Хабари рӯз

Ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё, рӯйдодҳое, ки дар 15 август дар иртибот бо тасарруфи Кобул тавассути Толибон* рух дод, ҳам барои шаҳрвандон ва бахше аз нухбагони Афғонистон ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ғофилгиркунанда буд

Муаллифон: Шералӣ РИЗОИЁН, Фаррух САЛИМОВ, Маҳмуд ҒИЁСОВ

Манбаъ: Source: research.kent.ac.uk

Барои таҳлилу арзёбии вазъияти кунунии Афғонистон, чолишҳо ва таҳдидҳои билқувва барои Осиёи Марказӣ, бояд моҳияти дарозмуддати буҳронро дар назар гирифт, вазъияти дохилиро шинохт ва авлавиятҳову манофеъи кишварҳои хориҷии даргирро дарк кард. Фарҳанги сиёсӣ дар Афғонистон бо дар назар гирифтани кашмакашҳои дохили тӯлонӣ ба гунае шакл гирифтааст, ки неруҳои калидӣ ва шахсиятҳои таъсиргузор ғолибан мавзеъи худро тағйир медиҳанд ва ин машрутият ҳам натиҷаи мудохилоти хориҷӣ аст ва ҳам зарурати барпо мондан дар шароити адами қатъият мебошад (ин омил як омили калидӣ дар ҳамлаи Толибон дар моҳи май-августи 2021 буд, замоне, ки вулусволиҳо, вилоёт ва шаҳрҳои бузург, монанди Ҳирот, Мазори Шариф, Қандаҳор, Ҷалолобод ва пойтахт Кобул таслим шуданд). Ҷанбаи хориҷии мавзӯъ мусталзими дарки равшане аз манофеъ ва авлавиятҳои Иёлоти Муттаҳида (дар ҳамоҳангии наздик ва мушорикати мустамар бо Бритониё) аст, ки дар 40 соли гузашта, ба вежа пас аз соли 2001, нақши таъйинкунандае доштааст. Дар марҳалаи баъд, бояд стратегияи қудратҳои минтақаӣ ба вежа Покистон, Эрон ва Русия, Чин ва Ҳиндро дарк кунед.

Ҷанги дохилии тӯлонӣ ва беш аз чиҳилсола нишон медиҳад, ки аз як сӯ, муборизаи неруҳои дохилӣ байни аҳзоби мухталифи сиёсӣ, ҷунбишҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ, низомӣ ва ҷинояткор, афроди алоҳида барои касби қудрат вуҷуд дорад; ва аз сӯи дигар рақобати байни қудратҳои хориҷӣ ва ҳамсоягони бонуфуз. Ҳар дуи ин авомил аз он ҷое, ки абзорҳое барои таъсиргузорӣ бар авзоъи дохилӣ ва сохторҳои байнулмилалӣ доранд, ба унвони шароите барои ҳифзи вазъияти буҳронӣ амал мекунанд. Аз ин рӯ, ҳарсола буҳрон дар ин сарзамини ранҷкашида ташдид мешавад ва раванди дастёбӣ ба сулҳу суботи пойдорро печида мекунад.

Таҷрибаи ҳалли мунозиъаи давлатҳои бесубот нишон медиҳад, ки бидуни ҳамзамонии манофеъи гурӯҳҳои нухбаи дохилӣ ва бозигарони калидии байналамилалӣ, дастёбӣ ба сулҳу субот ғайримумкин аст. Дар дарозмуддат, бидуни чунин "ваҳдат"-и авомили дохилӣ ва хориҷӣ, субот дар Афғонистон баъид аст. Ҷанбаи равонии масъала дар ин аст, ки чандин насл аз афғонҳо дар шароити ҷангу бесуботӣ бузург шудаанд ва бархе аз онҳо ба зиндагӣ дар чунин муҳите «одат» кардаанд. Бозгашти онҳо ба зиндагии орому одӣ ниёзманди талоши зиёде аст. Ин шароит дар умум ба ин воқеият овардаанд, ки Афғонистон ба арсаи рӯёрӯии байни қудратҳои бузург ва бозигарони минтақаӣ табдил шудааст.

