Хабари рӯз

Толибони мамнуъа дар Федератсияи Русия ва воҳидҳои он дар талош барои коҳиши нуфузи Чин дар минтақа ҳастанд.

Нависанда: Ғавс Ҷонбоз, сиёсатшинос ва дипломати собиқи Афғонистон (Русия), “Независимая газета”

Мураббиёни хориҷӣ ва ҳамоҳангкунандаҳои Толибони террорист ва мамнуъшуда дар Федератсияи Русия, ки ба исломгароён кӯмак карданд, то ба қудрат бирасанд, аз иқдомоти худ, бавежа, дар "мубориза бо терроризм" дар ду соли гузашта розӣ ҳастанд. Ҷомеаи байнулмилалӣ ҳеҷ иддаое дар мавриди тавзеъи кӯмакҳои башардӯстона надорад ва иттилооти марбут ба ғорати онро давлатҳои ғарбӣ, қоидатан мавриди таваҷҷӯҳ қарор намедиҳанд. Ҳамин ризоят дар ҳавзаи иқтисодӣ вуҷуд дорад - Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки тавсеаи осиёӣ дар гузоришҳои худ умдатан мусбат сӯҳбат мекунанд: молиётҳо ҷамъоварӣ мешавад, гумрукот таҳти контрол аст...

Дастоварди аслии Толибон дар тӯли ду солро метавон тавоноии ҳадди ақали дар зоҳир ҳифзи якпорчагӣ ва ваҳдати раҳбарӣ номид. Ҷунбиш ба бахшҳову ҷиноҳҳо тақсим нашуд, ки ба сароҳат бигӯям, барои афғонҳову Афғонистон як кори маъмулӣ мебуд. Толибон то кунун тавонистаанд аз даргириҳои дохилӣ ҷилавгирӣ кунанд. Аммо нерӯҳои мухолиф, аз ҷумла мухолифони мусаллаҳ, дар ин муддат натавонистанд як ҷабҳаи воқеии низомӣ-сиёсиро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар эҷод кунанд.

Агарчи мақомоти Афғонистон ҳуқуқу озодиҳои занонро башиддат маҳдуд кардаанд ва ба таври куллӣ ҳуқуқи аввалияи башарро башиддат нақз мекунанд, аммо ҳама қудратҳои бузург аз Япония то Индонезия, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, чӣ расад ба Покистон, "тамосҳои муназзам"-ро бо онҳо идома медиҳанд, бо намояндагони онҳо мулоқот анҷом медиҳанд ва тамоюл доранд Толибонро ба унвони як шарики қонуниву баробар муаррифӣ кунанд. Ин тасаввур ба вуҷуд меояд, ки ҳама кишварҳо ба тавофуқ расидаанд ва ба иттифоқи оро мунтазири таҳаввули дохилии Толибон ҳастанд ва онро иҷтинобнопазир медонанд.

Саволе боқӣ мемонад: оё Толибон аз ҳимояти мардумӣ дар кишвар бархӯрдор аст? Дар ин ҷо нукоти зарифе вуҷуд дорад. Толибон усулан мӯътақид нестанд, ки давлат муваззаф ба ироаи хадамоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба мардум ва созмондеҳии омӯзиш аст. Толибон вазифаи худ медонанд, ки “роҳи ҳақ” -ро ба муъминон нишон диҳанд ва “тазкияи рӯҳ”-ро барои онҳо фароҳам созанд. Тақвияти ниҳодҳои иҷтимоии давлатиро “кори Худо” меҳисобанд. Худованд ва фақат Ӯ ҳақ дорад агар лозим бидонад ин корро анҷом диҳад. Афзоиш ё коҳиши маҳсулот, дар дастрас будани маводи ғизоӣ дар ғурфаҳо, бозорҳо, гуруснагӣ, суъитағзия, бекорӣ - ин масъулияти Худост, давлати Толибон ба ин мавзӯъ рабте надорад...

Мураббиёни ғарбии Толибон дар мароҳили аввалия умедвор буданд, ки мақомоти ҷадид битавонанд, ҳадди ақал аз назари зоҳирӣ, чизе шабеҳ ба "ташкилоти давлатӣ" ташкил диҳад, Луи Ҷирга (Маҷлиси олии суннатии умумафғонии намояндагони мардум - "Независимая газета")-ро даъват ва сохторҳои қонунии қудрату мудирияти давлатиро ташкилу қавонинро содир кунад. Бо ин ҳол, Толибон дар арзи ду сол ҳатто пешнависи қонунҳоеро, ки равобити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии дар кишвар танзим кунанд ё навъи сохтори сиёси-иҷтимоии кишварро таъйин намоянд, таҳия накарданд. Ҳадди аксари тавоноии Толибон ташкили як давлати муваққат дар 7 сентябри 2021 буд, ки муташаккил аз муллоҳои нимасавод буд. Ин нигариши Толибон нисбат ба давлат, мутасаддиёни ғарбиро водор кард то ба расмият шинохтани онро ба таъвиқ бияндозанд ва онҳо шурӯъ ба истифода аз тактикаи мутафовите алайҳи Толибон - Deal (муомила) - карданд.

