Хабари рӯз

Чаро Залмай Халилзод ба Кобул рафтуомад дорад?

Нависанда: Аҳмад Рашод Мирзода

Дар моҳҳои ахир, шоҳиди рафтуомадҳои мукаррари Залмай Халилзод ба Кобул будаем. Сафарҳо дар шароите сурат мегиранд, ки номи Афғонистон дар санади доктринаи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври расмӣ зикр нашуда ва зоҳиран ин ҷуғрофиё аз авлавиятҳои стратегии Вашингтон хориҷ шудааст. Пурсиши бунёдӣ матраҳ мешавад, ки арчанд ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи расмии Амрико қарор надорад, аммо чаро яке аз чеҳраҳои калидии сиёсатгузории Ғарб ҳамчунон дар он ҷуғрофиё фаъол аст?

Дар ин ҷустор мекӯшам посухи ин пурсишро бидиҳам. Ман мавзӯъро идеологӣ мебинам, яъне пайванд миёни неолиберализм ва неоконсерватизм, ки Халилзод дар гузашта ва то ба ҳол яке аз бовармандони он аст. Ӯ солҳост, ки сиёсати хориҷии шабакамеҳвари амрикоиро бо сиёсатҳои қавмӣ гиреҳ задааст ва акнун мехоҳад дар бозии бузурги пасонизоми ҳегемонӣ ҷойгоҳе барои ҷуғрофиёи қавмии хеш ҷустуҷӯ кунад. Залмай Халилзод як куншгари чандлоя аст, ки ҳамзамон ҳомили мантиқи низоми ҷаҳонии неолиберал ва манофеи қавмӣ ва сиёсӣ дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон мебошад.

1 - Чорчӯби назарии неолиберализм

Неолиберализм, он гуна ки Дэвид Ҳарви тавзеҳ медиҳад, сирфан як проекти иқтисодӣ нест, балки улгуе барои сомондеҳии қудрат, давлат ва ҷомеа низ мебошад, ки аз даҳаи 1980 тамоми ҳавзаҳои ҳукумронӣ, аз ҷумла амният ва сиёсати хориҷиро дар кишварҳои ғарбӣ дарбар гирифтааст. Дар ин мантиқ давлат на ҳазф мешавад ва на тазъиф, балки аз мудохилагари мустақим ба танзимкунанда ва нозир тағйири нақш медиҳад.

Аз давру даврони Роналд Рейган ишора мекунам. Аз он замон пайванди неолиберализми иқтисодӣ бо сиёсати хориҷӣ ба нуқтаи атф мубаддал шуд. Дар ҳоле ки давлат дар ҳавзаҳои рифоҳӣ ақиб нишаст, шабакаҳои фаромиллӣ, андешкадаҳо ва кунишгарони ғайридавлатӣ дар сиёсати хориҷӣ тақвият шуданд. Сиёсати хориҷӣ батадриҷ аз фароянди ниҳодӣ ба фароянди шабакавӣ ва хусусӣ мубаддал шуд; ки афрод беш аз ниҳодҳо ҳомили проектҳои сиёсӣ шуданд.

Дар ин чорчӯб Залмай Халилзод намунаи боризи кунишгариест, ки мероси ин давраро бо худ ҳамл мекунад ва имрӯз нақши маҳоркунанда ва танзимкунандаи авзоъ миёни Толибон ва қудратҳои дахилро ифо мекунад.

Чун баҳси ман дар бораи Халилзод аст ва ӯ ба ҳайси як неоконсервативи амрикоӣ шуҳрат дорад, бидуни омехтагӣ ба тамойизи ҳарду идеология, ин ҷо ҳарчанд кӯтоҳ, мехоҳам ба дигаргунии неолибералистии вай низ тамос бигирам.

Неоконсерватизм, ба вижа пас аз 11 сентябр, бар мудохилаи фаъол дар умури дохилии дигар кишварҳо, давлатсозӣ ва бозсозии идеологӣ таъкид дошт. Проекти давлатсозӣ дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон ба гунаи равшан бозтоби бархӯрд ва проекти неоконсервативӣ бо унсурҳои зиёди неолибералӣ буд. Шикасти он проект дар воқеъ шикасти ҳарду идеология дар ҷуғрофиёи нафриншудае ба номи Афғонистон буд. Аммо Халилзод ин бор аз неолиберализме, ки дар Аврупо ҷойгоҳ дорад ва раҳбарии онро Лондон менамояд, мехоҳад барои аҳдофаш истифода кунад.

