Хабари рӯз

Қалби дуздидашудаи таърихи Тоҷикистон

Ҳабибуллоҳ Аминӣ

Тоҷикистон кӯшишҳоро барои баргардонидани хазинаи Окс – маҷмуаи (коллексияи) нодири ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагин, ки ҳамчун “Хазинаи Амӯдарё” маъруф аст, идома медиҳад. Ин ёдгориҳои бебаҳо, ки ба қарнҳои V-IV-и пеш аз милод, яъне ба даврони Ҳахоманишиён тааллуқ доранд, дар соҳили Амӯдарё кашф гардида, зиёда аз як аср пеш дар замони ҳукмронии мустамликадории империяи Бритониё дар Осиё аз минтақа берун бурда шуданд. Имрӯз ин ашёҳо дар Осорхонаи Бритониё маҳфузанд ва  Тоҷикистон барои баргардонидани онҳо ҳамчун як қисми мероси фарҳангии худ пофишорӣ дорад.

Хазинаи Амӯдарё

Хазинаи Амӯдарё солҳои 1876-1880 дар соҳили шимолии Амӯдарё (Окси қадим), дар наздикии якҷояшавии дарёҳои Вахш ва Панҷ, дар ҳудуди шаҳрҳои археологии Тахти Қуват ё Тахти Сангин (дар ҷануби Тоҷикистони имрӯза) кашф гардидааст. Маҷмӯа тақрибан 180 ашёи тиллоӣ ва нуқрагин, инчунин то 200 тангаро дар бар мегирад, ки ба давраи Ҳахоманишиён (асрҳои VI–IV пеш аз милод) тааллуқ доранд. Дар байни ашёҳо амсилаҳои хурди аробаҳо, ҳайкалҳои одамон ва ҳайвонот, дастпонаҳо, ҷавоҳирот, зарфҳои тиллоӣ ва нуқрагин, медалёнҳо ва лавҳачаҳо бо тасвири худою  ҳайвонотро ном бурдан  мумкин аст. Ҷузъиёти сершумор омехтагии услубҳои ҳайвонии форсӣ, юнонӣ-бохтарӣ ва скифиро нишон медиҳанд.

Иброҳим Усмонов, сиёсатшинос, муаррих, собиқ мушовири давлатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассиси Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”: “Ин хазина ашёҳои давраи Ҳахоманишиёнро, ки як қисми мероси фарҳангиву таърихии Тоҷикистони муосир ба шумор меравад, дар бар мегирад. Дар он замон аҷдодони тоҷикон ба истилогарони беруна муқовимат нишон медоданд ва дар таърихи мо Спитамен - рамзи қаҳрамонии миллӣ, ки бар зидди истилогарони юнонӣ меҷангид, ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад”.

Гумон меравад, ки ин хазинаро ҳафриётчиён ё тоҷироне, ки баъдан дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ин ашёҳоро мефурӯхтанд, пайдо карданд. Бисёр ашёҳо дар бозорҳои Ҳиндустони Шимолӣ фурӯхта шуданд ва сипас ба дасти атиқафурӯш Август В. Фрэнкс афтоданд. Ин атиқафурӯш коллексияи худро (қисми асосиашро) ба Осорхонаи Бритониё, Осорхонаи Виктория ва Алберт васият кард.

Сиёсатшинос, муаррих, собиқ мушовири давлатии президенти Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд: "Хазинаи Амӯдарё барои халқи тоҷик арзиши бузурги таърихӣ дорад. Мардуми мо бояд ин сарватҳоро бубинанд ва аз онҳо баҳра баранд. Аҳамияти онҳо на дар арзиши пулӣ, балки дар он аст, ки онҳо далели бевоситаи маҳорати баланди ҳунармандии аҷдодони мо, инчунин қобилияти  сохтани  зеварҳои нодир ва асарҳои санъат мебошанд.

Арзиши таърихии хазинаро нашрияҳои асри XIX низ тасдиқ мекунанд. Соли 1879 муҳаррири рӯзномаи «Туркестанские ведомости» Н.Маев аз харобаҳои Тахти- Қувад дидан карда, баъд аз як сол мақолае нашр кард, ки дар он дар бораи аҳамияти сарватҳои қадимаи дар онҷо ёфтшуда барои халқи тоҷик таъкид кардааст.

Имрӯз барои мо муҳим аст, ки ин осор ба кишвар баргардонида шавад ва ё ҳадди ақал дастраси аҳли ҷомеа ва муҳаққиқон гардад. Британияи Кабир метавонад дар бунёди маҷмааи осорхонавӣ дар ҷои бозьёфт бо нусхаҳо, китобҳои нодир ва ҳуҷҷатҳо  ёрӣ расонад. Чунин осорхона на танҳо як маркази фарҳангии Тоҷикистон хоҳад гардид, балки ҳамчун майдон барои ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард, ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки ҳифзи мероси муштараки башарият вазифаи умумии мост".

