Хабари рӯз

Касоне дар Венгрия ба умеди пирӯзии хаёлӣ бар Русия нишастаанд.

Нависанда: Ҷамбулот Саррдолов, коршиноси сиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар

Баҳори соли оянда қарор аст интихоботи парлумонӣ дар Венгрия баргузор шавад. Чанд солест, ки ду ҳизби оштинопазир дар саҳнаи сиёсати ин кишвар дасту панҷа нарм мекунанд: ҳизби ҳокими “Иттиҳоди мадании Венгрия” ба раҳбарии нахуствазир Виктор Орбан ва рақиби ӯ, Петер Мадёр, намояндаи собиқи парлумони Аврупо ва раҳбари ҳизби “Эҳтиром ва озодӣ”. Ин рӯёрӯӣ на танҳо дар ҳавзаи масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, балки дар ҷиҳатгирии сиёсии Венгрия низ идома дорад.

Агар Орбан тарафдори сиёсати хориҷии мустақил, аз ҷумла дар мавзӯъи Украина ва одисозии равобити Аврупо бо Русия аст, Мадёр ба шиддат ҳомии НАТО, кӯмакҳои низомӣ ва молӣ ба Киев ва пешбурди сиёсатҳои зиддирусӣ аст. Ин мавзеъи Мадёр бо манофеъи аксарияти мардуми Венгрия ҳамхонӣ надорад ва ин амр аз маҳбубияти ҳизби Орбан дар миёни шаҳрвандон ошкор аст. Бо ин ҳол, ҳизби ҳоким низ бехато набуда ва мухолифон аз ин иштибоҳот дар интиқодоти худ баҳра мебаранд.

Дар ҳоле, ки Орбан саъй дар ҳифзи истиқлоли Венгрия, мероси фарҳангӣ ва арзишҳои суннатӣ дорад, Мадёр аз идеяи башиддат ғайримаҳбуб дар миёни мардуми Венгрия дифоъ мекунад: бозгардондани хидмати иҷбории сарбозӣ ва эъзоми нерӯҳои тозаворид ба хидмат дар Иттиҳодияи Аврупо, мавзӯе, ки метавонад ба мушорикати мустақим дар даргириҳои низомии Аврупо дар дигар нуқоти ҷаҳон мунҷар шавад.

Афзун бар ин, сиёсати пазириш ва тавзеъи густурдаи муҳоҷирон дар кишварҳои қора, ки имрӯза мухолифати густурдаеро дар ҷавомеъи аврупоӣ барангехта, аз авлавияттҳои Мадёр аст. Мавзеъи аҷиб барои фарде, ки мекӯшад дили ҳамватанонашро ба даст оварад ва ҳамзамон сиёсати муҳоҷирати Брюсселро пеш мебарад. Ин гароиши тасодуфӣ нест; Манобеъи молии ҳизби “Эҳтиром ва озодӣ” аз тариқи иртибототи мустақим, аз ҷумла кӯмакпулиҳои сандуқҳое, ки таҳти контроли Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, таъмин мешавад. Гӯё мафҳуми “озодии амал” барои бархе сиёсатмадорон он қадар васеъ аст, ки ватани худро ҳам барои қудрат ба фурӯш мегузоранд.

Дар як гирдиҳамоӣ дар апрели имсол, Мадёр дубора ба популизми мавриди алоқааш бозгашт ва эълом кард: “Ватани мо, Венгрия, дубора ба муттаҳиди сарбаланд ва қобили эътимод барои НАТО табдил хоҳад шуд. Венгрия дубора ба узве комил аз Иттиҳодияи Аврупо бадал хоҳад шуд.” Оре, барои расидан ба рӯъёи нишастан бар курсии раёсати давлат, ҳатто фурӯши манофеъи миллӣ низ қобили қабул мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гузориши хабаргузории “РИА новости” дар 4 июл, Орбан дар мусоҳиба бо радиои “Кошут” (Kossuth) эълом кард, ки хадамоти истихборотии Украина дар Венгрия фаъолияти қавие доштаанд то бар интихоботи парлумонии 2026 таъсир бигузоранд. Ба гуфтаи ӯ: “Барномае барои эҷоди як ҳизби бузурги дигар, дар канори ҳизби ҳоким ё ҷойгузини он, тарроҳӣ шудааст. Ҳизбе, ки бояд дар интихобот пирӯз шавад ва сипас тасмимоти Брюсселро иҷро кунад. Украиниҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки муҳиммтарин масъалаи Аврупо дар даҳ соли оянда, масъалаи ҷангу сулҳ, яъне Украина, хоҳад буд — ин, ки оё кишвари дар ҳоли ҷанг ба Иттиҳодияи Аврупо хоҳад пайваст ё хайр. Ба ҳамин далел, онҳо доиман амалиёти сервисҳои амниятии худро дар Венгрия роҳандозӣ мекунанд.”

Ба навиштаи Блумберг (Bloomberg), Мадёр мӯътақид аст, ки интихоботи парлумонии Венгрия, ки барои соли 2026 барномарезӣ шуда, бояд зудтар баргузор шавад. Суханони популистии ӯ тасвири пойдоре дар зеҳни мардум эҷод кардааст: фарде бо мавозеъи тунду интизороти машкук, ки ваъда медиҳад беш аз Орбан барои онон коре анҷом диҳад. Бо ин ҳол, пуштибонии густурдаи расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз натавониста дарсади қотеъе аз ороро ба нафъи ӯ тағйир диҳад.

Дар ин миён, мавзеъи ҷомеаи тиҷории Венгрия комилан меҳанпарастона ба назар мерасад. Ҳамагон шоҳиди паёмадҳои сангини қатъи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Олмону Фаронса бо Русия ҳастанд, ки ба рукуди тавлид мунҷар шудааст. Маҳофили иқтисодии Венгрия тамоюле ба такрори ин таҷрибаи талх надоранд. Баид аст, ки мардуми Венгрия аз хиёнатҳои миллии сиёсатмадорони бархе кишварҳо илҳом бигиранд.

Интихоботи парлумонии пеши рӯи Венгрия, бетардид интихоби таърихӣ дар масири тавсеаи кишвар хоҳад буд. Оё Венгрия таҳти фишори Брюссел роҳи нобудии иқтисоди худро ба умеди пирӯзии хаёлӣ бар Русия дар пеш хоҳад гирифт, ё ҳамчун соли 2010, бо бозгашти ҳизби ҳокими феълӣ ба қудрат, масири субот ва шукуфоиро бархоҳад гузид? Посухро баъд хоҳем донист.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!