Хабари рӯз

Дасти кам се сол пас аз нақшаи ҷаҳон шояд кишваре ба номи Покистон маҳв хоҳад шуд.

Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгари умури минтақа ва Покистон, махсус барои “Сангар”

Пас аз ҳодисаи 9 май, "ташкил (истеблишмент)" (бихонед артиш)-е, ки молики ин кишвар аст, акнун шурӯъ ба охирин талоши худ барои ислоҳи озмоиш ё эксприменти номувафақи худ ба номи Таҳрики Инсофи Покистон (PTI) кардааст. Ин экспримент 12 сол пеш дар нишасте бо раҳбарии Имронхон дар Манори Покистон дар 30 октябри 2011 оғоз шуда буд.

Аз ҳамон лаҳзае, ки ин иттифоқ рух дод, ба вузӯҳ барои ман ошкор шуд, ки ҳодисаи 9 май ба таври амдӣ аз сӯи тарроҳони аслии “Таҳрики инсоф” роҳандозӣ шуд, то ҳамин иқдомотеро, ки акнун анҷом медиҳанд, анҷом диҳанд. Пас аз иҷозаву ташвиқи зоҳиран шӯришгарону ҳомиёни Имронхон ба осеб расондан ба чанд сохтмони мунтахаб ва таъсисоти низомии намодин, мақомот ба суръат интернетро қатъ ва 9 майро “Рӯзи бадномӣ” эълом карданд. Аммо хадамоти интернетӣ пас аз 3 рӯз аз сар гирифта шуд. Онҳо ҳамчунин 24 майро ба унвони "Рӯзи шуҳадо" эълом карданд, то ба таблиғи ин кишвар ва намодҳои муртабит бо неруҳои мусаллаҳи он як шаҳомат бахшанд. Ин як тактикаи низомии маъмулӣ дар умри 75-солаи Покистон будааст. 9 май 2023 гумон меравад, ки мақомот теъдоди зиёде аз тазоҳуркунандагонро ба зарби гулӯла куштаанд ва то кунун, ба эътирофи худашон, 10 ҳазор "ашрор"-ро дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, тавассути додгоҳҳои низомӣ бо қавонини вежаи низомӣ муҳокима хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, бисёре аз мардум дар ҳоли фирор аз кишвар ҳастанд. Мутахассисони ҷавон даста-даста ба кишварҳои мавриди назари худ дар Ғарб сафар мекунанд, дар ҳоле, ки гуфта мешавад, садҳо ва на ҳазорон кадру аъзои ҳизби Таҳрики Инсоф аз хатти Дюранд фирор кардаанд ва акнун дар канори Толибон дар Афғонистон ба сар мебаранд. Ҳокимон ҳамчунин аз сафари раҳбари ҳизби Таҳрики Инсоф ба хориҷ аз кишвар ҷилавгирӣ карданд ва истихборот раҳбарони аршади ин ҳизбро маҷбур ба тарки сиёсату маҳкумияти алании ҳизб ва раҳбари он – бо истифода аз таҳдиди рабудани хонаводаҳо ва водор кардани ҳамсарону духтаронашон ба бараҳна шудан дар пеши камераи видео - мекунад. Дирӯз як мақоми аршад эълом кард, ки PTI ба зудӣ ғайриқонунӣ эълом хоҳад шуд.

