Оё ба ростӣ Русия Афғонистонро ба Америка во мегузорад?
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, махсус барои “Сангар”
Як таҳлилгари русӣ ба номи Андрей Серенко, мудири Маркази таҳлилии сиёсатшиносони Русия бо истинод ба дидори ахири Зулмай Халилзод ва сафири Русия дар Амрико дар ёдоште навишта, ки ин дидор бо ҳадафи эҷоди фазои тафоҳум байни Русия ва Амрико сурат гирифта ва эҳтимолан натиҷаи он муомилае байни Русия ва Амерка бар сари Украина ва Афғонистон бошад. Ба ин сурате, ки Русия дар бадали даст кашидани Амрико аз ҳимоят аз Украина, ба Амрико иҷоза диҳад, ки формули сиёсии мавриди назари худро дар Афғонистон амалӣ кунад.
Ин таҳлилгари русӣ ба мавориде аз ҳамкории Амрико ва Русия дар мавриди Афғонистон ишора мекунад ва бовар дорад, ки ба қудрат расидани дубораи Толибон тарҳе буда, ки аз сӯйи амрикоиҳо ва Халилзод рехта шуда ва Русия дар амалӣ шудани он бо Амрико ҳамкорӣ кардааст. Ба бовари ин таҳлилгар, Русия Амрикоро дар гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон ҳамкорӣ кард ва тавофуқнома Доҳа низ ба ҳамкории Русия ҳосил шуд. Ба эътиқоди ин таҳлилгар, дар эҷоди фазои ҳамкорӣ (албатта, ки ҳамкориҳои махфӣ) байни Русия ва Амрико равобити шахсии Халилзод ва Замир Кобулов намояндаи вежаи Русия барои Афғонистон нақш асосӣ доштааст.
Таҳлили фавқ чӣ қадар метавонад ба воқеият наздик бошад? Посух ба ин пурсиш ниёзманди доштани иттилооти маҳрами истихборотӣ аст. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки худи ҳамин таҳлил бароянди як зеҳни таҳлилии истихборотӣ бошад ва бо ҳадафи зеҳниятсозӣ дар як ҷиҳати хос ироа шуда бошад. Аммо ин таҳлил комилан орӣ аз ҳақиқат ҳам нест. Ба вежа, он гоҳ ки нигоҳе ба дидгоҳҳои толибонии Замир Кобулов намояндаи вежаи Русия барои Афғонистон дошта бошем. Оқои Кобулов ҳамвора дидгоҳеро дар мавриди Афғонистон ва Толибон матраҳ карда ва ё мавриди таъйид қарор дода, ки шабоҳати зиёде бо дидгоҳҳои амрикоиҳо ва шахси Халилзод дорад.
Бархе аз таҳлилгарони масоили Русия ба ин боваранд, ки Кобулов бахше аз як ҳалқаи неруманди ғарбгаро дар дастгоҳи дипломатияи Русия аст. Ҳалқае, ки равобит ё гароишҳои пинҳон бо Ғарбу Амрико доранд. Албатта, ки ин ҳалқа то ҳудуде шинохта шудааст ва ҳалақоти тасмимгирандаи аслӣ дар Маскав, ки аз афроди наздик ба Путин ҳастанд, мутаваҷҷеҳи рафтори ҳалқаи ғарбгаро аст ва то ҳудуде сиёсатҳои Маскав бо дарки ҳамин воқеият танзим мешавад, ки як ҳалқаи ғарбгаро дар дастгоҳи дипломатии Русия вуҷуд дорад, ки канор задан ва мунзавӣ кардани он ниёзманди замон аст. Яъне, ин гуна нест, ки дидгоҳи Кобулов ва ҳалқаи ғарбгарои дастгоҳи дипломатии Русия ҳарфи аслӣ ва ниҳоӣ бошад. Ба эътиқоди русияшиносон бо оғози ҷанги Украина ҳалақоти наздик ба ғарб дар Русия мунзавӣ шуда ва Путин барномаи вежае барои канор задани онон аз маҳофили тасмимгирӣ ва барномарезӣ дорад.
Нуктаи қобили ёдоварии дигар дар бораи Кобулов ин аст, ки гуфта мешавад, вай мутамоил ба дидгоҳҳои зиддитоҷикӣ аст ва ба истилоҳ, миёнаи хубе бо тоҷикҳо надорад. Далоили ин амр ҳарчи бошад, яке аз он метавонад таъсирпазирии ӯ аз дидгоҳҳои Халилзод бошад. Халилзод як паштунисти мутаассиб аст ва шаке нест, ки ӯ аз тариқи нуфуз дар дастгоҳи дипломатии Русия зеҳнияти паштунистӣ ва зиддитоҷикии худро ба онон талқин карда бошад.
