Чаро Замир Кобулов “душман”-и порсизабонон дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон аст?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури байнулмилал, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Аз асари дипломатияи фоҷиабори вазорати хориҷа, Русия дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон дар ду майдон бозанда аст: яке дар баробари Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва дигар дар аз даст додани қалбҳои ғайрипаштунҳо ба вежа порсизабонон!
Аммо баракс, Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон рӯз то рӯз бар вазъият контроли бештар меёбад.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико хамӯшона Афғонистон бар мегардад. Акнун пас аз як соли пас аз хурӯҷ, Толибонро аз назари де-факто ба расмият шинохт.
Нашри пул барои Толибон нуқтаи атф дар равобит миёни Вашингтон бо Толибон аст. Як соли фишорҳои мухталиф аз молӣ то сиёсӣ болои Толибон натоиҷи қобили ламс барои Амрико дошт. Мо шоҳиди тағйири сареъи масири рӯйдодҳо дар даруни ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ба нуқтаи дилхоҳ барои Вашингтон ҳастем.
Ҳамон туре, ки дар собиқ ҳам навишта будам, хурӯҷи боаҷалаи амрикоиҳо аз Афғонистон як барномаи танзимшудаи стратегӣ алайҳи Чин буд, ки дар нимароҳ дар Украина мутамаркиз шуд. Он хурӯҷи осебпазири Амрико ва муттаҳидони онро дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ба сифр коҳиш дод.
Аз он замон на Русия ва на ҳам муттаҳидони он дар ҳеҷ куҷои дунё дигар ҳеҷ гуна аҳруми фишор болои Амрико надоранд.
Амрикоиҳо ва бритониёиҳо дар як ҷанги мураккаб (ҳибридӣ) ва ҳисӣ (когнитиф) Русияро дилгарми бузургнамоии козиб сохтанд ва дар ниҳоят ба талаи ҷангу ботлоқи Украина андохтанд. Акнун чигунагии бурун шудан аз он ботлоқ маълум нест.
Ҳамзамон Маскавро тавассути вобастагони фикрӣ, ба вежа дар даруни дастгоҳи дипломатияи Русия, мафтуни Толибон сохтанд. Ҳанӯз ҳам бахше аз горди собиқ аз огоҳони Афғонистони боқимонда аз даврони Шӯравӣ ба Толибон ба ҳайси намояндаи афғон/паштунтаборон менигаранд. Дар Шӯравӣ танҳо қавми афғон/паштунро қавми ҳоким мепиндоштанд ва барои ақвоми дигар, ба вежа тоҷикҳо ва турктаборон арзиши зиёд ба иллати хешовандӣ бо Осиёи Марказӣ қоил набуданд.
Фаромӯш набояд кард, ки сиёсати афғонистонии вазорати хориҷаи Русия ҳамеша табйини дидгоҳҳои горди қадим будааст, ки тавассути Замир Кобулов дар фазои интизоъӣ ва нафйи воқеиятҳои қавмӣ амалӣ мешавад.
Интизоъ (абстраксия) ба сабки Кафка
Дида мешавад як тарҳи ҷадиди интизоъӣ ба номи формати Маскав, аз ҷониби Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия барои Афғонистон, рӯйи даст аст. Ин тарҳ камтар Афғонистон ва бештар Осиёи Миёнаи Бузургро гӯё дар “Бозии Бузурги Ҷадид” мадди назар хоҳад гирифт.
Пеш аз ин, ки ба ин мавзӯъ бипардозам, лозим медонам то ишорае ба иқдомоти таҳоҷумии Амрико намоям:
1 - мудохила ва доман задан ба рӯйдодҳои ахир дар Эрон,
2 - буҳронзоӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон,
3 - террори Имрон Хон,
4 - ва билохира омодагӣ барои нишасти Доха ва ақди қарордодҳои ҷадид то марзи шиносоии расмии Толибон дар ивази эҷоди ҳукумати ҳамашумул ва бозгушоии мактабҳои духтарона.
Амрикоиҳо ҳамон туре, ки дар набуди демократҳо, хостанд низоми шабеҳи демократии воридотиро барои фиреби афкори умуми дохилии хеш барои муддати 20 сол дар Кобул таҳмил кунанд. Акнун низ мехоҳанд дар адами мавҷудияти нерӯи огоҳ, ки ним онҳоро ба Ғарб интиқол додаанд ва ними он ҳам ба кишварҳои минтақа муҳоҷир шудаанд, режими қурунивустоии толибониро на танҳо барои аҳдофи стратегӣ ҷо ба ҷо созанд, балки машрӯъияти ғарбӣ низ бибахшанд!
