Хабари рӯз

Ҳазфи ғайрипаштунҳо як тарҳи муштараки Халилзод-Карзай-Ҳайбатуллоҳ дар ҳамдастӣ бо истихбороти Покистону Амрико аст.

Нависанда: Насир Росих

Рӯзгоре панҷобиҳо, фавҷ, истихборот, пулис ва дигар идороти калиди Покистонро дар инҳисор худ доштанд...

Бо пешрафти ҷиҳоди миллати Афғонистон дар муқобили таҷовузи Шӯравӣ, мувозинаи қудрат дар Покистон тағйир намуд. Рӯз то рӯз панҷобиҳо эҳсоси хатар аз тавоноиҳои ҷангӣ ва шуҷоати мардуми Афғонистон ва хатари сирояти рӯҳияи озодихоҳӣ дар аёлати субасарҳади паштуннишини Покистон менамуданд.

Рӯи ҳамин далел онҳо даст ба ибтикори амал заданд ва иддае аз сарони қавмӣ ва бахше аз авоми мардумони сарҳадии он тарафи Дюрандро шарик дар сохторҳои амниятии кишвар намуда, то битавонад тавассути онҳо бахши дигар аз паштунҳоро мутеи Панҷоб нигаҳ доранд ва бо ҳамон катлаҳои мунтахаб, танзимҳои ҷиҳодиро низ дар муровидот қарор дода ва қумандони ҷиҳодии мӯҳтоҷ ба икмолотро асири равобит нигаҳ доштанд. Бо ин татмеъ, хушхидматони паштунтабори Покистон роҳ ва мақом дар курсиҳои баланди амниятӣ ва истихборотӣ ёфтанд.

Ҳарчанд дар даврони ҷиҳод аҳзоби натсионалисти сарҳадии он тараф, равобити танготанг бо Ҳизби коммунсти ҳоким дар Афғонистон ва аз он тариқ мавриди тафаққуди КГБ низ буданд, панҷобиҳо дар рақобат бо Шӯравӣ ибтикори сарбозгирӣ ва ҷазби тӯдаҳои қабоилиро шиддат бахшиданд. Бо шикасти Шӯравӣ дар Афғонистон муодилоти амниятӣ ва сиёсӣ тағйир хӯрд.

Ғарбиҳо ва Покистон сахт ҳарос аз ҳокимияти муҷоҳидин дар қалби Осиё доштанд. Онҳо ҳанӯз ҷиҳоди Афғонистонро ба таври куллӣ натавонистанд мутафарриқ созанд. Аҳзоб ва танзимҳои ҷиҳодӣ, лаҳзашуморӣ барои пирӯзӣ ва сохтани як ҳукумати исломӣ менамуданд, аммо ғофил аз он ки ғарбиҳо ва Покистон ханҷарҳои заҳрдорро аз ақиб бар пушти муҷоҳидин фурӯ бурда буданд.

Ҷангҳои танзимӣ баъди муоҳидаи Говернар Ҳауси Пешовар оғоз гардид ва тарроҳи ин ташкилоти ҳукумати убурӣ ҳамон фикри нифоқ дар суфуфи ҷиҳод буд, ки Покистон онро амалӣ кард.

Ҳамзамон ду ҷосуси тарбиятёфтаи дахил дар қазоё ҳарду мушовирини пайплайн (лӯла)-и нафти Туркманистон, яъне Халилзод ва Ҳомид Карзай, бо муҳраҳои қавмии нуфусӣ дар қувваҳои истихборотӣ ва амниятии Покистон даст бо даст бо Амрико, гурӯҳи қавмиро ба номи Толибон таъсис, ҳимоят ва матраҳ намуданд, то ба баҳонаи амнияти пайплайн вориди саҳнаи низомӣ гарданд ва дар қадами нахуст бояд муҷоҳидин тавассути инҳо халъи силоҳ мегардид.

