Паштунизм ҳам дар ҷомаи секулор ва ҳам дар қабои ифротияти исломӣ чӣ гуна зуҳур кард?
Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”
Асли мақола: Tajikism and Pashtunism
Тоҷикизм ҳукумати як шакли пойдори давлат ва ҷомеаро дар Эроншаҳри Хуросонӣ (Шарқӣ) маъно медиҳад – он гуна ки ҳамеша буд – дар ҳоле ки паштунизм як қутби мухолифи он аст: як ҳолати бесуботии ҳамешагӣ, тағйирёбандагӣ ва шароити танзимношудаи иҷтимоии беқонун, ки тавассути фарҳангҳои бодиянишини эронии ҳиндускиф (скифӣ) –и муқими минтақа мушаххас мешавад.
Аз назари таърихӣ, паштунҳо-афғонҳо ба таври мубҳам дар ҳошияҳои ҷануб-шарқи императориҳои таҳти султаи Форс зиндагӣ мекарданд, то ин ки ҳудуди ҳазор соли пеш ислом ва нуфузи сиёсии баъдии туркӣ шурӯъ ба таҳрики онҳо кард ва онҳоро ба тадриҷ ба хатти муқаддам овард.
Ҳарчанд истилоҳи “тоҷик” пас аз ислом ба вуҷуд омад, аммо тоҷикизм ба сурати мустақим ва машрӯъ аз меросҳои Эроншаҳри пеш аз ислом сарчашма мегирад ва комилан бар асоси фарҳанги модерни форсӣ устувор нест, чунончи бардошти роиҷ дар мавриди тоҷикҳо, бавежа дар Афғонистон, вуҷуд дорад. Дигар забонҳои Эрони Шарқӣ – ҳам зинда ва ҳам мурда, монанди суғдӣ, бохтарӣ ва ҳамчунон баракӣ/арморӣ – ва забонҳои гурӯҳи помирӣ (сакоӣ) – ва ҳатто худи забони пашту, ки бузургтарин забони помирӣ маҳсуб мешавад, метавонанд дар захираи забонии он шомил гардад, он гуна ки дар Тоҷикистони таъсисшуда тавассути Шӯравӣ иттифоқ афтодааст. Тоҷикизм, аз ин рӯ, ин зарфиятро дорад, ки аносири мутанаввеъи эрониро дарбар бигирад ва ба тасвир бикашад, аммо таъсироти музир, монанди чизҳои дар тамоюлоти фарҳанги қабилавии паштунро, ки аз мафоҳими ғайривоқеии натсионалистӣ ба вуҷуд омадааст, хунсо ва нобуд мекунад.
"Паштунизм" асосан тавассути консепсияҳои давлат-миллати модерни аврупоӣ таҳрик шуд ва дар авоили қарни 20 дар Афғонистони пасодюранд шурӯъ ба равнақ кард. Давлати суннатии Дурронии Афғонистон агарчи зоҳиран афғон (паштун) буд, дар асл моҳияти форсӣ дошт. Паштунизм баъд аз 1947 равнақи бештаре гирифт. Он замон мавҷи ҷадиде аз ирредентизми миллии паштун бо эҷоди Покистон доман зада шуд ва ба як аҳруми бузург барои давлати Афғонистон табдил ёфт. Паштунҳои покистонӣ, ки ба теъдод бештар ва пешрафтатар буданд, дар соҳоте зиндагӣ мекарданд, ки дар ҷараёни қарни 19 тавассути бритониёиҳо ба тадриҷ аз Афғонистон замима шуда буданд. То 1992, замони пирӯзии Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги сард, сиёсати паштунҳо ошкоро секулор ва тарафдори Шӯравӣ буд. Онро мешуд дар фаъолиятҳои Ғаффорхон ва ҷунбиши сиёсии Конгрессаш дар Ҳинди Биритониё ошкоро дид, ки баъд аз 1947 худро бо урдугоҳи чапқавмии тарафдори Шӯравӣ дар Покистон пайваста буд. Ин раванд бо инқилоби марксистии пас аз 1978 дар Афғонистон ба авҷи худ расид.
Магар ин характери секулари чапгароӣ фақат як рӯкаш буд. Соли 1992 баъд аз пирӯзии Амрико дар ҷанги ҷаҳонии сард дар пайи ҷиҳоди СиАйЭй, рӯкаши "натсионализми паштун" ё паштунизм фурӯ уфтод ва моҳияти қабилаии хому шарири он, аммо оганда ба таассуби исломӣ, ки аз сӯи Ғарб тамвили молӣ мешуд, комилан рӯ зад. Дар ин сармоягузорӣ ниёбатии калидии минтақаии Ғарб - ҳукумати ҳиндии Покистон - тобеъи сарсупурдаи ин пружа буд.
