Хабари рӯз

Покистон муҷрии кадом барнома аст?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар чорчӯби як барномаи дарозмуддати фароминтақавӣ, Покистон дар бистари мулоҳизоти амниятӣ ва манофеъи ҳаётии худ, вокуниш нишон дод. Қазияи бомбаборони Кобул, фаротар аз як тасмими мустақили Исломобод аст; Дарвоқеъ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст то шабаҳи тарсу рӯъбро дар вуҷуди гарданкашони мутамоил ба Шарқ эҷод кунад. Дар ин росто, Покистон фурсатро ғанимат шумурд ва ба масобаи муҷрӣ ва шарики майдонии Вашингтон, иқдоми ҳушдоромези худро ба Ҳинд содир кард. Ин ҳушдор, на танҳо дар имтидоди рақобатҳои деринаи Ҳинду Покистон маъно меёбад, балки метавонад дар оянда бо айни сенария тавассути ҳавопаймоҳои бесрнишини амрикоӣ алайҳи дигар манотиқ низ иҷро шавад.

Дар минтақа раванде дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки ҳадафи он эҷоди манзумаи ҷадиди амниятӣ бо мушорикати зимнии Толибон аст. Ҳампаймонии Толибон дар ин манзума сирфан ба эътибори мавқеияти стратегии Кобул ва аҳамияти геополитикии Ҳиндукушҳо матраҳ шудааст. Дар дили ин муодила пойгоҳи Багром ҳамчунон ба унвони рукни аслии сиёсати амниятимеҳвари Шарқу Ғарб боқӣ мондааст. Бо ин ҳол, ба маҳзи тағйири шароит танҳо мавқеияти Кобул дар муҳосибаи Шарқ боқӣ хоҳад монд, на Толибон ва на ҳеҷ як аз бозигарони маҳаллӣ.

Ҳамалоти ахири Покистон бар аҳдофи хос дар Кобул, тактикаи амниятӣ ва бахше аз раванди печидае барои иғфол ва маҳори сафороии Чин, Русия, Эрон ва бавежа Ҳинд аст. Аз нигоҳи Исломобод, вокуниш ба иқдомоти Ҳинд – аз даъвати Амирхон Муттақӣ то бозгушоии маъмурияти дипломатӣ дар Кобул – зарурате геополитикӣ ёфтааст. Покистон бо ин ҳамалот, дарвоқеъ паёме чандлоя содир кард, ки фаротар аз марзҳо маъно меёбад.

Нахуст, бозсозии нақши вокунишии Исломобод дар чорчӯби амнияти фароминтақавӣ буд. Ҳамла ба корвонҳои номушаххас дар Кобул нишон дод, ки Исломобод ҳанӯз абзори амалиётии қобили эътимоди Ғарб дар минтақа аст. Покистон бо намоиши қудрати таркибии низомӣ ва иттилоотии худ ба Амрико собит кард, ки ҳамчунон дар саҳнаи "мудирият аз роҳи дур" дар Афғонистон ҷойгоҳ дорад. Ин ҳамалот дар ҳақиқат бахше аз намоиши қудрати муштараки Вашингтон–Исломобод барои ҳифзи майдони таъсиргузорӣ дар Кобул аст.

Дувум, бозтасбити мавқеияти Покистон ба унвони қурбонии терроризм. Дар шароите, ки афкори умумии минтақаӣ Покистонро ба парвариши гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мекунад, ин кишвар бо ҳамалоти ахир мехоҳад чеҳрае ҷадид аз худ бисозад; Чеҳрае, ки гӯё қурбонии терроризм аст ва мустаҳиқи ҳамдардӣ ва ҳимояти байналмилалӣ. Ин иқдом дарвоқеъ нуқтаи поёнӣ аст бар гумоназаниҳое, ки қудрати бозигарии Исломободро дар буҳрон бо Таҳрики Толибони Покистон (TTP) зери савол бурда буд.

Севум, эътилофи Арабистон–Покистон дар баробари нуфузи Эрон. Равобити навини Арабистони Саудӣ ва Покистон дар бистари буҳрони Афғонистон, вокунишест ба нуфузи ғайриқобили маҳори Теҳрон дар ин майдон. Дарвоқеъ, Исломобод бо ҳамоҳангии Риёз, мекӯшад меҳвари сунниро дар баробари қудрати нарми шиъии Эрон бозсозӣ кунад. Ин ҳамкорӣ бахше аз муодилаи бузургтари рақобати идеологӣ ва амниятӣ дар ҷуғрофияи Афғонистон аст.

Чаҳорум, интиқоли паёми Ғарб ба минтақа аз маҷрои Исломобод. Ғарб ва бавежа Амрико аз Исломобод ба унвони хатти иртиботӣ ва канали паёмрасон ба минтақа истифода мекунанд. Паёми равшан: бидуни Покистон, ҳеҷ нерӯи ғарбӣ тавони мудохилаи муассир дар Кобулро надорад. Ин нақш ҷойгоҳи Покистонро дар нақшаи ҷадиди мудохилаи нарми Ғарб тасбит карда ва онро ба пули восит миёни сиёсатҳои низомӣ ва амниятии Вашингтон ва маёдини Осиёи Ҷанубӣ бадал сохтааст.

