Хабари рӯз

Пушти террори фармондеҳони аршади Толибон дар Бадахшон кист?

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

6 июн Мавлавӣ Нисораҳмад Аҳмадӣ, муовини волии Бадахшон, ҳаволии соати 8 – и субҳ, дар чаҳорроҳаи Маҳкамаи минтақаи Шаҳри Нави шаҳри Файзобод, маркази ин вилоят кушта шуд. Як мутари бамбгузоришудаи навъи “Румикс” ба мутари муовини волӣ бармехӯрад ва дар натиҷаи инфиҷор, бино ба иттилои Толибон, ду нафар - Мавлавӣ Аҳмадӣ ва муҳофизаш куштаву 6 мулкии дигар захмӣ мешаванд.

8 июн ҳаволии соати 10 – и субҳ ҳангоми маросими фотиҳаи Мавлавӣ Нисораҳмад Аҳмадӣ дар масҷиди Набавии шаҳри Файзобод як ҳамлаи интиҳории дигар анҷом шуд, ки 23 куштаву 83 захмӣ дар пай дошт.

Ҳадафи ин инфиҷор Мавлавӣ Сафиуллоҳ, фармондеҳи собиқи амнияи Бағлон буд, ки фарди интиҳорӣ пас аз фотиҳа ба назди ӯ меояд ва худро дар оғӯши ӯ инфиҷор медиҳад.

Онҳоро кӣ аз саҳна ҳазф кард?

Чанд фарзияро дар ин ду иттифоқ, ки бидуни шак, ҳалқаи як занҷиранд, метавон мушоҳида кард: 1) поксозии ҳастаи “Ҷамъият” – и Толибони бадахшӣ; 2) ихтилофи дохилии худи Толибон шуруъ аз Бадахшон то ҷиноҳҳои бузург дар сатҳи Афғонистон; 2) барномаи паштуниза ва тасфияи қавмӣ; 4) доишсозии Шимол.

 

“ПОКСОЗИИ ҶАМЪИЯТ”

Аксари фармондеҳони толиби бадахшӣ, ки тариқи инфиҷору интиҳор, шеваи ДОИШ-у толиб дар Бадахшон кушта шуданд, ё собиқаи узвият дар Ҷамъияти исломӣ доштанд ва ё ҳам яфталӣ буданд.

Мавлавӣ Абдулфаттоҳ, раиси маодини Бадахшон моҳи апрели соли 2022 дар пайи як амалиёти интиҳорӣ кушта шуд, ки ҳам яфталӣ буд ва ҳам собиқаи ҷамъиятӣ дошт. Мулло Абдулҳақ, фармондеҳи пулиси Бадахшон, ки моҳи декабри соли гузашта дар пайи як инфиҷор ба ҳалокат расид, аз хонаводаи як узви Ҷамъият дар шаҳристони Хоши ин вилоят буд.

Мавлавӣ Нисораҳмад Аҳмадӣ ҳам аз Яфтал ва аз саргурӯҳҳои Басир Холид, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ буд. Мавлавӣ Сафиаллоҳ низ аз Яфтал ва дар гузашта аз фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ буд.

Бурҳонуддини Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломӣ низ аҳли шаҳристони Яфтали вилояти Бадахшон буд.

 

“МАҲАЛГАРОИИ ТОЛИБОНӢ”

Бадахшонро ба ҳафт ҳавза тақсим мекунанд - Марказу Яфталҳо, Танги Боло (шаҳристонҳои Ҷурм, Юмгон, Вардуҷ, Карону Мунҷон), Баҳорак (Баҳорак, Шуҳадо, Арғанҷхоҳ, Хош), Ғарби Кӯкча (Кишм, Хош, Дароим, Тишкон), Роғҳо ва Шаҳри Бузург, Дарвозҳо ва Помирот.

Аз ин ҳама се ҳавза ё маҳал бештар толибхез аст: Танги Боло, Яфталҳо ва Ғарби Кӯкча. Чеҳраҳои саршиноси Толибони бадахшӣ, назири Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф (вазири иқтисод) ва Мавлавӣ Сафиаллоҳ  ба Яфталҳо, Қорӣ Фасеҳуддин (сардори Ситоди кулли вазорати дифоъ) ва Мавлавӣ Амонуддин (волии Бадахшон) ба Танги Боло, Мулло Абдуғанӣ ва Паҳлавон Шамсиддин ба Ғарби Кӯкча тааллуқ доранд. Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ аз ҳавзаи Роғҳо аст.

