Хабари рӯз

Бузургтарин нафақа барои зан муҳаббат ба зан аст, на ғизо.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Як хоҳари мо аз Кобул, ки дар синфи ҷомеашиносие, ки ман тадрис мекардам, донишҷӯ буд, ду савол кардааст ва хоҳиш карда то аз исми ӯ ёд накунам. Дар ин ҳафта ба як савол ҷавоб мегӯям.

Саволи аввал барои ин ҳафта ин аст, ки шароити чанд зан доштан чист, ки як мард ду-се ҳамсар дорад.

Аввал бояд бидонем, ки дар зиндагонии башарӣ аз нигоҳи антропология ё башаршиносӣ чаҳор навъи издивоҷ аст ва ман ин издивоҷҳоро дар китоби “Ҷомеашиносии исломӣ” муфассал ташреҳ кардаам.

Аввал, моногамия (monogamy) аст, ки як мард ё як зан фақат як ҳамсар дорад.

Дувум, полиҷиния (polygyny) аст, ки як мард ё як зан бо чандин мард ва ё чандин зан дар як замон издивоҷ мекунад.

Севум, полигамия (polygamy) аст, ки як мард бо чандин зан дар як замон издивоҷ мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрика дар мазҳаби морманҳо, ки бахше аз исавият аст, як мард ҳатто бист зан дорад.

Чаҳорум, полиандрия (polyandry) аст, ки як зан бо чанд мард дар як замон издивоҷ мекунад. Ин навъ издивоҷ, ки як зан чандин шавҳар дар як замон дорад дар Тибет, ки минтақаи мустақили Чин аст ва ҳамчунон ҷазираи Маркиз (Marquesas) дар ҷануби Уқёнуси Ором мавқеият дорад, ривоҷ дорад.

Аз ин чаҳор навъи издивоҷ ислом дутои онро иҷоза додааст: моногамия ва полигамия ва аммо шарту шурут ва маҳдудиятҳоро вазъ кардааст.

 Аввал ин ки дар полигамия ислом аз чаҳор зан зиёдтар иҷоза надодааст ва он ҳам шароити хос дорад.

Аввалин шарти он ин аст, ки зани аввал иҷоза дода бошад ва мард барои зан тавҷеҳи одилона кунад, ки чаро ба зани дувум ниёзманд аст.

Шарти дувум ин аст дар сурате ки зани аввал иҷоза диҳад, мард бояд бо зани дувум аз нигоҳ отифӣ ва аз нигоҳи модӣ мутлақ монанди зани аввал равия кунад, дар ғайри он бояд ба як зан иктифо кунад.

Шарти севум бояд мард маҳрия бипардозад, ки дар полигамияе, ки дар Амрико ривоҷ дорад, маҳрия нест ва мард ҷузъитарин масъулият надорад.

Чаҳорум зан бояд мувофиқа кунад. Яъне бидуни мувофиқаи зани бева ва ё духтари ҷавон касе ҳақ надорад, ки зан бошад ё духтари ҷавон бошад, ӯро дар никоҳи як мард бидуни иҷоза дохил кунад.

 Ин мавзӯъ дар Қуръон маҷид тазаккур дода шуд, зеро мардон дар он замон аз занон суъистифода мекарданд ва масъулиятпазир набуданд ва дувум, як идда мардон дар ҷиҳод дар роҳи ислом шаҳид мешуданд ва занон бесарпараст мемонданд ва барои ин ки занон, ки дар он вақт кор намекарданд ва донишгоҳ набуд ва корҳое, ки имрӯз дар зиндагии модерн матраҳ аст, набуд, бесарпараст нашаванд ва авлодашон хору гадо нашавад, ин иҷоза дода шуд.

Шароити издивоҷи ду ва ё се зан бисёр сахт гирифта шудааст ва аз ҳамин хотир бисёр мардон ба моногамия қаноат кардаанд ва иқдом ба зани дувум намекунанд, махсусан, ки тавҷеҳи одилона барои зани аввал надошта бошанд.

Дини ислом, дини адолат аст ва ин адолат дар сатҳи кӯчак ё microlevel аз хонавода шурӯъ мешавад. Дар моногамия ҳам, ки як мард фақат як зан медошта бошад ва нафақадиҳанда мебошад. Аммо бузургтарин нафақа барои зан муҳаббат ба зан аст, на ғизо. Рӯзӣ ва ғизоро Худованд мерасонд ва аммо мард бояд бо зан робитаи нек ва ба асоси ахлоқу каромати инсонӣ дошта бошад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!