Иттиҳоди низомии Русия ва Куриёи Шимолӣ оғози шаклгирии як иттиҳоди низомии қудратҳои шарқӣ алайҳи Ғарб аст.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Мактаби воқеъгароӣ, ба иллати наздикӣ бо амалкарди сиёсатмадорон ва фаҳми мутаориф аз сиёсати байналмилал, раҳёфти қобили таваҷҷуҳе аст. Ин мактаб гузораҳое дорад, ҳаммонанди низоми байналмилалии анархӣ, ситези доимӣ дар ин низом, давлатҳо минҳайси бозигарони ақлоӣ, давлатҳо минҳайси бозигарони аслӣ, нигаронии мутадовими давлатҳо барои ҳифзи бақояшон ва роҳбурдҳои мувозинасозӣ дар қолаби иттиҳодҳо ва эътилофҳо, ки шеваҳои маъмул дар баррасии ин мактаб ҳастанд. Дар ин навиштор ба баррасии иҷмолӣ ва муттакӣ бар мустанадоти мавҷуд дар наҳваи шаклгирии иттиҳод миёни Федератсияи Русия ва Куриёи Шимолӣ мепардозем.
Дар ҳоле ки ҷанги Украина вориди севумин солаш шудааст, аз як тараф мунҷар ба як бунбасти низомӣ дар наҳваи натиҷабахшии комили он мешавад ва аз тарафи дигар, бо гузашти ҳар рӯз ин ҷанг абъоди ҷаҳонитаре ба худ мегирад. Ташкили иттиҳодҳо ва эътилофҳои низомӣ дар ду тарафи мунозиъа боис шуда то нигарониҳои ҷиддие бобати густариши доманаҳои ин ҷанг, ки назму амнияти байналмилалро мухтал мекунад, шавад. Ҳатто бисёриҳо аз шурӯъи Ҷанги ҷаҳонии севум ҳарф мезананд. Зеро қудрати боздорандаи атомӣ, истифода аз тавони мушакӣ ва силоҳҳои ғайримутаориф ва талоши тарафайн барои ғалаба бар якдигар, боис мешавад то сурати воқеии ин ҷанг аз шакли як ҷанги миёни давлатҳо, ба як ҷанги байналмилалӣ, мубаддал шавад.
Албатта, нақши Эрон, Чин ва Куриёи Шимолӣ дар тақвияти мавзеъи Русия дар ҷараёни се сол гузашта боис шуда то Украина низ бо ҳимояти васеъ ва бедареғи Аврупо, Амрико ва соири муттаҳидини он, ба масофи Русия биравад. Ибтидо муҳосиба бар ин буд то вуруди Русия ба ҷанги Украина ба масобаи як амалиёти маҳдуди низомӣ, кори Украинаро яксара карда ва боис шавад то доктринаи густариши НАТО ба сӯи Шарқ, хунсо шавад, аммо бо гузашти замон ва эҷоди мавонеъи ҷиддӣ дар амри пешравии нерӯҳои русӣ дар хоки Украина, ин муҳосиба иштибоҳ аз об баромад.
Ин ҷо буд, ки ҳам Маскав ва ҳам Киев бо истифода аз фазои мавҷуди байналмилалӣ, ҷузве аз иттиҳодҳои низомӣ шуданд. Маскав бо таъмиқи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ бо Пекин, Пхенян ва Теҳрон, меҳвари ваҳдатбахши ҷадидеро ба номи КРИНКс (CRINKs - China, Russia, Iran, and North Korea) ба вуҷуд овард. Кӯмакҳои таслиҳотии Теҳрон бавежа паҳподҳои интиҳорӣ, ҳимоят ва эъзоми нафароти низомии Пхенян барои тақвияти мавозеъи русӣ дар Украина ва ҳимоятҳои байналмилалии чиноиҳо ҳам дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам пампожи беравияи пул ва харидани газу нафти Русия, боис шуд то Маскав ҷасуртар ва бебокона дар масири идомаи ин ҷанг, қадам бардорад.
