“Қуръон” мегӯяд, ҳар хубӣ, ки ба шумо расад аз тарафи Худост ва ҳар баде, ки ба шумо расад аз ҷониби худи шумост.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Ман феълан рӯзҳои сешанбе як курси ҷомеашиносии исломиро онлайн тадрис мекунам, ки дар ҳудуди навад донишҷӯ ширкат мекунанд ва маълум мешавад барояшон бисёр дилчасп аст. Яке аз донишҷӯён ба ман текст кард, ки дарсҳои ҷомеашиносиро ҳамроҳи хонаводааш мебинад ва барои ҳама хонавода омӯзанда ва дилчасп аст, ки аз ҳама донишҷӯёни азиз сипосгузорам.
Яке аз донишҷӯён савол кард, ки мегӯянд, ислом бо фалсафа рабт надорад, оё ин дуруст аст?
Ин саволи ҷолиб аст, зеро дин фалсафа нест ва аммо бо фалсафа рабт дорад. Касоне, ки ин рабтро намебинанд, зери таъсири тафаккури Имом Ғазолии Тӯcӣ алайҳираҳма ҳастанд, ки бо фалосифаи замони худ, монанди Ибни Сино ва Форобӣ ҷадали фикрӣ кард ва муваффақ ҳам шуд.
Далели муваффақияти ӯ ин буд, ки бисёре масоил аст, ки фалсафа ҷавоб гуфта наметавонад, зеро фалсафа,ки чандин сол тадрис кардам, як навъ андешагароӣ аст, ки инсонро зиёдтар мушавваш месозад ба ҷойи ин ки ҷавоби қонеъкунанда дода бошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки донишмандон ҳама мӯътақид ҳастанд, ки паёмбарон дар ҷазби мардум бисёр муваффақ буданд назар ба файласуфон.
Фалсафа, ки як вожаи юнонӣ аст, ба маънии “ишқ ба ҳикмат” аст. Дар ислом “Қуръон” китоби ҳикмат аст ва дар сураи “Бақара”, ояи 269 омадааст: “(Худо) донишу ҳикматро ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад) медиҳад ва ба ҳар кас ҳикмат дода шавад, хайри фаровоне дода шудааст. Ва ҷуз хирадмандон, (ин ҳақоиқро дарк намекунанд, ва) мутазаккир намегарданд”.
Як далел, ки “Қуръон” хондан дар мутуни динӣ бисёр таъкид шуда, барои фаҳми ҳикмат аст. Пас, мебинем, ки ҳикмат на танҳо дар фалсафа матраҳ аст, дар “Қуръон” ҳам матраҳ аст бо тафовути ин ки дар фалсафа инсон дар талош аст, ки бидуни мавҷудият ва нақши Худованд ба як ҳақиқат бирасад.
Дар ҳоле ки дар фалсафаи исломӣ, яъне ишқ ба ҳикмат, ки шуарои тавонои забони форсӣ, монанди Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз ва ғайра зиёдтар таъкид кардаанд, ҳикматро аз рӯи худошиносӣ ва паёмбаршиносӣ донистаанд на ғайри он. Таври мисол касе дуруст наметавонад ашъори Мавлоноро дарк кунад, то аҳодис, ки Мавлоно дар ашъори ҳикмати худ нигошта, надонад. Лутфан руҷуъ кунед ба китоби "Аҳодиси Маснавӣ" ҷамъ ва тадвини устод Бадеъулзамон Фурӯзонфар, соли чоп 1334 хуршедӣ (1955 милодӣ).
Вақте мо аз фалсафа сухан мегӯем, ки ба ҳақ бирасем ва дар ин маврид фалсафаи исломӣ дар масоили фалсафӣ, монанди ваҳдати вуҷуд, тавҳид, рози ҳастӣ ва нақши инсон минҳайси ашрафи махлуқот бисёр барозанда аст ё фалсафаи оccasionalism (окказионализм) бо сабабгароӣ як мавзӯи амиқи фалсафӣ аст, ки мусулмонон зиёдтар матраҳ кардаанд ва фалосифа туфра рафтанд.
Масалан, ин ки Худованд дар ҳар ламҳа халқ мекунад ва ҳар ламҳа ҷаҳони ҳастӣ тағйир мехӯрад ва сабаби онро худи холиқи ҳастӣ медонад на инсон, ки дар талоши шинохти ин воқеиятҳои табиӣ аст. Масалан, насибу қисмат, ки робитаи мустақим ба табиат дорад ва зиёдтар як мавзӯи фалсафии табиӣ аст, мусулмонон матраҳ карданд.
Бояд хотирнишон шавад, ки як идда насибу қисматро ғалат фаҳмидаанд ва тасаввур мекунанд, ки ҳар бадбахтӣ, ки ба сарашон биёяд аз тарафи Худост, дар ҳоле ки “Қуръон” мегӯяд, ҳар хубӣ, ки ба шумо расад аз тарафи Худост ва ҳар баде, ки ба шумо расад аз ҷониби худи шумост. Лутфан, ба мазмуни фалсафии ин муҳаққиқ зери унвони "Биниши “Қуръон”-ӣ дар мавриди ҷабру ихтиёр" дар сайти “Хуросонзамин” муроҷиа кунед.
Ҳеҷ ғалат нест, ки мо бигӯем, фалсафаи исломӣ, зеро бо матолибе, ки дар боло тазаккур ёфт, фалсафаву ирфон ва тасаввуф ҷузъи мутолиоти фалсафаи исломӣ аст ва фавқулодда дилчасп аст. Дар фалсафаи исломӣ меҳвари ҳама Худост ва дар фалсафаи юнонӣ меҳвар ақли бани одам аст, ки қудрати фаҳми ҳама мавзӯъотро дар ҷаҳони ҳастӣ надорад. Масалан, мо мусулмонон энергияи торик ё dark energyро дар манзумаи шамсӣ як рози ҳастӣ медонем, то ҳақ ҷилвагар шавад ва аммо ақли инсон аз фаҳми он оҷиз аст.