
Толибон ба ҷуз ӯ гузинае дар Дарвоз надоранд.
Манбаъ: Хабаргузории “Нигоҳи Афғонистон”
Манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, Ҷумъа Талбон, машҳур ба Ҷумъа “Фотиҳ”, яке аз фармондеҳони барҷастаи Толибон дар шимолшарқи кишвар, бошандаи аслии қарияи Шохдараи вулусволии Нусайи Дарвози Бадахшон аст. Ӯ акнун масъулияти низомии панҷ шаҳристони Дарвозҳо (Нусай, Шикай, Моймай, Куфобу Хоҳон)-ро бар ӯҳда дораду ҳудуди 500 нерӯи мусаллаҳ зери фармони ӯ фаъолият мекунанд.
Пешина ва маънии лақаби “Талбон”
Дар ҳавзаи Дарвозҳо лақаби “Талбон” ба фарзандоне итлоқ мешавад, ки падару модарашон пас аз солҳо бефарзандӣ дар пайи дуову ниёиш аз Худованд талаб кардаанд. Ҷумъа “Фотиҳ” низ аз чунин хонаводае бархестааст; хонаводае рустоиву фақир, ки ҳеҷ навъ пешинаи сиёсӣ ё вобастагӣ ба ҷараёнҳои низомӣ дар корномаашон дида намешавад.
Таҳсилу зиндагии ибтидоӣ
Ҷумъа танҳо омӯзишҳои ибтидоии динӣ ва мактабро дар зодгоҳаш фаро гирифта ва аз саводи поин бархӯрдор аст. Бошандагони маҳал мегӯянд, ӯ то соли 2017 дар маросими арӯсӣ табланавозӣ мекард ва бо навохтани созҳое чун табла, дамбура, ғиччаку ҳармония шӯҳрати маҳаллӣ дошт. Видеоҳое, ки аз солҳои пеш аз пайвастани ӯ ба Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, нишон медиҳад, ки ӯ узви як гуруҳи ҳунарии маҳаллӣ буда ва дар маҳофили арӯсӣ мусиқӣ иҷро мекардааст.
Сирқати маоши муаллимону пайвастан ба Толибон
Бар асоси гуфтаҳои манобеи маҳаллӣ, нуқтаи атфи тағйири масири зиндагии Ҷумъа “Фотиҳ” ба соли 1395 (2016 милодӣ) бармегардад. Дар он замон маоши муаллимони панҷ вулусволии Дарвоз ба далели набуди хадамоти банкӣ аз тариқи саррофӣ ҳавола мешуд. Гуфта мешавад, Ҷумъа “Фотиҳ”, ҳангоми интиқоли маоши муаллимони вулусволиҳои Шикаю Моймай тавассути таҳвилдорон, маблағи 300 ҳазор афғониро сирқат кард ва пас аз ифшо шудани мавзӯ, таҳти пайгарди давлат қарор гирифт. Ӯ сипас мутаворӣ шуд ва ба суфуфи толибони маҳаллӣ дар кӯҳистонҳои Дарвоз пайваст.
Табдил шудан ба чеҳрае хашину асаргузор дар ҷанг
Манобеъ меафзоянд, ки Ҷумъа “Фотиҳ” пас аз пайвастан ба Толибон, дар иҷрои чандин ҳамлаи таҳоҷумӣ алайҳи посгоҳҳои нерӯҳои амниятӣ нақши мустақим дошт ва бо ворид кардани талафоти сангин, ба унвони фарде “бераҳму одамкуш” дар минтақа шӯҳрат ёфт. Бошандагони маҳал мегӯянд, ӯ дар яке аз ҳамалот, 14 нерӯи амниятиро дар як рӯйдод ба қатл расонда буд.
Қудратгирӣ пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ
Пас аз суқути давлати ҷумҳурӣ, Ҷумъа “Фотиҳ” ба унвони фармондеҳи низомии Толибон дар Дарвозҳо муқарар шуд. Ба гуфтаи бошандагони маҳал, далели барҷаста шудани ӯ дар сохтори Толибон, на ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва на тавоноиҳои мудириятии ӯ, балки набуди афроди ҳамсӯ бо Толибон дар миёни мардуми Дарвозҳо будааст. Толибон барои эҷоди пойгоҳи ҷангӣ дар ин минтақа, ба афроди таҳти пайгард, муҷримину аносири фирорӣ аз давлат такя карданд, ки Ҷумъа “Фотиҳ” яке аз онҳо буд.
Таслимдиҳии бузургтарин анбори силоҳ дар минтақа ба Толибон
Яке дигар аз авомили афзоиши нуфузу маҳбубияти ӯ назди раҳбарии Толибон дар ихтиёр гирифтани яке аз бузургтарин анборҳои силоҳу муҳимоти баҷоймонда аз даврони ҷанг бо Шуравӣ дар Дарвозҳо унвон мешавад. Ин анбор, ки пеш аз суқути ҷумҳурӣ тавассути 50 тан аз нерӯҳои пулиси маҳаллӣ ҳифозат мешуд, пас аз фурӯпошии низом ба контроли Ҷумъа “Фотиҳ” даромад ва ӯ онро ба Толибон таҳвил дод.
Саркӯби шадиди мухолифону фишор бар ақалияти исмоилӣ
Бошандагони Дарвозҳо мегӯянд, Ҷумъа “Фотиҳ” акнун кӯчактарин мухолифат бо Толибонро бо хушунати тамом саркӯб мекунаду фазои тарсу ихтиноқ дар панҷ вулусволии мазкур ҳоким аст. Бар асоси гузоришҳо, ӯ раванди тағйири иҷбории мазҳаби пайравони шиъаи исмоилияро оғоз карда ва даҳҳо танро маҷбур ба тарки мазҳаби исмоилӣ намудааст. Хониводаҳои исмоилӣ низ таҳти фишор водор шудаанд фарзандони худро ба мадориси динии суннимазҳаби таҳти мудирияти Толибон бифиристанд.
Контроли маодину истифода аз авоид барои густариши мадориси динӣ
Манобеъи маҳаллӣ ҳамчунон мегӯянд, ки Ҷумъа “Фотиҳ” контроли комили маодини тилло дар ин минтақаро дар даст дораду авоиди онро сарфи эҷоди мадориси динии мутааддид дар ҳавзаи панҷ вулусволӣ кардааст.