Аммо бо дурустпиндории фарзияи “ҳамкории Русия ва Амрико дар мавриди Афғонистон” ва қавӣ пиндоштани ин эҳтимол, ки Русия дар азои Украина Афғонистонро ба Амрико вогузар мекунад ва ба истилоҳ иҷоза медиҳад, ки сенарияи амрикоӣ дар Афғонистон амалӣ шавад, ин пурсиш ба миён меояд, ки сенарияи амрикоӣ барои Афғонистон чист? Аммо ин пурсиш наметавонад ба маънои иғфол аз пурсиши дигаре дар мавриди пойдории сиёсати “вогузарии Афғонистон ба Амрико аз ҷониби Русия” бошад. Оё Русия барои як муддати тӯлонӣ аз майдони Афғонистон канор мекашад ё ин ба ин қазия минҳайси як тактики ҷангӣ нигоҳ мекунад?
Пеш аз пардохтан ба сенарияи амрикоӣ ёдоварии нукоте зарурист, ки ба унвони нишонаҳое аз ҳамкории Амрико ва Толибон талаққӣ мешаванд. Нишонаҳои зиёде аз тамоюли Амрико ба ҳамкорӣ бо Толибон вуҷуд дорад, ки дар зер ба чанд мавриди умда ишора мешавад.
Толибон гурӯҳе аст, ки тавассути Покистон эҷод шуд ва дар тарҳ ва амалисозии проекте ба номи Толибон, Покистон ҳамкорӣ ва ҳимояти Инглису Ғарбро бо худ дошт. Дарвоқеъ, Толибон бахше аз абзори сиёсати тавсеаи Покистон ва Ғарб аст. Албатта, медонем, ки равобити Ғарбу Покистон печидагӣ ва пойдории хосе дорад ва дар Покистон ин боварии пазируфташуда вуҷуд дорад, ки кишваре ба ба номи Покистон бидуни ҳимоят ва ҳамкории Ғарб вуҷуд нахоҳад дошт.
Си Аӣ Эй (CIA), Созмони истихбороти низомии Покистон, минҳайси шӯъбаи осиёии Си Ай Эй амал мекунад. Байни ин ду созмони махуфи истихборотӣ робитаи танготанге вуҷуд дорад ва иттилоотро байни ҳам табодула мекунанд. Покистон ба ғарбиҳо кӯмак мекунад, ки аҳдофи тавсеаталабонаи худро дар минтақаи мо думбол кунанд ва ғарбиҳо низ Покистонро кӯмак мекунанд, ки аҳдофи тавсеаталабонаи худро думбол кунанд. Толибон дар ҷиҳати пешбурди ҳамин ҳамкориҳои муштарак зуҳур кард.
Дар бист соли ҳузури Амрико ва НАТО дар Афғонистон низ ҳарчанд ҳадафи ҳузури Амрико дар Афғонистон нобудии Толибон унвон мешуд, аммо ин ҳадаф таҳаққуқ пайдо накард ва таҳаққуқ пайдо накардани он натиҷаи заъфи Амрико ва тавонмандии Толибон набуд, балки натиҷаи сиёсате буд, ки ҷанг бо Толибонро ҳамчун пӯшише барои барномаҳои пинҳони Ғарб дар Афғонистон дар назар мегирифт.
Яъне, ҳарчанд эълом мешуд, ки ҳадафи мо дар Афғонистон ҷанг бо Толибон аст, аммо аз маҷмӯъи зарфияти азими ҷангии НАТО ва Амрико даҳ дарсади он низ сарфи ҷанг бо Толибон намешуд. Фақат баъзе амалиётҳои вежаи барномарезишуда ва гузинишӣ бо ҳадафи аз байн бурдани теъдоде аз аносири зидди покистонӣ ва зидди ғарбӣ дар суфуфи Толибон анҷом мешуд.
Амрико ва Покистон дар табонӣ бо ҳуккоми толибпарвари идораи Кобул (Карзай ва Ғанӣ) як ҷанги намоишӣ ва фиребкорона бо Толибонро пеш бурданд ва дар хафо корҳои дигаре анҷом доданд. Дар ниҳоят «устухонҳои пӯсида» - и Толибонро аз зери хок берун карда ва онро ба ҳайси гурӯҳе, ки бояд масъулияти таслимгирии қудратро бар асоси як дидгоҳи қавмии дохилӣ ва як дидгоҳи ошубгарона ва тавсеаталабонаи хориҷӣ ба ӯҳда бигирад, матраҳ карда ва бо он мувофиқатнома имзо карданд.
