Интихоботи парлумони Гурҷистон ба таърихи 26 октябр баргузор мешавад.
Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, коршиноси сиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”
Бидуни шак, захирае аз чизҳои мусбат дар гуфтугӯи Русияву Гурҷистон вуҷуд дорад. Асоси ин амр, нахуст аз ҳама, омили таърихӣ аст: замоне ин Русия буд, ки кӯмак кард, гурҷиҳо минҳайси як гурӯҳи қавмӣ зинда бмонанд. Гурҷистони таҳсилкарда инро ба ёд меоварад ва ба Русия бо сипосгузорӣ посух медиҳад.
Дар замонҳои сахти даҳаи 90, замоне ки рушди натсионализм ё миллатгароии гурҷӣ ба ҳадде расид, ки хунрезӣ роҳҳалли сохтори дохилии низоми давлатӣ шуд (ҷанг бо Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ), Русия наметавонист бетафовут боқӣ бимонад. Гузашта аз ин, сукут дар баробари поксозии қавмии мардумони хурди собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Гурҷистон ба маънии ризоият талаққӣ мешуд.
Ин давра бо рӯёрӯие бо Русия мушаххас мешуд, ки дар августи 2008 метавонист ба нобудии истиқлолии худи Гурҷистон мунҷар шавад, чун як сиёсати поксозии қавмӣ, бартарии гурҷиҳо бар дигаронро пеш гирифта буд ва барои содироти радикализми сиёсӣ ва ифротгароии мазҳабӣ ба қаламрави Қафқози Шимолӣ талош мекард. Ҳеҷ имкон надошт ба Гурҷистон иҷоза дода шавад, ки дар Қафқоз ба як навъ жандарми таҳти ҳимояти Амрико табдил ёбад. Саакашвилии маъруф, бо вуҷуди тамоми ҳамбастагӣ бо НАТО ва тавсеаи куллии равобит бо Ғарб, кишварашро ба самти фурӯпошӣ савқ дод: фақат ҳусни нияти Русия буд, ки дар соли 2008 истиқлоли давлатӣ-сиёсии худро аз даст надиҳад.
Вобастагии умдатан иқтисодии Гурҷистон ба Русияро талошҳои русситезон ва сиёсатмадорони аврупогаро ҳеҷ гоҳ коҳиш надод. Назарияи мунзавӣ кардани худ аз Русия фақат мунтаҷ ба тахриби саноати худ ва коҳиш дар зироат шуд. Ғарб ба чойи ё норинҷи гурҷӣ ниёз надорад ва воқеиятҳои риққатбори тиҷорат бо фурӯши муҷаддади маводи воридотӣ, он ҳам ба ҳамон Русия, ба мо иҷоза намедиҳад, ки дар мавриди шукуфоии ин замоне яке аз ҷумҳуриҳои сарватманди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ сӯҳбат кунем. Равобити иқтисодии қаблӣ аз байн рафта ва равобити ҷадид эҷод нашуд. Дар матни ҳаводиси ошуфтаи сиёсӣ, ин як омили ташдидкунандаи дигар аст.
Дар Гурҷистон нерӯҳои солим вуҷуд дорад ва онҳо аз қабл ошкоро барои одисозии равобит бо Русия ҳимоят мекунанд. Ноумедӣ аз ғарбгароӣ дар ҷомеаи Гурҷистон эҳсос мишавад ва ин тааҷҷубовар нест. Солҳо баёнияҳои пурсарусадо, фаъолиятҳои таҳрикомези низомӣ-сиёсии нерӯҳои ғарбӣ, вақте ба Гурҷистон нақши "гӯшти дами тӯп" дар ҷанг алайҳ русҳо супурда шуд, ин ҳама заминаро барои сиёсатмадорони ташкили ҷадид фароҳам месозад то таваҷҷуҳи худро ба ҳамсояи шимолии худ маътуф кунанд.