Аммо эъзоми неруҳои Куриёи Шимолӣ, сафҳаи ҷадиде аз ин набарди ваҳшатнок аст. Куриёи Шимолӣ ва Русия бо вуҷуди муҷовирати ҷуғрофиёӣ, дорои равобити деринаи таърихӣ ҳастанд. Ҳарду кишвар бо шадидтарин таҳримҳо мувоҷеҳ ҳастанд. Ҳарду душмани гегемониягароии Ғарб ба раҳбарии Амрикоанд ва талошҳои беҳадду васферо барои муқобила бо таҳримҳои вазъшудаи ғарбӣ анҷом додаанд. Аммо, таҳаввули ахир дар равобити ин ду кишвар, маънои воқеии иттиҳодро дар раҳёфти воқеъгароӣ, ки мубтанӣ бар вуҷуди таҳдидот ва душмани муштараку қудрати ҳар ду кишвар аст, ошкор месозад.
Иттиҳод дар макотиби мухталифи воқеъгароӣ ва ормонгароӣ, таъбирҳои мухталифе дорад. Раҳёфти ормонгароӣ ва либерализм дар баррасии иттиҳодҳо ба иштирокоти фарҳангии давлатҳо, ҷанбаҳои идологии иттиҳод ва ҳамчунин масоили иқтисодӣ мепардозад. Ин раҳёфт нақши идеологияро дар шаклгирии иттиҳодҳо бисёр муҳим арзёбӣ мекунад. Дар муқобили он, раҳёфти воқеъгароӣ дар баррасии иттиҳодҳо ба қудрати кишварҳо ва таҳдидоти хориҷӣ тамаркуз дорад.
Хабари эъзоми нерӯҳои Куриёи Шимолӣ ба Украина, ки қарор аст ба нафъи Русия вориди майдон шаванд, нишон медиҳад, ки ҳам Маскав ва ҳам Пхенян, барои рафъи таҳдидҳои муштараки амниятӣ ва сиёсӣ ва ҳам барои эҷоди сипари дифоъӣ дар баробари Ғарбу Амрико ба тақвияти пояҳои иттиҳодмеҳвари осиёӣ, таваҷҷуҳи хосе доранд.
Манобеъ теъдоди ин нерӯҳоро дар ҳудуди дувоздаҳ ҳазор сарбоз тахмин мезананд, ки ҳарду кишвар дар иқдом ба ин масъала, ба аҳдофи стратегӣ назар доранд. Русия бо эъзоми нерӯҳои Куриёи Шимолӣ аз як тараф мехоҳад бори ҷангро аз лиҳози манобеъи инсонӣ коҳиш диҳад ва аз тарафи дигар ин ҷангро ба як ҷанги чандкишварӣ дар қолаби як иттиҳоди низомӣ ворид созад. Ҳамон тавре ки дар ҳимоят аз ҷабҳаи Украина, Амрико, Аврупо ва соири кишварҳои дигар ба тақвияти ҷойгоҳи дифоъии Украина пардохтаанд. Ба ҳамин далел метавон вуруди нерӯҳои Куриёи Шимолӣ ба ҷанги Украинаро ба унвони як таҳаввули муҳим дар заминаи амнияти ҷаҳонӣ ва стратегияҳои низомии Русия талаққӣ кард. Ин иқдом на танҳо нишондиҳандаи ҳамкории наздиктар байни Маскав ва Пхенян аст, балки аҳдофи чандгонаеро барои Русия ба ҳамроҳ дорад. Аз тарафи дигар, Кореяи Шимолӣ низ барои пешбурди манофеъ ва аҳдофи худ вориди ҷанг шудааст ва ҳарду кишвар бо аҳдофи стратегӣ, дар пайи ҳусули онанд.
Русия бо ҳадафи тақвияти нерӯҳои инсонӣ, озмоиши тавоноиҳои низомии Украина, нишон додани иттиҳод бо Куриёи Шимолӣ, таъсиргузорӣ бар тавозуни қудрати ҷаҳонӣ,истифода аз тактикаҳои ғайримутаориф, дар пайи тағйири драматики ҷанг аст. Дар ҳоле ки метавон аҳдофи Куриёи Шимолиро ҳамчун тақвияти равобит бо Русия, ҷалби фанноварии низомӣ, истифода аз буҳрон барои тақвияти қудрати дохилӣ ва нақзи таҳримҳо, арзёбӣ кард.
