Чини коммунистӣ аз толибони ифротии исломӣ чӣ мехоҳад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Аз баъди ба қудрат расидани Толибон дар соли 2021, Чин аз ҷумлаи нахустин кишварҳое буд, ки равобити сиёсиашро бо Кобул ҳифз кард ва камокон сафораташ дар Афғонистонро фаъол нигаҳ дошт. Ҳимояти бесобиқаи Чини коммунист аз режими мунҳариф вале ба зоҳир динии Толибон, наметавонад ҷуз аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар қолаби стратегияҳои қудратро ядак бикашад ва тавҷеҳи қобили қаноат ва мантиқиро ироа намояд.
Дар канори аҳдофу эҳтиёҷи амниятӣ, сиёсӣ ва талошҳои Пекин барои густариши ҳавзаи нуфузаш дар Осиё, ки Афғонистон дар канор ва якқадамии он қарор дорад, масоили иқтисодӣ ва ниёзҳои фаврии ин ғӯли саркаши Осиё ба нафту маводи хоми манотиқи ҷанубӣ, Афғонистонро минҳайси кӯтоҳтарин масир дар садри барномаҳои Пекин барои дастрасӣ ба нафти Эрон қарор медиҳад. Ин аҳдоф дар қолаби талошҳои Пекин барои эҷоди масири шимол ба ҷанубу дастрасии осон ба нафту маводи мавриди ниёзи мошини иқтисодии ин кишвар аз як тараф, ҳалқаи васли ваҳдатбахши меҳвари осиёиро маҳкамтар сохта ва қивоми бештар мебахшад ва аз сӯи дигар, барномаҳои иқтисодии тавсеаталбонаи Пекинро суръат афзунтар хоҳад бахшид.
Идеологияи фурсатталабонаи чинӣ дар талоши қопидани фурсатҳоест, ки метавонад ба маҳдудиятҳои ин кишвар, ки ношӣ аз ҳалқаи муҳосираи руқабояш аст, поён диҳад. Буҳрони мутадовим дар Ховари Миёна, тасмими ОПЕК барои таълиқи тавлиди нафт барои муддати маҳдуд, идомаи буҳрони шарқи Аврупо, талошҳои Амрико барои захирасозии нафту пирӯзии Трамп дар канори масоиле ҳамчу истифода аз вазъияти пешомадаи ҷаҳонӣ, ки ношӣ аз контроли масирҳои стратегӣ ва иқтисодӣ аз ҷониби Амрико аст, Чини навзуҳурро ночор карда то ҳатто бо мустабидтарин ва ифротитарин режимҳо, ҳамонанди Толибон канор биёяд ва дар талоши таъмини манофеъаш бошад.
Пекин бо шиори фиребандаи мубаддал сохтани Афғонистон ба майдони ҳамгироии иқтисодӣ ва чаҳорроҳи транзит дар минтақа ва таъвизи он бо рақобатҳои геополитикӣ талош мекунад то руқабояшро гӯл бизанад ва аз фурсати пешомада, истифодаи ҳаддиаксарӣ намояд. Аммо ғофил аз ин ки ин кишвар танҳо бозигари қудратманд дар майдони Афғонистон нест, бал Эрон, Русия, кишварҳои арабӣ, Туркия, Покистон, Аврупо ва Амрико бо муттаҳидони стратегиаш, дар дастархони Афғонистон, шариканд. Ин ҷост, ки вазъ печида шуда ва абъоди гуногуне пайдо мекунад. Масалан, барномаи Амрико барои ба чолиш кашидани Чин дар Афғонистон, паёмадҳои ҷиддии амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ барои Чин хоҳад дошт. Аз он гузашта, ҳатто муттаҳидони наздики Пекин, монанди Русия, Эрон ва рақиби роҳбурдиаш Ҳинд, таҳаммули зиёдаталабиҳои Пекинро нахоҳанд дошт.
Бар илова, талоши Пекин барои дастёбӣ ба манобеъи хом ва сарвати табии Афғонистон, ҳасодати кишварҳои мухталифро бар меангезад. Аммо Чин то тавон дорад мехоҳад аз вазъияти пешомада ва муғтанам ба нафъи худаш истифода бурд. Пекини динситез, режими мустабиди Толибонро ба иллати аҳдофи баландмуддати худ, таҳаммул мекунад. Ҳол он ки ин кишвар ба некӣ ва бо иттилооти зиёд воқиф аст, ки таҷаммӯъи гурӯҳҳои террористӣ дар шимолу шимолу шарқи Афғонистон ба мизбонии Толибон, танҳо ва танҳо барои пешбурди роҳбурди бесуботсозии минтақаӣ, сурат гирифтааст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ, муҷриёни аслии он ҳисоб мешаванд.
