Хабари рӯз

Зиддият бо порсизабонон ҳам бахше аз стратегияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё аст ва ҳам ба гунае вазорати хориҷаи Русия!

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили минтақа ва ҷаҳон, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

Замир Кобулов лобигари бузургу ҳомии аслии Толибон дар вазорати корҳои хориҷии Русия аз баргузории нишасти “Формати Маскав” дар мавриди Афғонистон дар поёни моҳи сентябр хабар дод.

Қазон мизбони нишасти ҷадиди “Қолаби Маскав” хоҳад буд.

Мавлавӣ Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон ба ин нишаст даъват шудааст. Даъват аз сӯи Димитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул ба Мутаққӣ иблоғ шуд. Дар бораи дигар иштироккунандагон хабаре нест.

Нуктаи аввал маҳалли баргузории нишаст аст, яъне Қазон, пойтахти Тотористон. Аз замони тасарруфи Кобул тавассути Толибон, Русия алоқамандии зиёде ба тоторҳои Афғонистон нишон медиҳад. Мутаққӣ низ аз таваҷҷуҳи Русия ҳимоят кардааст. Тоторҳои Афғонистон дар гузашта танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд доштанд. На дар даврони ҳокимияти Ҳизби демократики халқ ва на ҳам дар даврони ҷумҳурият равшан набуд, ки тоторҳо ба чӣ теъдоданд. Танҳо гуфта мешуд, ки бештар дар вилоятҳои Саманагон ва Балх будубош доштаанд ва аксари онҳо ё худро тоҷик, ё ҳазора ва ё ҳам ӯзбек меномиданд ва ба забони тоторӣ баладият надоштанд.

Дилчаспии Кобулов бояд реша дар хостгоҳи табории худаш дошта бошад, ки гоҳе тотор ва гоҳе ҳам яҳуди бухороӣ хонда мешавад. Аммо ба назар мерасад дилчаспии вай бештар иқтисодӣ аст, то сиёсӣ ва кӯмак ба ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ ҳам аз маҷрои иқтисодӣ мегузарад.

Агар “Қолаби Маскав” дар даврони ҷумҳурият аз вазнаи сиёсӣ бархурдор буд, аммо имрӯз чунон нест. Русия дар ботлоқи ҷанги Украина фурӯ рафтааст ва шӯриши Пригожин бар эътибори Кремл зарбаи маҳкам зад. Русия тавоноии онро надорад, то Толибонро бо мухолифони он ки ҳама дар дасти Амрико ва муттаҳидони он ҳастанд, пойи мизи музокира бидуни ҳадаф бикашонад.

Талоши Кобулов аз як сӯ ҷонибдорона ва барои хостҳои ғарбгароҳои либерали давлати Русия аст, ки дар ҳафтаҳои ахир чандин зарбаро ба муҳофизакорон натсионалист ворид намуданд ва аз сӯйи дигар, мумкин ангезаи шахсӣ-иқтисодӣ дошта бошад.

Дар гузашта ҳам навишта будам, ки хонаводаи Амирхон Мутаққӣ ба кӯмаки сафорати Русия дар Кобул ва дар табонии Замир Кобулов ва ҳимояти Алишер Усмонов, яке аз миллиардерҳои бузурги Русия имтиёзи воридоти нафт ва газро (ба Афғонистону Покистон) дарёфт намудааст. Акнун мутаққиҳо ба мултимиллионерҳо мубаддал шудаанд. Шахси Мутаққӣ дар сохтори Толибон дорои нақши муҳим ва таъсиргузор нест, аммо номи вай барои фиреби Кремл аҳамияти зиёд дорад.

Кобулов дар замони гаравгонгирии халбонони русӣ дар даҳаи 1990 дар Қандаҳор ба ҳамроҳии Виктор Бут, тоҷири силоҳи Русия бо Толибон ошно шуд ва аз он замон нақши лобигари Толибонро бозӣ мекунад.