Ба иборати дигар, метавон гуфт, ки асосан байни Амрико ва Толибон аз ҳамон оғози таъсиси Толибон то кунун робитаи хасмона вуҷуд надоштааст ва ҷанг Амрико бо Толибон дар соли 2001, ҳатто агар нагӯем, ки як ҷанги сохтагӣ ва барномарезишуда ба ҳадафи таҳаққуқи аҳдофи дигаре буда, метавонем ба сароҳат бигӯем, ки ин ҷанг аз рӯйи ногузирӣ буд. Агар Толибон Усома бинни Лодан, раҳбари Ал-қоидаро ба дархости Амрико аз Афғонистон ихроҷ мекард, Амрико бо Толибон вориди ҷанг намешуд ва, балки вориди як робитаи амиқи роҳбурдӣ дар ҳудуди як сол ахир, ки Толибон дубора ба қудрат баргардонда шуданд низ сиёсати Амрико дар қиболи ин гурӯҳ равшан набуда ва байни тамоюл ба таомул ва ҳамкорӣ ва тамоюл ба қатъи робита ва тақобул дар навасон будааст. Албатта, тамоюл ба таомул бештар буда, то ба тақобул.
Шояд саҳнаҳои ҳамкории Амрико ва Толибон дар рӯзҳои нахусти ба қудрат баргаштани Толибон дар Кобул як намунаи эъҷобангези таърихӣ дар робитаи ду неруе бошад, ки зоҳиран душман ҳам буда ва ба истилоҳ, бист сол бо ҳам ҷангиданд. Неруҳои вежаи Амрико дӯшодӯши неруҳои Толибон дар фурудгоҳи Кобул бо ҳам кор мекарданд, то неруҳои ҷомондаи истихборотии Амрико ва аҷирони амрикоиро аз Афғонистон таҳти номи амалиёти наҷот берун намоянд. Ин дар ҳоле буд, ки дар баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Кобул дар деворҳо навишта шуда буд, ки пирӯзии Иморати Исломӣ дар баробари Амрикои мутаҷовиз ва ишғолгар муборак бод! Таърихи Афғонистон ва шояд ҳеҷ кишвари дигаре намоиши ин гуна саҳнаҳои музҳик ва фиребкоронаро шоҳид набудааст.
Амрикоиҳо баъд аз супурдани қудрат ба Толибон ва фирор додани рисиҷумҳури “қулобӣ” эълом карданд, ки бо Толибон дигар робитае надоранд ва пулҳои Афғонистонро низ ба хотири зӯригарии қудрат тавассути Толибон мунҷамид кардаанд, аммо ин худ тарфанде буд барои фиреби афкори умумӣ ва ҳимояти пинҳон аз Толибон.
Амрикоиҳо ба хотире пулҳоро мунҷамид карданд, ки Толибони тоза ба қудрат расида зарфияти масрафи пулро надорад ва агар пул дар ихтиёрашон қарор дода шавад, ҳайфу майл хоҳад шуд. Мисли падаре, ки дар ихтиёри кӯдакаш пули зиёдеро намегузорад! Бояд Толибон ба тадриҷ ин зарфиятро пайдо мекард ва ҳамзамон бо афзоиши зарфияти Толибон дар бахши масрафи пул, пулҳо низ дар бастаҳои кӯчак, тайи фавосили замонии муайян ба ҳисоби Толибон таҳти номи кӯмак ба мардум мунтақил мешуд, ки шуд. Дар ҳар моҳ миқдоре пул аз Амрико ба Кобул мувосилат мекунад, то идораи тозаи кори Толибон по бигирад ва буҳрони молӣ муҷиби суқуташ нагардад. Ниҳодҳои байналмилалии мухталиф ба дикта ва дастури Амрико таҳти номи ҳимоят аз бахшҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон дар Кобул ва вилоёт фаъол монданд ва раванди имдодрасониро бо дарки ин мавзӯъ идома доданд, ки бахши аъзами кӯмакҳои онон ба Толибон тааллуқ мегирад ва муҷиби истеҳкоми низоми ин гурӯҳ мегардад.
