Раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон аз эҳтимоли вуқуъи ҷанги сунниву шиа дар кишвараш ҳушдор дод
Нависанда: Қорӣ Аҳмад, хабарнигори Сангар
Вай дар ин хусус зимни эъломияе дар робита ба ҳамлаи интиҳории дирӯз, 19 апрел, ба як мактаби ҳазораҳои шиа дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон таъкид кардааст.
Дар эъломияе, ки дафтари матбуоти ҳизби Ҷамъияти исломӣ нашр кардааст, генерал Атомуҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато, аз ин амали “душманони мардуми Афғонистон дар ин моҳи мубораки Рамазон”, яъне ҳамлаи интиҳорӣ бар макотиб ва омӯзишгоҳҳои аҳли ташайюъ дар Ғарб Кобул, қисмати ҳазоранишини пойтахти Афғонистон, ки “кӯдакон ва навҷавонони бисёреро шаҳид ва захмӣ” ба ҷой гузошт, изҳори таассуф кард.
Вай зимни изҳори ҳамдардӣ ва ғамшарикӣ бо қурбониёни рӯйдоди ғамангези Ғарби Кобул, ин ҳамларо башиддат накӯҳиш карда, гуфтааст, ки мехоҳад бар ҳамбастагии шиаву суннӣ ва тамоми мазоҳибу ақвом дар Афғонистон таъкид кунад.
“Афғонистон кишваре аст, ки аз гузаштаҳои дур корномаи дурахшоне дар ҳавзаи зиндагии мусолиматомези мазоҳиби исломӣ доштааст. Такфириҳое, ки ба ихтилофоти фирқаӣ доман мезананд ва мусулмонкушӣ мекунанд, дарвоқеъ душманони исломият ва инсониятанд ва омили тафриқаву хушунат дар ҷаҳони ислом”, - мегӯяд раҳбари Ҷамъияти исломӣ.
Таъбиру тахминҳо дар бораи ҷанги шиаву суннӣ дар Афғонистон буд. Аммо чаро Устод Ато, як сиёсатмадори матраҳ, ҳодисаи рӯзи гузаштаро аз ин зовия дидааст, яъне ҷанги шиаву суннӣ?
Шиаву суннӣ
Таъкиди Устод Ато бар ихтилофҳои мазҳабӣ ва шиддат гирифтани фаъолияти такфириҳои Афғонистон, ки намунаи беҳтаринаш ДОИШ-и Хуросон аст, беҳуда нест. Ин гуруҳи террористӣ дирӯз, 19 апрел, ду ҳамла бар макотиби шиа ва рӯзи қабл ҳамлаи мушакӣ бар Ӯзбекистон, ду ҳодисаи пурсарусадои ду рӯзи гузаштаро бар дӯш гирифт.
ДОИШ-и Хуросон ба ҳузури ҳазораҳо дар Афғонистон, ки ватани аслии онҳо ба шумор меояд, ба ин далел ки худ аз идеоложии салафӣ – такфирӣ об мехӯрад, ҳамеша ҳассосият нишон медиҳад. Ҳазораҳо аз мазҳаби шиа пайравӣ мекунанд ва ин гуруҳи террористӣ аҳли ин мазҳабро мусалмони асил ҳисоб намекунад.
Чунин назарро як қисмати умдаи гуруҳи Толибон низ доранд, ки ҳарчанд худро ҳанафимазҳаб мехонанд, дар асл аз идеологияи девбандӣ ва салафӣ илҳом мегиранд. Онҳо бар инанд, ки шиаҳо “рофизӣ”, аҳли инкор, ҳастанд. Толибон пас аз расидан ба қудрат мазҳаби ҷаъфарии шиаи ҳазораҳоро, ки дар ҳукуматҳои қаблӣ як гуна расмият ёфта буд, аз ин гуна имтиёзот маҳрум карданд.
Талоши барангехтани ихтилофи сунниву шиа дар Афғонистон борҳо анҷом шуда, аммо ҳеҷ гоҳ дар ин замина ҷанге дар ин кишвар дар нагирифтааст, зеро амалан мардуми бумии Афғонистон дар масоили мазҳабӣ ҳеҷ гоҳ ихтилоф надоштанд ва ҳамлаҳое, ки ба шиаён сурат мегирад, ба бовари огаҳони аҳвол, аслан реша дар ихтилофҳои Арабистони Саудиву Эрон дорад ва фармоишиянд, ки ДОИШи Хуросон ва ҳам Толибон иҷро мекунанд.
