Хабари рӯз

Сенарияҳои эҳтимолии таҳаввули сиёсӣ - ёддошти таҳлилӣ

Нависанда : Гуруҳи таҳлилии “A”

Пешбинии ояндаи Афғонистон душвор аст, аммо метавон бо такя бар вазъияти кунунӣ, бистари таърихӣ ва неруҳои фаъол, сенарияҳои эҳтимолиро мавриди таҳлил қарор дод.

ТЕЗИСИ АСЛӢ

Ҷойгузинии мустақиму сареъи идеологияи ғолиби кунунии Толибон дар Афғонистон бо идеологияе дигар, баъид ба назар мерасад. Муҳтамилтар он аст, ки дар баландмуддат шоҳиди навъе таҳаввули тадриҷӣ, дигаргунии дарунӣ ё ҳатто канор рафтани тадриҷии ҳукумати Толибон бошем; раванде, ки метавонад масирро барои зуҳури як идеологияи ҷадид ҳамвор созад.

СЕНАРИЯҲОИ ЭҲТИМОЛИИ ТАҲАВВУЛ

1 - Такомули Толибон (пружаи “Толибон 2.0”)

Ин муҳтамилтарин сенария дар уфуқи миёнмуддат ба шумор меравад. Дар ин чорчӯб, идеология на аз берун, балки ба тадриҷ ва аз дарун, таҳти фишори авомили дохилӣ ва хориҷӣ, дучори тағйир мешавад.

Авомили фишор:

Буҳрони иқтисодӣ ва фоҷеъаи инсонӣ: барои дастёбӣ ба кӯмакҳои байналмилалӣ ва касби машруъият, Толибон ногузир хоҳанд буд дар ҳавзаҳое ҳамчун ҳуқуқи занон (дастрасӣ ба омӯзишу кор) ва ҳуқуқи башар имтиёзоте ироа диҳанд.

Ихтилофоти дарунӣ: дар даруни ҷунбиши Толибон чеҳраҳои амалгаротаре вуҷуд доранд, ки дарк мекунанд идораи сирфан мубтанӣ бар зӯру инзиво, кишварро ба самти фурӯпошӣ савқ медиҳад.

Фишори кишварҳои ҳамсоя: Чин, Покистон, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба суботи Афғонистон алоқаманданд, аммо хоҳони шаклгирии як давлати исломгарои ифротӣ нестанд. Ин кишварҳо метавонанд аз тариқи ваъдаи сармоягузорӣ ё таҳдид ба ташдиди режими марзӣ эъмоли нуфуз кунанд.

Моҳияти идеологияи эҳтимолӣ: навъе исломгароии муътадилтар ё “муҳофизакори миллии афғон”. Давлат ҳамчунон гуфтумони исломиро ҳифз хоҳад кард, аммо дар амал бархе аз ифротитарин равияҳоро таъдил мекунад; аз ҷумла иҷозаи фаъолияти маҳдуд ба созмонҳои ғайридавлатӣ, бозгушоии нисбии мадориси духтарона ва барқарории гуфтугӯ бо ҷомеаи байналмилалӣ. Тамаркузи идеологӣ аз ҷиҳоди ҷаҳонӣ ба самти давлатсозии миллӣ тағйир хоҳад кард.

2 - Эҳёии натсионализми исломӣ ё исломгароии миёнарав

Ин сенария метавонад дар сурати бурузи шикофи дохилӣ ё шикасти низомии Толибон муҳаққақ шавад. Ҳомилони ин идеология мумкин аст шомили аъзои собиқи давлати ҷумҳурӣ, фармондеҳони майдонии хориҷ аз Толибон ё бахше аз нухбагони пешини Афғонистон бошанд.

Вижагиҳо:

- Ислом ба унвони пояи давлати Афғонистон, ҳамроҳ бо эҳтиром ба суннатҳои бумии афғон (монанди паштунволӣ) ва тафсири мунъатифтар аз шариъат.

- Таъкид бар ҳокимияти миллӣ ва ваҳдати Афғонистон, на ҷиҳоди “суннатӣ” бо моҳияти ҷаҳонӣ.

- Омодагӣ барои гуфтугӯ бо ҷомеаи байналмилалӣ.

То ҳадде метавон гуфтумони раисҷумҳури пешини Афғонистон, Ҳомид Карзайро намунае аз ин рӯйкард донист.

3 - Натсионализми секулар/ҷумҳурихоҳӣ

Ин сенария дар даҳаҳои оянда баъид аст, аммо дар уфуқи баландмуддат ва ба унвони вокунише ба нокомии пружаҳои исломгароӣ қобили тасаввур мебошад.

