Хабари рӯз

“Доишгариҳо” ва “толибгариҳо”-ро аз Ховари Миёна, Украина ва Озарбойҷон то Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон кӣ супориш медиҳад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар

Сар буридан ё тирборони сарбозон, афсарони артиш, кормандони як ҳукумати қонунӣ ва ғайринизомён, ҳамзамон куштори одамон ба далели мансубияти диниву ақида, қавм ва ғайра, бидуни муҳокима ва мутолиба - ҳамаи инҳо падидаҳое ҳастанд, ки ба яке аз вежагиҳои ҷангҳои даҳаи ахир табдил шудаанд. Ироқ, Сурия, Либия ва Афғонистон дар ин замина барҷаста буданд. Акнун ин равишҳо, ки метавон онро “доишгарӣ” ва “толибгарӣ” номид, тавассути артишҳои Украина, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ истифода мешавад.

Дар Афғонистон ва Украина - ду сари як ҷанги ҷаҳонӣ - ва ҳатто дар Қирғизистон, таҷрибаи мутафовите истифода мешавад - озор ва шиканҷаи равонӣ фақат ба далели суъизанн ё шакку гумон.

Ҳар сарбоз ва афсаре, ба таври куллӣ, ҳар қадар ҳам, ки хашму асабоният ва нафрат дар ӯ бошад, бо дидани як фарди асир ё бедифоъ ҳаргиз ба худ иҷоза намедиҳад, ки ӯро гардан бизанад ва ба ӯ шиллик кунад. Биёед қавонин ва эъломияҳои байналмилалиро, ки ин гуна аъмолро маҳкум мекунанд ва онҳоро ҷиноят алайҳи башарият меноманд, канор бигузорем, зеро ҳеҷ кас ба онҳо эътиқод ва пойбандӣ надорад. Биёед, Толибон ва ДОИШ-ро раҳо кунем, чунин ҷиноёте тавассути артиши Украина, Озарбойҷон ва Қирғизистон анҷом мешавад. Аммо чаро?

Дар ин ҷо чанд намунаро зикр мекунем: дар як видео, ки тавассути артиши Украина бо телефони ҳамроҳ филмбардорӣ шудааст, андоми таносулии як сарбози русӣ бо чоқуи сохтмонӣ бурида мешавад. Дар видеои дигар артиши Озарбойҷон сарбозони арманиро тирборон мекунад. Артиши Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба макотиб, масоҷид ва сохтмонҳои маскунӣ дар Тоҷикистон ҳамла карда ва даҳҳо ғайринизомиро ба шаҳодат расонд. Дар Эрон "муътаризин" як корманди пулисро гардан заданд ва дар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи як доишӣ ба масҷид, 15 нафар кушта шуданд.

Толибон дар аввалин зуҳури худ ҳазораҳоро дар Якавланг ва тоҷикҳову ӯзбекҳои Мазори Шарифро ба далели муқовимати шадидашон қатли ом карданд. Ҳоло афсарон ва сарбозони низоми собиқ, асирон ва сокинони одии Афғонистон, ки аксаран тоҷик ҳастандро ба далели миллияташон вақеҳона ба рагбор мебанданд.

Толибон дар вилоёти тоҷикнишини Афғонистон қатли ом карданд. Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тайи як соли гузашта дар вилоёте, ки муқовимати шадид дар баробари Толибон вуҷуд дорад, ба унвони мисол, дар Панҷшир, 511 нафар ва дар Андаробҳои вилояти Бағлон ҳудуди 500 нафарро ба иттиҳом ҳамкорӣ бо ин ҷабҳа тирборон кардаанд. Ва дар ин муддат, ҳудуди 2000 сарбоз ва афсари давлати пешин сар бурида ё тирборон шуданд, ки бештари онҳо тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва соири ғайрипаштунҳо буданд. Куштори ҳазораҳо, ки душмании чандоне бо Толибон нишон намедиҳанд, ба дасти ДОИШ дар масоҷид ва макотиб ҷинояти дигаре аст, ки таърихи башар то кунун надидааст.