Алорағми вазъияти нопойдори кишвар ва номушаххас будани ояндаи он, қудратҳои калидӣ, бозигарони минтақа ва кишварҳои ҳамсоя бо дар назар гирифтани ҳама ҷавониби мавзӯъ ва заминаҳои билқувваи мутақобил, шурӯъ ба тадвини стратегияашон барои равобити худ бо давлати ин кишвар карданд. Давлати кунунии Афғонистон (ҳамон тур, ки намояндагони Толибон хотирнишон карданд: ҳукумати фарогир дар қолаби Иморати исломӣ) барои касби машрӯъият ва ваҷҳаи сиёсии лозим дар арсаи байналмилалӣ маҷбур ба ташкили сиёсати хориҷии худ ва эҷоди равобит бо қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақаӣ ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд.

Бадеҳӣ аст, ки пас аз вақоеъи 15 август, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, ин масъала пеши рӯи раҳбарии Толибон қарор гирифт: ба расмият шинохтани машрӯъияти онҳо тавассути неруҳои дохилӣ (1) ва ҷомеаи ҷаҳонӣ (2). Ҳамон тур, ки ҳикмати шарқӣ мегӯяд: шумо метавонед қудратро ба зӯр ба даст оваред, аммо барои ҳифзи он ба маҳоратҳои дигаре ниёз доред.

Толибон барои инки худро ба унвони як нерӯи мутамаддин ба намоиш гузоранд, бояд нишон диҳанд, ки тағйир кардаанд (1), метавонанд тамоми муоҳидот ва мувофиқатномаҳои байнидавлатиро, ки қаблан имзо шудаанд иҷро кунанд (2), метавонанд посухгӯии давлат дар баробари сохторҳои байналмилалиро таъмин кунанд (3), ба ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсонӣ, ба вежа риояти ҳуқуқи занон ва ҳаққи таҳсили духтарон эҳтиром бигузоранд ва онҳоро риоят кунанд (4), барои давлатҳои калидӣ ва кишварҳои ҳамсоя маншаъи таҳдид ва чолиш нахоҳанд буд (5): Толибон бояд масъалаи Ал-қоида* (ки Амрико ва муттаҳидонашро таҳдид мекунад), ДОИШ* (мумкин аст бо онҳо рақобат кунад), Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Ансоруллоҳ* ва дигаронро (ки Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд) дар хоки Афғонистон ҳал кунанд.

Имрӯз се сенария дар мавриди сарнавишти ҷангҷуёни хориҷӣ вуҷуд дорад:

1) онҳо дар неруҳои вежаи Толибон гунҷонда шуда ва ба онҳо хидмат хоҳанд кард (аз миёни онҳо метавонанд идеологитарин гурӯҳеро, монанди Cипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон барои ҳифозат аз дастовардҳои ҷадиди худ эҷод кунанд).

2) барои онҳо як роҳрав барои нақли макон ба кишварҳои дигар фароҳам кунанд (ин сенарияи эҳтимолӣ мустаҳиққи баррасии ҷудогона аст).

3) онҳоро халъи силоҳ хоҳанд кард (мумкин аст маҷбур кунанд) ва ба онҳо фурсати зиндагии ғайринизомӣ дар Афғонистонро медиҳанд (дар солҳои иқомат дар ин кишвар бархе аз аъзои ин гурӯҳҳо ташкили хонавода додаанд).

Бо таваҷҷуҳ ба мавориди фавқ ва ҳамчунин бо дар назар гирифтани таҷрибаи таърихии Афғонистон ва сиёсатҳои кишварҳои зидахл, таҳлиле аз чашмандози тавсеаи рӯйдодҳо дар пасзаминаи ба қудрат расидани Толибон анҷом ва сиёсати кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар қиболи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва чолишҳову таҳдидҳои хурӯҷии воқеӣ ва билқувва аз ин кишвар шиносоӣ хоҳад шуд.