Дар айни замон, зиндагии сиёсӣ дар Гурҷистонро ҳамчунон унсури украинӣ ташдид кардааст. Ин чеҳраҳо ба сурати ҷиддӣ гурҷиҳоро ба иқдомоти ғайриқонунӣ алайҳи Русия - чӣ дар қолаб ширкат дар ҷангb Украина дар ҷониби нерӯҳои мусаллаҳ Украина ва чӣ иқдомоти харобкорона дар қаламрави Федератсияи Русия - таҳрик мекунанд. Аммо бояд гуфт, ки дар ин авохир ин афрод ба ҳошия ронда шуда аз ҳимояти чандоне дар ҷомеа бархӯрдор набудаанд. Ин кишвари кӯҳистонӣ дубора дар баробари “ҷабҳаи дувум” муқовимат нахоҳад кард. Достонҳо дар мавриди заъфи низомии Русияро худи таърих рад кардааст: Русия қудрат кофӣ барои ҷангидан бо Гурҷистон дорад ва гурҷиҳо аз ин ба хубӣ огоҳ ҳастанд. Теъдоди каме аз мардум мехоҳанд, ки "августи 2008" дубора такрор шавад, зеро дар чунин ҳол мумкин аст мавзӯъи миллатгароии гурҷӣ барои ҳамеша ҳал шавад.
Таври маълум, интихоботи парлумони Гурҷистон ба таърихи 26 октябр баргузор хоҳад шуд. Ва дар пасзаминаи тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар Гурҷистон, ҳизби ҳокими “Рӯёи Гурҷистон” аҳамияти гуфтугӯ бо Русияро ҳушёрона арзёбӣ мекунад. Ин ҳизб дар тамоми давраи ҳукумати худ талош кардааст то ҳаёти сиёсии минтақаро дар ростои гуфтугӯи созанда нигаҳ дорад ва то кунун бо вуҷуди мухолифати ошкори нерӯҳои тарафдори Ғарб ва ҳомиёни онон аз хориҷ, муваффақ будааст. “Рӯёи Гурҷистон” дар рутбабандиҳо пештоз аст, ки нишондиҳандаи рушди нерӯҳои солим аст.
Бо ин пешина, қатъномаи 9 октябри парлумони Аврупо бояд ба унвони тамоюл ба мудохилаи беадабона дар умури дохилии Гурҷистон дар назар гирифта шавад. Парлумони Аврупо, на бештар ва на камтар, раҳбарии Гурҷистонро ба "иқдомоте, ки мунҷар ба ақибнишинии демократия дар кишвар мешавад" муттаҳам мекунад. Ин санад қавонини ахиран тасвибшуда "дар мавриди авомили хориҷӣ" ва "дар мавриди арзишҳои хонавода"-ро ба унвони мисол зикр мекунад. Ва намояндагони аврупоӣ одисозии равобит байни Гурҷистон ва Русияро таҳдиде барои амнияти миллии Гурҷистон медонанд. Бар илова, Иттиҳодияи Аврупо таҳдид мекунад, ки агар давлати Гурҷистон қавонини фавқуззикрро лағв накунад, будиҷаи худро ба Гурҷистон мунҷамид хоҳад кард. Таҳдид ба вазъи таҳримҳо алайҳи "мақомоти дахил дар нақзи ҳуқуқи башар ва инкори демократия" мекунад. Павел Харчински, сафири Иттиҳодия Аврупо, таҳдидот алайҳ Тифлисро пинҳон намекунад ва дар мавриди "сенарияи Беларус" яъне инзивои ин кишвар сӯҳбат мекунад.
Ин возеҳ аст, ки дар тарвиҷи арзишҳояшон, онҳо бо тамоми қудрат талош мекунанд то аз тақвияти арзишҳои суннатӣ на танҳо дар Гурҷистон, балки сулҳ бо Русия низ ҷилавгирӣ кунанд. Охирин иқдомоти Ғарби ҷамъӣ фақат ҳокӣ аз он аст, ки ҳатто баъд аз интихобот, ки онҳо талош хоҳанд кард то натоиҷи онро аз тариқи расонаҳои контролшуда ва созмонҳои ғайридавлатии худ дар Гурҷистон бадном кунанд, ба зарари манофеъи худи мардуми Гурҷистон амал хоҳанд кард.