Хабари рӯз

Чӣ гуна сиёсати хориҷии Озарбойҷон таҳти таъсири таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ тағйир мекунад?

Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, таҳлилгар (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”

Долони Зангазур, ки ҳоло ба номи “масири Трамп” низ шинохта мешавад, ба таври фаъол дар равобити Иёлоти Муттаҳида ва ҷумҳуриҳои Қафқози Ҷанубӣ - Озарбойҷон ва Арманистон - тавсеа меёбад. Арманистон бо эҳтиёти фаровон ба чашмандози ин проекти амрикоӣ нигоҳ мекунад. Бо вуҷуди нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди ояндаи истиқлоли худ, Арманистон саранҷом бо имзои тавофуқномаи марбут ба Долони Зангазур мувофиқат кард.

Дар пасзаминаи наздикии Озарбойҷон ва Иёлоти Муттаҳида, “тарқишҳои хурд” дар равобит бо Русия мушоҳида мешавад. Илҳом Алиев дар бораи ҳодисаи ҳавопаймои озарбойҷонии Embraer E190 дар декабри 2024 гуфт: “Мо масъули вахомати равобит нестем, аммо беэҳтиромӣ ба худро таҳаммул нахоҳем кард.

Ӯ ҳамчунин барои нахустин бор аз иборати “таҳоҷуми Русия ба Украина” истифода кард ва афзуд: “Озарбойҷон аз ҳамон рӯз нахуст аз тамомияти арзии Украина ҳимоят карда ва ба ҳимояти худ идома хоҳад дод”. Ҳол ин пурсиш халқ мешавад, ки чаро ӯ дар тӯли ин ҳама сол дар баробари ҳаводиси хунини Донбасс, аз 2014 ба ин сӯ, сукут ихтиёр карда буд. Дарвоқеъ, мавзеъи Озарбойҷон ҳимоят аз ҳифзи тамомияти арзии ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ аст, чаро, ки худ низ дар даврони муосир сарзаминҳоеро аз ҷануби Доғистон ба даст овардааст.

Масъалаи лазгиҳо дар ин робита дар Озарбойҷон ба таври ҷиддӣ матраҳ аст, зеро пас аз истиқлол ин ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ дар соли 1991, мушкилоте дар омӯзишу истифодаи рӯзмарра аз забони лазгӣ пеш омад. Раванди турксозӣ на танҳо онҳо, балки дигар ақаллиятҳо аз ҷумла толишҳо, русҳо, тотҳо, аварҳо ва дигаронро низ дар канор намонд.

Равишҳои “стандартҳои дугона” дар Озарбойҷон асоси сиёсати миллӣ шудааст. Ин аҷиб нест, зеро дар он ҷумҳурӣ, Дарбанди Доғистон ва саросари минтақаи Дарбанд ба унвони “сарзаминҳои таърихии Озарбойҷон” талаққӣ мешаванд! Ҷоҳталабиҳои бузург маъмулан дар ҷое падид меоянд, ки заъфи касоне ҳис шавад, ки замоне масири давлатӣ ва ҷиҳатгирии умумии тавсеаро таъйин мекарданд.

Илҳом Ҳайдарович аз кадом “истиқлоли аздастрафтае” сухан мегӯяд, дар ҳоле, ки пас аз суқути императории Русия, туркҳо ва инглисҳо дар меҳани ӯ ҳокимият доштанд?

Фарояндҳои таърихии гузаштаро набояд нодида гирифт. Дар апрели 1920, Артиши Сурхи ёздаҳум Озарбойҷонро ишғол кард ва бо сарнагунии Ҷумҳури демократии Озарбойҷон, ҳукумати Шӯравиро барқарор сохт. Дар ҷойи он Ҷумҳури Сотсиалистии Шӯравии Озарбойҷон таъсис шуд. То моҳи майи 1920 ин раванд такмил шуд: на инглисҳо ва на ба истилоҳ, “Артиши исломии Қафқоз” (, ки комилан таҳти ҳимояти Туркия буд) натавонистанд дар баробари он коре анҷом диҳанд.

Ҳаракати муваффақиятомези нерӯҳои сурх бо ҳимояти фақирон, коргарони саноати нафт ва бахше аз равшанфикрони сиёсишуда ҳамроҳ буд, ки дар ин миён, Ҳизби коммунисти Озарбойҷон нақши аслиро ифо кард ва қудрат ба он вогузор шуд.

