Хабари рӯз

Русҳо талош мекунанд, то дасти Амрикоро аз ҳар гуна раҳбарӣ дар ояндаи минтақа, бахусус дар қазияи Афғонистон, оҳиста-оҳиста кӯтоҳ созанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, шореҳи “Сангар”

Ба таърихи 29 сентябри даври баъдии гуфтугӯҳо дар мавриди ояндаи сиёсии Афғонистон зери номи нишасти “Формати Маскав” дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад. Дар ин нишаст, намояндагони Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҳинду Покистон ширкат хоҳанд кард.

Ба назар мерасад, ки ҳавсалаи Русия дар қиболи вазъияти мубҳам ва муғлақи Афғонистон ба сар расида ва ин кишвар бо ташдиди нигарониҳо аз дарки густариши нуфузи ифротгароён ва гурӯҳҳои ҷаҳонӣ дар Шимоли Афғонистон ва мавзӯъи ташкили як давлати мавриди қабули минтақа, дар талоши бадастгирии ибтикори минтақаӣ аст, ки мутазаммини манофеи амниятӣ ва сиёсии он бошад.

 Талоши Маскав барои раҳбарии таомулоти минтақаӣ, дар чаҳорчӯби докторинаи амниятӣ ва иқтисодӣ, тавъам бо муаллифаҳои сиёсӣ, шакл мегирад. Маскав аз манофеи амниятиаш дар баробари ҳар хел таҳдид дифоъ хоҳад кард. Осиёи Марказӣ ба масобаи ҳаёти хилвати стратегии ин кишвар маҳсуб мешавад. Дар ҳоле ки чолишҳои рӯзафзун аз Афғонистон амнияти ин минтақаро нишона гирифтааст ва ин барои Маскав ғайри қобили иғмос аст.

Русия дар ҳоле ки дар ҷабҳаи Аврупо масруфи набард бо Ғарб аст ва ҳолати мавҷуд нишон аз як бунбасти низомиву таърихӣ дорад, талош мекунад дар ҷабҳаи ҷануб имкони бурузи ҳар хел таҳдиди амниятиро маҳдуд созад. Русҳо бо ташдиди нигарониҳои физоянда аз дарки қувватгирии терроризм дар Шимоли Афғонистон, дар ибтидо тавонистаанд моҳияти аслӣ, манбаъ ва суръати густариши терроризмро ба як назарияи умумӣ дар сатҳи минтақа, мубаддал созанд ва аз сӯйи дигар, дар талошанд, то аз ин фурсати пешомада истифодаи беҳинаи амниятӣ намоянд ва раванди амрикозудоӣ аз минтақаро такмил кунанд.

Ба ҳамин лиҳоз, Маскав бар иловаи даъвати вазири хориҷаи Толибон, чанде қабл бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ дидорҳоеро тартиб дода буд, то тавозунро дар равобиту таомулоти амниятиву сиёсӣ дар ояндаи Афғонистон барқарор созад ва манофеи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии худро камокон ҳифз намояд. Ба ҳамин манзур, фаъолгарии дипломатии Русия, дар қолаби Формати Маскав, талош барои ба даст гирифтани набзи сиёсиву дипломатӣ аст, ки ҷудо аз шумулияти кишварҳои фароминтақа ба он фикр мешавад ва мантиқи ҳоким бар он, "танҳо минтақа барои минтақа" аст.

Албатта, ки ин талошҳои Маскав дар чорчӯб бардоштҳои воқеъгароёна аз манофеи ҳаётиву амнияти миллии Русия таъриф мешавад, аммо ин кишвар тавониста иҷмои бузурги минтақаро дар хусуси нақши раҳбарикунандаи худ дар миёни кишварҳои минтақа, то ҳудуде ба вуҷуд оварад, ки худ як муваффақият ҳисоб мешавад. Аз сӯйи дигар, Маскав ба хубӣ огоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ монанди қазияи Украина наметавонад дар як киштӣ бо Эрону Чин ҳаракат кунад, аммо дар қазияи Афғонистон метавонад аз чандин ҷиҳат манофеи муштараки амниятӣ ва сиёсӣ-иқтисодии кишварҳои минтақаро дар меҳварияти Маскав, гиреҳ бизанад.

Русҳо бо шинохти амиқ аз таърихи Афғонистон ва набзи ҳокими сиёсӣ бар вазъияти минтақаву густариши нигарониҳои амниятӣ аз бузургтар шудани ҳалқаи гурӯҳҳои террористие, ки дар Шимоли Афғонистон лона гирифтаанд, талош мекунанд, то дасти Амрикоро аз ҳар гуна раҳбарӣ дар ояндаи минтақа, бахусус дар қазияи Афғонистон, оҳиста-оҳиста кӯтоҳ созанд. Агарчи фаҳми мутаориф аз тадвири чунин нишастҳо ба асоси таҷориби гузашта нишон медиҳад, ки наметавон ба эъломияҳову қатъномаҳои баромада аз он умед баст, аммо ҳадди ақал, фаъолгарии дипломатии Русия нишон аз аҳамияти мавзӯи Афғонистон ва хостҳои матраҳшуда дар қибол, монанди ташкили давлати фарогир, тармими раванди сиёсии мавҷуд, ки ҳокимияти мутлақи Толибон, як бахши бузурге аз мушкили онро месозанд, дорад. Зеро дар нишастҳои қаблӣ низ бар ташкили давлати фарогир ва баргардондани фазои сиёсии муносибе барои мубаддал шудани Афғонистон ба унвони унсури фаъоли таомулоту пӯёии амниятиву сиёсӣ дар сатҳи минтақаву ҷаҳон таъкид шуда буд, аммо то ҳол кадом иқдоми умедворкунанда ва амалӣ дар ин росто аз ҷониби Толибон сурат нагирифтааст.

