад, лопушони иттилоотӣ барои як зиддиҳамлаи созмондеҳишуда аз ҷониби режими Эрон аст, ки дар як ҳамоҳангии наздик бо Русия тадорук дидааст.
Русҳо бо диққат ҳаводиси Қафқозро таъқиб мекунанд, зеро нақши Амрико, Туркия ва соири руқабои рус дар таҳаввулоти ахири Арманистону Озарбойҷон ба мушоҳида мерасад. Набард дар ду ҷабҳа болои муттафиқини осиёӣ шурӯъ шудааст. Мумкин ҳаммонанди қазияи иғфоли иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳавзаи Қафқоз низ дучори як бардошти нодуруст ва як муҳосибаи роҳбурдӣ иштибоҳ шавад. Агарчи эҳтимоли ин кор барои феълан бисёр кам аст ва русҳо таҷориби хубе аз чунин тарфандҳои иттилоотӣ доранд, аммо муҳосибаи руқабояшон, талош дар чунин масирро нишон медиҳад.
Аммо қазияи Афғонистон камокон дар гурӯҳи муаммо ва ибҳом боқӣ мемонад. Муаммои амниятии бавуҷудомада, мутлақан моҳияти буҳрони Афғонистонро як буҳрони амниятии мутассир аз муалифаҳои геополитикӣ, нишон медиҳад. Ин муодилаи муғлақи амниятиву геополитикӣ ояндаи торикеро барои Афғонистон паём медиҳад. Ба заъми нигоранда, то замоне, ки як иҷмои амниятӣ ва ҳаракате дар масири як барномаи геополитикӣ аз ҷониби муттафиқини осиёӣ рӯйи даст гирифта нашавад, барномаи муттаҳидини фароминтақавӣ ҳар рӯз як қадам пештар барои тахриби режими амнияти минтақа бармедоранд. Ин раванд тамоми динамикаи амниятии минтақаро таҳти таъсир қарор дода, паёмадҳои хубе барои амният, иқтисод ва суботи сиёсии минтақа нахоҳад дошт.