Дар айни замон, Толибон мизбони хубе барои ин гурӯҳҳо будаанд ва ҳамвора талош мекунанд то ҳамонанди фароминтақа аз минтақа низ боҷгирӣ кунанд. Ба ин иллат аст, ки ин роҳбурд, дар ҷараёни се соли гузашта, натиҷаи хубе барои Толибон дода ва дар ҷиҳати тақвияту истеҳкоми режими саркӯбгар ва мутаассибашон, муваффақона амал карда ва муфид будааст.
Пекин ба иллати манофеъи иқтисодӣ, монанди маодини литиуми Афғонистон, нафту газ, манофеъи амниятӣ, ҳаммонанди таъмини иртибот бо Толибон барои муқобила ва таҳти фишор қарор додани ӯйғурҳои шӯришӣ, манофеъи сиёсӣ, ҳаммонанди густариши идеологияи чинӣ ва кӯмак барои бистарсозӣ ҷиҳати тарвиҷи роҳбурди гегемонталабонаи ин кишвар, талош барои коҳиши нақши Ҳинд дар ҳамсоягии худаш, Толибонро минҳайси як корти баранда, истифода мекунад. Дар ҷанби ин масоил, истифода аз мавқеияти ҳассосу муҳимми Афғонистон ҷиҳати интиқол нафту маводи хом аз Эрон, интиқоли колоҳои чинӣ ба ҷануб ва расидан ба бандаргоҳҳои тиҷоратие, ки метавонанд дар ҷиҳати таъмини манофеъи иқтисодии ин кишвар, нақши муҳимме бозӣ кунанд, аз ҷумла аҳдофи эҳтимолӣ ва сареъи Пекин аст, ки аз Афғонистони таҳти контроли Толибон мехоҳад.
Ҳамчунон, масъалаи амнияти абарпроекти “Як камарбанд-як ҷода”, ки қарор аст аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупову Африқо васл шавад ва тамаъи баландпарвозонаи Пекинро барои берун шудан аз муҳосираи мавҷуд тавассути руқабояш бароварда созад, Пекинро вомедорад то нигарониҳои ҷиддӣ ва эҳтимолиро дар хусуси амнияти манотиқи шимолии Афғонистон, ки амнияти тамоми ин масир ба он тааллуқ дорад, бартараф созад. Ин барномаи бузурги иқтисодӣ, ҳам манофеъи бузурги Пекинро таъмин мекунад ва ҳам дар ҷиҳати пешӣ гирифтан аз руқабояш, мавқифи ин кишварро тақвият мекунад. Зеро набарди кунунӣ танҳо масъала ва нигарониҳои амниятиву иқтисодӣ нест, бал манофеъи сиёсӣ ва идеологии қудратҳои даргири мунозиъотро низ таъмин мекунад.
Биноан, талоши Чин барои дастрасӣ ба нафти хоми Эрон аз масири Афғонистон, аҳдофи роҳбурдии сиёсӣ ва амниятӣ Пекинро алоқаманди шадиди Афғонистон месозад. Бидуни ин ки ба масъалаи дохилии Афғонистон, таваҷҷуҳ кунад ва мулоҳизоти сиёсӣ ва идеологиро мадди назар гирад. Ин масъала боис мешавад то Пекинро бештар даргири мавзӯъи Афғонистон намояд. Дар ҳоле ки Пекин медонад яке аз авомили аслие, ки боис шуда то режими Толибон қудратмандтар, мустаҳкамтар, босуботтар ва пойдортар шаванд ва ба эминии кӯмакҳои молӣ ва қарордодҳои иқтисодии Чин бо ин режим умри он бештар шавад, ҳамин таомули номутаорифи Пекин бо Толибон аст.
Дар иваз Чин бо изъони мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, ҳеҷ гоҳ ангушти интиқодро ба сӯи Толибон дароз накарда ва ин гурӯҳро муттаҳиди наздик худ унвон намудааст. Бо ин вазъият, Чин бо фурсатҳо ва чолишҳои бешуморе дар Афғонистон мувоҷеҳ аст, ки дар дарозмуддат метавонанд дардисарҳои ҷиддиеро барои амнияти минтақа ва бахусус Чин, эҷод кунад.