Ғайриафғонҳо бузургтарин қурбониёни сиёсатҳои тақсими қудрати Амрико дар ду даҳаи гузашта будаанд.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Чунин маълум мешавад, ки Русия дипломатияи ниёбатиро дар робита ба Афғонистон ба ҳайси як озмоиш оғоз кардааст, чизе шабеҳи “дипломатияи пинг понг” – и Амрико.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳеҷ куҷои дунё дар робита ба ҳеҷ кишваре, ки муттаҳиди он нест, тобеъи ташрифоти дипломатӣ намебошад. Ҳамеша равобит бо давлатҳову мухолифони он барқарор мекунад ва ҳар ду тарафро барои манофеъи хеш истифода мекунад. Аммо дар баробари кишварҳои муттаҳид, аз ҷумла Толибон бархӯрди яксавия бо ҳокимон дорад.
Ба эҳтимоли зиёд Русия равиши ҷадидро ҳадди ақал дар ҳоли ҳозир дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон таҷриба мекунад. Сиёсати расмии он таомул бо Толибон аст ва сиёсати ғайрирасмии он аз ҷониби ҳизби “Русияи одил” бо мухолифони Толибон.
Аҳзоби опозисиони “дохили система” дар Русия муодил бо опозисионҳои ғарбӣ нестанд ва дар масоили бузург, ба мисли ду ҳизби сиёсии Амрико ҳамсӯ бо сиёсати давлати марказианд.
Нишасти ҳизби “Русияи одил” бо мухолифони бештар ғайриафғонтабор дар ҳутали Кумитаи марказии собиқ Ҳизби коммунисти Шӯравӣ ва акнун ҳутали давлатии раёсатиҷумҳурӣ бидуни ҳимояти сохторҳои амниятии Русия, ба вежа Шӯрои амнияти миллии он кишвар мумкин набуд.
Шӯрои амнияти Русия ва бахше аз низомиёну коршиносон бо гароиши порсӣ нигоҳи дигар ва беҳтар ба ғайриафғонҳо доранд. Ҷабҳаи муқовимат ва Шӯрои муқовиматро бахше аз сутуни амнияти ояндаи Русия дар Осиёи Миёна меангоранд, ки бар меҳвари тоҷикҳо ва ҳазораҳо (ду бузургқавми порсизабонон) ба изофа муттаҳиди табиии онҳо, яъне ӯзбекҳо ва туркманҳо (туркзабонон) қарор дорад.
Сиёсати расмии Русия дар робита ба ҷуғрофияе ба номи Афғонистон бо таомул ва таҳаммул бо Толибон амалӣ мешавад, зеро Толибон абзори барномаи демократҳои Амрико барои эҷоди як ҷабҳаи ҷадиди ҷангӣ алайҳи Русия дар ҳавзаи амниятии он дар Осиёи Миёна мебошанд, ҳамон туре, ки Арманистони вобаста ба Амрико дар Қафқоз масъаласоз аст, ба ҳамин сон Толибон дар Осиёи Миёна ва Ҷануби Осиё.
Аммо дар ҳоли ҳозир шигирди дипломатии Русия ба шеваи “каж дору марез” татмиъ ва таҳдидро чизе ҷуз тарфанд дар бозии шатранҷи геополитикии минтақа наметавон номид.
Шӯрои амнияти Русия пайваста Толибонро ба терроризм ва судури маводи мухаддир муттаҳам месозад. Баракс вазорати хориҷаи Русия ҳанӯз аз сатҳи насиҳат фаротар нарафтааст.
Агарчи дар ҳоли ҳозир ин дугонагӣ ба нафъи Русияву муттаҳидон нест, аммо чорае надоранд. Маҷбуранд бо Толибон тиҷорат кунанд ва дар баробари иқдомоти онҳо мабнӣ бар тағйири бофти қавмӣ дар шимол ва ё кашидани канали Қӯштеппа хомӯшӣ ихтиёр кунанд. Аммо вазъият ба ҳамин минвол боқӣ намемонад. Яке аз вежагиҳои ҳокимиятҳои қавмии паштунӣ дар 270 соли гузашта адами тадовуми он аст.
Корди Толибон дар муддати кам ба устухони мардумони ғайрипаштун расидааст. Дер ё зуд фарёди инҳо баланд хоҳад шуд ва ба ғиреву сели бунёдбарафкани ҳокимиятҳои афғонӣ ё паштунӣ то марзи ҷудоӣ мубаддал хоҳад шуд.
Мумкин сиёсатмадорон ва ба эҳтимоли қавӣ дастгоҳҳои амниятии русӣ ташхис додаанд, ки дар ояндаи начандон дур манотиқи ғайрипаштун обистани хезишҳои зиддитолибӣ ва зиддипаштунӣ хоҳад шуд. Пас бояд аз ҳамин акнун бо намояндагони ин ақвом аз наздик дари гуфтугӯро боз намоянд, ба вежа, ки ин ақвом бузургтарин қурбонии сиёсатҳои Амрико дар ду даҳаи гузашта дар масъалаи тавзеъи қудрат будаанд.
Ҳизби “Русияи одил” дарвоқеъ дипломатияи ниёбатии Керемлро оғоз кардааст, ки ҷузъе аз як кулл дар сиёсати минтақаии Русия мебошад. Ҳам Аҳмад Масъуд ва ҳам Муҳаммад Муҳаққиқ суханоне гуфтанд, ки бештар дар хатти сиёсати бузурги Кремл буд то ҳарфҳо ва табодул назарҳо бо як ҳизби сиёсӣ.
Арчанд расонаҳои таблиғотии ғарбгаро аз БӣБӣСӣ то “Афғонистон интернешнал” ва ғайра ба гунаи муғризона ва идрокӣ кӯшиданд нишастро ба далели адами ҳузури намояндагони расмии Русия камаҳамият ҷилва диҳанд, вале хатти аслӣ ва мушобеҳи кории онҳо тағйир ва самтдиҳии азҳони умумӣ буд.
Ҳар огоҳи ҷиддии сиёсӣ медонад, ки ҳузури ҷамъӣ, чидмоншуда ба ҷаласа, бидуни “машвараҳои лозим” аз “маконҳои муайян” сурат гирифтааст ва аз имкони як ҳизби дараҷаи 3 ба дур аст.
Ҳам Русия ва ҳам ҳомиёни ғарбии Толибон медонанд, ки абзорҳои ояндаи мубориза алайҳи ҳамдигар дар Осиёи Миёна кадомҳо хоҳанд буд.
Тамҳидоти он аз ҳоло оғоз шудааст!