Ҳатто бархе аз аъзои ҳизби меншевикии “Ҳуммат” дар соли 1920 ба болшевикҳо пайвастанд ва ба ҳомиёни фаъоли барпоии ҳукумати шӯравӣ дар Озарбойҷон бадал шуданд! Дар муқобил мусовотиҳо (исломгароён, либералҳо ва миллигароён), ки аз пуштибонии мардумии густурда бархурдор набуданд, ҳамроҳ бо мудохилагарон кишварро тарк карданд.

Шоистаи зикр аст, ки Озарбойҷонро ҳукумати Шӯравӣ наҷот дод. Владимир Ленин дар поизи 1918 дар гуфтугӯе бо Додош Хоҷауғлу Бунёдзода, ки баъдҳо севумин раиси Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Озарбойҷон шуд, гуфт: “Аз даст рафтани 26 комиссар ба раҳбарии рафиқ Степан набояд кори оғозшудаи моро мутаваққиф кунад. Бояд бори дигар нерӯҳоро гирд овард, коргарон ва деҳқонони Озарбойҷон, ки фиреби меншевикҳо ва сотсиалистҳои инқилобиро хӯрдаанд, бозомӯзӣ шаванд ва озод гарданд.

Дар ҳамон дидор Бунёдзода ба ӯ гузориш дод, ки дар миёни коммунистҳои Озарбойҷон ду дидгоҳ дар бораи ояндаи сохтори ҳукумати меҳанашон вуҷуд дорад: нахуст ин ки Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии мустақил ташкил шавад, дувум ин ки ҳеҷ ҷумҳурӣ вуҷуд надошта бошад ва Озарбойҷон ба аёлатҳо тақсим ва ба Ҷумҳурии Федеративи Сотсиалистии Русия мулҳақ гардад. Ленин сареҳан гуфт: “Дидгоҳи нахуст дар бораи эҷоди ҷумҳурии мустақил дуруст аст ва дидгоҳи дувум, истеъморгарӣ ва ҳатто ҳамоқат ба шумор меравад!

Дар давраи вуруди Артиши Сурх ба Озарбойҷон, вазири ҷанги давлати пешин, Самадбек Меҳмондоров дар охирин фармони худ аз низомён ба хотири хидматашон ташаккур кард ва ибрози итминон намуд, ки сарбозон ва афсарони артиши Озарбойҷон дар даврони ҳукумати ҷадид низ ҳамчун гузашта бо садоқат ва шуҷоат дар хидмати Озарбойҷони азизи ҳамаи мо хоҳанд буд…».

Ин пурсиш барои Илҳом Ҳайддарович матраҳ мешавад: суханони ӯ дар бораи салби иҷбории истиқлоли сарзаминаш бар чӣ пояе устувор аст, дар ҳоле, ки дар он замон, афкори умумӣ фосилаи зиёде бо ҳукумате дошт, ки мусовотиҳо аз хориҷ онро ба таври маснуӣ тақвият мекарданд?

Равшан аст, ки чунин мавзеъгирӣ аз Озарбойҷон, на танҳо бозтоби андешаи пантуркизми содиротӣ аз Туркия аст, балки ба тавофуқҳои ахир дар бораи “Долони Зангазур” низ марбут мешавад. Шефтагӣ нисбат ба муваффақиятҳои низомӣ-сиёсии ахири Озарбойҷон, мӯҷиби рушди рӯҳияи интиқомҷӯӣ ва сиёсатзадагӣ шудааст.

Ин воқеияте талх аст, зеро коҳиши нуфузи абарқудратҳо, ки пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳамеша қобили ламс буд, дар даврони мо равобити ҷадиде эҷод карда, ки ҳеҷ тазмине барои суботи минтақа ба ҳамроҳ надорад. Тақвияти “ҷаҳони турк” танҳо дар сурате қобили ситоиш аст, ки ҷанбаи зиддирусӣ надошта бошад. Радиколиза шудани ин идология, ҳеҷ суде барои миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд ба армуғон нахоҳад овард. Далели он равшан аст: ҷаҳони ғарб, ки пушти ин раванд қарор дорад, Озарбойҷон ё кишварҳои Осиёи Марказиро сирфан ба унвони як аҳрум фишор менигарад.