Мавлавӣ Аҳмадӣ аз рустои Ҷузгуни вулусволии Яфтали Боло буд. Вай дар замони суқути ҷумҳурӣ имоми як масҷид буд, ки дар пайи тавтиаи ҳамрустоиёни мақомдораш дар ҷумҳурӣ аз вазифа ронда мешавад ва аз сари хашму ғазаб ба Толибон мепайванданд.

Он чӣ дар ахбори марбут ба террури вай ҷиддӣ гирифта нашуд, суханони Муизиддин Аҳмадӣ, раиси иттилооту фарҳанги Бадахшон буд, ки ӯро “муовини волӣ” ва ҳам “сарпарасти вилояти Бадахшон” муаррифӣ кард.

Агар ӯ сарпараст буд, Мавлавӣ Амонуддин ҳоло куҷост? Вай ҳоло бо адои маросими ҳаҷ машғул аст.  Ду моҳ ба ин сӯ ин шоеот сайр мекунанд, ки Мавлавӣ Амонуддин табдил (зоҳиран, волии Ғур таъйин) шуда, Аҳмадӣ ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Пуштибони аслии Аҳмадӣ ҳам Мавлавӣ Сафиуллоҳ ба ҳисоб мерафт.

Акнун ба ин натиҷа мерасем: Толибони маҳалҳои дигар аз таъйин шудани Аҳмадӣ ба мақоми вилояти Бадахшон ҷилавгирӣ карданд ва ҳам аз пуштибони ӯ – Мавлавӣ Сафиаллоҳ халос шуданд.

 

“АФРОДИ ҲАЙБАТУЛЛОҲ ”

Толибони бадахшӣ як нерӯи мустақил нестанд ва миёни ҷиноҳҳои Толибон тақсим мешаванд.

Қорӣ Фасеҳуддин, Мавлавӣ Амонуддин, Қорӣ Восил, Мавлавӣ Абдулғанӣ, Наҷиби Роғӣ, Ҷумъаи Дарвозӣ ба ҷиноҳи Ҳаққонӣ, Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, Мавлавӣ Шамсуддин, Мавлавӣ Қаҳҳори Дарвозӣ ба ҷиноҳи Қандаҳориҳо тааллуқ доранд.

Мавлавӣ Аҳмадӣ ва Мавлавӣ Сафиаллоҳ ба ҷиноҳи Мулло Ҳайбатуллоҳ рабт доштанд.

Хулоса: Пушти террори онҳо “Шабакаи Ҳаққонӣ” метавонад бошад, то қудрат дар Бадахшонро аз даст надиҳад. Мавлавӣ Амонуддин, ки зоҳиран ҳоло барканор шуда, марбути “Шабакаи Ҳаққонӣ” буд.

Ин овоза низ ҷой дошт, ки эҳтимолан волии Бадахшон яке аз афроди наздик ба Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон, таъйин шавад. Дақиқан, Аҳмадӣ чунин нафар буд ва бо таъйин шудани ӯ мавқеи Мавлавӣ Сафиаллоҳ низ дар Бадахшон тақвият меёфт.

Аз сӯи дигар, Мулло Ҳайбатуллоҳ наздик ба Эрон аст. Таъйини нафари Эрон ба маънои ҷилавгирӣ аз тарҳи доишсозии Покистону Амрико аст, ки бо дасти “Шабакаи Ҳаққонӣ” анҷом мешавад.

Аммо Қорӣ Динмуҳаммади Ҳаниф қабл аз инфиҷор бо иттифоқи Қорӣ Фасеҳуддин ва Мавлавӣ Абдулғанӣ, собиқ волии Бадахшон, аз масҷиди Файзобод берун омада, ба дафтари вилоят рафт, то ахириро ба ҷои Мавлавӣ Аҳмадӣ, муовин ва ҳамзамон сарпарасти вилоят муаррифӣ кунад. 

Дар натиҷа ду фарди марбути Мулло Ҳайбатуллоҳ аз саҳна ҳазф ва нафари “Шабакаи Ҳаққонӣ” волии Бадахшон таъйин шуд.