Ин тарҳи Халилзод дар даври аввали ҳокимияти Толибон муваффақона ба пеш рафт. Муҷоҳидин аксаран тавассути камондуҳои Покистон, ки дар либоси толиб аз тариқи Чаман ва Квета вориди Афғонистон шуданд, халъи силоҳ мешуданд. Аввалин дастоварди Покистон тавассути толиби дастнишонда, халъи силоҳи муҷоҳидини Ҳоҷӣ Саркотиб бо дасиса ва пешравӣ ба сӯи Қандаҳор, Ғазнӣ, Майдон, Лугар ва Чаҳор Осиёб буд.

Он гоҳ дақиқ миллати Афғонистон муваффақияти фавҷи Покистон ва нақшаҳои ISI-ро медонистанд. Тамаркузи покистониҳо бар халъи силоҳи муҷоҳидини Ҳизби исломӣ бештар аз ҳар гурӯҳи дигар дар Афғонистон буд, зеро ҷабаҳоти танзими Ҷамъияти исломӣ ва Ҳизби ваҳдат аз тирраси мустақими онҳо бино ба фавосили маконӣ дар амон буданд. Ҷангҳои шадиди Ҳизби исломӣ бо қитъаоти “Лашкари эсор” – и Толибон дар камбарандҳои Ғазнӣ ва Майдон бо ақибнишинии фармондеҳон туран Амонуллоҳ Хужман ва Абубакр бо тасхири Чаҳор Осиёб ба анҷом расид. Толибон бо худъа Абдулалӣ Мазорӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдатро асир ва бо беҳурматии хилофи мавозини ахлоқ ва хилофи мавозини ислом ӯро салохӣ карданд!

Толибон ва Покистон ҳанӯз қодир бар тасхири ҷабаҳоти ҷиҳод нашуда буданд. Ташкили муқовимати аввал тавассути Аҳмадшоҳ Масъуд бар зидди таҷовузи Покистон бар маркази таҷаммӯи раҳбарони ҷиҳодии мутанаввеъ аз ҳамаи аҳзоб ва ақвом мубаддал гардид. Аммо раҳбарони ҷиҳодӣ ҳаргиз бар нақш ва барномаи Халилзод дастрасӣ ва огоҳӣ надоштанд, то ин ки Толибон дар муқобили Аҳмадшоҳ Масъуд тавони пешрафт ва инҳисори кулли кишварро дар худ надоштанд.

Ҳарчанд толиби таҳти ҳимояти афкори Халилзод ва Карзай ҳама имконоти ҳимоятиро дар ихтиёр доштанд, вале таҷориби муҷоҳидин онҳоро дар пешрафти кул ноком сохта буд. Аҳмадшоҳ Масъуд бо эътимод ба нафс таҳаррук ва тактик метавонист бар авзои кишвар дубора мусаллат гардад, то он ки тарҳи террор ва шаҳодати ӯ ба дастон ва тарҳи хориҷиҳои ҳомии толиб муваффақона анҷом ёфт. Ба думболи он мураббии толиб, яъне Амрико, толибро ҳам канор зада ва кишварро ишғол намуд.  Амрикоиҳо кишварро бо истифода аз заъфи мудириятии толиби дастнишонда комилан таҳти ишғоли худ ва шуракои НАТО қарор дод.

Марҳалаи баъдӣ мутобиқ ба плони ҷосуси Амрико – Халилзод Карзай - мураббии номаръии толибро раисҷумҳур ва худро сафири ҳоким бар раёсатҷумҳурии Кобул намуд. Халилзод бо тарҳҳои қабилаии фашистӣ мехост Амрикоро қаноат диҳад, ки хайр ва манофеъи Амрико дар будани паштунҳо дар қудрат аст. Халилзод мехост фашизми қавмиро ҳоким бар сарнавишти сиёсии афғонистониҳо созад. Билохира дар даври ишғоли НАТО ва Амрико ҳарду ҷосус - Халилзод ва Карзай - бо ҳамкории Покистон тавонистанд толибро дубора мусаллаҳ ва мунсаҷам созанд ва дар ниҳоят онҳоро дубора молики Арг гардонанд.