Бо вуҷуди парваришёфтагии Халилзод дар ниҳодҳои академӣ ва сиёсии амрикоӣ, ҳувияти қавмӣ ва ҳофизаи сиёсии ӯ нақши таъйинкунандае дар кунишҳояш доштааст. Ӯ бархоста аз бистари иҷтимоӣ ва қавмии пуштун аст: бистаре, ки сохтори қудрат дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистонро ба таври таърихӣ таъриф кардааст. Баррасии амалкарди ӯ дар давраҳои мухталиф, ба вижа 30 соли пасин, нишон медиҳад, ки ҳифзи меҳварияти пуштунҳо/афғонҳо дар сохтори қудрат, мустақил аз шакли низоми сиёсӣ, ҳамвора барои ӯ аҳамияти дараҷаи аввал доштааст — хоҳ дар давлатҳои мавриди ҳимояти Ғарб ва хоҳ дар ҳокимияти Толибон.

Аз ин манзар, рафтуомадҳои Халилзод ба Кобулро танҳо метавон дар чорчӯби мудирияти авзоъ ба суди низоми ҳокими қавмиятмеҳвар таҳлил кард!

Агар дар боло аз робитаи неоконсерватизм ва неолиберализм дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон ёд кардам, дар идома мехоҳам аз таорузи онҳо ёде кунам.

2 - Неоконсерватизм дар баробари неолиберализм дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон

Пас аз мудохилаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2001, ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон ба озмоишгоҳе барои бозсозии низоми либерали ҷаҳонӣ мубаддал гардид. Тадвини Қонуни Асосӣ, эҷоди ниҳодҳои мутамарказ ва таъкид бар ҳувияти таҳмилии «афғон» бозтоби ин нигоҳ буданд. Бо ин ҳол, ҳатто дар авҷи он проект, меҳварияти қавмӣ аз муодилаи қудрат ҳазф нашуд. Қонуни Асосӣ қавмӣ монд ва ҳокими дастнишонда зери номи интихобот ҳамеша афғон боқӣ монд. Дар ҳамаи он аҳвол муҳандиси аслӣ Халилзод буд.

Иштибоҳ нест агар Халилзодро яке аз меъморони низоми пасотолибонии 1.0, давлатсозии нокоми Ғарб ва мантиқи суннатии қудрати қавммеҳвари афғонӣ бихонем. Ҳимояти ӯ аз Карзай ва тақвияти нухбагони пуштун нишондиҳандаи бахши кӯчаке аз мушт намунаи хирвор аст.

Нокомии давлатсозӣ ва ҳазинаҳои сангин, Афғонистони номниҳодро аз проекти бозсозӣ ба масъалаи мудирият табдил кард. Дар чорчӯби ҷадид Толибон ба унвони нерӯе «коромад» барои контроли ҷуғрофиё пазируфта шуданд, на аз сари ҳамсӯии идеологӣ, балки дар мантиқи коҳиши ҳазина ва маҳори бесуботӣ.

Ғарб дар раъси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико берун шуд ва бо худ гурӯҳҳои бузурге аз нухбагонро берун сохт. Амрико рафт ва ҷояшро Бритониё мехоҳад пур кунад. Бритониё бо таҷрибаи таърихии мудирияти ғайримустақим, дар низоми ҷадид нақши танзимкунандаи пушти пардаро ифо мекунад. Истифода аз миёнҷиҳое чун Халилзод ва пазируфтани сохтори қавмиятмеҳвари қудрат, бахше аз ин рӯйкард аст.

Ҳоло метавон гуфт, ки навъе ҷобаҷоии нақшҳо миёни Амрико, Бритониё ва Русия дар ҳоли шаклгирист.

Дар ҳоле ки Амрико тамаркузи худро бар рақобат бо Чин, пардохтан ба қораи Амрико ва мавзуоти дохилӣ маътуф кардааст, баръакс Бритониё нақши фаъолтаре дар танзими сиёсӣ ва иттилоотии ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон ва манотиқи васеътаре, ки бахше аз ҳавзаи «Бозии бузург»-и классик буд, ифо мекунад.

Русия зимни парҳез аз мудохилаи парҳазина, аз шаклгирии вазъияти «бесуботии мудириятшуда», ки тавассути Бритониё мудирият мешавад, ба шиддат нигарон аст. Ин нигарониро Чин ва Эрон низ доранд. Дар фазои эҷодшуда, Халилзодро метавон ба ҳайси яке аз муҷриёни аслии “Бозии бузурги ҷадид” донист!

Сухани поёнӣ

Рафтуомадҳои мукаррари Залмай Халилзод ба Кобулро наметавон бо табйинҳои содае чун «сафари шахсӣ» ё «ибтикори фардӣ» тавзеҳ дод. Ин рафтуомадҳо бозтоби таҳаввули амиқ дар мантиқи сиёсати хориҷии Аврупои Ғарбӣ ва бавижа Бритониё дар поёни ҷаҳони якқутбӣ бояд дарк кард, ки дар он неолиберализм аз марказияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои даврони Доналд Трамп ба сӯи Бритониё ҷойгузин шудааст ва мудирияти бесуботиро ба манотиқе, ки дар садаи 19 бахши геополитикии он буд, бозмегардонад.

Анархияи АвруОсиё дар пеш аст ва дида мешавад, ки Халилзод дар он нақши ҷадид ба ӯҳда мегирад!


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!