Бояд дар назар дошт, ки ин бор вазъияти Покистон ва чашмандози ояндаи он бо он чӣ дар ҳама мавориди қаблӣ буд, бисёр мутафовит аст. Покистон дар ибтидо ба унвони як давлати миллии маснӯӣ арзи вуҷуд кард, танҳо барои иҷора додани худ ва ифои нақшҳои геостратегии хоси қудратҳои ҷаҳонӣ: ин кишвар ба унвони як сангари геополотикии инглисӣ-амрикоӣ эҷод шуд, то Русияи Шӯравиро аз даст ёфтан ба як пойгоҳи мустақим дар минтақаи Халиҷи Форс ҷилавгирӣ кунад. Аз ҳамин хотир, ин кишвар аз сӯи як элитаи ҳокими буржуазияи ангалӣ (паразитӣ) идора мешуд, ки дар раъси он артиш қарор дошт. Ин артиш инглисизабон аст ва барои тавсеаи бақияи ҷомеа ё зерсохтҳои миллӣ аҳамияте намедоду намедиҳад ё ниёзе ба тавсеаи зерсохтҳои миллӣ намедиду ҳеҷ гоҳ намебинад, зеро ҳама имконот ва ниёзмандиҳояшро ҳомиёни инглисӣ-амрикоияш бароварда мекарданд. 75 дарсад аз ин кӯмакҳоро худи ин нухбагон ба ҷайб мезаданд ва ҳадди ақали ҳазинаро барои ҳифзи ин кишвар сарф мекарданд, то аз кор намонад. Танҳо коре, ки Покистон ва нухбагонш бояд анҷом медоданд ин буд, ки барои таҳаррукоти Шӯравӣ/Русия дар минтақа монеа эҷод кунанд. Бо додани ин кӯмак ба Покистон, Ғарб фасод ва нокоромадии шадидро таҳаммул (ва ҳатто онро ташвиқ) мекард то замоне, ки ниёзҳои геостратегӣ он бароварда мешуд. Амрико ҳатто “барномаи ҳастаӣ”-и намодини Покистонро таҳаммул кард. Эҳтиром ба худ барои покистониҳо масъалаи муҳимме нест, чӣ дар нақши бардаву чоплус ва ё ҳам ғоратгари дороиҳои хусусии мутааллиқ ба хонаводаи як каси дигар. Таърих медонад, ки сокинони дараи Инд ворисони бардагон ва ғоратгарон буданд. Ба ҳамин далел аст, ки онҳо таърихи аслиро саркӯб мекунанд. Ба назар мерасад, ки покистониҳо низ дидгоҳи стратегӣ надоранд.

Аммо чунин низоми бардагии мустақим ва кӯмакҳои бепоён пойдор набуд. Аз соли 2012, замоне, ки Русияву Чин муҷаддадан алайҳи “ҷаҳонигароии такқутбӣ”-и инглисӣ-амрикоӣ дар ҷаҳон даст ба кор шуданд, Ғарб бо нокомиҳои фазояндае дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст. Пас аз рӯёрӯӣ бо Амрико дар Сурия дар соли 2012 барои аввалин бор Владимир Путин ба суръат шибҳи ҷазираи стратегии Қримро дар соли 2014 дар иқдоме ғофилгирона ба Русия баргардонд. Дар соли 2022, чанд моҳ пас аз фирори Амрико аз Афғонистон, Путин омодаи ҳамла ба Украина буд, ки ба унвони конуни шарорат алайҳи Русия дар марзҳояш ва ба унвони тахтаи хезе барои густариши бештари НАТО мавриди истифода қарор мегирифт. Нақши қадимии Покистон ба унвони як сангари стратегии Осиёи Ҷанубӣ дар баробари Русия ногаҳон дигар қобили давом набуд, зеро Русия акнун ба шиддат ва ба таври мустақим вуҷуди Ғарби заифшударо дар театри асосии қораи Аврупо таҳдид мекунад. Ғарб акнун маҷбур аст барои тадовуми бартарии худ дар қаламрави аврупоии худ биҷангад, ба ҷои ин ки миллиардҳо доллари беҳисобро ба ҷайби фосидони чоплус дар минтақае, ки амалан онро раҳо кардааст, ворез кунад. Ҳамон тур, ки метавон интизор дошт, муассисоти қарздиҳии байналмилалӣ, монанди Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки Ғарб аз тариқи онҳо аз Покистон ва режими нокоромади он ҳимоят мекард, акнун аз ҳар баҳонае истифода мекунанд, то аз додани кӯмакҳои молии бештар ба таҳтулҳимояҳои покистонии собиқи худ дар қолаби қарз худдорӣ кунанд.

Дар даҳ соли гузашта, ҳам Русия ва ҳам Чин хутути ҳаётии молӣ ва зерсохтиро ба Покистон пешниҳод додаанд, аммо он ҳамаро нухбагони ҳокими Покистон рад карданд, зеро Русияву Чин хостори тавсеаи иҷтимоии воқеӣ ҳастанд ва пул медиҳанду харҷи маболиғро назорат ва натиҷа талаб мекунанд, аммо ин таври ҳамкорӣ барои нухбагони бардахӯй ва ҳариси Покистон, ки дар 200 соли гузашта одат карда буданд ҳадоё ва фазлҳои бодоварди Инглису Амрикоро истифода кунанд, ошно нест.

Дар Покистон хазинаҳои давлатӣ дар ҳоли ҳозир холӣ аст ва ҳуқуқу маоши мақомоте, ки дар аксар идороти давлатӣ кор мекунанд, ба гумон аст, ин моҳ пардохт шавад. Таъмир ва нигаҳдории техникӣ ба муддати номушаххас ба таълиқ афтодааст, чӣ расад ба иҷрои проектҳои ҷадид. Пул ба содагӣ вуҷуд надорад. Ин омил мунҳасир ба фард аст, на шӯриш ё беназмӣ, ки ҳар гуна иқдоми артиш ба ислоҳро дар муқобила бо вазъияти навзуҳур ботил мекунад.

