Оё хусумат ва душмании ин ду Ҳаққонӣ бо улуми ҷадид, ки ҳосили он тарбияти духтур, муҳандис ва мутахассис аст, дидгоҳи худи онон аст ё аз тарафи Покистон дикта шудааст?
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Дар чанд рӯзи гузашта, мавзӯъи интишори китоби Абдулҳаким Ҳаққонӣ (дар акс), қозиюлқузот ё раиси додгоҳи олии Толибон, сарусадое ба по кардааст. Асли китоб арабӣ аст, ки таҳти унвони “Ал-иморат ул-исломия вал низомҳо” (Иморати исломӣ ва низоми он) дар рамазони 1443 ҳиҷрӣ тавассути интишороти “Дорулулуми шаръия” бидуни зикри маҳалли нашри китоб дар 312 сафҳа ба чоп расидааст. Ин китоб дар ҳоли ҳозир, ҷойгоҳи оиннома ва Қонуни асосии Толибонро дошта ва агар қарор бошад дар оянда низ қонунӣ барои Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон танзим шавад, қатъан китоби Абдулҳаким Ҳаққонӣ, марҷаъ ва мабнои он қарор хоҳад дошт. Дар китоби “Ал-иморат ул-исломия вал низомҳо” мавзӯъоти мутааддиде мавриди баҳс қарор гирифтааст, ки аз сиёсат гирифта то умури иҷтимоиро дарбар мегирад.
Мавзӯъоти матраҳшуда дар китоби шайх Абдулҳаким Ҳаққонии Шаръӣ, бо сарнавишти миллати Афғонистон иртибот дорад, зеро Толибон китоби вайро роҳнамо ва нақшаи роҳи худ дониста ва дар оянда низ онро марҷаъи давлатдорӣ қарор хоҳанд дод.
Ҳарф ба ҳарф, калима ба калима, ҷумла ба ҷумла ва иборат ба иборати ин китоб ҷойи баҳсу ҳарф дорад. Зоҳири матолиби китоб бо оёти Қуръон, аҳодис ва сухани бузургони дин ороста шудааст, аммо дар ақиби он тавтеаи бузурге алайҳи таърих, фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва иҷтимоъи Афғонистон нуҳуфтааст. Баҳсбарангезтарин мавзуъоти китоби Абдулҳаким Ҳаққонӣ сохтори низоми ояндаи Афғонистон, ҳузури занон дар иҷтимоъ ва масъалаи омӯзиш аст. Вақте мавзуъи сохтори низом мавриди баҳс қарор мегирад, танҳо гузинае, ки ҷойгоҳе барои он таъриф нашуда, интихобот ва ҳаққи интихоби ҳоким тавассути мардум аст.
Ҳамчунин вақте мабҳаси ҳузури занон дар иҷтимоъ ва сиёсат дар сафаҳоти 151 ва 275 китоби Абдулҳаким матраҳ мешавад, дигар маҳол аст, ки занон дар ҳокимияти Толибон ҷойгоҳе ба андозаи корманди содда дар як ниҳоди давлатӣ дошта бошанд. Дар маҷмӯъ, дар китоби Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳузури занон дар сиёсат ва иҷтимоъ ба куллӣ нафй шуда ва бо сароҳат гуфта шудааст, ки ҷойгоҳи занон фақат хона аст.
Тавтеаи бузургтар аз ин, фасли омӯзиши ин китоб аст, ки таҳти унвони “Ал таълим-ул-ъасри” омада аст. Ин баҳс аз сафҳаи 242 китоб оғоз мешавад ва то сафҳаи 263 идома меёбад.
Он чи ман аз тавтеаи бузург ва хатарнок сухан гуфтам, ин нукта аст, ки Абдулҳаким Ҳаққонӣ, на танҳо назари хубе ба мактабу таҳсилоти модерн ва асрӣ надорад, балки дар сафҳаи 243 китоби худ ҳокимони мусулмон ва уламоро ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти макотиби улуми ҷадид ва асрӣ ташвиқу тарғиб мекунад, зеро ба гуфтаи ӯ, макотиб аз таъсироту самароти куффор аст, то мусулмононро ба фасод бикашонанд ва муслиминро аз дин мунҳариф кунанд.