Аммо аз қазои рӯзгор ва таҳаввулоти сиёсати Амрико Имронхон шарики бозии қавмии Халилзод ва ҳомии толиб раҳсипори зиндон гардид. Халилзод феълан дар талош аст, то Имронхон - ҳампаймон ва ҳамфикри фашисти худро аз қайди зиндони Покистон раҳо созад ва бо ҳамкории қувваҳои тарбиятшудаи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) соҳаи ҳокимияти паштунҳоро дар минтақа тавсеа бахшида ва амирулмуъмнини сохтаву бофтаи дасти худро дар нақши амирулмуъмнини воқеӣ ҷилва диҳад. Дар идома Покистони чанддастро, ки бахши онро паштунҳо дар идороти амниятӣ бо ҳамкории ошубгарони зиддипанҷобӣ дар дохили низом моҳирона дар даст доранд ва бахши дигари Покистонро ҳамон панҷобиҳо ба пеш мебаранд, таҷзия намояд.

Қарори маълумоти ҷадиди бадастомада, баъди охирин сафари Халилзод дар ҷамъи ҳайати амрикоӣ ба Кобул ва ҳамоҳангӣ бо натсионалистҳои амниятии Покистон Мулло Ҳайбатуллоҳро дастур бар тасфияи идороти давлатӣ аз вуҷуди тоҷиктаборҳо ва ақвоми ғайрипаштун намудаанд.

Дар гузорашҳои дақиқ омадааст, ки тасфияи қавмии ҳамоҳанги мусалласи қавмӣ бахши натсионалистҳои ISI ҷамъ ТТП, Халилзод ва Шӯрои Кветтаи Толибон (Мулло Ҳайбатуллоҳ) ҳар се дар назар доранд, ки ҳудуди 200 ҳазор кормандони давлатии вазоратхонаҳои Афғонистонро, ки ақвоми ғайрипаштун ва бештари онҳо марбут ба қавми тоҷик ҳастанд, аз идороти давлатӣ ба баҳонаи ислоҳот мунфак созанд. Дар ин тасфияи қавмӣ дақиқан 8 ҳазор корманди ғайрипаштуни марбут ба вазорати сиҳати омма мебошад.

Ин ки ин ахбор ҳақиқат дорад ва ё шоеъот аст, мешавад дар ҳафтаҳои баъд асароти онҳоро дар идороти давлатӣ мушоҳида намуд.

(Бино ба иттилое, ки расман нашр шудааст, қарор аст Толибон дар вазорати дифоъ, ки гуфта мешавад, аз 75 то 120 ҳазор нерӯ дорад, 20% ва дар вазорати энерживу об 12%-и кормандонро ихтисор кардаанд. Фақат дар дастгоҳи вазорати мазкур 476 вазифа ихтисор шудааст – “Сангар”)

Халилзод тарроҳи фурӯпошии шерозаи ваҳдати миллии Афғонистон, фикр мекунад, рушди забони форсӣ дар расмиёти давлатӣ иштибоҳи сарони Дурронӣ буда, ки идоротро онҳо (ғайрипаштунҳо) ба пеш мебурданд. Аммо Халилзод фаромӯш карда ва таърих ҳанӯз ба ҳақиқати воқеиятҳои он рӯзгор даст наёфта, то иллати онро бидонад, ки чаро Аҳмадшоҳ Дурронӣ дар синни 15-солагӣ тавассути кудатои эрониҳо аз зиндони Қандаҳор озод ва барои тарбият ба дарбори Нодири Афшор бурда шуда буд. Аҳмадшоҳ Дурронӣ мисли Халилзод ва Карзай ва мисли Мулло Умару Мулло Мансур ва Мулло Ҳайбатуллоҳ буд, ки дар дастгоҳҳои истихборотии Амрико ва ҳамсоягон тарбият, мусаллаҳ ва ҳоким бар сарнавишти афғонҳо гардида буд.