Воқеаи 9 май қарор буд баҳонае бошад барои ворид кардани зарбаи фалаҷкунанда ба ҳизби Таҳрики Инсоф ва ба назар ман, ин ҳадаф иҷро шудааст. Ман ҳамчунин гумон мекунам, ки ин баҳонае барои гирифтани дигар иқдомоти радикал, ки ҳангоми шароитҳои изтирории харобиовар иттифоқ меафтад, метавонад бошад. Аммо бояд ба хотир дошт, ки сохтори Покистон аз ҳамон ибтидо, ҳатто дар беҳтарин замонҳо, ба таври билқувва нокоромад буд. Ҳатто бераҳмонатарин иқдомоти ислоҳи давлат дар муҳите, ки варшикаста аст ва пул барои ҳифзи он вуҷуд надорад, корсоз нахоҳад буд. Бадеҳист, касоне, ки акнун дар қудрат ҳастанд, инро дарк кардаанд. Ҳеҷ чизи дигаре дар ин қолаби маснӯии пӯсида имконпазир нест ва ман ҳадди аксар се соли дигар ба идомаи ҳаёти он фурсат хоҳам дод.

Имронхон дар ибтидо аз сӯи артиш ба унвони охирин арӯсаки онҳо дар назар гирифта шуда буд. Аммо на Имрон ва на ҳеҷ ҷойгузини дигаре наметавонад дар ислоҳи сохторе, ки аз ибтидо маснуӣ ва ғайриодӣ буд, муваффақ шавад. Бар хилофи бисёре аз давлат-миллатҳои асри модерн, Покистон як ҳадафи геостратегии воҳидро иҷро мекард ва ба ҳамин далел ба таври ҷинояткорона ҳимоят мешуд. Акнун ин ҳадаф дигар вуҷуд надорад, бино бар ин, дигар далеле барои вуҷуди Покистон намондааст.

Абзори дур андохташудаи ғарбӣ ба номи Покистон ба худии худ таҷзия нахоҳад шуд. Таваққуфи ҷараёни ҳаётии молии ин кишвар аз Ғарб мунҷар ба як сенарияи фурӯпошии иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва коҳиши шадиди зерсохтҳо ва пасрафти тавсеаву ҳукумати он хоҳад шуд. Дар музофоти Хайбар Пахтунхва, Таҳрики Толибони Покистон ба таври идеал омода аст то зимоми умурро ба даст гирад, зеро барои нигаҳдории худ ба ҳазинаи кофӣ ҳам зарурат надорад ва аз ҳимояти мардумӣ дар ин ҷомеаи қабилаӣ бархӯрдор аст. Мақомоти собиқи давлат ба ТТП мепайванданд, то соҳиби кор ва ҳифозат шаванд. Таҳрики Толибони Покистон дар Балучистон эҳтимолан бо аносири ҷудоиталаб ва сардорони маҳаллӣ муомила хоҳад кард. Панҷоб ва Синд ба унвони сарзаминҳои қавми ҳиндӣ ва мардумони бомаърифат, пайванди абадӣ бо Модар-Ҳинд доранд ва ба эҳтимоли зиёд ба оғӯши он боз хоҳанд гашт. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ душвор нест, зеро онҳо нажод, фарҳанг, забони яксоне доранд, ғизоҳои мушобеҳе мехӯранд ва оҳангҳои мушобеҳе мехонанд.

Пас аз фурӯпошии ин ошуфтагии ваҳшатнок, аз қудратҳои ҷаҳонии оқилу хушният, монанди Русия ва Чин бастагӣ дорад, ки ин минтақаро дар оянда чӣ гуна тағйири шакл диҳанд ва муҷаддадан эҳё кунанд. Дар ҳоли ҳозир ман ҳеҷ зарфияте барои инқилоб ё худмухтории мӯҳтарамона дар мардуми одии Покистон - аз ҳар қавме, ки бошад - намебинам, ки чунин дастовардҳои беш аз ҳаддро бо ин ақибмондагӣ, нӯкарӣ ва ҷаҳл камоӣ кунад. Ман ин иштибоҳи сиёсатшиносони соддалавҳи пешинро муртакиб намешавам, ки ба ин мардум вежагиҳоеро, ки онҳо аслан надоранд, нисбат медоданд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!