 Илова бар ин, Толибон ғайринизомёнро аз хиёбонҳо, бозорҳо ва хонаҳо мегиранд ва онҳоро муттаҳам ба "ҳамкорӣ бо Ҷабҳа муқовимат" мекунанд, онҳоро шиканҷа медиҳанд ва агар намурданд онҳоро бо ахзи маболиғи ҳангуфте аз бастгонашон раҳо мекунанд. Ҳеҷ кас намедонад чанд нафар бегуноҳ ба ҷурми афсар ё сарбоз будан дар давлати қабл ва ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимат дар зиндонҳои Толибон ҳастанд.

Толибон ба унвони як нерӯи мутаассиби қурунивустоӣ ва артиши ҷаҳл шинохта мешаванд, аммо рӯйдодҳои мушобеҳе дар кишварҳое монанди Қирғизистон, ки ҳанӯз назм ва қонун вуҷуд дорад, дар ҳоли вуқӯъ аст. Аз ҷумла ин ки дар ин кишвар дар ҷараёни даргириҳои марзӣ бо Тоҷикистон, тоҷикҳои бумӣ аз хонаҳои худ берун ронда шуданд ё дар ҳама ҷо мавриди озору азият қарор гирифтанд, ҳарчанд, ки шаҳрванди ин кишвар буданд. Чунин мавориде ба ҳеҷ ваҷҳ дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Мисоли дигар ҷанг дар Украина аст. Дар арозии ишғолии вилояти Харков, нерӯҳои амниятии Украина саркӯби густурдае алайҳи ғайринизомён анҷом медиҳанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо Русия муттаҳам мекунанд.

Пас аз ин ки нерӯҳои украинӣ бахше аз вилояти Харковро тарк карданд, ҷамъияти мустақар дар он ҷо бо ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба зиндагии худ идома доданд. Дар ин шароит, алорағми гулӯлаборони муназзами артиши Украина, муассисоти шаҳрӣ, пизишкӣ, омӯзишӣ ва соири муассисоти ҳаётӣ кори худро аз сар гирифтанд. Ба навбаи худ, мақомоти маҳаллии мансубшуда бо миёнҷигарии Русия тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ зиндагии мусолиматомезро дар манотиқи озодшуда бозгардонанд.

Бо ин ҳол, пас аз контроли Киев бар шаҳракҳои Харков, артиши Украина ибтидо ҷустуҷӯ барои ёфтани "ҳамдастон"-ро ташдид ва поксозиҳоро дар миёни мардум оғоз карданд. Барои ин манзур, ба вежа, иқдомоти филтратсияи сахт созмондеҳӣ шуд.

Танбеҳкунандагон ба баҳонаи баррасии "дидгоҳҳои сиёсӣ" сокинони маҳаллиро бо хушунат боздошт мекунанд ва онҳоро бидуни муҳокима ё таҳқиқ нигаҳ медоранд. Дар айни ҳол, ҳама даста аз шаҳрвандон, аз ҷумла муаллимон, пизишкон, ва ҳатто касоне, ки кӯмакҳои башардӯстона аз артиши Русия дарёфт кардаанд, мавриди суъизанн қарор мегиранд.

Илова бар ин, Киев таъқиби кайфарии шаҳрвандонеро, ки паспорти русӣ дарёфт карда буданд, муаррифӣ кард. Ба вежа, украиниҳо барои ин кор бо 10 то 15 соли зиндон рӯбарӯ ҳастанд. Ҳамзамон, мақомоти Украина тасмим гирифтанд муаллимони украинии дорои тобеияти Русияро дар маърази масъулияти шадид қарор диҳанд. Бинобарин ба иттиҳоми "фаъолияти мушорикатӣ" ва "тахаттӣ аз қавонин ва урфи ҷанг" ба ҳабс аз 8 то 12 сол маҳкум хоҳанд шуд.