 Соли 2007 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман даъват карда буд, ки ин хазина ба ватани худ, пойтахти фарҳангии кишвар баргардонида шавад. Дар посух, кормандони Осорхонаи Бритониё соли 2013 ба ифтихори 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон нусхаи 6 ашёро тақдим намуданд, вале аз баргардонидани нусхаҳои аслӣ сарпечӣ карданд.

Сарфи назар аз талошҳои чандинсолаи дипломатӣ, Бритониёи Кабир нусхаҳои аслии маҷмӯаро дар худ нигоҳ медорад ва бо ин нишон медиҳад, ки майлу хоҳиши ба назар гирифтани ҳуқуқи мардуми тоҷик ба мероси таърихии худро надорад.

Хазинаҳои мустамлика

Кишварҳои абарқудрати ғарбӣ дар тӯли асрҳо боигарии худро тавассути ғорат кардани мустамликаҳо дар саросари ҷаҳон ташаккул додаанд. Ин раванд на танҳо содироти сарватҳои табиӣ, балки тасарруфкунии (ғасбкунии) сарватҳои фарҳангиро низ, ки баъдан ба бузургтарин осорхонаҳои Аврупо ва Амрико ирсол меёфтанд, дар бар мегирифт. Ва имрӯз, ин таҷриба идома дорад: бисёре аз кишварҳое, ки дорои осори беназири таърихӣ мебошанд, маҷбур мешаванд, ки онҳоро ба маблағи ночиз ба коллексияҳои ғарбӣ супоранд ё мероси худро дар музоядаҳо харида гиранд.

Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИ Тоҷикистон, бостоншинос Бобомулло Бобомуллоев: “Муҳим он нест, ки чунин маҷмӯаҳои археологӣ мояи ифтихори як миллат ва таърихи он мебошанд. Ҳар як бозёфт, ҳатто як кӯзаи сафолии оддӣ, агар дар ҷои кашф ва ё ҳадди ақал дар кишвари худ нигоҳ дошта шавад, арзиши иловагии илмӣ пайдо мекунад. Ҳамин тариқ, ин ашёҳо дар пасманзари рӯйдодҳо ва муҳити зист боқӣ монда, ҳамчун ашёи алоҳида қабул намегарданд. Ва, албатта, бозгашти  “Хазинаи Амӯдарё” барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон як ангезаи бузурге хоҳад буд”.

Яке аз рамзҳои ин сиёсат осорхонаи Бритониёи Кабир дар Лондон мебошад, ки дар хазинаи он қариб 8 миллион нигораҳо мавҷуданд. Қисми зиёди ин ашёҳо дар даврони мустамликадорӣ бо зӯрӣ ё фишороварӣ бароварда шуда буданд, ва имрӯз талабҳои баргардонидани онҳо аксар вақт бо монеаҳои ҳуқуқӣ ва шароити молиявӣ дучор мешаванд. Аз ин рӯ, дар кишварҳои гуногун осорхонаро аксар вақт «анбори ашёҳои ғоратшуда» меноманд.

Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, бостоншинос Бобомулло Бобомуллоев бар ин назар аст, ки аҳамияти маҷмӯаи “Хазинаи Амӯдарё”-ро бояд бо дарназардошти он баррасӣ намуд, ки ин ашёҳо шоҳасарҳои аслии санъати давраи Ҳахоманишиён буда, дар ҷаҳон ҳамто надоранд. "Новобаста аз он, ки аз лаҳзаи кашфиёт тақрибан якуним аср сипарӣ шудааст, ин ашёҳои тиллоии  бадеӣ дар байни коршиносон таваҷҷӯҳ ва баҳсҳои пуравҷро ба бор меорад. Қиссаи кашфи онҳо, ҳамла ба тоҷирон, бозфурӯшӣ дар бозорҳои Ҳинд ва роҳ ба сӯи осорхонаи Бритониё як далели маъруф ва ба таври васеъ баҳсшаванда мебошад".