Амрикоиҳо ҳарчанд тавре вонамуд карданд/мекунанд, ки аз ҷанг алайҳи Толибон ҳимоят мекунанд, аммо ҳеҷ гоҳ амрикоиҳо вориди ҳамкории ҷиддӣ бо аслитарин ҷараёни ҷанги зидди Толибон, ки Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст, нашуданд. Паёмҳое, ки дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз Амрико фиристода шуд/мешавад, бештар аз ҷониби сенаторони ҳизби ҷумҳурихоҳ ва мақомҳои пешини ҳукумат буд, ки онон нақше дар тасмимгириҳои ҳукумат надоранд. Ба иборати дигар, паёми ҳимоят аз муқовимати зидди Толибон аз маҷории ғайрирасмӣ ирсол мешавад ва паёми ҳимоят аз Толибон аз маҷории расмӣ. Тамоюли давлат ба ҳамкорӣ бо Толибон ба вузӯҳ дида мешавад.
Ниҳодҳои мухталифе, ки асосан шӯъаботи фарҳангӣ ва утоқи фикри созмонҳои истихборотии ғарбӣ ба шумор мераванд, дар таҳлилҳо ва гузоришҳои зоҳиран коршиносона, ба давлати Амрико машвара медиҳанд, ки аз дари таомул бо Толибон ворид шавад, ки ба нафъи Амрико аст. Инҳо дар воқеъ “ҳарф дил” - и Амрико аст, ки аз забони ниҳодҳои зоҳиран академикӣ ва пажӯҳишӣ баён мешавад, то баҳонае ва заминае барои ҳимояти Амрико аз Толибон фароҳам шавад. Чун Амрико ба наҳве пазируфта, ки аз Толибон шикаст хӯрда ва ин зеҳниятро тарвиҷ карда, ки Амрико душмани Толибон ва ифротияти мазҳабӣ аст, ҳоло наметавонад бидуни муқаддима ва баҳона дубора бо ин гурӯҳ ҳамкории расмӣ кунад.
Амрикоиҳо баъд аз хурӯҷ аз Афғонистон ба ҷои ин ки ба сурати ҷиддӣ Ҷабҳаи муқовамати миллии зидди Толибонро ҳимоят кунанд, як силсила ҳаракатҳои низомӣ ва сиёсии дигареро дар зери чатри доияи муқовимат таҳти унвони, масалан, Ҷабҳаи озодӣ ва Шӯрои Олии муқовамат барои наҷоти Афғонистон ва... роҳандозӣ карданд, то хатти фосиле бошанд байни Толибон ва ҷабҳаи аслии зидди Толибон, ки ҳамоно Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст. Далели ин кор зиёд мубҳам нест. Амрико намехоҳад, ки вориди як ҷанги воқеӣ бо Толибон шавад. Балки мехоҳад бо истифода аз аҳромҳои фишори низомӣ ва сиёсӣ Толибонро таъдиб кунад ва ин гурӯҳро дар масири таъмини манофеъи Амрико қарор диҳад.
Ҳар гоҳ Толибон тибқи нақшаи амрикоиҳо амал кунанд, ки ин тамоюлро низ доранд, амрикоиҳо низ ба тамоми неруҳои низомӣ ва сиёсии таҳтулҳимояи худ дастури ақибнишинӣ ва мусолеҳаро содир хоҳанд кард. Дар воқеъ амрикоиҳо барои ҳусули итминон аз ин ки ҳама чиз дар ояндаи Афғонистон тибқи муродашон пеш биравад, рӯйи афрод ва ҷараёнҳое сармоягузорӣ мекунанд, ки фикри ҷангӣ бо Толибон надоранд, аммо дар як барномаи ҷангӣ бо Толибон ҳозир ба размоиши низомӣ ва сиёсианд. Ингуна афрод ва ҷараёнҳои сиёсӣ дар Афғонистон дар бист соли ахир зиёд шуданд ва дар воқеъ онон дастпарвардаҳои як сиёсати амрикоиянд. Афрод ва ҷараёнҳое, ки аз назари фикриву ақидатӣ ва роҳбурдӣ кадом тарҳу барномаи мустақилонаи миллӣ, ки битавонад бадили тарҳи толибонӣ бошад, надоранд ва ҳамин фуқдони фикру ақидаи ҷангии зиддитолибонӣ ва адами истиқлолияти фикрӣ боис шуда, ки ҳолати абзорбудагии худро ҳифз кунанд ва ин ҳамон абзоре аст, ки таъмили сиёсати тавсеаталабонаи Ғарбу Покистон ба он ниёз дорад.
