Чаро Амрико наметавонад Чинро шикаст диҳад?
Нависанда: Чэн Вэнлин, доктори улами иқтисод (Чин)
Муҳим нест, ки Трамп чӣ ҷанги тиҷоратиеро рӯи даст мегирад, Иёлоти Муттаҳида наметавонад якҷониба баранда шавад.
Чин акнун ба бузургтарин шарики тиҷории беш аз 140 кишвар табдил шудааст ва бозори содироти он ҳатто бештар густариш ёфтааст. Вазъият ҳоло барои Чин мусоидтар аз замонест, ки Трамп дар давраи аввали худ ҷанги тиҷоратиро оғоз кард.
Агар як таруфаи болотар аз 60%-100% болои Чин вазъ гардад, ин метавонад сабаби коҳиши воридоти колоҳои чиноӣ ба Иёлоти Муттаҳида дар ҳаҷми 60%-70% гардад. Агар колоҳои чинӣ ба Амрико содир нашавад, молиёт аз чӣ чизе гирифта хоҳад шуд?
Агар Чин, Иттиҳодия Аврупо ва дигар кишварҳо тадобири ҷавобӣ бигиранд, содироти Иёлоти Муттаҳида 23.9% ва тавлиди нохолиси дохилии он ба 3.4% коҳиш хоҳад ёфт. Аз ин хотир, ин ҷанги тиҷорӣ зарбаи сахте бар иқтисоди Амрико ворид хоҳад кард.
Агар як таруфаи 60% болои Чин ва 10% таруфа болои дигар шарикони тиҷоратӣ вазъ гардад, даромади солонаи як хонаводаи амрикоӣ мумкин 22 ҳазор доллар коҳиш ёбад.
Вақте хонаводаҳои мутавассит ва камдаромад аз таварруми қиматҳо ранҷ мебаранд, ки мунҷар ба афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ ва ҳарҷу марҷ дар бозори дохилии Иёлоти Муттаҳида мешавад, ҷанги таруфа паёмади баръакс хоҳад дошт.
Сохтору шеваҳои тиҷорати Чин ба шакли давомдор дар ҳоли таҳриру тағйир аст ва саҳми содирот ба Иёлоти Муттаҳида ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст. Ҳанӯз аз соли 2021 Анҷумани кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё (ASEAN) дар мақоми аввал ва Иттиҳодияи Аврупо дар мақоми дувум қарор доранд. Иёлоти Муттаҳида ба мақоми сеюм поён рафтааст.
Аммо, салдои мусбати тавозуни тиҷоратии феълии Чин бо Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз ҳам ба нафъи Чин аст. Ин нишон медиҳад, ки тақозои Иёлоти Муттаҳида барои колоҳои чиноӣ собит аст, на ба хотире ки мо онҳоро ба Амрико мефурӯшем, балки ба хотире ки Иёлоти Муттаҳида бояд онҳоро харидорӣ кунад.
Як моделе барои мутанаввеъ сохтани бозори содироти Чин шакл гирифтааст. Ҳоло 60% содироти Чин ба кишварҳое рост меояд, ки ба ибтикори “Камарбанду ҷода” рабт доранд ва тиҷорат бо се шарики ҷадид (Русия, Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ) басуръат дар ҳоли рушд аст.
Дар айни замон, тиҷорати содироти дубора (реэкспорт) - и мо низ ба сурати чашмгире афзоиш ёфтааст, ба шумули Ҳинд, АСЕАН, Африқо ва ғайра, ки тамоми онҳо маконҳои тиҷорати содироти дубораанд.
Ин тиҷорат, ки тавассути бозсозии занҷираҳои тавлиду таъмин, ҳамчунин интиқоли санъат ба ин кишварҳо эҷод шудааст, ба ин овардааст, ки наметавон гуфт кадом маҳсул чиноӣ ва кадом маҳаллӣ аст.
Аз назари мавориди фавқ, Трамп наметавонад дар ҷанги тиҷоратӣ баранда шавад.