Ҳамкории байни Толибони Афғонистон ва ҳаракати террористии Таҳрики Толибони Покистон (TTP), бавежа, ҷолиби таваҷҷуҳ аст (ҳамон тур, ки “Независимая газета” дар таърихи 17/04/23, гузориш дод, ТТП дар “Феҳристи федералии ягонаи созмонҳо, аз ҷумла созмонҳои хориҷиву байналмилалие, ки бо таваҷҷуҳ ба қавонини Русия ба унвони террорист ба расмият шинохта шудаанд”, сабт нашудааст. Аммо “Роскомнадзор” ба “Независимая газета” гуфт, ки бар асоси иттилоот аз манобеъи боз, Таҳрики Толибони Покистон "ҳамкории наздик бо созмони “Ҳаракати Толибон” дорад, ки ба ҳукми Додгоҳи олии Федератсияи Русия ба унвони созмони террористӣ шинохта шуда ва дар феҳристи ягонаи федералӣ гунҷонда шудааст." Дар баёнияи ниҳоие, ки 13 апрел пас аз нишаст дар қолаби "Русия, Эрон, Чин, Покистон" тасвиб шуд, TTP дар миёни гурӯҳҳои террористӣ "таҳдиде барои амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ" унвон шуд).

Касоне, ки иттилооти каме аз печидагиҳои бозиҳои истихборотӣ дар минтақа доранд, бардошташон ҳам аз робита байни Толибон ва TPP то ҳадде мутаноқиз аст. Толибон абзорест дар дасти Ғарб, бавежа Инглису Амрико. Кулли таърихи минтақаи мавсум ба Афғонистон-Покистон+Ҳинд нишон медиҳад, ки тақрибан ҳама созмонҳои мазҳабӣ дар он ҷо абзори стратегӣ ва ҳамчунин шуракои муассири Инглис ҳастанд. Илова бар ин, робитаи Толибон бо Ғарб комилан мутафовит аз Русияву Чин аст. Тамос байни Толибону Федератсияи Русия моҳияти мавқеиятӣ ва тактикӣ дорад. Ба назар мерасад, ки ҳарду тараф моиланд бо ҳифзи зоҳири иртиботот, вақтро кашол диҳанд. Амрикоиҳо ба Толибон иҷоза медиҳанд, ки ҳамкории маҳдуде бо Маскав дошта бошанд, аммо ба андозае, ки Русия даст ба иқдомоти хашин назанад. Русия зимни ҳимоят аз “муомила”-и фавқ, саъй дар расади таҳаввулоти минтақа дорад то аз дарун онро таҳти таъсир қарор диҳад ва аз хориҷ шудани авзоъ аз контрол ва рӯй овардан алайҳи Федератсияи Русия ва муттаҳидонаш ҷилавгирӣ кунад.

Робитаи Эрону Чин бо Толибон низ тактикӣ аст. Бозаргонону мутахассисони маъдани чинӣ яке пас аз дигаре аз маъданҳо боздид мекунанд ва ба сурати шифоҳӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ эълом медоранд. Аммо Чин ба хубӣ медонад, ки дар бозии ҷаҳоние, ки шурӯъ шудааст, Толибон фақат як абзор аст ва Толибон ҳанӯз ҳам иртиботи аслиро бо ҳамон амрикоиҳо ҳифз кардааст.

Ба навбаи худ, Таҳрики Толибони Покистонро ҳалқаҳои хосе аз истихбороти вафодор ба Иёлоти Муттаҳидаи Покистон контрол мекунанд. Дар натиҷа, аҳдофи он дар миқёси ҷаҳонӣ низ тавассути амрикоиҳо таъйин мешавад. Вазифаи фаврии Таҳрики Толибони Покистон таҳти фишор қарор додани артиши Покистон ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳаракати ғайриқобили контроли бархе аз фармондеҳони артиш ба самти наздикӣ бо Чин аст. Фаъолсозии феълии TPP дақиқан бо ин иртибот дорад. Вазифаи дигар ин аст, ки дар баробари ҳар гуна проекти ҳамлу нақл, иқтисодӣ ва зербиноии воқеъ дар қаламрави Читрол то Балучистон, аз ҷумла ҷуғрофиёи сукунати фишурдаи бузургтарин гурӯҳи қавмӣ – паштунҳо - иқдом шавад. Ин кор ба гунае анҷом мешавад, ки чиниҳо дар ниҳоят маҷбур ба таваққуфи тавсеаи ин ҷуғрофиё шаванд.

Аксари коршиносон пешбинӣ карданд, ки бо рӯи кор омадани Толибон ва муттаҳидони идеологии он аз Таҳрики Толибони Покистон билофосила ба самти Осиёи Марказӣ (хонда шавад, дар ҳавзаи манофеъи Русия) ва Эрон ҳуҷум хоҳанд овард. Аммо бо қазоват бар асоси он чӣ дар ҳоли рух додан аст, ҳадафи аслӣ дар ҳоли ҳозир Чин аст ва бозии аслӣ ҳавли меҳвари он хоҳад чархид. Барои ҷиҳодиҳо муҳим аст, ки Ҷумҳурии Халқи Чинро бо тамоми абзорҳои маръӣ ва номаръӣ аз Покистон берун биронанд ва сипас ҷиноҳҳои дигарро дар даст бигиранд ва таваҷҷуҳи худро ба Эрону Осиёи Марказӣ маътуф созанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!