Як солу як таърих
Субҳи рӯзи 19 апрел ду ҳамлаи интиҳорӣ дар Дашти Барчӣ, ғарби Кобул, яке ба мактаб ва дигаре, маркази омӯзишии ҳазораҳо, анҷом гирифт, ки дар пайи он беш аз 100 нафар, умдатан мактаббачаҳо, куштаву захмӣ шуданд.
Аммо тайи як соли ахир ин чаҳорумин мавриди пурсарусадои террори ҳазораҳо дар Афғонистон аст. 8 майи соли гузашта як мактаби духтаронаи ҳазораҳо ба номи “Сайид ул-шуҳадо” дар шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки 63 муҳассили духтар кушта, 150 нафари дигар захмӣ шуданд ва ҳамагӣ аз 10 то 18 сол син доштанд.
Пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон се мавриди ҳамлаи интиҳорӣ ба масоҷиди шиаён дар Афғонистон низ иттифоқ афтодааст, ки фақат дар масҷиди Сайидободи шаҳри Кундуз ҳудуди панҷоҳ ва ду ҳамла дар Кандаҳор низ даҳҳо нафари дигарро куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.
Бино ба додаҳои огаҳони ҳазора, дар ду давраи ҳукмронии Толибон дар Афғонистон ҳудуди 100 ҳодисаи хурду бузург, аз қабилу инфиҷору интиҳор ва қатлҳои мухталиф анҷом шудаанд, ки сирфан дар заминаи хусумати мазҳабӣ алайҳи ҳазораҳо иттифоқ афтодаанд.
Аммо таъкиди Устод Ато аз кадом хотир аст?
“Раги ғайрат”
Таҷрибаи Ховари Миёна нишон дод, ки ҳар чӣ бештар шиддат бахшидан ба ҷанг аз он вобаста буд, ки шиаву сунниҳо то куҷо бо ҳамдигар меҷанганд ва якдигарро мекушанд. Кишварҳое ин ихтилофҳоро эҷод ва сарашон сармоягузориҳои зиёд мекунанд, ки Эронро рақиби худ меҳисобанд. Маълум аст, ки ин кишварҳо кадомҳоянд. Дар навбати аввал Арабистони Саудӣ ва Амрико. Инҳо ҳузури шиаҳо дар ҷаҳонро ҳузури Эрон ва ҳар шиаро омили эронӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ин хотир, саркӯби шиа саркӯби Эрон талаққӣ мешавад.
Як далели густариши ақидаи ваҳҳобӣ - салафӣ дар ҷомиаҳои суннимазҳаби олами ислом аз солҳои 1970 -и асри гузашта, қабл аз ҳама Афғонистон, ҳатто кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, низ реша дар ин ихтилофҳои мазҳабӣ дорад. Ғарб ифротиёни олами исломро алайҳи низоми бедини Шӯравӣ эҷод кард ва пас аз Инқилоби исломии Эрон бо иттифоқи Саудӣ салафиҳоро низ ба майдон андохт, то аз густариши нуфузи Эрон ҷилавгирӣ кунад.
Дар Афғонистон низ шиаҳо зиндагӣ мекунанд, ки аксаран ҳазораанд, аммо паштуну тоҷикҳои шиамазҳаб низ ҳузур доранд. Қудратҳое, ки дар ҷангҳои гузашта дар Ховари Миёнаву Афғонистон шикаст хӯрданд ва эҳтимолан дар Украина низ ноком хоҳанд шуд, бо террору қатлҳо мехоҳанд “раги ғайрат” – и шиаҳоро бедор ва дар Афғонистон ҷанги сунниву шиаро ба роҳ андозанд. Ҳамоно ин як талоши ҳифзи ҷанг дар ин кишварест, ки 40 сол ба ин сӯ дар мегирад.
Дар гузашта хеле талош карданд, ки ҷанги шиаву суннӣ эҷод шавад, нашуд. Ҳоло ба чӣ умед бастаанд? Устод Ато, як раҳбар ва сиёсатмадори матраҳ, дар ин бобат чӣ тафсилоту мадорике дар даст дорад? Ин хеле ҷолиб аст...
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст