Хабари рӯз

Покистону Толибон дар доми истихбороти минтақаӣ афтодаанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар буҳрони печида ва чандлояи кунунии Ҷануби Осиё, Толибону Покистон даргири як бозии истихборотианд, ки марзи миёни душманӣ ва ҳампаймониро аз байн бардааст. Суханони ахири Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар бораи талоши Покистон барои бозгардондани Амрико ба пойгоҳи Багром, дар зоҳир як ҳушдори сиёсӣ аст, аммо дар умқ, бахше аз ҳамон сенарияи бузургтар ва аз пеш тарроҳишуда аст. Дар ин бозӣ аз Кобул то Исломобод ва аз Багром то Вашингтон, шабакаҳои истихборотӣ, манофеи иқтисодӣ ва аҳдофи геополитикӣ дарҳам танидаанд. Кушта шудани Қорӣ Амҷад ва ифшои ҳамкории иттилоотии Толибон бо Покистон, нишонаест аз бозороии саҳнаи амниятии Афғонистон, ки ҳадафи ниҳоии он бозсозии назми ҷадидест бар меҳвари қудратҳои бузургтар.

Савол ин аст: ин назми ҷадид чӣ гуна дар ҳоли шаклгирӣ аст? Посух дар лояҳои пинҳони ҳамин таҳаввулот нуҳуфтааст. Толибон ҳоло аз ҳамон чизе сухан мегӯянд, ки мунтақидонашон аз солҳо пеш ҳушдор дода буданд: бозии ҷадиде оғоз шуда, ки меҳвари он манофеи қудратҳои бузургтар аст, на амнияти Афғонистон. Муҷоҳид мегӯяд, Покистон бо буҳронофаринӣ, заминаи бозгашти Амрикоро ба Багром фароҳам мекунад; ҳарфе, ки агар дуруст бошад, яъне Толибон ҳамон нақшеро ифо мекунанд, ки дар соли 2001 карданд — қурбонии мазлуми як таҳоҷуми тарроҳишуда.

Аммо ин бор, тафовут дар ин аст, ки Толибон дигар дар ҷойгоҳи “қурбонии бехабар” нестанд, балки худ яке аз аҷзои фаъоли бозианд. Иттиҳомоти Толибон алайҳи Покистон дар зоҳир нишонаи беэътимодӣ аст, вале дарвоқеъ таноқузи гуфтору кирдори онҳоро бармало месозад. Ин гуруҳ дар расонаҳо аз истиқлол сухан мегӯянд, аммо дар майдони амал, ҳамчунон аз лиҳози луҷистикиву истихборотӣ ба Исломобод вобастаанд. Ҳамон тавр ки борҳо гуфта шуда, тафовут миён “ҳукумати мулкӣ” ва “низомиёни Покистон” фақат дар зоҳир аст; дар ботин, ҳар ду тобеъи доктринаи амниятии воҳиданд, ки солҳост тавассути ISI тарроҳӣ шудаву Толибон маҳсули мустақими ҳамон тафаккуранд.

Багром дар ин миён фақат як пойгоҳи низомӣ нест; як намод аст, рамзи бозгашти нарми Вашингтон ба қалби минтақа. Покистону Толибон ҳар ду аз ин барг ба унвони абзори бозӣ истифода мекунанд. Бомбаборонҳои марзӣ, ҳамалоти ҳавоӣ ва музокироти бенатиҷа, бахше аз ҳамон муҳандисии буҳронанд то фазо барои мудохилаҳои ҷадид боз шавад. Ин равиши қадимӣ, аммо муассир аст: бесуботӣ халқ кун, баъд ба унвони миёнҷӣ ва шарики сулҳ бозгард.

Дар ин миён кушта шудани Қорӣ Амҷад (муфтӣ Музоҳим), муовини раҳбари Таҳрики Толибони Покистон, тасодуфӣ набуд. Манобеъи амниятӣ мегӯянд, Толибон мавқеъияти ӯро ба истихбороти Покистон додаанд то дар музокироти Истамбул имтиёз бигиранд. Аммо дарвоқеъ, ин ҳазфи ҳадафманд бахше аз сенарияи поксозии истихборотӣ аст. Қорӣ Амҷад, ки замоне аз муҳраҳои калидии ТТП буд, ҳоло таърихи масрафаш тамом шуда буд. Дар ин бозӣ, вақте як муҳраро зиёдӣ медонанд ё дигар қобили контрол нест, ҳазфаш ба маънои бозсозии эътимод миёни бозигарони дигар аст. Толибон бо қурбонӣ кардани чунин афроде, мекӯшанд худро ба унвони шарики қобили эътимод дар сатҳи минтақа нишон диҳанд.

Дар зоҳир, Толибон муддаианд, ки дар мубориза бо терроризм бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ мекунанд, аммо дарвоқеъ ин бахше аз муомилаи истихборотии пинҳон миёни Толибон, Покистон, Туркия ва Қатар аст. Ин кишварҳо аз Толибон хостаанд то дар баробари имтиёзоти сиёсӣ ва кӯмакҳои иқтисодӣ, иттилооти марбут ба раҳбарони ТТП-ро бо истихборот шарик созанд. Толибон пазируфтаанд, аммо на аз сари масъулият, балки аз сари иҷбор. Онҳо медонанд, ки агар ТТП қудрат бигирад, ҷойгоҳашон дар Кобул мутазалзил мешаваду Покистон дубора ба дунболи неруи ҷойгузин хоҳад рафт.

