Хабари рӯз

Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон

1 - Оташи зери хокистар: Покистон аз Толибон мехоҳад ТТП-ро маҳор кунад; Толибон намехоҳанд ва наметавонанд барои таъмини амнияти Покистон вориди ҷанг бо як ҷараёни ҳамреша шаванд.

2 - Толибон дигар фармонбардори дирӯз нестанд: Покистон Толибони таҳти нуфузи худро мехост; Толибони имрӯз мехоҳанд нишон диҳанд, ки Кобул аз Исломобод дастур намегирад. Покистон дар ин роҳ ҳазинаи калон кардааст ва аз он намегузарад.

3 - Ҳинд — кобуси ҳамешагии Покистон: Наздик шудани Толибон ба Деҳлӣ барои Исломобод фақат як робитаи дипломатӣ нест; шикастани яке аз ҳассостарин хутути амниятии Покистон аст.

4 - Дюранд — захме, ки баста нашудааст: Покистон онро марзи қатъӣ медонад; Толибон онро масъалаи ҳалшуда намедонанд. Ин ихтилоф ҳанӯз зинда аст.

5 – "Лару бар" — вожае, ки сиёсати Исломобод онро барнаметобад: Ҳар гоҳ ҳувият ва ҳамбастагии паштунҳои ду сӯи Дюранд барҷаста шавад, нигаронии Покистон аз дохили марзҳои худаш оғоз мешавад.

6 - Толибон аз "муттаҳиди кӯчак" ва як гурӯҳи ниёбатӣ ба "қудрати ҳоким" табдил шудаанд: Робитае, ки Покистон дар гузашта мудирият мекард ва дар он фармон медод, имрӯз дигар робитаи собиқ нест.

7 - Ҳофизаи боздошт ва мудохила: Толибон гузаштаи Покистонро фаромӯш накардаанд; ҳимоятҳои гузашта ва дар канори он фишорҳо, боздоштҳо, таҳқиру тавҳину тазлил дар ҳофизаи онон боқӣ мондааст. Ҳазми он дар кӯтоҳмуддат барои Толибон осон нест.

8 - Паштунҳои Покистон — нигаронии дохилии Исломобод: Афғонистони таҳти султаи Толибон бо аксарияти мутлақи паштунӣ барои Покистон фақат як баҳси ҳамҷаворӣ нест; ҳар таҳаввули сиёсӣ дар Кобул метавонад дар ҷомеаи паштуни Покистон бозтоби қобили мулоҳиза дошта бошад. Ва ин занги хатарест, ки ҳар аз гоҳе эҳтимолан ба садо ояд.

9 - Афсонаи нуфузи мутлақ фурӯ рехтааст: Покистон солҳо худро соҳиби нуфузи вижа бар Толибон медонист; рафтори Толибон пас аз соли 2021 нишон дод, ки нуфуз бо контрол яке нест. Покистон ба Ғарб итминон дода буд, ки Афғонистонро тавассути Толибон бар асоси меъёрҳои мавриди хости онон мудирият хоҳад кард; имрӯз қазия баръакс шудааст.

10 - Инҳисори тиҷории Покистон дар ҳоли шикастан аст: Афғонистон роҳҳои дигаре ба Эрон, Осиёи Марказӣ, Чин ва дигар бозорҳо пайдо кардааст; вобастагии иқтисодӣ яъне аҳроми фишор, ва ин аҳром дар ҳоли заиф шудан аст.

11 - Эрон — рақиб дар ҳаёти хилвати Покистон: Густариши равобити Толибон бо Эрон нуфузи иқтисодӣ ва транзитии Исломободро бештар ба чолиш мекашад.

12 - Маъодин ва иқтисод — рақобати тоза: Афғонистони таҳти султаи Толибон дигар фақат ҳавзаи нуфузи Покистон нест; Чин, Эрон, Ҳинд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ низ барои саҳми худ вориди майдон шудаанд.

13 - Нуфузи мазҳабӣ ҳам дар ҳоли ҷо ба ҷо шудан аст: Дирӯз бахше аз маркази сиқли омӯзиши мазҳабӣ ва фатвои Афғонистон дар марокизи мазҳабӣ ва мадориси Покистон буд; имрӯз Қандаҳор мехоҳад маркази тасмимгирии мазҳабӣ бошад.

14 - Тарси бузургтар аз ТТП: Агар ихтилофи амниятӣ ба рақобати сиёсӣ табдил шавад, Покистон барои фишор бар Толибон суроғи мухолифон ва зарфиятҳои сиёсиву иҷтимоии Афғонистон хоҳад рафт; ва он вақт даъвои ду тараф аз марзҳо фаротар меравад.

Ҳақиқати талх ин аст:

Покистон бо Толибон фақат бар сари ТТП намеҷангад; бар сари нуфуз, амният, Дюранд, Ҳинд, иқтисод ва ояндаи Афғонистон ихтилоф дорад.

Толибон низ бо як интихоб рӯ ба рӯ ҳастанд:

Ё робита бо Покистонро бар пояи вобастагии гузашта идома диҳанд, ки барои онон душвор ва дар мавридҳое номумкин шудааст, ё робитае мубтанӣ бар истиқлолият ва манофеи мутақобил дошта бошанд, ки қатъан барои Покистон қобили қабул нахоҳад буд.

Тафсил ва шарҳи ин мавридҳоро баъдан шарик хоҳам кард.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!