Панҷум, беэътиборсозии Толибон дар баробари минтақа. Толибон чаҳор сол бо итминон иддао карданд, ки аз хоки Афғонистон ҳеҷ кишваре таҳдид нахоҳад шуд. Аммо ҳоло бо ҳадафгирии раҳбарони Таҳрики Толибони Покистон, ин иддао фурӯ пошидааст. Пас аз марги Айман ал-Завоҳирӣ, акнун раҳбарони соири гурӯҳҳои хориҷӣ низ дар маърази ҳадаф қарор гирифтананд; Аз Ансоруллоҳи Тоҷикистон гирифта то ӯйғурҳои чинӣ ва аъзои Таҳрири Шом. Бад-ин тартиб, Толибон дар мавқеияти беэътимодии комил қарор гирифтаанд.

Шашум, ҳушдор ба Толибон дар хусуси тамос бо Ҳинд. Ҳамалот ахир паёми пинҳон ба бархе раҳбарон Толибон аст, ки ба таври маслиҳати бо Ҳинд дар тамосанд. Покистон ҳушдор медиҳад, ки Афғонистон ҳосил чиҳил сол сармоягузори амнияти Исломобод аст ва ҳеҷ қудрати иҷоза надорад ин майдонро бо Ҳинд шарик шавад. Ин ҳушдор, марзҳои ҷадид рақобат иттилооте ва амниятиро дар дарун Толибон тарсим мекунад.

Ҳафтум, намоиши қудрати сахтафзорӣ дар канори таҳдиди нарм. Исломобод нишон дод, ки ҳамон гуна, ки тавоноии халқ ва таҷҳизи гурӯҳҳои ниёбатиро дорад, қодир аст ҳар навъ саркашии эҳтимолиро низ бо қудрати сахтафзорӣ саркӯб кунад. Ин иқдом ҳам паём ба Толибон аст ва ҳам ба руқабо: Покистон абзори контроли худро аз даст надодааст.

Ҳаштум, бозтасбити фазои иқтидор дар зеҳнияти умумӣ. Покистон бо ин манёври низомӣ, на танҳо Толибон, балки афкори умумии Афғонистон ва минтақаро ҳадаф гирифт. Ҳадаф тасбити тасаввури иқтидор ва нуфуз дар зеҳнияти ҷамъӣ аст. Ин ҳамон чизест, ки Амрико мехоҳад; Ҳузури бозигаре, ки битавонад дар баробари саркашии Толибон бо қудрат вокуниш нишон диҳад, бе он ки Амрико мустақиман вориди майдон шавад.

Нуҳум, ҳамоҳангии намодин миёни рӯйдодҳои ахир. Замонбандии ин рӯйдодҳо тасодуфӣ нест: ҳамалоти ҳамзамон дар чанд вилояти Афғонистон, сафари Муттақӣ ба Ҳинд, тасмими Деҳлӣ барои бозгушоии сафораташ, нишасти “Формати Маскав”, сафари Путин ба Душанбе—ҳама дар зарфе аз муҳосиботи роҳбурдӣ ҷой гирифтаанд. Покистон ва Амрико бо дарки ин мавқеият кӯшиданд аз он ба унвони фурсат баҳрабардории чандҷониба кунанд.

Даҳум, рӯъби геополитикӣ; Абзори ҷадиди мудирияти майдон. Он чи аз ҳаракати Покистон бармеояд, на як иқдоми интиқомӣ, балки навъе “мудирияти рӯъби геополитикӣ” аст. Ҳамалоти ҳавоӣ ва амалиёти намодин бо ҳадафи эҷоди шоки равонӣ, беш аз он ки низомӣ бошанд, бахше аз як намоиши стратегианд. Ин ҳамалот ҳам ба Толибон паёми итоат мефиристанд, ҳам ба Ҳинд ҳушдор медиҳанд ва ҳам барои меҳвари Шарқ (Чин, Русия, Эрон) ёдовар мешаванд, ки Вашингтон ҳанӯз дар соя ҳузур дорад.

Дар маҷмӯъ, он чи дар Кобул рух дод, ҳалқае аз занҷираи бузургтарест, ки дар он Исломобод ва Вашингтон барои бозсозии мувозинаи рӯъб дар ҷуғрофияи Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд. Покистон дар ин бозӣ, бозуи иҷроии Амрико аст ва дар айни ҳол, дар пайи тасбити ҷойгоҳи худ ба унвони нигаҳбони амниятии минтақа. Ҳамалоти ахир на нуқтаи поён, балки оғози марҳалаи тозае аз рақобати равонӣ, иттилоотӣ ва низомӣ миёни минтақа ва фароминтақа аст; Ҷое, ки Афғонистон, ҳамчунон саҳнаи бесадо аммо фаъоли ҷанги қудрат боқӣ мондааст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!