Ба ин ҳисоб, мушорикати Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Украина, метавонад танишҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ афзоиш диҳад ва равобити ин кишвар бо Аврупоро печидатар кунад. Ин иқдом мумкин аст ба унвони эълони ҷанг на танҳо алайҳи Украина балки алайҳи кишварҳои ғарбӣ низ талаққӣ шавад. Зеро ташкили чунин иттиҳоде, ки дар шароити ҳозир ғайримутаориф ва бепешина талаққӣ мешавад, маънои воқеии иттиҳоди низомиро миён давлатҳои ду кишвар, мутабалвир месозад.
Эҷоди чунин ташаккуле, ки бар тақвияти мавозеъи ду ҷониб, рафъи таҳдидҳои муштараки амниятӣ ва сиёсӣ, дур задани таҳримҳо ва ирсоли навъе аз паём ба душманони муштараки ҳар ду кишвар аст, нишон медиҳад, ки асри воқеъгароӣ дар қолаби иттиҳодҳо ва эътилофҳо барои тағйири масири таҳаввул дар низоми байналмилал, баргаштааст.
Аз ҷониби дигар, Вашингтон бо ирсол муҷаввизи истифода аз мушакҳои АТАКМС барои Украина, сафҳаи ҷадиде аз ин асри иттиҳодро варақ задааст. Ин ирсоли муҷаввиз ба Украина метавонад дар посух ба эъзоми нерӯҳои низомии Куриёи Шимолӣ дар ҷанги Украина ва тақвияти роҳбурдҳои боздоранда дар ҷиҳати дафъи таҳдидҳое маҳсуб шавад, ки Ғарбу Амрико дар муҳосиботашон, нигарони онҳо ҳастанд.
Воқеъгароӣ, ки иттиҳодҳоро бар мабнои вуҷуди таҳдидҳои муштарак ва қудрати кишварҳо мадди назар дорад, тавассул ба роҳкорҳои сахтафзориро барои муқобила бо таҳдидҳо, илзомӣ месозад. Украина арсаест барои рақобати кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати эҷоди қудрати боздоранда ва девори дифоъие, ки боис мешавад то ин қудратҳо бо ҳазинасозии ҳангуфти низомӣ, аз як тараф ба фарҷоми ин рақобатҳо назар дошта бошанд ва аз ҷониби дигар, тавони низомӣ ва амалиёти худро барои сенарияи мӯҳтамали Ҷанги севуми ҷаҳонӣ ба маҳак бигузоранд.
Иттиҳоди Русия ва Куриёи Шимолӣ зодаи ин зеҳниятҳои амниятӣ аст, ки ҳардуро дар қолаби як меҳвари муттаҳид ва бо душмани муштарак, дар як ҷабҳа қарор медиҳад. Асри давлатҳо барои бозигарии ақлоӣ, талош барои ҳифзи бақояшон, вуҷуди низоми байналмилали арнархистӣ ва хосияти мутадовими ситез дар он, дар қолаби иттиҳодҳо ва эътилоф барои эҷоди мувозинасозӣ, намудори аслии ин тафаккур аст.
Ин ҷост, ки иддаои иттиҳоди низомӣ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ, боис мешавад то бештар ба қолаби воқеъгароӣ ва тасаллути он бар наҳваи сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва амниятӣ дар низоми байналмилал фикр кард. Русия ва меҳвари КРИНКс, ки меҳвари зиддиамрикоӣ ҳастанд, ҷангҳои бепоёне дар пеш доранд ва бояд барои ҳифзи ҷойгоҳашон, ки маҳсули ду даҳаи гегемонияталабии амрикоӣ аст, ҳазинаҳои бешуморе, ба масраф бирасонанд.
Дар тарафи муқобил ғарби Украинаро аввалин ва маҳкамтарин диж дар баробари ин тафаккури шарқӣ мебинанд. Иттиҳоди қадимӣ миёни Аврупову Амрико ҳам як зеҳнияти амниятӣ дар баробари зиёдаталабиҳои Шарқ аст. Пас метавон гуфт, ки иттиҳод ва эътилоф барои эҷоди мувозина ва муқобила бо таҳдидҳои рӯзафзуни амниятӣ дар сатҳи ҷаҳон, як рӯйкарди маъмули мабнӣ бар раҳёфти воқеъгароӣ аст, ки давлатҳои мутахосими Шарқу Ғарб ба он, таваҷҷуҳ доранд.