Никол Пашинян ба Зеленский ё Ғании ҷадид табдил хоҳад шуд.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Навбати табдил шудан ба Украина ё Афғонистони ҷадид ба Арманистон расидааст.
Армен Рустамён, узви фраксияи мухолифи парлумонии “Арманистон” эълом кард, ки хатари интиқоли даргирии байни Русия ва Ғарб ба қаламрави Арманистон вуҷуд дорад. Вай дар шарҳи тасмими Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, ки 23 январи соли ҷорӣ дар мавриди эҷоди як маъмурияти ғайринизомии баландмуддат дар Арманистон (EUMA) садо дода буд, гуфт, ки тамоюли Иттиҳодияи Аврупо барои муқобила бо, ба истилоҳ, "таҳдиди Русия" дар моварои Қафқоз бо барномаҳои Ғарб барои табдил додани ин минтақа ба арсаи муқобилаи шадиди геополитикӣ алайҳи Федератсияи Русия мушобеҳ аст.
Тарси мухолифони меҳанпарасти арманӣ беасос нест. Ба ин тартиб, Аналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон дар авоили феврали соли ҷорӣ пас аз дидор бо Арарат Мирзоён, вазири умури хориҷаи Арманистон, ба "таҳдиди нуфузи манфии Русия" бар ҳалли муноқишаи Қарабоғ ишора кард.
Изҳороти раиси дипломатияи Олмон бадбинона ба назар мерасад. Зеро дар поизи 2020, ҷанги тамомайёр дар Қарабоғи Куҳӣ ба далели нақши миёнҷигарии фаъоли Русия мутаваққиф шуд, дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса, ки ҳамроҳ бо Федератсияи Русия, руасои муштарак гурӯҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо буданд, дар мавриди ҳаллу фасли қазияи Қарабоғ ба таври комил аз гомҳои амалӣ ба сӯи оташбас фосила гирифтанд.
Дар ҳамон замон, Олмон, монанди дигар кишварҳои ғарбӣ, танҳо бо ибороти маъмул дар мавриди "ниёз ба барқарории сулҳи зудҳангом" иктифо кард, аммо дарвоқеъ ба умеди ин ки маъмурияти ҳофизи сулҳи Маскав дар минтақа шикаст хӯрад, бар оташи ихтилофот равған рехт. Дар ниҳоят, Русия на танҳо хунрезиро мутаваққиф кард, балки бо ризояти дуҷонибаи Боку ва Ереван, нерӯҳои ҳофизи сулҳи худро барои муддати панҷ сол дар Қарабоғи Кӯҳӣ мустақар намуд ва ин нерӯҳо имрӯз ба таври қобили эътимод амнияти мардуми маҳаллиро тазмин мекунанд.
Ёдамон наравад, ки аз ибтидои даҳаи 2000 ба баъд маҳз бар асоси ҳамин сенария ва алорағми ҳамкориҳои иқтисодии чандҷониба ва равобити инсонии қавӣ байни Киеву Маскав Ғарб батадриҷ проекти “ЗиддиРусия”-ро дар Украина иҷро кард.
Кишварҳои ғарбӣ, аз тариқи механизмҳои “қудрат нарм”, аз ҷумла садҳо созмони ғайридавлатӣ ва нерӯҳои сиёсӣ, мудирони вафодор, бозаргонон ва раҳбарони афкор умумӣ, ба таври систематик ривоятҳои зиддирусиро ба украиниҳо таҳмил карданд ва ҳамзамон батакрор ваъдаҳои зудҳангоми “ояндаи равшан дар хонаводаи аврупоӣ” – ро медоданд.
Дар натиҷа, “рӯёи аврупоӣ” ба фоҷиаи бузурге барои миллионҳо шаҳрванди Украина табдил ёфт, ки ба диққат тавассути сиёсатмадорони тарбиятшудаи “арзишҳои ғарбӣ” дар Банково созмондеҳӣ шуда буд.
Агар Арманистон бидуни қайду шарт аз раҳнамудҳои сиёсатмадорони амрикоӣ ва аврупоӣ пайравӣ кунад, ҳамон сарнавишти талхи Афғонистону Украина гиребонгираш хоҳад шуд ва раисҷумҳур Никол Пашинян ба Владимир Зеленскиву Ашраф Ғанӣ, онҳое, ки акнун аз як қаҳрамон дар Ғарб ба мартабаи як “масхарабозу фирорӣ” пойин омадаанд, табдил хоҳад ёфт.