 

“ТОЛИБОНИ ХУБ”

Мавлавӣ Сафиаллоҳ ва Мавлавӣ Аҳмадиро аз толибоне муаррифӣ мекунанд, ки бо мардум бархӯрди хуб доштанд ва бо интиқоли ноқилини паштун ва ҷобаҷоии афроди ДОИШ дар Бадахшон сахт мухолифат мекарданд. ДОИШ террури Мавлавӣ Аҳмадиро ба дӯш гирифт ва Мавлавӣ Сафиаллоҳро низ бар дӯш хоҳад гирифт.

Манобеъи наздик ба Аҳмадӣ мегӯянд, ки чанд ҳафта пеш ӯ ба Кобул сафар карда, бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ва раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ”, дар масъалаи қавмгароӣ ва салафиҳо ё доишиҳои Бадахшон суҳбати пуртанише доштааст.

Мавлавӣ Сафиаллоҳ беш аз ним сол ба ин сӯ аз фармондеҳии амнияи Бағлон барканор шуда, дар Кобул хонанишин шуда буд ва бино ба иттилоъи бархе манобеъ, ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Бағлону Бадахшон ҳамнавоӣ дошт.

Ҳоло ки Толибон мехоҳанд дар шимоли Афғонистон Таҳрики Толибони Покистон, ДОИШ ва пуштунҳои ноқилро аз ҷануби Афғонистон ҷобаҷо кунанд, метавонем ду бардошти дигарро дошта бошем:

Аввал, Толибон ба хотири якқавмӣ ё якҳувиятӣ кардани Афғонистон муҳраҳои ғайри табори худро он гуна ҳазф мекунанд, ки ҳукуматҳои Карзай – Ғанӣ чеҳраҳои зиддитолибро ҳамчун муҳраҳои зиддипаштун аз байн мебурданд.

Сониян, ДОИШ дар Афғонистон ба амри “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва Покистон кор мекунад ва аз миён бурдани фармондеҳони аршади зиддидоиш майдонро на фақат барои афроди худ, назири Қорӣ Фасеҳуддину дигар “ҳаққониҳо”, балки ДОИШ низ холӣ мекунанд.

Қаблан ин гузоришҳо низ вуҷуд доштанд, ки Қорӣ Фасеҳуддин ва дигар афроди “Шабакаи Ҳаққонӣ” афроди ҳамон ДОИШ-еанд, ки Амрикову Покистон талош доранд ҷойгузини Толибон дар Афғонистон кунанд.

 

“БАДАХШИИ ХУДКУШ”

Суоли ҷолиб ин аст, ки оё касе то ба ҳол ягон бадахшии худкушро дида ва ё мешиносад? Ба истиснои Ҳомид Бадахшонӣ, омили ҳамла террористӣ дар масҷиди Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон, ки он ҳам доишӣ аст, оё ягон толиби бадахшии худкуш вуҷуд дошту дорад? Бале, маълум нест, ки дар ин лашкари гумноми терроризм чӣ касоне ҳузур доранд, чун ҳувияти онҳо баробари узвият дар он гум мешавад.

Толибони Бадахшон аз толибони паштун фарқҳои ҷолибе доранд. Ҳамон Амонуддин, ки ба зулму ситаму озор маъруф аст, дар маросими гирифтани зани дуввум Мири Мафтунро барои овозхонӣ овард, ҳол он ки толибони ҷануб чандин овозхонро ба қатл расонданд ва ҳадди ақал асбоби мусиқии онҳоро нобуд карданд. Дар Бадахшон афсару сарбозони собиқро хеле кам ба шаҳодат расонданд, ҳатто бархеро ба кор гирифтанд. Бадахшиҳои толиб ба паштуниза хеле ҳассос ҳастанд ва зимоми қудрат дар вилоятро худ дар даст доранд.

 Пас он интиҳорие, ки Мавлавӣ Аҳмадӣ ва Сафиаллоҳро террор карданд, кӣ буданд, аз куҷо ва ба фармоишу ҳидояти кӣ омаданд? Агар онҳоро мисли овозхон фармоиш карда оварда бошанд, ҳатман ҳаққи хизмат ба соҳиби ӯ дода шуда, чун худашон назди ҳурон рафтанд...


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!