Аммо сенарияи амрикоӣ барои Афғонистон чист?
Аз қароин ва шавоҳид чунин бар меояд, ки сенарияи амрикоӣ барои Афғонистон ҳамон сенарияи бозии чандгона ва чандбуъдӣ аст. Зерсохти фикрии ин сенарияро ин идея ташкил медиҳад, ки Афғонистон минҳайси як куллияти воҳид ҳифз шавад, аммо майдони ҷанг боқӣ бимонад. Яъне, идеяи аслии Амрико барои Афғонистон идеяи тадовуми ҷанг аст. Тадовуми ҷанге, ки мунҷар ба як файсалаи ниҳоӣ нагардад. Ҷанги файсалакун сурат нагирад. Амрико Афғонистонро мехоҳад, аммо барои ҷанг.
Ҷанги файсалакун ба ин маъност, ки тарафайни аслии ҷанг мушаххас шавад, тарафайни аслии ҷанг аҳдоф ва роҳбурдҳои аслии худро эълом кунанд ва аз истиқлолияти комил барои ҷиҳатдиҳии натоиҷи ҷанг бархӯрдор бошанд. Ҷанги Афғонистон дар чиҳил соли ахир чунин хосиятеро надоштааст. Ҳеҷ гоҳе дар ҳамин чиҳил сол ба тарафайни ҷанг иҷоза дода нашуда, ки натоиҷи ҷанг дар ҷиҳате қарор диҳанд, ки мунҷар ба хатм ҳамешагии ҷанг шавад. Як далелаш ҳам ин аст, ки Амрико чунин ҷангеро намехоҳад. Амрико дар ҳамин чиҳил соли ҷанг Афғонистонро дар контрол доштааст. Амрико як ҷанги контролшударо мехоҳад.
Амрико худро дар ҷойгоҳе қарор медиҳад, ки битавонад ба Афғонистон ҳамчун деге нигоҳ кунад, ки ба Амрико ғизо пӯхта кунад. Яъне маҳори оташи ҷанг дасти Амрико бошад. Амрико битавонад таъйин кунад, ки ҷанг дар чӣ сатҳ ва паймонае сурат гирад ва сулҳ чӣ замоне рӯйи даст гирифта шавад. Дуруст мисли касе, ки дараҷаи ҳарорати як деги ғизоро танзим мекунад. Набояд оташ ба андозае зиёд шавад, ки ё ғизо бисӯзад ё дег мунфаҷир шавад. Мунфаҷир шудани дег дар ин ҷо ба маънои таҷзияи Афғонистон дар натиҷаи ҷанги қавмӣ талаққӣ шуда метавонад. Як натиҷаи ҷанги давомдори қавмӣ метавонад, ки таҷзияи Афғонистон ба ду ё чанд кишвари кӯчактар бошад. Аммо ин натиҷа ба маънои мунфаҷир шудани дег аст. Деге, ки Амрико намехоҳад мунфаҷир шавад.
Ҳифзи куллияти Афғонистон минҳайси як воҳиди ҷуғрофиёӣ бо арозии сарзаминии кунуниаш хостаест, ки паштунҳо бештар аз дигарон худро мудофеъи сар ба кафи он медонанд ва ҷалби ҳимояти кишварҳои мухталиф бо ҳамин тавҷеҳ сурат мегирад ва албатта, ки сурати машрӯъ ва муқаддас ба худ мегирад. Ин дар ҳолест, ки дар воқеияти амр, ваҳдати ҷуғрофиёии Афғонистон беш аз ҳама дар натиҷаи тафаккури қавмии паштунҳо мутазаррир шудааст. Паштунҳо мепиндоранд, ки барои ҳифзи ваҳдати Афғонистон бояд ҳар дасти кӯмакеро фишурд. Ё дар воқеъ паштунҳо муддаӣ мешаванд, ки барои ҳифзи ваҳдати кишвар ногузир аз ҷалби кӯмаки кишварҳои мухталиф ҳастанд. Ин иддао метавонад нодуруст бошад, аммо ба муддаӣ сибғаи ватандӯстӣ ва қадосат медиҳад. Ин нуктаест, ки ғарбиҳо онро ба диққат зери назар доранд ва аз ҳамин зовия вориди қазоёи Афғонистон мешаванд. Онон дар ҳоле, ки медонанд идеяи паштунистии ҳокимият омили асосии давоми ҷанг дар ин ҷуғрофия аст, аммо таҳти пӯшиши дигаре аз он ҳимоят мекунанд ва исми онро мегузоранд ҳимоят аз неруҳои миллӣ ва ватандӯст!