Пардохтани Илҳом Ҳайдарович ба мавзӯъи Украина бедалел нест. Ҳарчанд баид аст ба кушоиши “ҷабҳаи дувум”, ки давлати Киев аз Гурҷистон мехост, бианҷомад, аммо метавонад равобити байниминтақаӣ бо Русияро тира кунад. Ва ӯ дақиқан дар ҳамин масир ҳаракат мекунад... Истифода аз иборати “таҳоҷум ба Украина” на танҳо мӯҷиби наздикии мавозеъи Озарбойҷон ва Русия намешавад, балки фароянди фосилагузории амдӣ аз сӯи мақомоти ин ҷумҳуриро оғоз кардааст. Ин амр мутлақан ба суди мардуми Озарбойҷон нест; Мардуме, ки мавҷудияти худро нахуст мадюн машияти Илоҳӣ ва сипас ҳамон болшевикҳое ҳастанд, ки акнун тавассути либералҳо ва миллигароёни гунагун бо хашм нафрин мешаванд.

Илҳом Ҳайдарович фаромӯш кардааст, ки ӯ ва падари мӯҳтарамаш мадюни чӣ касоне ҳастанд, касоне, ки замоне дар сояи ҳамон низом, ба олитарин маротиби сиёсӣ даст ёфтанд. Муҳиммтарин нукта ин аст, ки Озарбойҷон набояд ба вазъияти мунозиъот ва кашмакашҳои сиёсии оғози қарни бистум бозгардад ва ҳукумати ӯ ба шабеҳи мусовотиҳо бадал шавад...

Бозгардем ба шароити муосир: Иёлоти Муттаҳида манофеъи худ дар Қафқози Ҷанубиро пинҳон намекунад. Равшан аст, ки Озарбойҷон дорои бузургтарин захоири газ дар дарёи Хазар аст: 34% аз кулли захоир. Дар заминаи нафт ва канденсатҳои газӣ, Қазоқистон пештоз аст: 33% кулли захоир. Пас аз он, Озарбойҷон (29%), Эрон (21%), Туркманистон (12%) ва Русия (5%) қарор доранд.

Мушовири муовини вазири хориҷаи Амрико, Калеб Орр, дар шабакаи X навишт: “Минтақаи васеътари Хазар, шомили Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, як авлавияти баландмуддат дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида аст. Сармоягузорӣ дар ин минтақа ва тавсеаи он тайи солҳои оянда, комилан бо манофеъи роҳбурдии мо ҳамсӯ будааст.

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Озарбойҷон низ гузориш медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо аз сол 2008 то кунун 29 проект дар бахши омӯзишии ин кишвар иҷро кардааст. Таваҷҷуҳ кунед: ҳамонанди Русия дар даҳаи 90 мелодӣ, замоне, ки бо пули Ҷорҷ Сорос китобҳои дарсии таърих чоп мешуд ва барномаҳои омӯзишии мутааддиде бо ҳадафи дур кардани насли ҷавон аз рухдодҳои муҳимми давлатсоз ва эҷоди фазои матлуб барои ҷаҳони Ғарб ба иҷро дармеомад, дар ин ҷо низ аз тариқи проектҳои омӯзишӣ, фазое зиддирусӣ эҷод мешавад. Ҳатто Гурҷистон тавонист бо нуфузи хориҷӣ дар арсаи омӯзиш муқобила кунад.

Ёри Иёлоти Муттаҳида дар минтақа, Туркия, дар симои вазири дифоъи худ, Яшар Гулер, ошкоро мавзеъи зиддирусӣ иттихоз кард: Туркия ҳаргиз илҳоқи ғайриқонунии Қрим ба Русияро ба расмият нишнохтааст. Мо аз соли 2014 бар ин мавзеъ истодаем ва аз истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Украина ҳимоят мекунем. Тоторҳои қримӣ муддатҳост, ки бахше ҷудоиинопазир аз сохтори мутанаввеъи Украина ҳастанд ва ба сулҳу субот кӯмак мекунанд. Туркия дар оянда низ ба ҳимоят аз тааҳҳуди раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, ба масъалаи Қрим идома хоҳад дод.

Ин изҳорот дар панҷумин иҷлоси байналмилалии “Платформаи Қрим” матраҳ шуд, ки барои нахустин бор дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-йорк баргузор гардид.

Равшан аст, ки лаффозиҳои зиддирусӣ танҳо шиддат хоҳад гирифт. Нодида гирифтани он мумкин нест, зеро муддатҳост, ки манофеъи Русия дар минтақаро таҳти таъсир қарор додааст. “Масири Трамп” танҳо ба пул марбут намешавад, балки ба нуфуз дар Қафқози Ҷанубӣ гиреҳ хӯрдааст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!