Умари Довудзай аз кадом осмон афтод?
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Ҳарфҳое муртабит ба гузиниши Умар Довудзай ба раёсати шӯрои иҷроии Маҷмааи миллӣ барои наҷоти Афғонистон!
1 - Ҳанӯз равшан нест, ки Маҷмааи миллӣ барои наҷоти Афғонистон ё Шӯрои миллӣ барои наҷоти Афғонистон, ҳамон Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон аст ё ташаккули сиёсии дигарест. Бархе аз аъзои Шӯрои олӣ барои наҷот, мегӯянд, ки ин шӯро тағйири ном надода ва ба кори хеш идома медиҳад, аммо як шӯро ё маҷмааи дигар таҳти номи Маҷмааи миллӣ барои наҷот ё Шӯрои миллӣ барои наҷоти Афғонистон ташкил шудааст. Аммо шумори дигаре мегӯянд, ки Шӯрои олии муқовимат барои наҷот тағйири ном дода ва ба Шӯрои миллӣ барои наҷот ё Маҷмааи миллӣ барои наҷот номгузорӣ шудааст. Ин ибҳом ва сардаргумӣ ҳамеша дар ташаккулҳои сиёсии Афғонистон вуҷуд доштааст. Ҳамеша ин тавр буда, ки як шӯро ва як сохтор эҷод мешавад, аммо баъдҳо касони дигаре барои пайвастан ба он шарт мегузоранд, ки агар ном ба фулон ва баҳмон тағйир кунад, мо ҳам дар он ҳузур хоҳем ёфт. Аъзои қадимӣ низ барои ин ки ба заъми худашон ташаккулро тавсеа бидиҳанд ва аз назари сиёсиву қавмӣ фарогир бисозанд, номи ташаккулро тағйир медиҳанд. Таҷриба нишон дода, ки тағйири ном ба маънои тағйири моҳияти шӯроҳо ва эътилофҳо ҳам будааст.
2 - Дар бораи Шӯрои олии муқовимат барои наҷот, бархе аз манобеъ мегӯянд, ки ин Шӯро ба Маҷмааи миллӣ барои наҷот тағйир ном додааст. Дар ин ҷо бо пазириши ҳарфи ҳамин манобеъ, баҳсро пай мегирем. Тибқи гуфтаҳои манобеъ, дар Шӯрои олии муқовимат барои наҷот, теъдоди аъзои паштун кам буда ва шуморе аз чеҳраҳои сиёсии ғайрипаштун талош доштаанд, ки ба заъми худашон ин шӯроро фароқавмӣ бисозанд ва бистару заминаи ҳузури паштунҳоро дар он фароҳам бисозанд. Албатта, ки хосту шарти паштунҳо ин буда, ки бояд вожаи “муқовимат” аз номи Шӯро бардошта шавад. Дар натиҷа аъзои қадимӣ ҳам ба ин дархост посухи мусбат дода ва номи Шӯрои олии муқовиматро тағйир дода ва ташаккули ёдшударо ба Шӯро/Маҷмааи миллӣ барои наҷот тағйир додаанд. Дар ҳамин эҷобу қабул метавон ҳадс зад, ки қисса аз чӣ қарор аст. Паштунҳо барои мушорикат дар сохторҳои ғайрипаштунӣ шарт мегузоранд. Шарте, ки ҳувият ва моҳияти ташаккулро дигаргун мекунад ва мунҷар ба ихтилофу фурӯпошӣ мешавад. Аммо сиёсиюни ғайрипаштун ба ин мавзӯъ аҳамият намедиҳанд ва барои будани чанд чеҳраи паштун дар канорашон ва таъмини мушорикати қавмии паштунҳо мепазиранд, ки ному нишони худро тағйир бидиҳанд. Ин яке аз асоситарин заъфҳои сиёсиюни ғайрипаштун аст, ки ба бедидгоҳӣ, бебарномагӣ ва беормонии онон ишора дорад. Онон ному нишон ва моҳияти ташаккули худро фидои хости ҳадафмандонаи чанд чеҳраи паштун мекунанд. Он сӯи дигар аммо сиёсиюни паштун ҳастанд, ки барои ҳузурашон дар ташаккулҳои адолатхоҳонаи ғайрипаштун шарт мегузоранд. Ин шартгузорӣ низ ба аҳдоф, барномаҳо ва дидгоҳҳои мушаххаси қавмӣ ирҷоъ медиҳад, ки паштунҳо аз он таҳти ҳеҷ унвоне удул намекунанд. Онон мегӯянд, агар аҳдоф, барномаҳо, ному моҳияти як ташаккул тибқи дидгоҳҳои қавмии мо тағйир накунад, мо ҳозир ба ҳамкорӣ нестем.
