Хабари рӯз

Чоршанбеи гузашта, 30 март, ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико болои бузургтарин маркази анбори таслиҳоти низомии Толибон* дар Шӯробаки вилояти Ҳилманд ҳамла карданд. Бино ба бархе манобеъ, дар ин ҳамла 30 толиб кушта шуда, анбори Толибон комилан аз байн рафтааст.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ

Баъд аз он ки қароргоҳи “Бостон” - захирагоҳи силоҳу муҳимоти Толибон дар вилояти Ҳилманд аз тарафи амрикоиҳо мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт, ин хабар дар расонаҳои миллӣ ва байналамилалӣ даст ба даст шуд. Суолҳое ҳам ба миён омадаанд: оё Амрико ба Афғонистон дубора бар хоҳад гашт? Оё як бори дигар Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳон қарор хоҳад гирифт ё хайр?

Дар ибтидо бояд гуфт, он чи ки қазияи Афғонистонро як бори дигар ҷаҳонӣ хоҳад сохт, се омил хоҳад буд:

1 - баҳси ДОИШ*:

Гурӯҳи ДОЪИШ, ки дар Ироқ ва бахше аз кишварҳои Ховари Миёна ва умдатан кишварҳои арабӣ эҳё ва ҷаҳонӣ сохта шуд, ки боиси печидагӣ дар авзоъи кишварҳои мухталиф гардида буд ва пас аз иқдомоти ҳамаҷонибаи ҷаҳонӣ ором-ором маҳор гардид ва пайомадҳои манфии он то ҳанӯз афкори ҷаҳонӣ ва мардуми осебдидаро азият мекунад. Гуфта мешавад, ки шохаи ин ҷараён зери номи “Хуросон” аз чанд сол ба ин тараф дар Афғонистон фаъолият мекунад, ки боиси нигаронии огоҳони умури сиёсат ва амният дар дохили Афғонистон ва ҳам таҳдиде бар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хонда мешавад.

2 – Ал-қоида*:

Созмони Ал-қоида як созмони машҳури террористӣ буда, ки дар Афғонистон ва кишварҳои арабӣ ва Ховари Миёна ҳузури фаъол дошта, ҳамалоти машҳури он гурӯҳ дар сафоратхонаҳои Амрико дар Кения ва Танзания дар даҳаи 1990 буда ва ҳамчунон фоҷиабортарин ҳамалоти он дар 11 сентябри 2001 дар Пентагон ва Ню-йорк маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонда шудааст.

Расонаҳои ҷаҳонӣ ва манобеъи истихборотӣ аз ҳузуру фаъолияти ин гурӯҳ пас аз мусаллат шудани дубораи Толибон дар Афғонистон бештар гузориш медиҳанд, ки хатароти ин созмони террористиро нигаронкунанда мехонанд, ки афкори ҷаҳониро бештар аз пеш нигарон сохтааст.

Гарчанд масъулини идораи Толибон ин иддаоҳоро беасос мехонанд ва барои маҳор сохтани ҳар хел таҳдид худро мулзам ва тавонманд медонанд, магар гуфта мешавад, ки Толибон барои ҳифзу ҳузури афроди ДОИШ ва Ал-қоида дар Афғонистон шиносномаи афғонӣ ва барои интишори он дар ҷаҳон гузарномаи афғонӣ медиҳанд, ки боиси нигаронии афкори ҷаҳонӣ шудааст.

3 - Маводи мухаддир ва нақзи ҳуқуқи башар:

Пас аз ба қудрат расидани дубораи Толибон дар қудрат як бори дигар созмонҳои ҷаҳонӣ аз фарогир будани нақзи ҳуқуқи башар, табъизи ошкори иҷтимоӣ, табъизи ҷинсиятӣ, нақзи ҳуқуқи занону духтарон ва мамнуъ сохтани занону духтарон аз таҳсилу кор, террорҳои занҷираӣ, маҳкамаҳои саҳроӣ, нақзи ҳарими хусуси инсонҳо, манъу маҳдуд сохтани озодии баён, фақру бекорӣ, озод гузоштани кишт, тавлид ва тавриди маводи мухаддир, кӯчи иҷбории мардум, фирори дастҷамъонаи мардум аз Афғонистон ба кишварҳои ҷаҳон ва даҳҳо мавориди дигар, ки дар муҳити дохилӣ фоҷиабор хонда мешавад, ки азҳони умумиро ба таври билқувва омодаи ҳар хел иқдомот алайҳи ҳокимияти Толибон сохтааст.

Ба ин асос Ҷовид Қамар Баҷво, раиси ситоди артиши Покистон аз ҳодисаи эҳтимолии шабҳаи 11 сентябр ба ҷаҳон ҳушдор додааст ва Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико низ аз маҷбур хондани бозгашти дубораи неруҳои амрикоӣ ба Афғонистон дар изҳороти худ хотирнишон намуда, ки ин маворид нишондиҳандаи эҳтимоли баргашти Амрико ба Афғонистон аст.

Аммо бомбардумонро, ки амрикоиҳо дар ҳоли ҳозир дар Ҳилманд анҷом додаанд ва ё баъд аз ин дар манотиқи дигар анҷом медиҳанд, иҷолатан ҳадаф аз байни бурдани силоҳ ва муҳимоте аст, ки аз худи амрикоиҳо боқӣ мондааст.

Баъд аз он ки амрикоиҳо силоҳу муҳимоти баҷомондаи худро маҳву нобуд сохтанд, баъдан бо як файсалаи ҷаҳонӣ тасмим хоҳанд гирифт, вале хеле зуд хоҳад буд, ки бигӯем, фардо ё фардоҳои дигар амрикоиҳо як бори дигар ба Афғонистон бар мегарданд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!