Дар ин шароит, Киев ба таври фаъол маҳкумиятҳоеро ташвиқ мекунад, ки маъмулан бар асоси хусумати шаҳрвандон аст. Илова бар ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, украиниҳо аксҳо, иттилооти тамос ва гузарнома ва суроғаи маҳалли сукунати "ҳамкорон" иддаоеро барои тасвияҳисобҳои шахсӣ мунташир мекунанд. Ин нашриёт ҳамчунин иттилооти шахсии аъзои хонаводаи "мазнунон", аз ҷумла афроди зери синни қонунӣ ва афроди пиронсолро нишон медиҳад. Ба гуфтаи сокинони бархе шаҳракҳо, радикалҳои украинӣ аз қабл шурӯъ ба гаштугузор дар хонаҳои афроди феҳристшуда кардаанд ва дар ҳоли боздошти онҳо ҳастанд. Бинобарин, садҳо ғайринизомӣ мавриди хушунат қарор гирифтаанд ва бисёре аз онҳо бидуни муҳокима ё таҳқиқ дар зиндонҳои Хадамоти амнияти Украина нигаҳдорӣ мешаванд. Дар маҷмӯъ, тибқи гузориши телевизиони Украина, то кунун тақрибан 10 ҳазор нафар боздошт шудаанд.

Ҳамаи инҳоро метавон ба "шароити ҷангӣ" ва "қавоиди нонавиштаи ҷанг" нисбат дод, яъне ҳеҷ кас авзоъро контрол намекунад ва касе нест, ки ҷинояткоронро ба хотири аъмолашон муҷозот кунад.

Аммо чунин набуда ва нест. Ҳар кас таърихи ҷангҳои 50 соли ахирро бидонад ва онҳоро мутолиа кунад, мутаваҷҷеҳ хоҳад шуд, ки бештари ҷиноёт ба дастур анҷом мешавад ва омилони он бояд ба дархости муштарӣ ё сармоягузор амал кунанд.

Ҳомиёни ҷиҳоди Афғонистон дар даҳаи 80 - Амрико ва Покистон аз муҷоҳидин хостори қатли ваҳшёнаи сарбозон ва афсарони Шӯравӣ, мақомоти коммунист дар саросари Афғонистон ва шиканҷаи бераҳмонаи касоне мешуданд, ки ба асорат меафтоданд. Мизони пардохтӣ барои қатли як сарбоз ва як афсар низ мутафовит буд. Истив Кол, нависандаи амрикоии китоби маъруфи "Ҷанги ашбоҳ" низ дар ин бора менависад.

Гулбиддин Ҳикматёр ва бархе дигар аз раҳбарони муҷоҳидин мавриди алоқаи муштарён буданд ва фақат ба хотири "куштани бераҳмонаи Шӯравӣ" беш аз дигарон пул дарёфт мекарданд.

Яке дигар аз хостаҳои супоришгарон ин буд, ки муҷоҳидин дар Афғонистон пулҳо, макотиб ва зерсохтҳои дигарро мунфаҷир ё вайрон кунанд, дар чоҳҳое, ки мардум об ошомиданиро аз онҷо мебурданд заҳр брезанд ва рӯи занони бо чеҳраҳои боз, муаллимаҳо, духтарони мактабхон ва... тезоб бипошанд. Кол менависад, ки як афсари СиАйЭй, ки бар фарози Афғонистон парвоз мекард, бо дидани пулҳои обод асабонӣ мешуд ва мепурсид, ки чаро онҳоро хароб накардаанд...

Аммо ҳама раҳбарон Гулбиддин набуданд. Бештари онон ба шумули Аҳмадшоҳ Масъуд ин гуна мутолиботро мавриди интиқод қарор дода ва онро ғайросломӣ ва муғойир бо усули ҷанг ва вайронгарии Афғонистон медонистанд.

Генерал Ахтар Муҳаммад, раиси АйЭсАй (ISI)-и Покистон ба Вилям Кейси, раиси СиАйЭй (CIA)-и Амрико гуфт: "Кобул бояд бисӯзад." Ва Кобул ҳамчунон месӯзад. Ҷои тааҷҷуб нест, ки ин рӯзҳо генералҳое дар Исломобод ва Вашингтон ва... ҳам бигӯянд: бигузор Украина, Русия ва Осиёи Марказӣ ва... бисӯзанд.