Ҳомиёни билқувваи ин пружа:

- Насли ҷавоне, ки дар солҳои 2001 то 2021 дар шаҳрҳо рушд карда, омӯзиши секуларӣ дида ва ба интернету равандҳои ҷаҳонӣ дастрасӣ дорад.

- Диаспораии секулар, ки дар сурати тағйири қудрат мумкин аст ба кишвар бозгардад.

- Ақаллиятҳои қавмӣ (тоҷикҳо, ӯзбекҳо, ҳазораҳо), ки таърихан гароиши бештаре ба ашколи секулари ҳукумат доштаанд.

Вижагиҳо:

Идеологияе наздик ба режими Муҳаммад Довуд (даҳаи 1970) ё ҳатто аҳзоби сотсиалистии аввалия; бо тамаркуз бар навсозӣ, ваҳдати миллии хориҷ аз чорчӯби мазҳабӣ, ҳуқуқи секулару тавсеаи иқтисодӣ.

4 - Идеологияи оппозисюни мусаллаҳ (ҷабҳаҳои муқовимат)

Дар ҳоли ҳозир, оппозисюни мусаллаҳи Афғонистон дар баробари Толибон идеологияи мунсаҷиму навине ироа намедиҳад. Гуфтумони он умдатан бар се меҳвар устувор аст:

- Муқовимати мусаллаҳона алайҳи Толибон;

- Дифо аз ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занон;

- Бозсозии низоми сиёсии наздик ба ҷумҳурии солҳои 2001 то 2021.

Дар сурати касби ҳимояти густардаи мардумӣ, идеологияи ин ҷараён метавонад дар қолаби навъе “федерализми демократӣ” ё “парламентаризми ғайримутамаркиз” шакл бигирад; моделе, ки дар он ҳуқуқи манотиқу гуруҳҳои қавмии тазминшуда ва ислом нақши дини расмии давлатро ифо мекунад, аммо танҳо манбаи қонунгузорӣ нахоҳад буд.

5 - Гузинаи радикал: густариши пружаи “Давлати исломӣ”/ДИИШ (ДИИШ–Вилояти Хуросон)*

Тиратарин сенария ба қудрат расидани гуруҳе ҳатто ифротитар аз Толибон, монанди “Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон” аст. Идеологияи ин гуруҳ мубтанӣ бар салафигарии ҷиҳоди ҷаҳонӣ аст, ки аз бисёре ҷиҳот нисбат ба ҳар гуна дигарандешӣ (ҳатто дар миёни мусулмонон) камтар таҳаммулпазир буда ва аз Толибони кунунӣ низ ифротитар аст.

Эҳтимол: Дар ҳоли ҳозир поин аст, аммо тадовуми бесуботӣ, фурӯпошии давлату буҳрони амиқи иҷтимоӣ–иқтисодӣ метавонад бистари муносибе барои афзоиши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон фароҳам оварад.

АВОМИЛИ ТАЪЙИНКУНАНДАИ ОЯНДАИ АФҒОНИСТОН

- Иқтисоду вазъияти инсонӣ: ҷомеае гурусна ва фақир ё шӯриш мекунад ё ба роҳатӣ ҷазби ҷараёнҳои ифротӣ мешавад.

1 - Ваҳдати Толибон: шикоф миёни амалгароёну идеологҳои ортодокс, муҳимтарин риски дарунии ин ҷунбиш аст.

2 - Мавзеи кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи байналмилалӣ: шиносоӣ, кӯмакҳо ва таҳримҳо абзорҳои қудратманди таъсиргузорӣ ҳастанд.

3 - Нақши насли ҷадид: ҷавононе, ки ҷангҳои даҳаи 1990-ро таҷриба накардаанд, мумкин аст дидгоҳҳои комилан мутафовите нисбат ба ояндаи кишвар дошта бошанд.

НАТИҶАГИРӢ

Баъид аст, ки пас аз Толибон, як идеологияи воҳид ва “холис” бар Афғонистон ҳоким шавад. Муҳтамилтарин сенария, таҳаввули тадриҷӣ ё шаклгирии як сохтори таркибӣ аз режими кунунии Толибон аст.

Эҳтимолан дар уфуқи 10 то 20 соли оянда Афғонистон шоҳиди шаклгирии як режими иқтидоргарои нисбатан босубот бо гуфтумони исломӣ–миллигароёна, сиёсати иқтисодии амалгароёна ва ҳинҷорҳои иҷтимоии то ҳадде таъдилшуда хоҳад буд; режиме, ки мекӯшад миёни нерӯҳои муҳофизакори дохилӣ ва мутолиботи хориҷӣ тавозун барқарор кунад.

* ”Давлати исломӣ” як созмони террористиест, ки дар Федератсиюни Русия мамнӯъ эълом шудааст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!