Ҷаҳону Афғонистонро чӣ интизор аст?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Аз ду-се ҳафта бад-ин сӯ мушкилоте, ки домангири ман буд, натавонистам аз вазъияти Афғонистону ҷаҳон таҳлиле бинависам. Имрӯз фурсати андаке, ки доштам, мехоҳам дидгоҳи худро бо шумо шарик бисозам.
Дар қадами аввал ҷаҳон ба кадом сӯ дар ҳаракат аст?
Таҳлили ҷаҳонӣ дар асри кунунӣ ниёзманди таваҷҷуҳи вежа ба авомили иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ аст. Дар ин мақола талош мекунам ба баррасии ҳаракати ҷаҳон дар ин ду ҳавзаи калидӣ ва ҳамчунин вазъияти Афғонистон ба таври шояду бояд бипардозам.
1 - Рақобати байни гегемонҳои ҷаҳонӣ
Рақобат миёни қудратҳои бузург, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо башиддат афзоиш ёфтааст. Ин рақобатҳо бо гузашти ҳар рӯз ҷаҳонро ба тарафи як буҳрон мебарад. Ин рақобатҳо бар иқтисоди ҷаҳонӣ, амнияти байналмилалӣ ва назми ҷаҳонӣ таъсир гузошта ва ҳар рӯз онро хӯрду хамирхоб мекунад. Ҳар як аз ин қудратҳо дар талошанд то нуфузи худро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон густариш диҳанд, ки ин амр метавонад ба тағйироти умда дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳатто муҳоҷиратӣ ва фарҳангӣ таъсир дошта бошад.
2 - Чолишҳои байналмилалӣ
Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоли ҳозир наметавонад корҳоеро, ки бояд анҷом медод, анҷом диҳад. Милали Муттаҳид дар ҳоли ҳозир гаравгони панҷ қудрат ҷаҳонӣ аст, ки ҳаққи вето доранд. Аз сӯи дигар, ҷаҳон бо чолишҳои муҳимме, монанди тағйироти иқлимӣ, муҳоҷират, терроризм ва иқтисоди варшикаста мувоҷиҳ аст, ки бар пойдории ҷаҳонӣ таъсир доранд. Ин масоил ниёзманди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байналмилалӣ барои ёфтани роҳҳалҳои муассир аст. Буҳронҳои инсонӣ ва низоъҳои минтақаӣ низ ба печидагиҳои ин чолишҳо афзудааст, ки бо гузашти ҳар рӯз буҳронитар мишавад.
3 - Технологӣ ва рақамишавӣ
Пешрафтҳои фанноварӣ, монанди ҳуши маснуъӣ ва интернети ашё ба таври чашмгире бар бозорҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсир гузоштааст. Рақамишавӣ ба тағйири улгуҳои тиҷорӣ, таҳаввулоти иқтисодӣ ва тағйирот дар сиёсатҳои тиҷории байналмилалӣ мунҷар шудааст.
4 - Тағйирот дар сохтори ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ
Тағйироти ҷамъиятӣ, назири рушди ҷамъият ва пирии он ва ҳамчунин муҳоҷиратҳои байналмилалӣ, ба чолишҳои ҷадиде дар сиёсатҳои давлативу иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ мунҷар шудаанд. Ин тағйирот ниёзманди посухҳои муассир барои ҳифзи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои ҷаҳон аст.
Аъмолеро, ки баъзе аз муҳоҷирин - чӣ афғон ё ғайриафғон - дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд, ин кишварҳо оҳиста-оҳиста алоқаманди он мешаванд, ки дигар муҳоҷирпазир набошанд ва ҳар ҳаракати муҳоҷиринро ҷанбаи террористи медиҳанд ва бо онҳо бархурд ҷиддӣ менамоянд.
5 - Дипломатия ва ҳамкории байналмилалӣ
Дипломатия ва ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли буҳронҳо, тавсеа ва ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ, кӯмак ба кишварҳои фақир ҳаётӣ аст. Созмонҳои байналмилалӣ ва тавофуқоти чандҷониба абзорҳои калидӣ дар ин росто ҳастанд.
Аммо он чи, ки таваққӯъ мерафт, натавонистанд ба он амал кунанд.
Аммо масоили хос, ки дар ҳоли ҳозир аз ҳама муҳимтар аст, чист?
- Ҷанг миёни мардуми мазлуми Фаластину Исроил:
Ин муноқиша таъсироти кушандаи инсонӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии густурдае дорад ва ҳалли он ниёзманди талошҳои дипломатии мустамар мебошад.
- Ҷанг миёни Федератифи Русия ва Украина:
Ин буҳрон натанҳо бар минтақа, балки бар сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва бозорҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ таъсир гузоштааст.
- Интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико:
Натоиҷи ин интихобот метавонад тағйироти умдае дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҷод кунад, ки ба навбаи худ таъсироти зиёде бар иқтисод, амният ва сиёсатгузориҳои ҷаҳонӣ низ хоҳад дошт.
Аммо дар мавриди Афғонистон:
Афғонистон ҳам бо гузашти се сол аз ҳукумати Толибон бо чолишҳои умдае дар ҳавзаҳои сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги рӯбарӯ аст:
Омӯзиши духтарон: адами дастрасии духтарон ба омӯзиш башиддат маҳдуд, ҳатто ба нуқтаи сифр расидааст. Танҳо метавонанд дар мадориси динӣ бираванд ва чизеро, ки охунду мулло мегӯяд, бихонанд. Ин вазъият таъсири манфии зиёде бар тавонмандиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятии кишвар гузоштааст, чаро, ки омӯзиши занон нақши ҳаётӣ дар тавсеаи ҷомеа ва беҳбуди кайфияти зиндагӣ дорад, ки дар ҳоли ҳозир аз он маҳрумем.
Манъи кори занон: қавонини ҷадиди Толибон монеъ аз фаъолиятҳои иқтисодӣ ва шуғлии занон шудаанд. Ин амр ба нобаробарии ҷинсиятӣ сахт доман мезанад ва ба иқтисоди миллӣ осеби бузурге расонидааст.
Чолишҳои иҷтимоӣ: пас аз тасарруфи Толибон, нигарониҳое дар бораи ҳуқуқи башар, озодиҳои фардӣ ва вазъияти иҷтимоӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Ҳуқуқи занон, дастрасӣ ба беҳдошту омӯзиш ва мушкилоти иқтисодӣ аз ҷумлаи ин чолишҳо ҳастанд, ки ба ниёз ба посухҳои муассир ва ҷаҳонӣ ишора доранд.
Чолишҳои фарҳангӣ: Афғонистон ба далели таърихи ғании фарҳангӣ ва танаввӯъи қавмӣ, бо масоили фарҳангии печидае рӯбарӯ аст. Ҷангу нопойдориҳои ахир мунҷар ба осеб ба меросҳои фарҳангӣ ва эҷоди ихтилол дар зиндагии иҷтимоӣ шудааст. Ҳифзу эҳёи ин меросҳо ва ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ дар шароити кунунӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст.
Мудирияти Толибон: наҳваи мудирияти Толибон бар суботи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон таъсири зиёде дорад. Амалкарди Толибон дар идораи кишвар ва таомул бо ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад бар ояндаи Афғонистон таъсиргузор бошад.
Пазириши байнулмилалӣ: равобити Толибон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наҳваи таомули онон бо кишварҳои дигар нақши муҳимме дар ояндаи иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон ифо мекунад. Таомули мусбат бо созмонҳои байналмилалӣ метавонад ба беҳбуди вазъияти иқтисодӣ кӯмак кунад.
Ногуфта намонад, ки натанҳо Афғонистон, балки Покистон ҳам баъд аз ин маркази ташаннуҷ, маркази рушд терроризм ва маркази буҳрон хоҳад буд.
Натиҷагирӣ
Ояндаи ҷаҳон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ ба печидагиҳои зиёде гиреҳ хӯрдааст. Барои пешбинии саҳеҳ ва ироаи посухҳои муносиб, ниёз ба таомулу ҳамкории байналмилалии муассир ва таҳлили дақиқи ин таҳаввулот дорем. Вазъияти Афғонистон низ башиддат таҳти таъсири масоили марбут ба омӯзиши духтарон, манъи кори занон, чолишҳои ҳуқуқӣ, озодии баён, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ниёзманди таваҷҷуҳ ва иқдомоти дақиқ барои дастёбӣ ба суботу пешрафт аст.
Аммо дар ҳоли ҳозир бо гузашти ҳар рӯз Афғонистон мунзавӣ мешавад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шеваи ҳокимияти мавҷуд тавофуқ надоранд ва ташвиш вуҷуд дорад, ки оҳиста-оҳиста баъд аз интихоботи Амрико касе ё касони дигаре, ки ба қудрат мерасанд, мумкин кӯмакҳо дар Афғонистон коҳиш пайдо кунад ва вазъи иқтисоди мардум буҳронитар шавад.
Ҳанӯз ки фурсати андаке ба нишасти чаҳоруми Доҳа дорем, умедворем, ки тарафҳои зидахл - ҳам Толибон, ҳам ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам мардум Афғонистон - рӯи як тавофуқ, ки битавонад мардуми Афғонистон ва Афғонистонро хонаи муштараки худ бидонад, ба натиҷа бирасанд.
Дар ғайри он мо ба тарафе дар ҳаракат ҳастем, ки ояндаи он хеле душвор ва буҳронзо хоҳад буд.