Хабари рӯз

Толибон ба нишастҳои минтақаро як абзор мебинад, вақте минтақа содалавҳона нигоҳи хушбинона дорад.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Рӯзи ҷумъа, Формати Маскав бо иштироки даҳ кишвар оғоз шуд. Толибон минҳайси меҳмон низ ба ин нишаст даъват шуданд. Формати Маскав аз ҷумлаи ибтикороти дипломатияи минтақаӣ аст, ки Маскав онро раҳбарӣ мекунад. Соли гузашта низ нишасти Маскав бо ироаи як силсила тамҳидот барои Толибон мабнӣ бар риояти ҳуқуқи башар, ташкили ҳукумати фарогир ва масъулиятпазирӣ дар қиболи амнияти минтақаӣ, хотима ёфт.

Ҷудо аз ҳошияҳои ин силсила нишастҳо, ки дарвоқеъ вокуниши минтақаӣ нисбат ба таҳаррукоти фароминтақа аст, Формати Маскав ҳеҷ гуна таъсири мутақобил ва билфеъл бар тағйири вазъияти Афғонистони таҳти контроли Толибон, надоштааст. Ба иборате, ин нишаст аз ҳошияҳои таблиғотӣ ва расонаӣ бештар баҳра бурдааст, то ин ки худ битавонад бахше аз як фароянди таҳаввули сулҳомез дар Афғонистон, дар марҳалаи пасохурӯҷи Амрико, матраҳ шавад ва ҳалле бошад барои мушкилоти мавҷуд.

То ҳол, Толибон, ки равобити наздике бо Русия ва теъдоде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа доштаанд, ҳеҷ таваҷҷуҳе ба тамҳидоти ироашуда дар ин нишаст, нишон надодаанд. Бетаваҷҷуҳии Толибон ба хостҳои минтақа, ки бештар аз нигаронии минтақа нисбат ба тадовуми вазъияти мавҷуд аст, нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам, он чунон ки дар ҳарфи хостори таомул бо дунёву минтақа аст, дар амал тамоюле ба он надорад, то Афғонистони таҳти контроли ин гурӯҳ вориди як таомули минтақаии мусбат шавад ва бахше аз раванди гузор ба сӯи як низоми посухгӯро сипарӣ кунад.

Дар иваз, Толибон аз баъди ба қудрати расидан, дар машвара бо ҳомиёнашон дар талош будаанд, то аз чунин нишастҳо, истифодаи суъ кунанд, имтиёз бигиранд ва роҳеро барои тадовумашон дар қудрат, биёбанд. Пас, метавон гуфт, ки нигоҳи Толибон ба ин нишастҳо, абзорӣ, вале дар иваз нигоҳи минтақа мубтанӣ бар як иҷмои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ устувор будааст.

Агарчи вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳадафи аслии нишасти Формати Маскав тақвияти “раванди оштии миллӣ” ва “густариши таомули кишварҳои минтақа бо Толибон” аст ва ин ду асл аз авлавиятҳои аслии шашумин нишасти Формати Маскав шумурда мешаванд, аммо Толибон на зарурате ба раванди оштии миллӣ мебинанд ва на онро қабул доранд ва на ҳам густариши таомули кишварҳои минтақаро дар ҷиҳати ниёзҳои аслии минтақа мабнӣ бар таъмини сулҳу суботи сиёсӣ дар Афғонистон ва ироаи тазминҳо барои муқобила бо терроризм таъбир мекунанд.

Минтақа дар чаҳорчубаи Формати Маскав ба раҳбарии Русия таваққӯъ дорад, то таомули кишварҳои минтақа бо Толибон дар заминаҳое масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва мубориза бо маводи мухаддирро густариш бидиҳанд, аммо ҳамон тавре, ки  қаблан тазаккур ёфт, Толибон аҳли ислоҳоти сиёсӣ нестанд, ба усули давлатдорӣ мабнӣ бар беҳбуди вазъияти иқтисодӣ ва эҷоди даҳлези фаъоли иқтисодӣ дар минтақа ошноӣ надоранд ва мубориза бо мавод мухаддирро ба иллати даромади беҳисоби он, ғайримумкин мебинанд ва тамоюле ба анҷоми он надоранд. Чун ин гурӯҳ ҳаммонанди давраи қабли зимомдориашон ва бист соли ҷанг дар баробари давлати ҷумҳурият ва нерӯҳои хориҷӣ, яке аз роҳҳои даромади аслиро аз манбаи кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир интихоб кардаанд ва ба иллати суди сарсомовари он, ҳозир нестанд ба гунаи амалӣ ва содиқона дар баробари он, мубориза кунанд.

Биноан, тамоми масоили матруҳа дар ин нишаст фақат дар барномаи ҷаласа ва рӯи коғаз боқӣ хоҳад монд. Дар ҳоле, ки ниёзҳои фаврии мардуми Афғонистон мабнӣ бар таъмини адолат, суботи сиёсӣ, рӯи кор омадани як низоми сиёсии посухгӯ ва минҳайси як унсури масъул ва фаъол дар таомулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, мубориза бо ифротгароӣ, таъмини ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳо, мубориза бо фақру эҷоди бистарҳои кор ва берун сохтани Афғонистон аз вазъияти кунунӣ, чизи дигаре аст.

Ин нишаст ҳеҷ гуна тамоси амалӣ ва амалгароёнаро барои таҳти фишор қарор додани гурӯҳи Толибон ва кӯмак ба тамоми нерӯҳои масъули сиёсӣ, ки битавонанд дар ҷиҳати беҳбуди вазъияти Афғонистон кӯмак кунанд, анҷом надода ва танҳо бо шариксозии гурӯҳи Толибон дар ин нишаст иктифо кардааст.

Дар ҳоле ки ҳанӯз нигарониҳои густурда дар миёни кишварҳои минтақа дар мавриди масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризм вуҷуд дорад ва танҳо бо ироаи тамҳидот ва пешниҳодот наметавон бар ҳаҷми густурдаи ин таҳдидот фоиқ омад, зеро Формати Маскав, аз ҷумла ибтикороти дипломатияи минтақаӣ аст, ки Маскав онро раҳбарӣ мекунад. Аммо аз он ҷое, ки сатҳи таҳдидоти амниятӣ, чолишҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва чолаҳои амниятӣ дар ҳоли афзоиш ҳастанд, танҳо ибтикори дипломатӣ наметавонад тазмине барои ҳалли мушкилоти мавҷуд муҳосиба гарданд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!