Ҳаққонӣ барои ин дидгоҳи худ, ба сухане аз Шамсуддин Заҳибӣ аз уламои қарни ҳаштум ва нуҳуми ҳиҷрие, ки фалсафа ва каломи юнониро накӯҳиш карда, истинод кардааст, аммо қозиюлқузоти Толибон ба ин дарк нарсида, ки фалсафаву каломи юнонӣ мутафовит аз улуме чун физик, риёзӣ, химия ва сойири маводи дарсии китобҳои макотиб аст. Ин назари Абдулҳаким Ҳаққонӣ чунон сусту бебунёд аст, ки ду рӯз пеш эътирози Мавлоно Абдулазизи Ҳиндӣ аз уламои ҳомии Толибон дар нимҷазираи Ҳиндро ба думбол дошт. Вай дар мақолае ба забони арабӣ, аз қозиюлқузоти Толибон хост, ки салиқаи худро ба исми омӯзаҳои исломӣ ва динӣ ба хӯрди мардум надиҳад. Интиқоди Мавлоно Абдулазиз дуруст ва ба ҷо аст, зеро мантиқ ва истидлолҳои матраҳшуда дар “Ал-иморат ул-исломия вал низомҳо” чунон заиф буда, ки ангор як толиби мубтадӣ аз дарси устод ёддоштбардорӣ кардааст.
Ду сол пеш замоне, ки шайх Абдулҳаким Ҳаққонӣ ба унвони сарпарасти ҳайати музокиракунандаи Толибон аз Покистон ба Қатар рафт, тасаввури ман ин буд, ки агар байни Толибон як нафар аҳли дироят ва илм бошад, Абдулҳаким Ҳаққонӣ хоҳад буд, аммо ахиран вақте китобашро хондам, зеҳниятам дар бораи илмияти ӯ низ фурӯ рехт.
Ба ҳар сурат, як намуна аз мухолифатҳои вайро бо улуми модерн ва ҷадид барои ин зикр кардам, то бидонем, ки чаро китоби Абдулҳакимро тавтеаи бузург алайҳи таърих, фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва иҷтимоъи Афғонистон медонам, зеро агар нақшаи роҳнамои қозиюлқузоти Толибон дар Афғонистон ҷанбаи амалӣ ба худ бигирад, ки то ҳудуде гирифтааст, дигар “духтур”, “муҳандис”, “мутахассис” ва “сиёсатмадор” нахоҳем дошт, зеро улуми пояи доктор ва муҳандис шудан, макотиби мураввиҷа аст, ки Абдулҳаким Ҳаққонӣ аз ҳокимони мусулмон ва уламо хостааст ҷилави фаъолияти ин макотибро бигиранд.
Савол ин аст, ки самара ва натиҷаи ин фатво чист?
Натиҷааш ин аст, ки мардуми Афғонистон пеш аз пеш ба кишварҳои хориҷӣ ва, бахусус Покистон вобаста мешаванд. Ба иборати дигар, вақте фаъолияти макотиби асрӣ мутаваққиф шавад ва ё кайфияти омӯзиш ба хотири исломиза кардан аз навъи Толибон коҳиш ёбад, то бист соли дигар як доктори содда ҳам нахоҳем дошт ва ин яъне ин, ки мардум барои дармони як бемории содда ҳам бояд роҳии Покистон шаванд. Оё ин тавтеаи бузург ва хатарноке нест?
Сухани Абдулҳакимро набояд фатвои шахсӣ ва содда бидонем, зеро ин сиёсатест, ки акнун дар байни Толибон думбол мешавад. Масалан, Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, вазири таҳсилоти олии Толибон низ ҳамин шеваро дар пеш гирифтааст ва миёнаи хубе бо улуми ҷадид надорад. Суханрониҳои вай алайҳи улуми асрӣ ва фориғуттаҳсилони бист соли ахир, гувоҳи ин сухан аст.
Ҷолиб аст, ки ин ду тан яъне Абдулҳаким Ҳаққонӣ ва Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ дар Дорулулуми Ҳаққония, ки зери назари Созмони иттилоотии Покистон фаъолият мекунад, тарбият шуда ва аз ин мадраса фориғуттаҳсил шудаанд.
Ёддоштро бо ин ду савол ба поён мебарам, ки оё хусумат ва душмании ин ду нафар ва пайравони онон бо улуми ҷадид, ки ҳосили он тарбияти духтур, муҳандис ва мутахассис аст, дидгоҳи худи онон аст ё аз тарафи Покистон дикта шудааст?
Дигар ин ки оё шумо ҳам мисли ман ба ҳамин натиҷа расидаед, ки Покистон мехоҳад миллати Афғонистон ба дур аз илм боқӣ бимонад ва монанди гузашта дар тамоми арсаҳо ба ин кишвар муҳтоҷ бошад?