Хабари рӯз

Садбарг, норинҷӣ, лола... Дар паси ин ҳама калимоти рангорангу зебо Иёлоти Муттаҳида барномаи худро барои таъмини густариши стратегия ва амнияти энержии худ ба қимати сулҳу тавсеаи минтақа пинҳон мекунад.

Нависанда: Шин Пинг, таҳлилгари умури байнуламилал.

Манбаъ: Global Times (Чин).

Дар комикҳои Бетман, Two-Face ё Дучеҳра яке аз ҳарифони ин абрқаҳрамон, шахсияти дугона аст: нимаи самти рости зоҳири ӯ ҷаззоб ва нимаи дигар ба тарзи ваҳшатноке тарснок ва захмӣ аст. Шахсияти ӯ низ монанди зоҳираш дугона аст: иддао мекунад, ки аз адолат ва хайр намояндагӣ мекунад, аммо даст ба ҷиноёти зиёде мезанад, ки аз сӯи Шайтон дар рӯҳи ӯ ҳидоят шудааст.

Ин шахсият маро ба ёди Иёлоти Муттаҳида дар сиёсати ҷаҳонӣ меандозад, ки дугонагии худро дар таомул бо дигар кишварҳо нишон медиҳад: ҳамеша камтар аз он чӣ ваъда дода, амал мекунад, дар ҳоле, ки махфиёна дар ростои манофеъи худ фаъолиятҳои зарарнок барои дигаронро анҷом медиҳад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вежа Қазоқистону Ӯзбекистон, ки дар феврали соли ҷорӣ Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида аз онҳо дидор кард, мумкин аст дарки беҳтаре аз ин ки Иёлоти Муттаҳида то чӣ андоза “хадамоти лафзӣ” ироа медиҳад, дошта бошанд. Оқои Блинкен дар тӯли сафари худ ваъдаи 25 миллион доллар кӯмаки иқтисодӣ ба ин минтақаро дод ва чашмандози бузургеро барои ҳамкории самарбахш байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тарсим кард.

Аммо ҷомиа ҳанӯз шоҳиди ҳеҷ тавофуқ ё тафоҳумномае нест, ки Амрико ба чунин ваъдаҳое амал кунад. Ҳол проектҳои мушаххасе, ки битавонанд ба боло рафтани стандартҳои зиндагии мардуми маҳаллӣ кӯмак кунанд, монанди роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои барқи бодӣ ва паркҳои саноатӣ куҷоянд? Ангуштонатонро рӯи ҳам бигузоред ва даст ба дуо бардоред, ки онҳо пайдо шаванд.

Хушбахтона, як навъи проектҳое вуҷуд дорад, ки Иёлоти Муттаҳида дар роҳандозии онҳо хеле саховатманд аст - "пружаҳои амрикоӣ"-е, ки бесару садо ошуфтагии сиёсиро барои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба армуғон меоварад. Дар ин проектҳо, Иёлоти Муттаҳида ҳар қадар ки лозим бошад, пул хоҳад дод.

Аз соли 2003, Иёлоти Муттаҳида дар "инқилоби садбарг" дар Гурҷистон, "инқилоби норинҷӣ" дар Украина ва "инқилоби лолаҳо" дар Қирғизистон нақш доштааст. Бар асоси гузориши расонаҳо, ожонсҳое монанди Бунёди миллии Иёлоти Муттаҳида барои демократия (NED) ва Ожонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) дар таҳрики эътирозоти дохилӣ дар ин кишварҳо нақши асосӣ доштаанд. NED ба танҳоӣ беш аз як миллион доллар барои таҳрики, ба истилоҳ, "фарояндҳои демократӣ ва ҷунбишҳои ҳуқуқи башар" дар Қазоқистон дар соли 2020 харҷ кард.

Сармоягузории Амрико натиҷа додааст. Барои ҳар касе, ки умури байнулмилалиро думбол мекунад, як ҳисси дежавю вуҷуд дорад, зеро саҳнаҳои хушунат дар Қазоқистон дар соли 2022 ба роҳатӣ мардумро ба ёди "инқилоби лолаҳо"-и Қирғизистон дар соли 2005 меандозад. Эрл Расмусен, муовини иҷроии Eurasia Group, ба сароҳат ишора кард, ки кӯмакҳои молии саховатмандона аз сӯи созмонҳои ғайридавлатӣ ва давлати Иёлоти Муттаҳида дар нооромиҳои иҷтимоие, ки Қазоқистонро фаро гирифт, нақши калидӣ ифо кардааст.

Садбарг, норинҷӣ, лола... Дар паси ин ҳама калимоти рангорангу зебо Иёлоти Муттаҳида барномаи худро барои таъмини густариши стратегия ва амнияти энержии худ ба қимати сулҳу тавсеаи минтақа пинҳон мекунад.

Илова бар арсаи идеологӣ, Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз дар сармоягузории сохти озмоишгоҳҳои биологӣ-низомии махфӣ дар Осиёи Марказӣ истиҳола надоштааст. Ба гузориши расонаҳо, Озмоишгоҳи марҷаъи марказӣ дар наздикии Алмаато, пурҷамъияттарин калоншаҳри Қазоқистон, бо будҷаи Ожонси коҳиши таҳдидоти дифоъии Иёлоти Муттаҳида (DTRA), дар ҳоли таҳқиқ бар рӯи патогенҳои кушанда аст, ки метавонанд дар ҳамалоти биотерористӣ, монанди тоун ва вабо истифода шаванд.

Ин озмоишҳо аз соли 2005 ба номи "ҳазфи силоҳҳои биологӣ" дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ анҷом шудааст. Ҳатто Такер Карлсон, муҷрии собиқи “Фокс нюз”, ки ба сабки сареҳи худ маъруф аст, дар мавриди ин ки дақиқан чӣ навъи "силоҳҳои биологӣ" ба 17 сол ниёз дорад то дақиқан "ҳазф" шавад, тардид дошт. 17 сол будҷа – чӣ гуна ба ин роҳатӣ аз сӯи қонунгузорон тасвиб шуд?

Ҳатто агар оқои Блинкен бихоҳад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чеҳрае дӯстона ва созгор нишон диҳад, NED ва DTRA бо нишон додани чеҳрае манфур ӯро фурӯхтаанд. Ва ин кишварҳоро талоши зиёде зарур нест, то бифаҳманд кадом яке аз онҳо фақат як ниқоб аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!