Вазоиферо, ки амрикоиҳо барои режими толибонӣ дар назар доранд, дар воқеъ як ҳадаф ва он сохтани чамоқи мутмаин барои эҷоди буҳрон барои минтақа мебошад.
***
Вазорати хориҷаи то ҳанӯз ғарбгарои Русия то ҳанӯз ин воқеиятро дарк намекунад. Баракс бо вуҷуди фишорҳои афкори умумии натсионалистии эҷодшудаи кунунӣ аз ҷанг бо Украина мекӯшад дар сиёсати Афғонистон бозии чандгуна бидуни подзаҳр кунад.
Дар як сӯ заминаи фурӯши нафт, газ ва гандумро бо баҳои муносиб барои Толибон фароҳам овардааст, ки дар натиҷа ҳам бародар ва ҳам хонаводаи Мулло Муттақӣ аз бобати судури ҳар се қалам маводи воридотӣ ба Покистон миллионҳо доллар мафод ба ҷайб задаанд ва дар сӯи дигар мехоҳад бо роҳандозии нишасте зери номи формати Маскав ба иштироки кишварҳои Осиёи Миёна хок ба чашми мақомҳои Кремл бизанад.
Кобулов ба саёқ (контекст)-и шарқӣ сиёсат мекунад, ки бештар ғаризӣ (инстинктивӣ) аст, то стратегӣ. Ба гунаи намуна ҳимоят аз тоторҳо дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ва сафари тоторҳои Русия ба Кобул ва мулоқот бо Толибон бахше аз равобити отифии табории вайро бозтоб медиҳад. Аз сӯи дигар, фикри ғаризии вайро дар нишасти ҷадиди формати Маскав метавон дид, ки фоқиди ҳар гуна тарҳи ибтикорӣ ва стратегӣ аст. Иқдоми вайро навъе эҷоди кори хонагии худсохта метавон хонд, ки муртабит бо сафарҳои Путин ба Осиёи Миёна мебошад, шабеҳи бозтатбиқи план дар асри Шӯравӣ.
Маълум аст на ӯ ва на ҳамтоҳояш дар бархе кишварҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои атрофи Афғонистон аз мӯҳтавои сафарҳои Путин бохабар ҳастанд. Ба ҳамин хотир, кори вай ҷуз як иқдоми бюрократии бидуни мӯҳтавои иҷроӣ чизе беш нахоҳад буд.
Оё фарматҳои гузаштаи Маскав барои Афғонистон кадом дастоварди қобили ламс ба ҷуз аз қабоҳатзудоӣ барои Толибон доштааст? Оё ғайрипаштунҳо ва ба вежа порсизабонон аз он манфиате бурдаанд? Дар ҳоле, ки амнияти Русия ва Осиёи Миёна дар гурӯҳи ҳимояти ақвоми бузурги порситабор ва турктабор дар шимоли ҷуғрофияе ба номи Афғонистон аст!
Ҳамин акнун Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Қирғизистонро дар таҳти контрол дорад. Ҳамчунон Тоҷикистон ва Қазоқистон тамоюли зиёд ба ҳамкорӣ бо амрикоиҳо доранд, чун Русия ба ҷуз аз таҳдид барномаи равшан надорад ва Эмомалӣ Раҳмон бебарномагии Русияро сареҳ ба Путин гуфт.
Мавзеъи Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳам бо Амрико ва ҳам Толибон аз гузашта равшан будааст.
Аз ин манзар, асосан муҳим аст, ки тими Кобулов бо чӣ дастури кор ва бо чӣ ҳадафе нишасти отиро дар қолаби Маскав омода мекунад. Аммо ончи равшан аст, набуди як дастовард барои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ҳам барои Русия ва ҳам минтақа хоҳад буд.
То замоне, ки тими мутамоил ба Амрико дар вазорати хориҷаи Русия мусаллат аст, амрикоиҳо ба гунаи ором ва хазанда Русияро аз Осиёи Миёна берун меронанд.
Мумкин “инқилоби консервативи авруосиёии зиддиғарбӣ” , ки дар ҳоли ҳозир дар Русия оғоз шудааст, тағйири бузурге дар бахши дипломатии он кишвар ба вуҷуд оварад.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон ба гунаи бепешина вазорати хориҷаи Русияро ба тамаллуқ ва мусомиҳакорӣ дар баробари Иёлоти муттаҳидаи Амрико муттаҳам сохт.