Ба заъми русҳо ин кор ношӣ аз дахолати Ғарб дар қазияи Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон аст. Чунончи Замир Кобулов, намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия барои Афғонистон, дар суханронии ифтитоҳияи он нишаст гуфт: "Мо тақрибан як сол пеш дар чорчӯби ҳамин сохтор бо ҳам дидор кардем. Баёнияи муштаракеро содир кардем ва яке аз нукоти он аз мақомоти афғон дар Кобул хоста шудааст, то иқдомоти амалиро барои ташкили як давлати фарогири қавмӣ-сиёсӣ анҷом диҳанд. Мутаассифона, ин иттифоқ нифодааст. Ба ҳамин далел, мо тасмим гирифтем, ки танҳо дигар кишварҳои минтақаро ба ин нишаст барои эҷоди як рӯйкарди муштарак дар чорчуби Формат даъват кунем". Ин суханон нишон аз талоши ҷиддии Маскав барои раҳбарӣ ва ҳидояти таомулоти минтақаӣ дорад ва нишон медиҳад, ки русҳо ба ҳеҷ унвон хостори дахолати Ғарб дар қазоёи минтақа нестанд ва мехоҳанд ибтикори ҳар хел таҳаввулро бо худ дошта бошанд.

Эҳтимолан, Формати Маскав, се ҳадафро нишона гирифтааст:

- Итмоми ҷиҳати Маскав барои Толибон ва эъломи мавзуъи возеҳ дар хусуси тағйири вазъияти мавҷуд, ки ба самти қаҳқароӣ шудан равон аст. Дар ин сурат, Маскав барои Толибон гӯшзад хоҳад кард, то дар қиболи вазъияти мавҷуди Афғонистон ва бунбасти пешомада, таҷдиди назар дар хусуси ҳокимияти мутлақи  толибонӣ, кунанд. Дар ғайри он, гузинаҳои бадил дар интизорашон хоҳад буд;

- Мавзӯъи бисёр муҳими дигар, нигаронии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аз бобати фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир аст. Ин масоил низ ҳатман дар нишасти Формати Маскав ба баҳс гирифта хоҳад шуд. Баъд аз ба қудрат расидани Толибон, мизони кишту қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба берун, амнияти тамоми минтақаро бо хатар мувоҷеҳ сохта ва ба манобеи пулии хубе барои ҷараёнҳои террористӣ мубаддал шудааст. Ин баҳс яке аз се муаллифаҳои таҳдидзо дар хусуси таърифи амнияти миллии Маскав шинохта мешавад;

- Эҷоди як Формати муназзами дипломатӣ дар сатҳи минтақа, ки битавонад ҳаммонандм Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, бидуни дахолати Амрико ва муттаҳидонаш қазоёи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро бо асли раъйи иҷмоӣ ҳаллу фасл намояд. Ин кор метавонад орзуи русҳо барои раҳбарии чунин равандҳоро таҳаққуқ бахшад. Аммо ин ки оё ҳиндиҳову чиниҳо бо ин тарзи дид мувофиқ ҳастанд ё хайр? Масъалаи дигаре аст.

Аммо оё ин нишастҳо натиҷабахш хоҳанд буд?

Чунончи қаблан низ тазаккур ёфт, Толибону ҳомиёнашон аз ҳеҷ муаллифаи амниятӣ, ки ба нафъи русҳо бошад, истиқбол намекунанд, биноан, натиҷаи инчунин нишастҳо танҳо дар ҳадди як баёнияву изҳори назар боқӣ хоҳад монд, зеро Толибону бистарсозии ин гурӯҳ барои соири гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳикоят аз муаммои печидаи амниятӣ бо доманаҳои васее аз ҷангу хушунатварзӣ дорад. Аз он ҷое, ки дар солҳои гузашта ташкили як ҳукумати “ҳамашумул” пайваста дар баёнияи поёнӣ содир шуда, аз сӯи нишасти Маскав ба унвони дархости аслӣ дар ду соли гузашта дида мешавад, аммо кадом тамоюле аз ҷониби Толибон барои ин кор дида намешавад ва ин мубини ин ҳақиқат аст, ки Афғонистон башиддат ба сӯи амниятӣ шудан равон аст, то шаклгирии як давлати мавриди қабули ҳама.

Биноан, русҳо ба унвони талоши сиёсӣ дар ҷануб талошҳои амниятӣ ва талош барои нуфузу шарик будан дар қазияи Афғонистон, кӯшиш мекунанд аз қофила пас намонанд ва ҳамсони Амрикову муттаҳидонашон дар хусуси масоили муҳиме ҳамчу Афғонистон, ки ба манбаи муҳиме аз бесуботӣ дар минтақа мубаддал мешавад, ҳаракатҳои намодине дошта бошанд. Ҳамон тавре, ки маълум мешавад, қазияи Афғонистон мусталзими як рӯйкарди низомӣ аст, то як ибтикори сиёсӣ. Биноан, русҳо болои гузинаҳои низомии ҳаммонанди таъмини иртибот бо гурӯҳҳои мухолифи Толибон, ки дар чавкоти ҷунбишҳои муқовимат фаъолият доранд, низ ибтикорҳоеро ба харҷ додаанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!