Даври дувуми ҷангҳои Амрико дар Авруосиё, ба думболи таҷовузоти ин кишвар дар Афғонистон, Ховари Миёна ва шимоли Африқо, мавҷи ҷадиде аз ҷиноёти инсониро ба роҳ андохт, ки ДОИШ муҳим тарин муҷрии онҳост. Ин созмони террористӣ, ки тавассути Ғарб, Туркия ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс созмондеҳӣ ва ҳимоят шуд, ҷиноётеро дар Ироқ ва Сурия муртакиб шудааст, ки ваҳшаташон барои солҳои зиёде дар оянда хобҳои башариятро ҳаром хоҳад кард. Сар буридан ва тирборони мардуми одӣ, рӯзноманигорон, шиаён ва дигарон ба сабки филмҳои ҳоливудӣ филмбардорӣ мешуд. Намунаи дигар Муаммар Қаззофӣ, бадтарин душмани Амрико дар Африқо аст, ки пас аз шиканҷаҳои фаровон, тавассути тӯдаи хашмгин (тибқи ривояти дигар, бо ширкати аъзои Алқоида) кушта шуд. Метавон гуфт, ин манзараи ҳавлнок аз тариқи интернет ба сурати онлайн ба ҷаҳониён нишон дода шуд. Хушҳолии Амрико аз чунин ҷиноёте бо хандаи баланди вазири умури хориҷаи Амрико хонум Ҳиллари Клинтон баён шуд, ки аз таҳи дил ба Қаззофӣ, ки зери шиканҷа дар ҳоли марг буд, дар телевизион механдид.

Дар як калом, ин воқеият, ки артиши Украина, Озарбойҷон ва Қирғизистон ва ҳамчунин “мӯътаризин” – и Эрон ва Толибон имрӯз дар ҳоли куштори мардуми бегуноҳ ва низомиёни собиқ, тирборони асирон, шиканҷа ва озору азияти мардуми бумӣ ҳастанд ва муртакиби ҷиноёти ҷангӣ мешаванд, ҳамаи инҳо барои ҷалби ризояти кишварҳои муштарӣ анҷом мешавад. Агар ДОИШ шиаён ва донишомӯзони духтари ҳазораро ба фаҷеътарин ваҷҳ накушад, ризоияти муштариёни худро ҷалб нахоҳад кард, яъне ҳеҷ кас ҳазинаи онро нахоҳад пардохт.

Ҳадаф аз роҳандозӣ ва намоиши алании қатлу кушторҳо ба ваҳшат андохтани ҷавомеъ ва азҳони умумӣ дар ҷаҳон ва аз ин роҳ тасаллут пайдо кардан бар рӯҳи инсонҳо аст, он чӣ ба дарди сиёсатҳои муштариён мехӯрад, ҳамон шевае, ки дар замонаш артиши Чингизхону Ҳитлар кор мегирифтанд.

Ҳадаф аз иртикоби қатлҳои ваҳшиёна ва намоиши он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тарсондани ҷавомеъ ва азҳони умумӣ дар ҷаҳон аст. Ба ин тартиб, муштариён бар рӯҳи инсоният, ки сиёсати гегемонияи ҷаҳонии онҳо иқтизо дорад, контрол мекунанд. Ин равишҳо замоне тавассути артиши Чангизхон ва Ҳитлер истифода мешуд. Ҳар чӣ ҷиноят ваҳшатноктар бошад, таъсири он бар азҳони умум бештар мешавад ва муҷрӣ пули бештаре дарёфт мекунад.

Муҷриён ба хубӣ медонанд, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар онҳоро маҷбур ба посухгӯӣ ба додгоҳи байналмилалӣ барои ин ҷиноёт намекунанд, зеро ҳамон кишвари ба ҳама маълум пушти ҳамаи ин ҷиноёт аст. Аз сӯи дигар, онҳо мулзам ба истифода аз равишҳое аз пеш таъйиншуда бар ивази пул, силоҳ ва соири имтиёзот ҳастанд.

Ва кошти базри инсонҳаросӣ, русҳаросӣ, эронҳаросӣ, чинҳаросӣ ва даҳҳо ҳароси дигар, илова бар интиқоди шадид аз сиёсатҳои давлатҳои миллӣ аз тариқи расонаҳо ва созмонҳое, ки бар сӯзани кӯмакҳои Ғарб нишастаанд, реша дар ин сиёсати муштарён ва хуш кардани онҳо дорад.

Ҳама чиз аз қабл барномарезӣ шуда ва ҳама чиз тибқи барнома пеш меравад...


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!