 

ТАҲЛИЛИ МАСЪАЛА

  1. Таҳлили гузаштанигари таҳаввулоти Афғонистон

Таҳлили вазъияти Афғонистон ва пешбинии равандҳои оянда дар ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба тӯли муддат ва шиддати низоъ, ба мо иҷоза намедиҳад, ки чашмандози тавсеаи рӯйдодҳоро дақиқан мушаххас кунем. Ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё, рӯйдодҳое, ки дар 15 август дар иртибот бо тасарруфи Кобул тавассути Толибон рух дод, ҳам барои шаҳрвандон ва бахше аз нухбагони Афғонистон ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ғофилгиркунанда буд. Бадеҳӣ аст, ки раҳбарии олии сиёсии кишвар ба раёсати Ашраф Ғанӣ ва ҳалқаи наздикаш медонистанд, ки чӣ иттифоқе хоҳад афтод ва ҳар кореро анҷом доданд, то заминаи интиқоли қудрат ба Толибон фароҳам шавад. Ин натиҷагирӣ бо иқдом/адами иқдоми онҳо барои контроли авзоъ ва талош барои эҷоди сиёсатҳои лозим дар се моҳи гузашта қабл аз тасарруфи Кобул таъйид мешавад. Бо дар назар гирифтани таҷрибаи таърихии мавҷуд (бисёре аз рӯйдодҳо бо бархе тағйирот такрори сарнавишти ҳукумати коммунистии Афғонистон аст) ва савобиқи дигар даргириҳои мушобеҳ, тақрибан метавон равандҳои билқувваеро, ки мумкин аст дар Афғонистон рух диҳад, пешбинӣ кард. Ҳоло ба таври хулоса чашмандози тавсеаи авзоъро аз назари сиёсиву низомӣ ва ҳамчунин аз назари амниятӣ баррасӣ мекунем.

 

Арзёбии вазъияти сиёсии Афғонистон

Вазъияти сиёсии Афғонистон ба шиддат осебпазиру ғайриқобили пешбинӣ аст ва ба авомили зер бастагӣ дорад:

Аввалан, заъфи давлати марказӣ ва тарди он тавассути бахши бузурге аз ҷомеа.

Интихоботи раёсатиҷумҳурии гузашта дар соли 2019, бо мушорикати тақрибан 10-дарсадӣ дар интихобот, адами машрӯъияти сиёсии давлатро дар назди шаҳрвандон ба намоиш гузошт. Пирӯзии Толибон ин тезисро таъйид мекунад, ки ҳеҷ як аз шаҳрвандон, раҳбарони низомӣ ва сиёсӣ намехостанд ҷони худро барои як ҳукумати фосид бидиҳанд.

Дувум, сиёсати муғризонаи қавмӣ ва инҳисории идораи раёсатиҷумҳурӣ.

Ба ҳамин муносибат даҳҳо мақолаи таҳлилӣ, матолиб, мусоҳиба ва... тавассути коршиносон ва аҳзоби сиёсии Афғонистон навишта шудааст. Заъфи давлат ба сиёсатҳои ғайриҳирфаӣ ва инҳисории раёсатиҷумҳурӣ, ба вежа се узви аршади калидӣ, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ нисбат дода мешавад. Ин гурӯҳ бидуни дар назар гирифтани воқеиятҳои Афғонистон, ба ташдиди шароити буҳронӣ дар ин кишвар кӯмак карда ва боиси эҷоди эҳсоси беэътимодӣ дар байни сиёсатмадорон ва раҳбарони соири ақвом шуда ва ё ба таври ҳадафманд чунин сиёсатеро дар пеш гирифтааст.

Солисан, сатҳи болои фасод ва табдили он ба фарҳанги тӯдаӣ.

Афғонистон дар ин арса як "пешрави" ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва ин мавқеият натиҷаи чиҳил соли низоъ ва соири авомили таърихии тасбитшуда дар ин кишвар аст.

Чаҳорум, вазоратхонаҳо ва идороти «бидуни вазир» ва мудирияти онҳо тавассути мутасаддиён.

Дар ин росто таваҷҷуҳ ба ин нукта ҳоизи аҳамият аст, ки дар панҷ соли ҳукумати ваҳдати миллӣ беш аз 110 вазир таъйин ва аз симатҳои худ барканор шуданд ва бархе аз вазоратхонаҳову идораҳо барои муддати тӯлонӣ тавассути мутасаддиён (сарпарастон) идора мешуданд. Ин вазъият то охирин лаҳза, ки Ашраф Ғанӣ дар қудрат буд, идома дошт. Мисол: Ашраф Ғанӣ, домоди бародарашро ба ҳайси раиси Банки миллии Афғонистон мансуб кард. Пас аз нокомӣ дар гирифтани мувофиқати парлумон, ба унвони мутасаддӣ ба фаъолияти худ идома дод.