 Тибқи ақидаи имрӯза ва мақбули умуми бостоншиносон, ин хазина аз минтақаи шимолии Амӯдарё, дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза сарчашма мегирад. Маълумотҳои бостоншиносии даҳсолаҳои охир нишон медиҳанд, ки макони пайдоиши он харобаҳои ёдгориҳои Тахти Қубодилӣ ва Тахти Сангин (Маъбади Окс) мебошад, ки дар наздикии ҳамдигар ҷойгир шудаанд. Вобаста ба фаъолияти кориам ҳар сол ба ин ҷойҳо сафар мекунам. Ихтисоси ман асри биринҷист, бинобар ин давраи қадим берун аз доираи фаъолияти асосии ман қарор дорад. Вале умедворам, ки дар оянда дар ҳафриёти ин иншооти нодир иштирок хоҳам кард.

Дар байни экспонатҳои Осорхонаи Бритониё рамзҳои фарҳангии халқҳо мавҷуданд: биринҷӣ аз Подшоҳии Бенин, ки соли 1897 дуздида шудааст (Нигерия); сипари ҷанговар Гвегала (Австралия); санги Розетта (Миср); пештокҳои мармарии Парфенон (Юнон); дастнависҳои динии аз Магдала (Эфиопия) баровардашуда.

Масъалаи ба ватани таърихиаш баргардондани ин муқаддасот (хазина) ҳанӯзам ҳалли худро наёфтааст. Мо, олимон ва шахсони расмии тоҷик, ин масъаларо пайваста матраҳ карда, хостори баргардонидани маҷмӯа ва ё ҳадди ақал ташкили намоишгоҳи муваққатии нусхаҳои аслии ин ашёҳо дар Тоҷикистон ҳастем. Мо умед дорем, зеро дар ҷаҳони муосир бештар тамоюли баргардонидани арзишҳои фарҳангиро мушоҳида мекунем. Дар Тоҷикистон аллакай осорхонаҳои замонавӣ сохта шудаанд ва ман боварӣ дорам, ки “мӯди бозгашт” ба Хазинаи Амӯдарё низ дахл хоҳад кард”.

      Таҷрибаи Ӯзбекистонро ҳамчун мисол овардан мумкин аст, ки тавонист дастнависҳои нодири Қуръон ва ашёҳои тамаддуни исломиро ба ватани худ баргардонад. Вале ин ашёҳо аз Осорхонаи Бритониё ирсол карда нашудаанд, балки Ӯзбекистон маҷбур буд, ки ин ашёҳоро аз худи моликони хусусӣ дар рафти музоядаҳои Sotheby’s и Christie’s харида гирад, ки ин аз душвор будани раванди баргардонӣ шаҳодат медиҳад.

Мехоҳам ба як мисол дар охири соли 2024 таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кунам, вақте 32 ашё аз хазинаи ҳокимони Ашантӣ, ки тақрибан 150 сол пеш аз ҷониби бритониёҳо мусодира шуда буданд, ба Гана баргардонида шуданд. Аз онҳо 17-тоаш дар Осорхонаи Виктория ва Алберт, 15-тоаш дар Осорхонаи Бритониё нигоҳ дошта мешуданд. Ирсолкунии ин ашёҳо дар шакли "қарзи дарозмуддат" сурат гирифт, ки қонунан пурра баргардонидани ашёҳо ҳисобида намешавад, аммо мисоли хатарнокро эҷод мекунад: Бритониё метавонад ашёҳоро бозпас гирад, ва ҳуқуқи ниҳоии моликият дар ихтиёри муассисаҳои Бритониё боқӣ мемонад.

Ин қазия ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ҳатто бо "бозгашти" расмии арзишҳои фарҳангӣ, осорхонаҳои ғарбӣ ба ҷои эътироф кардани ҳуқуқи мардум ба мероси худ, тавассути эҷоди нақшаҳои интиқоли муваққатӣ ё шартӣ мехоҳанд ин сарватҳоро зери назорати худ нигоҳ доранд.     Хазинаи Амӯдарё - ин на танҳо маҷмӯаи осори (ашёҳои) бостонӣ, балки пайванди зиндаи мардуми тоҷик бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои маънавии онҳо мебошад. Имрӯз, он ҳамчун рамзи ғоратгарии мустамликавӣ боқӣ мемонад, вақте боигарии тамаддунҳо дар витринаҳои (лавҳаи намоишии) осорхонаҳои ғарбӣ гузошта шуданд. Кӯшишҳои Тоҷикистон барои баргардонидани ин хазина на танҳо як масъалаи ҷуброни фарҳангӣ аст, балки мавқеи принсипиалӣ дар ҳифзи ҳуқуқи халқҳо ба мероси худ мебошад. Ҳар як чунин ҳодиса ба ҷаҳониён хотиррасон мекунад, ки таъмини адолати ҳақиқӣ бе барқароркунии хотираи таърихӣ ва ислоҳи хатоҳои замони гузашта имконнопазир аст.

 


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!