 Нодири Афшор горди 40-ҳазорнафарӣ дошт, ки онҳо қизилбошҳои форсизабон буданд. Аҳмадшоҳ Дурронӣ, ходими дарбори Нодири Афшори эронӣ, бидуни қудрати қалам, таҳрир ва мудирияти идории қизилбошҳо ҳеҷ арзиш дар ҷамъи қувваҳои худ надошт. Ҳамчунон Темуршоҳ Дурронӣ бо интиқоли пойтахт аз Қандаҳор ба Кобул ҳеҷ чора надошт ба ҷуз ин ки аз тавоноиҳои саводу қудрати қалам ва дониши мардумони бумии ғайрипаштун дар пешбурди умуроти идории мамлакат кор гирад.

Ҳол Халилзод, Имронхон ва паштунҳои натсионалисти Покистон ва ҳалақоти фашизми Мулло Ҳайбатуллоҳ мехоҳанд баръакси Аҳмадшоҳ Дурронӣ ва Темуршоҳ Дурронӣ идороти давлатӣ ва ҳукуматиро аз маъмурини ғайрипаштун ба баҳонаи ислоҳот тасфия ва таҷзия намояд.

Халилзод ва Шӯрои Квета, Имронхон ва бонди фашистии қавмии онҳо бояд дарк карда бошанд, аз замони Искандару Чингизхон то ҳол бор-бор шикасти императории Инглис, шикасти Шӯравӣ ва шикасти Амрико ва НАТО дар Афғонистон мутааллиқ ба ҳиммати мардуми шуҷои Афғонистон аст, на ифтихороти толиби гандидафикри қавмгаро.

Миллати шуҷои Афғонистон муттаҳидона паштунҳои бошараф, тоҷикҳои мудаббир, ҳазораҳои хастагинопазир, туркман, ӯзбек, нуристонӣ, аймоқ, пашшаӣ... ҳама ақвоми боғурур ва озода, меросдори озодӣ ва истиқлоли кишвар ҳастанд. Ҳар хел "хармуҳраи чиниҳо"-и истихборотӣ бо шӯриш ва қиёми миллии миллати бодироят ва муттаҳиди афғон нақш бар об ва вожгуну сарнагун мегардад.

 Мулло Ҳайбатуллоҳ бояд дарк карда бошӣ, ки ин қудрати чандрӯза додашуда бароят бақо нахоҳад дошт, кушторҳо ва тирборони ҷавонони даступобастаи Панҷшер ва Андароб ҳамон фикри ганда ва мағзи харгуна буд, ки имрӯз мунҷар ба дасти болои фашистии ту дар сарнагунӣ, наслкушӣ ва фурӯпошии ваҳдати миллии миллати воҳиди Афғонистон аст.

Ба ёд дошта бошед, ки баъди ихроҷ ва мунфак сохтани 200 ҳазор маъмурини ғайрипаштун аз идороти давлатӣ ва ҳукуматӣ, мехи дигар бар тобути ҳаракати Толибон кӯбида шуда, дар ниҳоят қиёми мардумӣ чунон беху бунёди шуморо хоҳанд канд, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳед кард. 

 Мулло Ҳайбат набояд дар ҳампаймонӣ бо дастгоҳи печидаи ISI бо сарнавишти худ ва миллати Афғонистон дар бозии ҳалокатбор саҳми бештар гирад.

Тасфияи қавмӣ ва сабукдӯшии маъмурини ғайрипаштун суфуф ва сарбозони инқилоби фарҳангӣ ва сиёсии кишварро тавсеа бахшида ва сарнагунии фашизми таҳти пӯшиш бо номи дин ва шариатро ҳатмӣ месозад.

Паштунҳои миллигаро ва шуҷои ватан, дар сафи муъминини озода ва муттаҳиди сарзамини афғонистониҳо хилофи фашизми гурӯҳи ақаллияти ҷоҳил ба номи толиб ҳастанд, ҳама ақвоми шариф ва озодаи Афғонистон, монанди сарнагунии мутаҷовизини давраҳои таърихӣ, ин бор хилофи ҷиноёти толиб, ки аҳдофи бегонагон дар он нуҳуфта, якдаст муттаҳидона ватанро наҷот хоҳанд дод.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!