Панҷум, адами эътимод байни раҳбарони сиёсии бонуфуз ва аҳзоб.

Ба далоили таърихӣ ва фарҳанги сиёсии мунҳасир ба фард нухбагони Афғонистон, байни нухбагони сиёсӣ ва қудратмандон беэътимодӣ вуҷуд дорад. Ба таври суннатӣ, раҳбарон ва гурӯҳҳои сиёсии бонуфуз дар замони интихобот ё ташдиди авзоъ бар асоси шароити феълӣ, мавозеъи сиёсии худро тағйир медиҳанд. Ба ин тартиб, бисёре аз мақомоти давлатии собиқ ва ҳомиёни аҳзобу ҷунбишҳои зиддитолибонӣ имрӯз тағйири мавзеъ дода ва ба Толибон пайвастаанд. Ба унвони намуна, сенатори собиқ Муҳаммад Осиф Азимӣ, намояндаи Самангон, ки ба Толибон пайваст ва нақши асосӣ дар таслими шаҳри Айбак, маркази вилояти Самангон, дар 9 августи 2021 дошт. Таслим ё илҳоқи Бобур Эшчӣ, раиси Шӯрои вилояти Ҷузҷон ва неруҳояш ба Толибон низ нақши муҳимме дар тасарруфи маркази вилояти Шибирғон дошт. Таслими шаҳрҳои бузург, монанди Ҳирот, Қандаҳор, Мазори Шариф, Ҷалолобод ва ҳатто пойтахт - Кобул ба нерӯҳои Толибон низ бояд мавриди таъкид қарор гирад, ки бидуни ҷанг ва бар асоси табонӣ ё тавофуқот сурат гирифтааст.

Ё, масалан, созиши сиёсӣ миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз интихоботи 2019-ро ба ёд оред, замоне, ки аксар мафоди тавофуқи ҳосилшуда, аз ҷумла ташкили давлати фарогир дар амал иҷро нашуд.

Мушкилоти сиёсии ҳукумати Афғонистон бархоста аз шахсияти Ашраф Ғанӣ ва ҳалқаи наздики ӯ буд. Бар асоси таҳлили расонаҳои Афғонистон ва коршиносони хориҷӣ, ин мусаллас ё сегона (Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ) ва атрофиёнашон дидгоҳи қавмӣ (паштун) - ии бориз доштанд ва ин бинишро дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ густариш доданд. Ин амр ба вежа дар мавриди шахсияти ашраф Ғани содиқ буд: инҳисори қудрат, истикбор ва адами таҳаммули ақоиди дигарон, ҷойгоҳи худро ба унвони як донишманд ва огоҳтарин дар миёни сиёсатмадорон ба намоиш гузоштан - ин авомил ва авомили дигар боиси бегона шудани шахсиятҳои сиёсии бонуфуз, ба вежа ғайрипаштунҳо шуд. Ва ҳамчунин намояндагони бархе аз қабоили паштун (ғайри ғилзоӣ) аз ҳукумати марказӣ, ки ҷойи баррасии ҷудогона дорад.

а) эҷоди шароит барои оғози музокироти байнулафғонӣ.

Барои расидан ба натиҷаи матлуб дар музокирот, доштани мавозеъи қавь - яъне дар ихтиёр доштани мавозеъи қавь дар ҳавзаи низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва албатта, дар ҳавзаи амниять зарурӣ аст. Бар ин асос, тарафҳои низоъ дар Афғонистон, ҳам давлати марказӣ ва ҳам гурӯҳи аслии опозисион - Толибон, талош карданд то аз мавқеияти худ дар арсаҳои низомиву амниятӣ, бахши моливу иқтисодӣ ва ҷойгоҳи худ дар муқобили авомили бонуфузи дохиливу хориҷӣ муҳофизат кунанд. Бар асоси натоиҷи вақоеъи 15 август, Толибон омодагиву ҳадафмандӣ худ ва ҳамчунин потенсиали худро барои ҳалли масъала бо иродаи қавӣ нишон доданд.

