Дар хонаи Паёмбар (с) овозхонӣ шуда ва занон овоз хондаанд.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Як хоҳари мо аз Кобул савол кардааст, ки "Оё овозхонӣ барои занон иҷоза аст ва агар иҷоза аст, оё бояд бо ҳиҷоб бошад ва ё бидуни ҳиҷоб дуруст аст?"
Аввал бояд бидонем, ки дар ислом ҳаққи ҳаром кардан як масъалаи танҳо ҳаққи Худост, на банда ва ин мавзӯъ назди уламо монанди марҳум доктор Юсуф Қарзовӣ, аз уламои ҷиди аҳли тасаннун возеҳу равшан аст. Лутфан китоби “Ҳалолу ҳаром дар ислом” аз марҳум Қарзовиро мутолиа кунед. Дувум, дар ислом, ҳамон чизе ки барои мардон ҳалол ё ҳаром аст, барои занон ҳам ҳалол ё ҳаром аст. Ин тур нест, ки як масъала барои мардон ҳалол бошад ва барои занон ҳаром.
Мусиқӣ аз ҳунарҳои зебост ва барои марду зан ҳалол аст ва на дар Қуръони Маҷид ва на аҳодиси набавӣ ҳамчу чизе наомадааст, ки мусиқӣ ҳаром аст. Садо ҳам аз зану мард, шунидан он чӣ сухан гӯяд ва чӣ бисарояд муҷоз аст ва на дар Қуръон ва на дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст, ки садои мард бошад ё зан бошад, шунидани он ҳаром бошад.
Овозхонӣ барои марду зан муҷоз аст ва дар мутуни динии мо ҳаргиз ҳамчу чизе дида намешавад, ки зан овоз нахонад. На дар Қуръон аст ва на дар ҳадис. Баракс дар ҳадиси собити Паёмбар (с) ин матолибро мехонем:
“Дар як маҳфили арӯсӣ ҳазрати Расули карим (с) аз Оиша (рз) ҳамсараш савол карда, ки "Оиша, чаро тафреҳ ва шодӣ надоред? Домод аз ансор аст ва ба мусиқӣ алоқамандӣ доранд". Ин ҳадис мерасонад, ки на танҳо Паёмбар (с) мусиқиро ҳаром нагуфтааст, балки аз набудани он савол кардааст, ки дар як маҳфил хушии мусиқӣ бояд бошад.
Ҳамчунон ҳазрати Абубакри Сиддиқ (рз) назди духтараш Бибӣ Оишаи Сиддиқа (рз) рафта буд ва дид, ки ду зан дар хонаи Паёмбар (с) овоз мехонданд ва даф мезаданд. Ҳазрати Абубакри Сиддиқ аз ин саҳна хушӣ нишон надод ва аммо Паёмбар (с), ки барои рафъи хастагӣ дароз кашида буд, сари худро баланд кард ва гуфт, бо инҳо коре надошта бошед, ки рӯзҳои иду хушӣ аст. Ин ҳадиси Паёмбар (с), ки дар мутуни аҳодиси “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва Муслим ва дигар мароҷеъ сабт аст, мерасонад, ки дар хонаи Паёмбар (с) овозхонӣ шуда ва занон овоз хондаанд.
Пас на танҳо, ки садои зан аврат нест, ки Толибони нодон ҳукм мекунанд, овозхонӣ барои зан, ки дар ҳузури мардон, яъне ҳазрати Расули Карим (с) ва ҳазрати Абубакри Сиддиқ (рз) сурат гирифта, ҳаром нест ва мутлақ муҷоз аст, ки занон монанди мардон овозхонӣ кунанд.
Омадем рӯи масъалаи ин ки зани овозхон ҳиҷоб дошта бошад ё надошта бошад. Ҳиҷоб дар ислом иҷборӣ гуфта нашудааст ва аз рукни имон нест ва аз рукни тақво ба шумор меравад. Яке зиёдтар ботақво аст ва яке камтар. Наметавон иддао кард, ки як зани беҳиҷоб беимон аст.
Тақво доштан ва имон ба Худованд доштан ду масъалаи ҷудогона аст. Аммо дар ҷомеаи мусулмон либос бо сатр намоёнгари тақвои як занро нишон медиҳад, хонанда бошад ё набошад. Дар ислом либос, монанди Чини коммунисти даврони Мао Се Дун нест, ки як юниформ бошад ва ҳама як навъ ва ё як ранг либос бипӯшанд. Ва то ҷое ки аврат, ки бадану дастон ва поҳост, риоят шавад, ҳар либос, ки зан дошта бошад, дуруст аст, хоҳ шим бошад ва ё хоҳ домани баланд бошад, хонанда бошад ё набошад.
Назар ба наси Қуръони Маҷид мусулмонон масъули гуноҳу савоби худ ҳастанд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад инсонро, ки озод халқ шудааст, аз ҳаққи озодӣ маҳрум созад. Дин омад, ки мардум аз ҳар гуна қайду қуюд озод шаванд, зеро инсони озод халқ шудааст ва барои худ тасмим мегирад. Агар як зан риояти ҳиҷобро намекунад, масалан, остини кӯтоҳ мепӯшад, мавзӯъи шахсии худаш аст ва ба имони ӯ ба Худованд иртибот надорад.