Хабари рӯз

“Афғонистон набояд қурбонии Паштунистон шавад”.

Нависанда: Азиз Ориёнфар, сафири собиқи Афғонистон дар Қазоқистону Қирғизистон, директори Маркази мутолаоти Афғонистон дар Олмон (Франкфурт)

Ба лиҳози таърихӣ истеъморгарони Инглис густараи императории Дуррониро ба ду кишвар - Афғонистону Покистон - тақсим карданд . Албатта, нахуст Афғонистонро пас аз як ришта корравоиҳо ҳамчун як воҳиди ҷуғрофиёии сиёсӣ ва ақди чанд муоҳидаи истеъморӣ дар чаҳорчӯби марзҳои истиъморӣ офариданд. Пеш аз омадани Инглис чунин кишваре ба рӯи нақшаи ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳон вуҷуд надошт. Номи онро ҳам аз навори этнополитикии воқеъ дар Покистони кунунӣ - манотиқи Соул, Мастанг, Руҳа ва кӯҳҳои Сулаймон - бар гирифтанд.

Покистонро ҳам тақрибан як қарн баъд ба хотири ҷилавгирӣ аз расидани Русия ба обҳои гарми ҷануб ва кӯтоҳ сохтани дасти мусулмонон аз Ҳинду сохтани тахтаи париш ба сӯи Чину Осиёи Миёна ба вуҷуд оварданд. Дар кулл на мардуми Афғонистон ва на ҳам мардуми Покистон ҳеч кадом дар падидоии кишварҳои худ ба рӯи нақшаи ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳон ва таъйини марзҳои худ нақше надоштанд. Марзҳои сиёсии Афғонистон бо Русияву Эронро ҳам инглисҳо таъйин карданд. Коридори Вахонро ҳам ба зӯр ба Абдураҳмонхон таҳмил карданд, ки дар асари тавофуқи Русия ва Бритониё рӯи кор оварда буданд.

Пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум созукори наве тасбит гардид ва кишварҳои наве дар симои форматсия- рехтор кишвар-миллат ё давлат-миллат падид оварда шуд .

Пас аз ба вуҷуд овардани Покистони ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба шумули Афғонистон ин кишварро ба расмият шинохтанд. Ҳоло парадокси муносиботи мо бо Покистон дар як нуктаи бисёр бориктар аз мӯ аст.

Кишвар ба лиҳози ҳуқуқи байналмилаль як қаламрав ё хок ё густараи сарзаминӣ ва як воҳиди ҷуғрофиёи сиёсӣ дар чаҳорчӯби марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ аст, ки дорои тамомияти арзӣ, ҳокимияти миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ аст.

Ҳар гуна ба расмият шинохтан дарбаргирандаи ҳамин се асли асосӣ аст. Яъне ба расмият шинохтан илзоман тамомияти арзӣ ва ҳокимияти давлат-кишварро бар саросари густараи арзии он дар даруни марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ лиҳоз дорад. Ин гуна намешавад кишварро ба расмият шинохт ва дар ҳудуди 2650 километр марзи шинохташудаи байналмилалии онро ба расмият нашинохт. Ҳамин гуна, як сеюм қаламрави онро ҳам ба расмият нашинохт.

Пурсише, ки матраҳ мегардад, ин аст, ки оё мо Покистонро ба унвони як кишвари мустақили узви ҷомеъаи байналмилал ба расмият мешиносем ё на? Посух равшан ин аст, ки мусбат аст.

Хуб, вақте чунин аст, ҳар гуна иддаои арзӣ бар он аз диди ҳуқуқи байналдувал мардуд аст. Пас дастҳои мо дар арсаи байналмилалӣ дар баробари Покистон баста аст.

Иддао ба ин лиҳоз ҳам ба бунбаст мехӯрад, ки ҷаҳон Афғонистонро ҳам дуруст бо ҳамин марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ ба расмият мешиносад. Яъне марзи миёни Покистону Афғонистон як марзи шинохташудаи байналмилалӣ аст.

Ногуфта пайдост, ки истеъмори Шарқу Ғарб ҷуғрофиёи сиёсии кишварҳои кучакро ба гунае муҳандисӣ кардаанд, ки ҳеч кадом дорои умқи роҳбурдӣ набошад ва ҳар як ҳамчун мавҷудоти ноқисулхилқаи геополитикӣ бошанд. Дар ин ҳол, ҳамаи ақвомро миёни ин кишварҳо тақсим кардаанд.

Тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, курдҳо, балучҳо, озариҳову паштунҳо байни чанд кишвар тақсим шудаанд. Бе чуну чаро ҳамаи ин ақвом бо тақсимоти кунунии этнополитикӣ созгор нестанд ва мехоҳанд бо тӯдаҳои ҳамтабори худ зери дорбасти як кишвар ба сар бибаранд. Магар аз диди реалполитик чунин хостҳо дар ҳадди ормонҳои отифӣ мемонад.

Аз сӯи дигар, Покистон аз пуштибонии ому томи ҷаҳони ислому Чину Инглису Амрико бархӯрдор аст. Ҳатто Ҳинд ҳам хостори таҷзияи Покистону пайвастани паштунҳои он кишвар ба Афғонистон нест . Худ мардуми паштуни Покистони ҳам ҳеч гоҳе чунин хостеро матраҳ накардаанд. Онҳо чолишҳои кишвари Паштунистони ҷудо аз Покистонро ҳам нек медонанд. Дар натиҷа ҳеҷ ҷунбиши ҷудоихоҳона ва таҷзияталабона дар миёни паштунҳои Покистон ба мушоҳида намерасад.

Дар кул, як мушкили дигар ҳам ҳаст ва он ин ки ҳеч гоҳе мавқифи Афғонистон дар қиболи масъалаи паштунҳои Покистон равшан нест. Оё мо хоҳони нобудии Покистону илҳоқи Паштунистон ба Афғонистон ҳастем?

Чунин чизе на танҳо амалӣ нест, балки Афғонистонро бо хатари бисёр бузурге ҳам рӯ ба рӯ месозад, ки сахт кушанда аст: Покистон ба баҳонаи ин ки Афғонистон мехоҳад ин кишварро нобуди созад, худро мустаҳаққи дифо аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии худ мешуморад ва ҳар иқдоми мутақобилеро барои хунсосозии ин қасду нияти “шум“-и Афғонистон машрӯъ ва мудаллал мепиндорад. Ин аст, ки бо ҳамаи нерӯ дар пайи аз ҳам гусехтани шерозаи ҳастӣ ва барҳам задани тору пуди кишвари мо мебарояд.

Ва ин барои кишвари мо, ки сахт осебпазир аст, кушанда аст. Аз ҳамин рӯ ҳам буд, ки шодравон Мӯсо Шафиқ дар мусоҳибае бо ҷаридаи “Афғонмиллат” гуфта буд:

“Мо набояд Афғонистонро қурбони Паштунистон кунем”.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!