Ба ҳамин минвол, нусхаи толибонии паштунизми сиёсӣ дар авохири 1994 ба вуҷуд омад ва аз ин рӯ, шурӯъ ба бозӣ кардани нақше кард, ки ба сурати идеалӣ муносиби худаш буд, нақши сарнайзаи муздур барои ҷоҳталабиҳои империалистии Инглису Амрико дар ин соҳа алайҳи Русия, ки тавассути ниёбатиҳои покистонии онҳо идора мешуд. Магар ба хотири моҳияти ғайриқобили таҳаммули он, ин тартиб наметавонист бидуни ин ки аворизи ҷонибии музири он ба зудӣ ошкор гардад, давом биоварад ва 9/11 дар 2001 иттифоқ афтид. Бист соли баъдии ишғоли муҷозотии Афғонистон аз сӯи артишҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО паштунизми секуларро дар Кобул дар шакли як арӯсаки ғарбӣ эҳё кард, магар баъд аз ин ки Амрикои мағлуб дар августи 2021 аз Афғонистон фирор кард, Толибон "2.0" баргашт ва ҳанӯз ҳам дар Афғонистон вуҷуд дорад. Характери ислом бамаротиб бештар барои моҳияти воқеии бадавӣ ва қабилавии паштунизм ва фарҳанги он сидқ мекунад.
Ин ки паштунизм ба худии худ як мавқеияти нопойдору беназм аст, чун тобеъи ҳомӣ буда, дар як муҳити касиф, ҷиноӣ ва мухарриб рушд кардааст. Ин мавқеият иҷоза намедиҳад, ки он (паштунизм) ба унвони асоси ҳар навъ низоми сиёсӣ ё баёни фарҳангии босубот ё муфид, давом ёбад. Дар ин маврид мо бояд ба воқеияти айнӣ, маҳз ин ки Эрон ва сарзаминҳои эронӣ дар гузашта чигуна буданд, нигоҳ кунем, ва на аз як диди соддалавҳонаи ҷаълӣ, ноогоҳона ва паштунистҳои модерн.
Дар кул, тақрибан як ҳазор сол қабл, хилқати соробониҳои бостонии сакоӣ-портӣ барои як бори дигар таҳти нуфузи туркҳои Ғазнавӣ тағйир кард то ба "қайсӣ" табдил шавад ва баъд аз он, моҷароҷӯиҳои шоҳашоҳии ҷонишинони Ғӯрии онҳо ғилзоиҳоро, ки дар салтанати Деҳлии Ҳинд ба авҷи худ расиданд, аз байн бурд. Баъд, панҷсад соли қабл, Темуриён қайсиҳоро аз назари сиёсӣ истихдом карданд ва онҳоро аз Қандаҳор/Систон-Зобулстон тариқи шимоли Ҳиндукуш ба Кобулистон оварданд – ҷое, ки аз он ҷо бо фитнаҳои бештар онҳо ба шарқ ба дараи Гандҳара/Пешовар савқ ёфтанд. Конфедератсияи қабилаии афғони саробонӣ муваффақ шуда буд, ки ба ҷиноҳи раҳбари паштун - афғон табдил шавад.
Аз сӯи дигар, нахустин ва бадавитарини паштунҳо карлониҳо маҳсуб мешаванд, ки аксаран куҳнишинон буданд -- роҳзаноне, ки ба хотири истиқлоли ваҳшӣ ва қавонини ҷангалиашон машҳур буданд. Онҳо дар мубҳам будани безарар ва мусовотгароии беназм дар қаламрави худ дар Пактиёи Бузург аз замонҳои бисёр аввалияи дардҳои "пактиёнӣ" зиндагӣ кардаанд. Дар ин миён бо дигар ҷамъиятҳои бостонии маҳаллӣ махлут шуданд ва баъдан бо вуруди ҳинду-скифҳо дар қарни аввали қабл аз милод ба ин ҷо сакоиза шуданд. Фақат дар авохири қарни гузашта шароити онҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе тағйир кард.
Паштунизм, агар тадовӣ нашавад, ба унвони як мафҳуми мунҳарифи таърихӣ ҳамчунон ҳама чизро дар “Афғонистон” ва Покистони Ғарбӣ, яъне Эрони Шарқӣ/Хуросон, ё Бохтар ва Гандҳараи бостон пӯсида хоҳад кард. Паштунҳо-афғонҳо ҳамеша ба шакли органик бахше аз он низоми таърихӣ будаанд, магар фақат замоне метавонанд ба шакле зинда бошанд, ки онҳо ҷойгоҳи муносиби худро дар он бидонанд.