Хабари рӯз

Чӣ гуна Исломобод бесуботиро ба муҳимтарин колои содиротии худ табдил кард?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Драмаи даргирии Толибону Покистон ба суръат ба шӯҳрат расид, зеро ин ҷидол, бар хилофи зоҳири маҳаллии худ, дар батнаш бахше аз бозии бузурги амниятӣ ва геополитикӣ аст, ки бозигарони минтақаию фароминтақаӣ дар он дахиланд.

Покистон аз оғози шаклгириаш то имрӯз , муҷрии барномаҳои амниятиву ихлолгар дар сатҳи минтақа будааст. Ин кишвар ба далели нуфузи деринааш бар гурӯҳҳои ифротӣ , аз замони ҷанги сард то кунун, ба яке аз сутунҳои сиёсатҳои ниёбатии қудратҳои ҷаҳонӣ бадал шудааст. Дарвоқеъ, Исломобод амниятро на барои минтақа, балки ба масобаи абзори боҷгириву муомилагарӣ бо қудратҳои бузург таъриф кардааст.

Покистон барои ҳалли мушкилоти сохтории худ ҳамвора ба як манбаи берунӣ мутавассил шудааст. Акнун ду манбаи калидӣ барои наҷоти Исломобод дар дастрас қарор гирифтааст: Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Арабистони Саудӣ. Вашингтон, ки дар рақобати мустақим бо меҳвари Шарқ (Чин, Русия, Эрон) қарор дорад, ба як муҷрии вафодору озмуда дар майдони бесуботӣ ниёз дорад ва Покистон беҳтарин гузина барои ин нақш аст. Маъмурияти Исломобод эҷоди чолишҳои амниятӣ барои пружаҳои Чин дар минтақа, бавижа дар қолаби тарҳи “Як камарбанд - як роҳ” аст.

Покистон бо истифода аз баҳонаи тероризми худсохта, ин маъмуриятро бо вафодории комил дар баробари Вашингтон анҷом медиҳад.

Дар сӯи дигар, Арабистони Саудӣ, ки дар баробари нуфузи фазояндаи Теҳрон дар минтақа рақобат мекунад, ба ҳамкории амниятиву истихборотӣ бо Исломобод такя дорад. Риёз бо иттико ба таҷрибаву дониши ҳастаии Покистон ва ҳамчунин тавони ин кишвар дар таҳрики гурӯҳҳои тундрав, саъй дорад “лашкари ҷаҳлу ифрот”-ро дар баробари меҳвари муқовимати Эрон ба ҳаракат даровард.

Ин ҳамкорӣ на тоза аст ва на маҳдуд, балки дар тӯли чанд даҳа дар бозиҳои замонии мутафовит, бо шиддату заъфҳои мутағаййир, идома ёфтааст. Исломобод ҳамвора миёни Вашингтону Риёз, бозиҳои печидаеро барои таъмини манофеи худ анҷом додааст.

Дар чунин бистари пурҳаёҳуи амниятӣ, Покистон дар талош аст, то аз бесуботии Афғонистон ба унвони абзори фишор бар Ҳинд истифода кунад.

Таъмини “умқи стратегӣ” дар Афғонистон барои ин кишвар ба маънои эҷоди ихлол дар амнияти равонии Ҳинд аст. Дар ин миён, манофеъи Амрикову Арабистон дар як масири ҳамросто қарор гирифтаанд. Ҳарду ба Покистон майдон додаанд, то пружаҳои худро дар қолаби сужаи амниятӣ ба номи Толибону Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) пеш бибарад.

Иёлоти Муттаҳида барои мухтал сохтани барномаҳои баландпарвозонаи Чин ба майдоне ниёз дорад, ки битавонад дар он бесуботиро бозтавлид кунад ва ин майдон ҳамон Афғонистон аст. Ин ихлол аз масири дахолат, даргириву сужасозии амниятӣ қобили таҳаққуқ аст ва Покистон ба беҳтарин ваҷҳ ин нақшро ифо мекунад. Аз сӯи дигар, Арабистон бо такя бар боздорандагии ҳастаиву шабакаҳои ифротии Покистон, талош дорад гурӯҳҳои тундравро аз Ховари Миёна дур ва ба самти Афғонистон савқ диҳад, то амнияти дохилии худро ҳифз карда ва дар Ховари Миёна бидуни музоҳимат, аҳдофи геополитикии худро дунбол кунад.

Дар канори ин ду меҳвар, Туркия низ ба унвони бозуи нарми НАТО дар ҷаҳони суннӣ, дар ҳамин сенарияи чандлоҳаӣ нақшофаринӣ мекунад. Анқара дар чорчӯби сиёсати нюусмонӣ ва бо такя бар пайвандҳои мазҳабиву фарҳангӣ, мекӯшад ҷои пое дар муодилаи Афғонистон биёбад. Ҳузури фаъоли Туркия дар музокироти амниятии Толибону Покистон дар Истанбулу миёнҷигарӣ дар парвандаҳои истихборотӣ нишон медиҳад, ки Анқара ба бозуи мукаммали Вашингтон дар мудирияти пружаҳои амниятии минтақа бадал шудааст. Туркия на ба унвони қудрати мустақил, балки ба масобаи воситае миёни НАТО-ву ҷаҳони суннӣ амал мекунад, то аз раҳгузари ифротгароӣ контрол шуда, ҷойгоҳи геополитикии худро дар Осиёи Миёна ва Ҷануби Осиё тасбит кунад.

Бад-ин тартиб, Анқара дар ҳошияи ҳамон мизе бозӣ мекунад, ки Покистону Арабистон бо ҳимояти Амрико чидаанд. Мизе, ки ҳадафи ниҳоии он маҳори меҳвари Шарқу истимрори бесуботӣ дар перомуни Эрон, Русия ва Чин аст.

Дар ин миён, ТТП ба абзоре табдил шуда, ки ҳамзамон ду маъмуриятро анҷом медиҳад: таъмини манофеъи Вашингтон дар ихлоли амнияти Чину тазмини манофеъи Риёз дар маҳори нуфузи Эрон. Покистон, ки аз саркашии Толибону нуфузи Ҳинд дар Афғонистон ба шиддат нохушнуд аст, акнун аз ТТП ба унвони сужае тоза барои тавҷеҳи иқдомоти амниятӣ ва бозсозии ҷойгоҳи худ дар муодилаи қудрати минтақаӣ баҳра мегирад.

Исломобод бо тарҳи баҳонаҳои сохтагӣ дар талош аст, то дар қолаби мубориза бо тероризм, имтиёзҳои молӣ, сиёсиву амниятӣ аз ҳар ду қудрати бузург, яъне Амрико ва Арабистон касб кунад.

Дарвоқеъ, сиёсати амниятии Покистон чизе ҷуз идомаи маъмурияте нест, ки аз баъди таъсис барояш таъйин шуда буд: ҳидояти гурӯҳҳои террористӣ ва ниёбатӣ ба ниёбат аз қудратҳои бузург, эҷоди ихлол дар амнияти минтақа ва саботажи ҳар навъ пружаи тавсеавӣ, ки аз сӯии меҳвари Шарқ тарроҳӣ шудааст. Агар Чин Покистонро муттаҳиди стратегии худ ба далели душмании муштарак бо Ҳинд мепиндорад, бояд донист, ки нияти Исломобод нисбат ба Пекин ҳаргиз содиқона набудааст. Покистон дар мавоқеи гуногун нишон дода, ки на ба Пекин вафодор аст ва на ба Вашингтон, балки сирфан ба манофеи лаҳзаӣ ва бақои худ фикр мекунад.

Ба ин тартиб, нақши ҷадиди Покистон бо меҳварияти сужаи амниятии ТТП, дар ростои ҳамгароии пинҳон миёни Вашингтон, Риёзу Анқара қарор дорад: ҳамгароие, ки ҳадафи ниҳоиаш, муҳандисии мудовими ноамнӣ дар Афғонистон ва дар натиҷаи кантроли геополитикии кули Осиёи Ҷанӯбӣ ва Марказӣ аст.

Толибон, дар ин миён, на бозигари мустақил, балки бахше аз ҳамон сенарияи тарроҳӣ шудаанд, ки майдони Афғонистонро ба маҳалли озмуни стратегияҳои чандлоҳаи қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил кардааст.

 Шӯҳрати даргирии Толибону Покистон ношӣ аз воқеияти сода аст: Ин тақобул на низои миёни ду бозигари маҳаллӣ, балки бахше аз пазли бузурги амниятии ҷаҳон аст. Покистон бо баҳрагирӣ аз ТТП, амалан се маъмуриятро ҳамзамон пеш мебарад: касби имтиёз аз Вашингтон, хизмат ба аҳдофи амниятии Риёз ва ҳамоҳангӣ бо бозии нарми Анқара. Ин кишвар ҳамонанди як муздури геополитикӣ ноамниро ба колои содиротии худ бадал кардааст.

Афғонистон низ дар ин миён бори дигар ба майдони тасвияи ҳисоби қудратҳо табдил шуда, ҷое ки тероризм, геополитикаву истихборот, дар қолаби драмаи тозае ба номи “даргирии Толибону Покистон”, дубора пардабардорӣ мекунанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!