Дар бист соли гузашта Амрико дар Афғонистон сиёсати мубҳам ва чандпаҳлуро амалӣ кард. Дар ҳамин муддат аз як тараф давлати расмии Афғонистонро ҳимоят кард, аммо дар сӯи дигар бо мудирияти ҷанг алайҳи Толибон тавре барномарезӣ кард, ки Толибон минҳайси неруи шарр дар достони ҷанг Афғонистон аз байн наравад. Ҷанг ҳамеша байн ду неруи хайру шарр сурат мегирад ва нобудии яке аз неруҳо мунҷар ба хатми достони ҷанг мегардад. Амрико, ки идеяи тадовуми ҷанг дар ҷуғрофияи Афғонистонро дорад, нахост ки Толибон нобуд шавад. Чун бо нобудии Толибон ҷанг аз байн мерафт. Албатта, ки дар нобуд нашудани Толибон Покистон ва ҳукумати Афғонистон ҳам ба далоиле ҳамкорӣ карданд.
Зуҳури чеҳраи хунсо ва бекорае ҳамчун доктар Абдуллоҳ дар майдони сиёсати Афғонистон дар воқеъ бароянди сиёсати ҷангталбонаи Амрико буд. Бояд шахсе мисли Абдуллоҳ вуҷуд медошт, ки дар нақши оппозитсиони ҳамкори ҳукумат кор мекард. Набояд неруҳои мухолифи ҳукумат дар меҳвари як шахсияти сиёсии мустақилолрой ва ботааҳҳуд ва бобарнома ҷамъ мешуданд. Неруҳои мухолиф бояд даври касе ҷамъ мешуданд, ки ӯ худ дар ниҳон ҳукуматӣ буд ва тибқи барномаи аз қабл таъйинншуда кор мекард. Дар ҳавзаи сиёсат Амрико бист соли тамом чунин бозӣ кард.
Албатта, иқомати ҷомеа ва фарҳанги сиёсии Афғонистон дар рехтани як тарҳи ҷадиди сиёсӣ ва берун шудан аз чолҳое, ки Амрико ва дигарон эҷод карданд/мекунанд, боби баҳси тафисилии дигаре аст, ки дар ин ҷо маҷоли пардохтан ба он нест.
Ҳоло низ вақте ба рӯйкардҳои амрикоиҳо нигариста шавад, дида мешавад, ки онон дар садади такрори сенарияи 2001 ҳастанд. Бо ин тафовут, ки ин бор Толибон дар раъси умур бошанд ва неруҳои сиёсӣ-қавмӣ бо гароиши толибонӣ ва иддае аз неруҳои фоқиди фикру иродаи мустақили сиёсӣ, аммо ба унвони шахсиятҳои мустақили сиёсӣ ва қавмии шинохташуда низ дар нақшҳои намодин кор кунанд, то зоҳири фароқавмӣ ва мушорикатӣ ба ҳокимияти толибонӣ дода шавад.
Амрикоиҳо ин рӯйкарди худро тавре тавҷеҳ мекунанд, ки гӯё аз тариқи таомул ва на тақобул бо Толибон метавонанд ин гурӯҳро водор ба пазириши як силсила усули пазируфташудаи миллӣ ва байналмилалӣ намоянд. Ҳатто аз ин мақула истифода мешавад, ки “барои зарба задан ба душман бояд ба он наздик бошед”. Аммо дар воқеъ инҳо ҳама ҷиҳати фиреби афкори умумӣ аст. Амрикоиҳо дар Афғонистон ба ҳеҷ тааҳҳуде побандӣ надоранд. Онон парвои инро надоранд, ки Толибон чӣ қадар маданӣ мешаванд ва дар пазириши дигарон эҳтимом меварзанд. Барои амрикоиҳо муҳим ин аст, ки барои Толибон як либоси марғуб ва фиребанда дуруст кунанд ва вақте онро ба тани Толибон карданд битавонанд ҳамкории худ бо ин гурӯҳро тавҷеҳ кунанд. Амрикоиҳо ҳеҷ мушкиле бо моҳияти зиддибашарии Толибон ва моҳияти фашистӣ ва ифротии ин гурӯҳ надоранд. Амрикоиҳо дар кулли минтақаи Ховари Миёна дӯст ва муттаҳиди стротежики низомҳои ба шиддат истибдодӣ ва толибонӣ ҳастанд. Дар воқеъ, чунон ки гуфта шуд, Амрико аз асос бо Толибон душманӣ надошта, аммо чун худи ин гурӯҳро душман унвон карда, ҳоло ба тавҷеҳоте ниёз дорад, ки битавонад ҳамкории худро бо он дуруст ҷилва диҳад.