3 - Чаро вожаи “муқовимат” бояд аз номи Шӯрои олии муқовимат бардошта шавад? Зеро ки паштунҳо вожаи муқовиматро як вожа ғайрипаштунӣ ва мунтасаб ба тоҷикон медонанд. Муқовимат ривоятест, ки Аҳмадшоҳ Масъуд эҷод кард. Ин ривоят дар даруни худ истодагӣ дар баробари фашизм/паштунизмро нуҳуфта дорад. Ҳарчанд ки муқовиматиҳо чандон ба ин мавзӯъ аҳамият намедиҳанд ва талош мекунанд, ки омили қавмиятро дар ривояти худ инкор кунанд. Аммо аз диди паштунҳо, муқовимат, яъне як ҳаракати ғайрипаштунӣ бо ҳадафи истодагӣ дар баробари ривоятҳои тамомиятхоҳонаи паштунӣ аст. Ба ҳамин далел сиёсиюни паштун худро дар сохторе, ки зайли унвони муқовимат фаъолият кунад, роҳат эҳсос намекунанд ва ҳисси қарор доштан дар сохтори зиддипаштунӣ барояшон даст медиҳад. Онон барои ин ки худро роҳат ва мутмаин бисозанд, шарт мегузоранд, ки намодҳо ва номҳои муқовимат аз сохторҳо бардошта шавад. Дарвоқеъ, яке аз шароити Довудзай барои пайвастан ба Шӯрои олии муқовимат барои наҷот ин буда, ки номи ин шӯро ба Маҷмааи миллӣ барои наҷот тағйир ёбад. Муассисин низ ин шартро пазируфтаанд. Бо пазириши ин шарт, заминаи ҳузури Довудзай фароҳам шудааст.
4 - Чаро Довудзай ҳатто ба қимати тағйири номи Шӯрои олии муқовимат бояд ба ин Шӯро даъват мешуд? Дар посух ба ин пурсиш, то ҷое, ки ман ҷустуҷӯ кардам, чанд далел зикр шудааст.
- Довудзай як паштун аст ва аз паштунҳоест, ки ба заъми аъзои аршади Шӯрои муқовимат, мӯътадил ва қобили эътимодтар аст;
- Довудзай пул дорад;
- Довудзай равобити хубе бо шабакаҳои истихборотии минтақаӣ ва фароминтақаӣ дорад;
- Довудзай мавриди таъйиди Карзай (гардонандаи аслӣ ва пинҳони сиёсиюни саргардони ғайрипаштун) аст;
- Довудзай як паштуни қарабоғӣ аст ва бо ҷараёнҳои Шимолу Шимолӣ шинохту равобити хуб дорад;
- Довудзай бо Устод Сайёф низ равобити хешовандӣ ва фикрӣ дорад.
Гуфта мешавад, ки аъзои аршади Шӯрои олии муқовимат/Маҷмааи миллӣ бино ба далоили боло тасмим гирифтаанд, ки оқои Довудзайро ба шӯро даъват кунанд ва шароити ӯро барои узвият дар шӯро низ пазируфтаанд.
5 - Чӣ касоне Довудзайро даъват ба узвият дар Шӯро кардаанд? Яке аз манобеъ дар посух ба ин пурсиш ба ман гуфт, ки се тан аз аъзои аршади Шӯрои олии муқовимат/Маҷмааи миллӣ, аз оқои Довудзай даъват ба узвият дар ин шӯро кардаанд. Ин манбаъ, аз маршал Дӯстум, Устод Ато ва Юнус Қонунӣ ном гирифт. Ман наметавонам сиҳати изҳороти ин манбаъро таъйид кунам, аммо вақте ҷустуҷӯ кардам, ҳамин маълумотро тавонистам ба даст оварам.
6 - Сенарияи аслӣ чист? Чаро Довудзай ба ташаккуле пайваста, ки аксаран чеҳраҳои сиёсии ғайрипаштун ва мухолифи Толибон дар он узвият доранд? Агар хонандагон ҳузури зеҳн дошта бошанд, ман чанд рӯз пеш дар мавриди се сенария барои ояндаи Афғонистон, ки дар дастури кори ҷараёнҳои сиёсӣ қарор дорад, навиштам. Яке аз он сенарияҳо ин буд, ки дар сурати натиҷа надодани талошҳо барои ислоҳи Толибон аз дарун, ҷараёнҳо ва чеҳраҳои сиёсие, ки дар ҳудуди чаҳор соли ахир, дар ҳадди фосил миёни Толибон ва нерӯҳои зидди Толибон қарор гирифта ва таклифи худро мушаххас карда натавонистаанд, таҳти раҳбарӣ ва мудирияти як паштун ба сохтори толибонӣ/паштунии ҳоким идғом шаванд, то иддао шавад, ки машрӯъияти дохилии Толибон фароҳам шуда ва заминаи барасмиятшиносии Толибон мусоид. Чунончи дар навиштаи қаблӣ дар ин маврид гуфтам, ин сенария, сенарияи дувумӣ аст ва паштунҳои ғайритолиб бо ҷиддият талош доранд, ки ба кӯмаки бархе аз кишварҳои хориҷӣ ин сенарияро амалӣ кунанд. Ин сенария, дарвоқеъ, ҳадафаш ин аст, ки сохту бофти паштунии қудрат тағйир накунад. Толибон системаро дар контроли худ дошта бошанд, аммо сиёсиюни ғайрипаштун низ, ки доияҳои бузурге дар ҷиҳати тағйири бунёдии низом ва систем надоранд, бо Толибон дар як сохтор мушорикати намодине дошта бошанд. Ба назари ман, Довудзай дар ростои таҳаққуқи ҳамин сенария ба Маҷмааи сиёсиюни ғайрипаштун партоб шудааст.