Дар тӯли беш аз чиҳил соли низоъ миёни тарафҳои ҷанг ва ҳомиёни хориҷии онҳо, музокирот барои сулҳи пойдор мутаваққиф нашудааст. Ин раванд имрӯз ба шакле мутафовит ва бо ҳузури бозикунони ҷадид идома дорад. Давлати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин, талоши зиёде кардааст то мушорикати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллиро аз раванди сулҳ ҳазф кунад ва худ музокироти байналафғониро анҷом диҳад. Мо итминон дорем, ки ин омил яке аз муҳиммтарин далоили шикасти раванди сулҳи Доҳа аст. Хатти сайри таҳаввулоти ояндаи Афғонистон дар шароити ҳузури Толибон дар Кобул, тасаллути онон бар қаламрави кишвар (ба истиснои қисмати бештари вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳо дар вилояти Бағлон) натиҷаи иҷмоъро ба тарзи чашмгире тағйир хоҳад дод. Аз он ҷое, ки Толибон шароити худро дикта мекунанд ва талош мекунанд то намояндагони гурӯҳҳои қавмии дигарро ба қудрат ҷазб кунанд ва пустҳои сонавия (дуюмдараҷа)-ро барои онҳо дар вазоратхонаҳо ва органҳои давлатӣ фароҳам созанд. Ин ба ин далел аст, ки дар ин муддати кӯтоҳ наметавон мудирон ва коркунони радаи миёнаи худро омода кард.

б) Талошҳои давлати Ашраф Ғанӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ва эътимоди шахсиятҳои сиёсӣ ва мутанаффиз ба манзури таҳкими мавқеияти худ.

Фуқдон иҷмоъ байни давлати марказӣ ва аҳзобу шахсиятҳои сиёсии бонуфуз яке аз мушкилоти умда дар Афғонистон пас аз Бонн, ба вежа дар даврони Ашраф Ғанӣ буд. Давлати пас аз Бонн аз соли 2001 то ба имрӯз ба далели авомили мухталифи сиёсӣ-қавмӣ ва шахсӣ-гурӯҳӣ бисёр заиф ва осебпазир будааст. Дар давраи ҳукумати Ҳомид Карзай тавозуни қавмӣ ва сиёсӣ то ҳудуде риоят шуд ва мушкилоти мавҷуд ба сурати баста ҳал шуд. Аммо ин мушкил дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба далели вежагиҳои шахсии вай ва низ фуқдони як давлати марказии қавӣ ва қонунӣ, ки дар натиҷаи интихоботи одилона ва эътирофшуда ташкил шавад, ба вежа ташдид шуд. Заъфи давлати Афғонистон дар умум ва ҳамсӯ набудани давлати марказӣ бо шахсиятҳову аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии бонуфуз, ба таври хос, мавқеияти онро ҳам аз назари сиёсӣ дар ҷараёни музокироти сулҳ ва ҳам дар арсаи низомӣ ва амниятӣ тазъиф кард. Ба унвони мисол, иқдомоти давлати Афғонистон таҳти фишори Иёлоти Муттаҳида барои озодии беш аз 5000 асири ҷангӣ ва мавозеъи мутафовити аъзои гурӯҳи музокиракунанда дар Доҳа, нишондиҳандаи заъф ва адами иттиҳоди онҳо дар муқобила бо неруҳои мусаллаҳи Толибонро ба намоиш гузошт.

Дар натиҷа, Ашраф Ғанӣ ва атрофиёнаш, ки алоқае ба созиши сареъ бо Толибон надоштанд ва талош мекарданд қудрати худро ба ҳар тариқи мумкин густариш диҳанд, тақрибан дар 70 рӯз онро аз даст доданд. Ин омил иртиботи мустақиме бо вазъияти низомӣ-сиёсии пас аз хурӯҷи бахши қобили таваҷҷуҳе аз неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаву муттаҳидонаш ва низ адами ваҳдат дар мавозеъи шахсиятҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои нухба дар Афғонистон дорад, ки ҳар кадом дар ҷиҳати таъмини манофеъи шахсии худ ба вежа иқтисодӣ, қабл аз ҳар чиз саъй карданд сармояи анбошташуда дар ин муддатро наҷот диҳанд.

 *Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!