Ин ҳамкории пинҳон дар ҳақиқат бахше аз таъмири марҳалаии Толибон дар пружаҳои ояндаи минтақаист; пружае, ки ҳадафаш эҷоди шикоф миёни Толибону дигар гуруҳҳои исломгаро ва дар натиҷа, тазъифи сохтори дарунии ин гуруҳ аст. Толибон бо иҷрои ин дастурот, на аз сари маслиҳат, балки ба манзури иҷрои ҳамон барномае амал мекунанд, ки аз замони тавофуқи Давҳа то имрӯз ба таври муназзам пеш меравад. Ин бозӣ, як масири аз пеш тарроҳишуда дорад: Толибон бояд бимонанд, аммо заъифу вобаста.

Дар ҳамин чорчӯб музокироти Истамбул ҳам саҳнаи алании дипломатия буд ва ҳам пушти пардаи муомила. Дар зоҳир гуфтугӯ дар бораи контроли марзҳо ва ҷилавгирӣ аз ҳамалот буд, аммо дарвоқеъ, як майдони озмун буд барои санҷиши вафодории Толибон ба меҳвари Туркия, Қатар, Покистон. Толибон медонанд, ки бақо дар қудрат бидуни ризояти ин меҳвар мумкин нест, бино бар ин, бо зоҳири ором, вориди муомилаҳои иттилоотӣ мешаванд то ҳам аз фишори Покистон бикоҳанд ва ҳам эътимоди Туркияву Қатарро ҷалб кунанд.

Покистон низ бозии дугонаи худро идома медиҳад: аз як сӯи ТТП-ро душман меномад ва аз сӯи дигар, аз вуҷудаш ба унвони абзори фишор бар Толибон истифода мекунад. Ин ду нақши мутазод, аммо ҳамоҳанг, бахше аз ҳамон доктринаи қадимии “бесуботии ҳидоятшуда” аст, ки Исломобод солҳост дар Афғонистон иҷро мекунад. Ҳадафи ниҳоӣ контроли Толибон аз тариқи таҳдиду мудирият буҳрон аст; Толибон агар беш аз ҳад мустақил шаванд, барои Покистон ба кобус бадал мешаванд.

Аз диди низомиёни покистонӣ, хатари бузургтар, тағйири конуни фикрии Толибон аст. Агар дар оянда маркази ҳидояти фикрии Толибон аз мадориси Акура Хатаку Ҳаққония ба самти Девбанд ё ҳатто нуфузи фикрии Ҳинд тағйир кунад, Исломобод мавқеъияти стратегии худро аз даст медиҳад. Ба ҳамин далел аст, ки артиши Покистон дар пушти парда, ба ҳазфи чеҳраҳои саркаши ТТП ва нуфузи мустақим дар сохтори раҳбарии Толибон идома медиҳад то ин ҷараёнро зери контроли худ нигаҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳида низ орому ҳисобшуда наззора мекунад. Вашингтон медонад, ки бо истифода аз ихтилофоти дарунии миёни Толибон, ТТП ва Покистон, метавонад масири бозгашти худро ҳамвор кунад; бозгаште на бо сарбоз, балки бо иттилоот, қарордоду ҳамкориҳои амниятӣ. Пружаи Багром дар ҳамин чорчӯб дубора эҳё мешавад: бозгашти нарми Амрико аз масири буҳронҳои маснӯъӣ.

Афғонистони имрӯз майдони рақобати се лояи истихборотӣ аст:

Дар лояи аввал, Толибони абзорӣ дар даст Покистонанд ;

Дар лояи дувум, Покистони бозигари восита дар хизмат Вашингтонаст ;

Ва дар лояи сеюм, Амрико бо муҳандисии бесуботӣ, дубораи контроли минтақаро ба даст мегирад.

Дар ин миён, бозигарони дигаре низ чун Туркия, Қатар, Эрон, Русия, Чин ва кишварҳои арабӣ, ҳар кадом ба нафъи худ баҳра мебаранд. Аммо танҳо тарафе, ки чизе ба даст намеоварад, мардуми Афғонистонанд; миллате, ки бори дигар қурбонии бозиҳое шудаанд, ки дар он, ислому ҷиҳод танҳо ниқоби сиёсату манофеъи қудратҳои бузургтар аст.

Дар ниҳоят, мо бо саҳнае рӯбарӯ ҳастем, ки дар он ҳама дурӯғ мегӯянд ва ҳар дурӯғе, ҳақиқати дигарро пинҳон месозад. Толибон дар зоҳир алайҳи Покистон сухан мегӯянд, аммо дар амал ҳамон маъмурони низомианд, ки пружаи Багрому бозии минтақаиро мумкин месозанд. Покистон аз Толибон шикоят дорад, аммо онҳоро абзори худ нигаҳ медорад. Ва Амрико аз фарози ҳамаи ин таноқузҳо орому дақиқ тамошо мекунад то дар лаҳзаи муносиб дубора ворид шавад. Афғонистон, ҳамчунон ҳамон аст: саҳнае аз бозиҳои бузург, ки дар он ҳар муҳра қобили таъвиз аст, ҷузъи манофеи қудратҳо.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!