Хабари рӯз

Зебоии Қуръон дар ин аст, ки дар ҳар асру замон худашро мутобиқи аср намоён мекунад.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Бародари мӯҳтарам ҷаноби Ҳашматуллоҳ Баён аз шаҳри Кобул чунин савол кардааст: "Шумо навиштед, ки Қуръони Карим тафсиру таъвил дорад. Яъне чӣ? Фаҳме, ки ман дорам, тафсир ва ё таъбири Қуръони Карим тавассути муфассирини он сурат мегирад ва ё як ояи Қуръони Каримро дигар ояи он тафсир мекунад."

Аввалин муфассири Қуръон Маҷид ҳазрати расули Карим (с) буд. Баъд аз ӯ ҳазрати Ибни Аббос (рз) баъд аз Паёмбар (с) гуфтааст, ки "Алқурон яфсуро алзамон" яъне Қуръон ба асру замоне, ки зиндагӣ мекунем, тафсир мешавад. Ҳазрати Алӣ (рз), ки нафари севум буд, рӯи ҳамин мавзӯъ, ақалан як далел ҳамин буд, ки ба қатл расид.

Таври мисол, дар Қуръон бардагӣ омадааст ва аммо ҳоло асри бардагӣ нест. Оё ояи “Астағфуриллоҳ” беаҳамият аст ва дигар маъниву мафҳум надорад? Тафсири бардагӣ ин аст, ки имрӯз мардум бардаи сармоядорон шудаанд ва ё бардаи мошин шудаанд, бардаи суди банкӣ шудаанд.

Уламои киром гуфтаанд, ки ихтилоф улаҳком бил ихтилоф уззамон, яъне аҳком назар ба шароити замон фарқ мекунад.

Яке аз тариқаҳои тафсири Қуръон ҳамон тафсири Қуръон ба рӯияти Қуръон аст ва аммо ин як тариқа аст. Қуръон ба асоси илми таърих ҳам тафсир мешавад. Қуръон ба асоси эҷоботи аср, ки дар боло гуфтем, тафсир мешавад. Қуръон ба асоси илми имрӯз тафсир мешавад.

Таври мисол, алқа, “хуни баста” ва “хуни мурда” маънӣ намедиҳад. Дар замони гузашта таҳқиқоти илми эмбриология набуд. Алқа яке аз мароҳили инкишофи нутфа дар раҳми модар аст. Тамоми мутарҷимини Қуръони Карим онро “ҷисми мурда” гуфтаанд, ки аз ҳақиқат баид аст. Алқа аз калимаи алқ омадааст, яъне ҷисме, ки худро ба чизе мечасбонад.

Қуръон ба рӯияти ҳадиси мувассақ тафсир мешавад, таври мисол ояи “Вазрубаҳун”, ки дар гузашта маънӣ карданд, занро бизанед. Ба рӯияти ҳадис тафсири он ин аст, ки монанди даврони ҷоҳилият занонро назанед.

Зебоии Қуръон дар ин аст, ки дар ҳар асру замон худашро мутобиқи аср намоён мекунад ва аммо муфассирин ва муҳаққиқин, ки бо илми таҳқиқот ошноӣ доранд ва метавонанд аз диди этимология ё вожашиносӣ Қуръонро маънӣ кунанд, зарурат аст, ки Қуръонро тафсир ва таъвил кунад.

Имрӯз муфассир аз ҳама улум бояд кор бигирад, то маънии дурусти оя дар асари таҳқиқот ошкор шавад, на ин ки мо тафсиреро қабул кунем, ки дар тӯли ҳазор сол бознигарӣ нашудааст.

Таври мисол, аз диди илми наботшиносӣ иштибоҳоти зиёд дар тафосири гузашта дида мешавад. Таври мисол, боқулиро сабзӣ тарҷума кардаанд, дар ҳоле ки боқулӣ чизи дигарест ва сабзӣ як наботи дигар аст. Ё имрӯз дар асари таҳқиқоти фазоӣ ошкор шуд, ки назарияи инфиҷори бузург, ки машҳур аст ба номи Big Bang дар сураи “Духон” омадааст.

Яке аз далоили пасмонии мусулмонон дар ин шашсад соли ахир ин будааст, ки мо диди илмӣ ба асоси илм, равоншиносӣ ва ҷомеашиносии имрӯз надорем ва мо наметавонем, то як зиндагии илмӣ дошта бошем, дар ҳоле ки Қуръон мегӯяд "Ва иналлоҳи қад иҳот би кулли шайъи уламо" яъне Худованд ба ҳар чиз иҳотаи илмӣ дорад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!