7 - Сиёсиюни бесарнавишт ва саргардон киҳо ҳастанд? Онон умдатан ҳамин бузургаворонеанд, ки дар чорчуби Шӯрои олии муқовимат барои наҷот нисбатан муташаккил шуда буданд, аммо ангор натавонистанд ба танҳоӣ коре аз пеш бубаранд ва марҷае барои дарёфти ҳимояти хориҷӣ пайдо кунанд. Инҳо ҳамеша дар эъломияҳояшон то ҳадде ҷониби ҷараёни муқовиматро гирифтанд, аммо то ҳадде тамоюли худро ба таомул бо Толибон баён карданд. Инҳо дарвоқеъ мунтазири шаклгирии як ҷараёни нерӯманди хориҷӣ буданд, то ононро зайли як барномаи мудавван басиҷ намуда, заминаи мушорикаташонро дар як сохтор бо Толибон фароҳам созанд. Ёди мо ҳаст, ки вақте Трамп дар Кохи Сафед баргашт, маршал Дӯстум бо шаафи тамом ин рӯйдодро ба фоли нек гирифт. Ин шӯру шааф нишон медиҳад, ки сиёсиюн ва меҳварҳои муттасил ба он сахт дар интизори Амрико будаанд. Ҳарчанд Халилзод қаблан ба инҳо гуфта буд, ки мунтазири Амрико барои баргаштонданашон ба Афғонистон набошанд, аммо сафари ахири Халилзод ба Кобул ин умедвориро эҷод карда, ки Амрико нигоҳи мутафовиттаре ба Афғонистон пайдо карда ва алоқаманд аст, ки сиёсиюни мутамоил ба Амрикоро шарики Толибон намояд.
8 - Агар сенарияи мавриди назар амалӣ шавад, ба чӣ маъност? Кӯтоҳтарин посух ин аст: такрори нишасти Бонни соли 2001! Такрори нишасти Бонн, аммо бо ин тафовут, ки сиёсиюни ғайрипаштун ва шимол фоқиди қудрат ва нуфузи соли 2001 ҳастанд ва на ба зӯри бозуи худашон, ки ба лутфи Амрико ва кишварҳои дахил дар Афғонистон ба майдон баргардонда мешаванд ва дар нақшҳои намодин аз пеш таъйиншуда бояд кор кунанд ва даъвоҳои бузург надошта бошанд. Агар диққат карда бошем, Амрико ва кишварҳои минтақа тамоюли зиёде ба модели сиёсии давраи ҷумҳурият доранд. Ин модел як модели паштунӣ бо таркиби сиёсиюни бедоияи ғайрипаштун аст, ки таҳти унвони ваҳдати миллӣ ва мушорикати миллӣ ва... ба мансаи иҷро гузошта шуд. Ин бадил дар ду ҳолат метавонад тағйир кунад. Як, дар ҳолате, ки нерӯҳои мусаллаҳи муқовимати зидди Толибон ба тавоноиҳое даст ёбанд, ки битавонанд бо зӯр сохтори толибониро дарҳам шикаст ё водор ба тамкин дар баробари хостаҳои хеш намоянд. Ду, дар ҳолате, ки насли ҷавон ва маданӣ ва нухбагони фикрии Афғонистон аз ҳама ақвом басиҷ шуда ва як тарҳи нав барои кишвар бирезанд ва барои тарҳи худ басиҷи мардумии дохилӣ ва ҳимояти хориҷӣ фароҳам кунанд. Дар ғайри ин ду сурат, як модели нисбатан пазируфташуда барои хориҷиҳо ҳамон модели “салотаӣ”-и дарҳаму барҳами бист соли давраи ҷумҳурият аст, ки сиёсиюни тасодуфиву бебарнома ва вобастаҳои хориҷӣ ва мафияи дохилӣ дар як ҳамоиши номутаҷонис таҳти заомат, раҳбарӣ ва ҳимояти кишварҳои хориҷӣ дар сохторе, ки низом номида мешавад, иҷрои маъмурият кунанд. Маънои мавҷудияти чунин сохторе кулӯхро ба об гузоштан ва убур кардан аст. Агар диққат шавад, ин тарҳ асосан хориҷӣ аст ва хориҷиҳо мантиқан на маҷбуранд, ки барои Афғонистон тарҳи роҳгушои бунёдӣ диҳанд ва на иродае ба ин кор доранд.