Хабари рӯз

Амрико бихоҳад ё нахоҳад назм навин ҷаҳони шакл хоҳад гирифт.

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)

Эҷоди буҳрону таниш дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, ҷузъи аслии сиёсати роҳбурдии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Амрико бо корбурди ҳамин стратегия, ҳам ба тавоноиҳои иқтисодиаш афзудааст ва ҳам гегемонияву бартариашро бар ҷаҳон қоим ва ҳифз кардааст.

Пас аз Шарқи Миёна, ин бор ҷангафрӯзӣ дар Украина дар шарқи Аврупо - дар бехи гӯши Русияи Федератиф ва дар Тайван - дар ҷавори Ҷумҳурии Халқи Чин сурат мегирад, ки ҳар ду буҳрон боз ҳамон ҳадафу нияти судовариҳои калон барои миллиардерону силоҳфурӯшони амрикоӣ ва ҳифзи гегемонияву бартарии Амрикоро думбол менамояд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки тайи солҳои ахир бо чолишҳои ҷиддии дохилӣ ва нокомиҳои шармовари ҷаҳонӣ рӯбарӯ будааст, аз тарси уфули тадриҷии гегемонияи ҷаҳониаш ва аз тарси қувват гирифтани қудратҳои навзҳур дар ҷаҳон, бо танишзоиҳои огоҳона ва қасдӣ дар шарқи Аврупо ва ҷанубу ҷануб-шарқи Осиё, мехоҳад ҳам Аврупоро заифу мӯҳтоҷтар ба худ бигардонад ва ҳам Русия, Чин ва баъдан Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия ва кишварҳои қудратманди арабӣ-осиёиро дучори чолишҳои тавонфарсо ва тазъифкунанда бигардонад.

Ҳамакнун Амрико дар ҳар ду ҷабҳа бо тамоми қувват масруфи танишафзоист. Вашингтон ҳамзамон бо ирсоли сели силоҳҳои маргбор ва муҳиммоти низомӣ барои ҷанги Украина, ки самарае ба ҷуз вайронии Украина ва тазъифи Аврупо дар пай надорад, бо фурӯши таслиҳоти бисёр пешрафта ва фаровони низомӣ ба Тайван, мехоҳад он ҷазираи кӯчаки бисту думиллиониро ҳам ба анборе аз борут мубаддал бисозад - ба анборе аз силоҳҳои маргбор, ки бо ҷарақаи кӯчаке, Чини муқтадир ва тамоми кишварҳои осиёиро бо буҳронҳои ҳалокатбори иқтисодӣ ва амниятӣ рӯбарӯ хоҳад сохт.

Аммо оё Амрико тавони тақобул ва ҷанг дар ду ҷабҳаро хоҳад дошт?

Оё Амрико метавонад раванди пирӯзмандонаи шаклгирии назми навини ҷаҳониро мутаваққиф бисозад?

Ба бовари бисёрии огоҳони масоили сиёсӣ-амниятии ҷаҳон, дар ҳар ду ҷабҳа, сари Амрико боз ба санг хоҳад хӯрд. Ҳамон гуна, ки дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Венесуэла сараш ба санг хӯрдааст.

Амрико бихоҳад ё нахоҳад назми навини ҷаҳонӣ шакл хоҳад гирифт.

Амрико бихоҳад ё нахоҳад ба ёриву кӯшиши давомдори Чин, муносиботи навину сулҳомезе дар Ховари Миёна ба вуҷуд хоҳад омад.

Ва билохира Амрико бихоҳад ё нахоҳад султаи ҷабрии доллар бар муносиботи молӣ-тиҷории ҷаҳон ба поён расида ва даврони сиёҳи такқутбӣ ва гегемонияи биломунозиъаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ғарб, хотима хоҳад ёфт.

Рӯзҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамзамон метавонист қисмати аъзами ҷаҳонро якдаст кунтрул ва мудирият намояд, ба поён расидааст. Шояд поёни ҷанги Украина, поёни итоат ва думболаравии кӯркӯронаи Аврупои сабз аз Амрико бошад. Ва шояд бо таҳкими муносиботи дӯстона миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ, таърихи Ховари Миёнаи нав ва мустақил аз иродаи Амрико рақам бихӯрад...!


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!