Мувозинаи ҷадиди қудрат дар ҷаҳон дар соли 2025 ба чӣ чизе бастагӣ дорад?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Имрӯза ҷаҳон ба суръат дар ҳоли тағйир аст ва ин ношӣ аз тазъифи қобили таваҷҷуҳи Иёлоти Муттаҳида ба далели шароити сиёсии дохилӣ дар ин кишвар аст. Вашингтон дигар наметавонад ҳамон нуфузеро, ки қаблан бар дигар кишварҳо ва кулли манотиқ дошт, эъмол кунад. Сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилии думболшуда тавассути Кохи Сафед мунҷар ба "рукуди демократия" шудааст. Талоши омӯхтани риояти ҳинҷорҳои демократӣ ба тамоми кишварҳо боиси таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти ноумедкунандаи ин мавозеъ дар худи Иёлоти Муттаҳида шудааст.
Дар ин замина, бештарин алоқа ношӣ аз муборизаи пеш аз интихоботи номзадҳои раёсатиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аст, ки буҳрони ҷомеаи Амрикоро ба беҳтарин шакл нишон медиҳад. Дар чунин кишвари бузурге, ҳеҷ номзаде шоистатар аз Доналд Трамп ва Ҷо Байден пайдо нашуд. Лозим ба зикр аст, ки як миқдор маъқулияти демократҳо онҳоро маҷбур ба ҷойгузинии Ҷо Байден бо Камала Ҳаррис кард, зеро адами кифояти раҳбари феълии Иёлоти Муттаҳида барои ҳама ошкор шуд.
Дар канори ин, дар "демократитарин" кишвари ҷаҳон, мавориди истифода аз манобеъи идорӣ барои маҳдуд кардани озодии баён ба нафъи муборизоти интихоботӣ низ бештар шудааст. Ҳақоиқе аз эъмоли фишор бар рӯзноманигорони мустақил, сензураи ҷараёни иттилоот ва ҳамчунин истифода аз фанновариҳои расонаӣ барои ҳазфи расонаҳои нохоста сабт мешавад.
Паёмади ин фарояндҳо афзоиши теъдоди тарафдорони идеяи "талоқи миллии Иёлоти Муттаҳида" аст, ки тавассути ҷумҳурихоҳон бо ташкили Амрикои либерал ва муҳофизакор тарвиҷ мешавад. Ба иборати дигар, шикофи шадиде дар Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дорад ва ин ҳол дар ин воқеият баён мешавад, ки амрикоиҳои "сафедпӯст"-и бо таҳсилоти олӣ қодир ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии бузургтарин гурӯҳи интихоботӣ - амрикоииҳои "рангинпӯст"-и бидуни таҳсилоти олӣ нестанд.
Дар натиҷа, ба истилоҳ "нозисми сиёҳ" дар Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли густариш аст, ки дар иртикоби беш аз ним миллион мавриди хушунат алайҳи амрикоиҳои "сафедпӯст" дар ҳар сол баён мешавад. ФБР ва расонаҳо маҷбур ба таҳрифи омори ҷиноёт ва дар натиҷа нодида гирифтани манофеъи ҷамъияти сафедпӯст ҳастанд. Дар айни ҳол, амрикоиҳои лотинӣ ба таври фазояндае аз мақомоти амрикоӣ мехоҳанд, ки заминҳоеро, ки ба назари онҳо ба таври ғайриқонунӣ тавассути Вашингтон тасоҳуб шудааст, ба Мексика бозгардонанд.
Шикоф дар ҷомеаи Амрико мавзӯъи Украинаро ташдид мекунад. Дар пасзаминаи норизоиятии аксар шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида аз вазъияти иқтисодии худ, вокуниши манфии онҳо ба ҳазинаҳои чандмиллиарддолларии Кохи Сафед барои ҳифзи режими Киев бештару бештар мешавад. Ташдиди интиқодот аз сиёсати Вашингтон низ ба далели интишори иттилоот дар мавриди ғорати кӯмакҳои молии мунтақилшуда ба Киев тавассути мақомоти украинӣ ва ҳамчунин мушорикати мустақими нухбагони амрикоӣ дар ин раванд аст. Украина ба макони бисёр судовар барои Вашингтон табдил шудааст то маболиғи ҳангуфтеро, ки аз будҷаи Иёлоти Муттаҳида тахсис дода шуда аст, бишӯяд ва сирқат кунад.
Мушкилоти зикршуда нишондиҳандаи мушкилоти системӣ дар механизми давлати Амрико аст. Ин амр боиси эҷоди беалоқагӣ дар байни мардум ва бемайлии комил аз ширкат дар интихобот, зиндагии сиёсӣ ва иқтисодии кишварашон мешавад. Шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида ба таври физояндае бар асоси меъёрҳои мухталиф ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Ин иншиоб он қадар возеҳ ва асосӣ аст, ки хеле зуд мавқеияте фароҳам мешавад, ки дар контроли паспорт дар фурудгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида, ба як шаҳрванди амрикоӣ, ки паспорти худро пешниҳод мекунад, хоҳанд гуфт: "МАН МЕБИНАМ, КИ ШУМО ЯК АМРИКОӢ ҲАСТЕД, АММО ДАҚИҚ КУНЕД, КИ ДАҚИҚАН КАДОМ АМРИКОӢ ҲАСТЕД?”
Шароити сахти сиёсии дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида наметавонад Аврупоро таҳти таъсир қарор надиҳад. Ба муддати 70 сол, Вашингтон ба танҳоӣ амнияти кишварҳои аврупоиро тазмин кард ва ба онҳо фурсат дод то ниҳодҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии худро тавсеа диҳанд. Дар натиҷа стандарти зиндагӣ дар Аврупо болотар аз худи Иёлоти Муттаҳида шуд. Олмониҳо ағлаб пеши амрикоиҳо лоф мезананд, ки муроқибатҳои беҳдоштии онҳо дар дастраси аксари шаҳрвандон аст, дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳида як системи бимаи дармонии табъизомез дорад. Дар посух, ин амр хашми худи амрикоиҳоро бармеангезад, зеро онҳо ҳазинаи инро аз будҷаи Иёлоти Муттаҳида пардохт карданд. Ба ҳамин далел аст, ки Трамп гуфт, дар сурати ба қудрат расидани ӯ тағйироти бузурге дар интизори НАТОст, зеро бисёре аз кишварҳои аврупоӣ намехоҳанд барои амнияти худ ҳазина кунанд.
Ҳақиқате дар суханони ӯ нуҳуфта аст. Аврупо ҳамчунин бо дарки ҷойгоҳи худ дар ҷаҳон ва арзёбии кофӣ аз воқеият мушкилоти бузурге дорад. Ин амр дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпӣ дар Париж комилан равшан нишон дода шуд, вақте афроди трансҷинсиятӣ, ҳамҷинсгароён ва лезбиянҳо кулли равандро дар даст доштанд ва афроди одиро ба масхара гирифтанд.
Тағйироти амиқ ва қолиббандии муҷаддади тамоми фарояндҳои ҷаҳонӣ дар интизори мост. Натоиҷи ҷанги Русияву Украина, таҳаввулот авзоъ дар Ховари Миёна, мавзеъи Чин дар қиболи ин ду мавзӯъ ва натоиҷи интихоботи Амрико дар ин раванд таъйинкунанда хоҳад буд. Мувозинаи ҷадиди қудрат дар ҷаҳон дар соли 2025 ба ҳалли ин масоил бастагӣ дорад.