Баъзе аз манобеъ мегӯянд, ки амрикоиҳо масорифи газофи комисиюни тамоси Толибонро пардохт мекунанд. Ин комиссиюн вазифа дорад, ки теъдоде аз аносири қавмӣ ва сиёсиеро, ки дар ҳукуматҳои қаблӣ кор мекарданд, бо пардохти ҳазинаҳои газоф ба Кобул баргардонанд. То кунун теъдоде аз ҳамчун ашхос ба кишвар баргаштаанд. Ин талоше аст барои сафеднамоии Толибон.
Албатта, огоҳони умур дар Афғонистон медонанд, ки афроди баргашткунанда аз қабл низ толиб буда ва мушкиле бо Толибон надоштаанд, аммо чун сенарияи аслӣ “зоҳирсозӣ” аст, аҳамияте ба воқеияти айнӣ мисле, ки дар ақиби завоҳири амр нуҳуфтааст, дода намешавад. Барои ин ки гуфта шавад, ҳама чиз ба ҳолати одӣ баргаштааст. Толиб ислоҳ шуда ва дигаронро мепазирад ва омодаи аъмоли тағйироти мутаваққеъа аст. Ин марҳалаи муқаддамотии сенария аст.
Сипас “Луи ҷирга” баргузор мешавад, ки афроди баргашткунанда дар он “ҳузури физикӣ”-и пурранг хоҳанд дошт, аммо барномаи аслиро Толибон ба машвараи Покистон ва Амрико таъйин хоҳанд кард ва файсалаҳое сурат хоҳад гирифт, ки бунёди машрӯъияти дохилӣ ва сипас байналмилалии Толибон талаққӣ хоҳад шуд. Ин сенария ба ҳамкории Карзайу Абдуллоҳ ва Ғанӣ (муҳраҳои амрикоӣ) амалӣ мегардад. Бо амалӣ шудани ин сенария ҳолу ҳавои сиёсии соли 2001 иъода мегардад. Як ҳукумати амрикоӣ-покистонӣ дар Кобул рӯйи кор мешавад, ки масъулони он ба ҷои галстук дастор доранд. Афкору ақоид ва барномаҳо ҳамон аст, ки аз соли 2001 то кунун думбол шудааст.
Амрикоиҳо бо ин сенария мехоҳанд вонамуд кунанд, ки дар садади эҷоди сулҳу субот ва оромиш дар Афғонистон ҳастанд. Бо ин кор аз як тараф гӯё ба масъулияти байналмилалии худ дар қиболи Афғонистон амал мекунанд ва муддаӣ мешаванд, ки тавонистем Афғонистонро ба сулҳу оромиш бирасонем, аз тарафи дигар, аммо бо ҷобаҷоии аносир ва муҳраҳои вафодор ба худ, масири ҳаракати як ҳокимияти толибонӣ ба нафъи хешро мудирият карда ва интизор доранд, ки дар оянда битавонанд комилан як ҳукумати толибӣ, аммо амрикоӣ мисли Аморату Қатар ва ... дар Кобул дошта бошанд. Ҳукумате, ки муҷрии тарҳҳои тавсеатолбонаи Амрико дар минтақа бошад. Ин сенария дарвоқеъ тозагӣ надорад. Ҷобаҷоии ҳокимони Арги Кобул дар ин барнома андаке вақфа эҷод кард.
Интизор мерафт, ки Русияву Чин баъд аз хурӯҷи Амрико майдони Афғонистонро пур кунанд, аммо ба далоиле ин кор нашуд. Русия масруфи ҷанги Украина шуд, ки ин ҷанг Русияро мутамоил ба эҷоди оромиш дар Афғонистон кард. Оромиш шояд ба ҳар қимате! Ҳатто ба қимати иҷоза додани Амрико барои баргашт ба Афғонистон ҷиҳати пешбурди ҷангҳои ниёбатӣ дар Осиёи Миёна! Шояд русҳо назди худ чунин муҳосиба карда бошанд, ки ин барномаи Амрико дар Афғонистон замонгир аст ва то он замон Русия шояд, ки аз ҷанги Украина фориғ шавад ва битавонад тарҳе барои ҷилавгирӣ аз амалӣ шудани нақшаи Амрико дар Осиёи Миёна бирезад.