Дида мешавад, ки интиқодҳо аз вазорати хориҷаи Русия аз сатҳи таҳлилҳои коршиносон ба самти дипломатҳои аршад гузор намудааст.
Чанде пеш Рамазон Қодиров, раҳбари Чечен ва Евгений Пригожин, раист “Вагнер” вазорати дифоъро ба бекифоятӣ дар раҳбарии ҷанги Украина интиқод намуданд. Вазорати молия ва Бонки Марказии Русия аз муддатҳо омоҷи интиқодҳои шадид қарор доранд.
Афкори умумии Русия ба суръат радикал мешавад ва либералҳои мутамоил ба Ғарб дар ҳама сатҳҳо дар зери фишори шадид қарор доранд.
Бозии қартаи Осиёи Марказӣ
Русия ҳанӯз стратегияи равшан барои “Бозии Бузурги Ҷадид” дар тамоми Авруосиё надорад.
Барои бори нахуст Владимир Путин Русияро на кишвари ғарбӣ, балки авруосиёӣ эълон кард.
Ин як чархиши бузург аст ва воқеият ҳам бад-ин сон будааст, ҳатто коммунизми русӣ, на марксистӣ, балки авруосиёӣ будааст.
Баҳси Авруосиё даричаи як гуфтумони ҷадидро боз кард, аммо мутмаинам ҷо додани мавзӯъи Афғонистон дар дохили дипломатияи Осиёи Миёна, ҳеҷ гуна робита бо шаклгирии идеологияи сиёсии Русия надорад. Дар Осиёи Миёна шигофҳои бузург ва ба шиддат осебпазир барои ояндаи Русия вуҷуд доранд, ки нишонгари дасти кӯтоҳи он кишвар дар ин минтақаи ҳаётӣ ва ҳаёти хилвати дирӯзаш мебошад.
Ду бозигари умда, яъне Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Чин ба изофаи бозигарони дигар, монанди Ҳинд, Эрон, Туркия, Бритониё, Ҷопон ва дар фарҷом Покистон ҳар кадом дар он бозии покери минтақа сармоягузориҳои зиёд намудаанд.
Замир Кобулов ва тимаш на тавоноии муқобила бо ин ҳама обектҳои чандгунаро доранд ва на ҳам метавон аз вай интизори “мӯъҷиза”-ро дошт, ба вежа, ки вай дар солҳои ахир тамоми тухмҳоро дар зери таъсири лобиҳои паштун дар Русия дар сабади Толибон гузошта ва дар воқеъ намояндаи паштунҳо ва Толибон дар сиёсати хориҷии Русия мебошад.
Ба бовари ман, раёсати ҷумҳури Русия интизор дорад, ки вазорати хориҷаи он кишвар аз дипломатияи мунфаил ба таҳоҷумӣ гузор кунад ва бо рӯйдодҳо ҳамгом шавад.
Дар хусуси ҷуғрофияе ба номи Афғонистон агар талоши Кобулов барои қабоҳатзудоӣ аз Толибон сурат мегирад ва дар мақолаи “Независимая газета” толибро ба ҳайси гурӯҳи террористӣ бо ДОИШ дар як радиф қарор намедиҳад, вале баракс Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар нишасти солонаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои мустақили муштаракуламанофъ дар Маскав бо сароҳат гуфт: “Толибон монанди ДОИШ ва Алқоида тавассути амрикоиҳо эҷод шудаанд ва “ҳанӯз ҳам аз онҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи геополитикӣ фаъолона истифода мешавад.”
Дудастагӣ дар изҳороти нухбагони сиёсии Русия дар мавзӯъи Толибон баёнгари набуди як стратегияи равшан аст, ки Русия бо он мувоҷеҳ мебошад.
Натиҷа:
Ҳатто агар Ҳизби демократи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар интихоботи миёндавраӣ бибозад, боз ҳам ҳавзаи сиёсати хориҷӣ бидуни таъсири Конгресс дар дасти идораи Байден ба гунаи фаъол боқӣ хоҳад монд ва ҷойи шак нест, ки дар қазияи “Осиёи Миёнаи Бузург” [шомили шарқи Чин то Эрон] миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон консенсус вуҷуд дорад.
Эҳтимоли сунамии толибонӣ ба ҳамкорӣ ва ҳимояти Амрико ва Бритониё ба сӯи Осиёи Миёна дур аз эҳтимол нест.
Дер ё зуд, ин минтақа дар як табонӣ миёни Толибон, Бритониё ва Амрико ба ҷабҳаи ҷадид ҳам барои Русия ва ҳам барои Чин мубаддал хоҳад шуд.