Вай миёнаи хуб бо соири ақвом, ба вижа тоҷикҳо надорад. Мумкин далели он ба даврони сафораташ дар оғози давлати муваққати Карзай баргардад, ки таваққӯъ дошт бо тоҷикҳо кор намояд, вале дар иваз Маршал Фаҳим нияти вайро ба амрикоиҳо иттилоъ дода буд, ки сипас бо эътирози Залмай Халилзод мувоҷеҳ шуд. Ҳамин сабаби сардии равобиташ бо сарони Ҷамъияти Исломӣ гардид ва мумкин ба уқда дар баробари порсизабонон мубаддал шуд.

Баъдҳо дар корномаи вай танҳо робита бо паштунҳоро метавон мушоҳида кард!

Зиндаёд Шоҳ Маҳмуд (Михаил Шоҳ) секретари дувуми сафорати Русия, ки соле қабл дар натиҷаи ҳамлаи дар зоҳир террористӣ, вале дар асл мафиёӣ кушта шуда, боре бароям қисса намуда буд.

Дар як маҳфиле, ки дар боғи Вазорати хориҷа дар Кобул тартиб дода шуда буд, Мулло Бародар, сафири Димитрий Жирновро ба ҷойи Кобулов иваз гирифта ва ба пашту аз Маҳмуд пурсида буд, ки чаро Кобулов дар он шаб ҳеҷ сӯҳбат накард.

Ин достонро дар баробари пурсиши ман, ки Мулло Бародар дар гӯшаш чӣ гуфт, ки дар яке аз аксҳо аз он маҳфил дида мешуд, қисса кард.

Ва дар фарҷом:

Дар бозии шатранҷи Афғонистон нишасти Қазон беаҳамият аст ва аз ҳамакнун равшан аст, ки ба ҷуз аз зеҳниятсозӣ ба нафъи Толибон ҳеҷ натиҷаи дигаре нахоҳад дошт.

Стратегияи тағйир дар ҷуғрофияи сиёсии минтақа мутобиқи майли Амрико оғоз шудааст.

Кобулов он стратегияро ё намедонад ва ё ҳам мехоҳад даричаи Маскавро ба нафъи он боз кунад.

Ҳадафи стратегии ҷадид эҷоди давлати Паштунстони бузург аз рӯди Ому то рӯди Синд аст, ки Амрико нақшаи онро дар ду даҳаи гузашта кашид ва бо овардани Толибон ба қудрат, тарҳи амалии онро шурӯъ намудааст.

Барои ман нишасти Қазон як барномае дар хатти барномаи бузурги амрикоӣ аст, ки ба таъқиби эъломияи вазири хориҷаи Русия дар робита ба ҷазоири сегона Эрон дар Халиҷ Форс бар алайҳи ҳавзаи бузурги порсизабонон анҷом мешавад.

Зиддият бо порсизабонон ҳам бахше аз стратегияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё аст ва ҳам ба гунае вазорати хориҷаи Русия!

Коршиносони паштунгарои асри Шӯравӣ чашми бино надоранд ва намедонанд, ки ҳимояти онҳо аз террористони толиб барои худашон қурбонии фаровон ба бор хоҳад овард.

Ҳаёти хилвати он дар Осиёи Миёна дар хатар аст ва поён меёбад, ки то манотиқи Қафқоз ва ҷануби Аврупои Русия, аз ҷумла Қазонро низ эҳтиво хоҳад кард!

Мутаассифона, Вазорати хориҷаи Русия сиёсати ахлоқии дугонаро дар пеш гирифтааст. Бо режими Зелинский ба ҳайси “террорист” дар ҷанг аст, вале бо режими террористии Толибон, ки ду севуми нуфус муташаккил аз ғайрипаштунҳоро ба гаравгон гирифтаанд, дохили таомули сиёсӣ ва доду ситади иқтисодӣ мебошад.

Дар як калом, коре, ки Кобулов дар сафҳаи шатранҷи Афғонистон анҷом медиҳад, сугсванг - таҳарруки иҷборӣ - ё ҳаракати икроҳӣ аст, ки ҳар ҳаракати бозикун мунҷар ба вахомати мавқеияти ӯ мешавад ва дар мавриди мо ин мавқеияти Русия аст.

Ғайрипаштунҳо, ба вижа порсизабонон, иқдомоти Кобуловро алайҳи худ медонанд ва ӯро ҳеҷ гоҳ намебахшанд!

Дар навиштаи оянда ба тарҳи Паштунистони Бузурги Амрико хоҳам пардохт.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!