Он чӣ аммо мусаллам аст, ин ки дар сенарияи амрикоиҳо ояндаи сурхе барои Осиёи Миёна дар назар гирифта шуда ва ин чизе нест, ки Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна нисбат ба он бетафовутии давомдор иттихоз кунанд.
Чунонки шоҳид ҳастем, Афғонистон имрӯз ба маротиб бештар аз соли 2001 лонаи терроризм шудааст. Дар воқеъ дар зери чатри ҳузури Амрико ва НАТО Афғонистон ба конуни фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ мубаддал шуд, ки бегумон ин гурӯҳҳо барои ҳамсояҳои Афғонистон дардисарҳои бузурге дуруст хоҳанд кард. Ба андозае, ки имрӯз Эрон, Ҳинд, Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва ҳатто Покистон аз Афғонистон эҳсоси хатар мекунанд, дар Афғонистон таҳти султаи мустақими Ғарб чунин эҳсосе надоштанд. Дар он замон кишварҳои ёдшуда иддао мекарданд, ки эҳсоси хатар мекунанд, аммо ҳоло хатар аз қувва ба феъл дар омадааст. Ин хатар дар воқеъ ба ин маъност, ки Толибон гурӯҳи ношинохтаву хатарноке аст ва ҳар харобкорие алайҳи кишварҳои минтақа ба диктаи кишварҳои дур дар баробари пул анҷом медиҳад.
Аммо як сенарияи хуб барои Афғонистон ин аст, ки мудохилоти кишварҳои қудратманд маътуф ба ҳалли асосии қазиёи Афғонистон бошад. Мушкили асосии Афғонистон қавмӣ аст.
Як ҳокимияти такқавмӣ ба ҳеҷ унвон омили субот буда наметавонад. Кишварҳое, ки думболи субот ҳастанд, бояд ба тағйири сохтор дар Афғонистон барномарезӣ кунанд. Эъломи ин ки Толибон як гурӯҳи бебадил аст ва бояд ҳимоят шавад, ки ҳукуматашон по бигирад ё аз рӯйи нодонӣ аст ё аз рӯйи ғаразварзиву ҳимоят аз давоми ҷанг.
Дуруст аст, ки неруҳои мухолифи Толибон дар як ҳолати парокандагӣ ва сардаргумӣ ба сар мебаранд ва ин амр боис шуда, ки утоқҳои фикр дар Вашингтон, Маскав ва Пекин ба онон ба дидаи ҳақорат бингаранд ва нигоҳи нобоваронае ба онон дошта бошанд, аммо таҷриба нишон дода, ки бо таваҷҷуҳ ба решаҳои амиқи қавмии ҷанг, ҷунбишҳои озодибахши зидди Толибон, ки аз ҷамъияте ва ҷуғрофиёи аксарияти ҷамъият ва ҷуғрофияи ин кишварро ташкил медиҳанд, дер ё зуд густариш пайдо карда ва сармоягузории болои як ҳокимияти қавмӣ-мазҳабии толибониро ба ҳадар медиҳад.
Агар иддае Толибонро бо охундҳои мазҳабии Эрон муқоиса мекунанд, ки ба ҳар ҳол тавонистанд умри як ҳокимияти мазҳабиро болотар аз чиҳил сол бибаранд, онон ҳам дар иштибоҳи муҳосиботии амиқ фурӯ рафтаанд. Толибон ба ҳеҷ унвон як неруи динии бофикр ва боақида нест, ки битавонад асоси як ҳукумати диниро бигузорад. Ҳукумате, ки ҷаҳон ба хотири манофеи худ метавонад чашми худро бар рӯйи номулоиматии он бибандад ва мардум низ бино ба гароишҳои тагнишиншудаи динӣ-мазҳабӣ бо он ба наҳве канор биёянд. Толибон бештар як гурӯҳи қавмӣ аст ва мухолифати қавмӣ бо Толибон мутафовит аз мухолифати фикрии эрониён бо тафаккури динии ҳокимияти мазҳабӣ дар ин кишвар аст. Дар ин боб тааммули амиқ ниёз аст. Мутолеаи бисёр сатҳии таърихи сиёсии сад соли ахири Афғонистон ба вузуҳ хотирнишон месозад, ки ҳокимияти истибдодӣ-қавмӣ дар ин кишвар омили буҳрону бесуботӣ аст ва ин гуна ҳукуматҳо дар маърази таҳдиди ҷиддӣ аз ноҳияи мухолифатҳои дохилӣ қарор доранд.