Хабари рӯз

Таҷлил аз рӯзҳои мусибатбор хиёнат ба меҳан ва миллат ва тадовуми ранҷҳои бекарон аст.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Ман намехостам дар мавриди таҳаввули 7 ва 8 савр ва омадани Толибон чизе бинависам, чун ҳаводис чаҳор даҳаи ахир дар ҳоли ҳозир ҷузъе аз таърих шудаанд.

Аммо субҳи имрӯз навиштаеро дидам, ки яке аз тарафдорони 8 савр гуфта буд, ки бояд ин рӯз бо тамоми ифтихор таҷлил шавад, ки муҷоҳидин омаданд ва қудратро гирифтанд.

Ман ҳам тоқат накардам, қалам гирифтам, то чизе бинависам.

Дар ибтидо ба ёдам омад, ки замоне равоншод Мирғулом Муҳаммад Ғубор таърихнависи шаҳири кишвар гуфта буд: “Мо - миллати Афғонистон баъд аз ҳар ғусли хуну оташ ҳамон пероҳани чиркини гузаштаро дубора ба тан мекунем”. 

Ба ақидаи ман, ҳар таҳаввуле, ки дар чаҳор даҳаи ахир дар Афғонистон омадааст, чӣ 7 ва 8 савр ва чӣ омадани даври аввал ва дувуми Толибон ҳаргиз мояи ифтихор набуда, ғайр аз вайронӣ ва саргардонӣ дигар дастовард надошта!

Ба бовари ман, ҳафту ҳашти савр ва омадани Толибон рӯзҳои оғоз ва давоми ҳикояти ранҷҳо ва дардҳои мардуми Афғонистон аст.

Ҳафтуми саври соли 1357 ва ҳаштуми саври сол 1371 ва омадани дубораи Толибон ин ҳама рӯйдодҳои мутақобили мусибатбор дар таърихи Афғонистон аст, аммо аз назари паёмад, барои қурбониён ва осебдидагони ин ҷангҳо, тафовуте надорад, ҳарчанд ин се рӯйдод ҳанӯз мудофеини худро дорад. Вале ин рӯйдодҳо оғози фоҷиа пиндошта мешавад.

Рӯйдодҳои чаҳор даҳаи ахир барои миллати мо ранҷҳои бешумор ва мусибатҳои фаровон ба мерос гузоштааст.

Агар бо ҳомиёни ҳашти савр дар мавриди шикасти русҳо минҳайси ифтихори миллӣ мувофиқ бошам, аммо ба номи паёмади ҷиҳоди исломӣ ҳаргиз тан нахоҳам дод, чун ҳеҷ натиҷаи шоистаи иршодоти ислом ба дасти миллати мо нарасид ва аз номи ҷиҳоду ислом ба нафъи кишварҳои дуру наздик аз миллати мо қурбонӣ гирифтанд.

Ҳама медонанд ҳафтуми савр, ки мусодиф аст бо кудатои режими халқӣ алайҳи ҷумҳурии Довудхон, оғози қатлҳои бераҳмона дониста мешавад ва аз ҳаштуми савр, солрӯзи пирӯзии гурӯҳи муҷоҳидин, бо вуҷуди он ки ба бовари бархеҳо тадовуми ҳафти савр хонда мешавад, аз сӯйи давлати Афғонистон, ки аз тарафи фармондеҳону раҳбарон ба гарав гирифта шуда, таври ташрифотӣ ба унвони рӯзи пирӯзии муҷоҳидин таҷлил мешавад. Аммо аз назари қурбониён ва миллати Афғонистон фарқе миёни ин рӯйдодҳо вуҷуд надорад. Ва ин рӯзҳоро мардуми мо ба ҳеҷ сурат шоистаи таҷлилу ифтихор намедонанд ва касе ҳам ҳақ надорад, ки 7-у 8 савр ва ё омадани Толибонро таҷлил кунад.

Ҳафти савр мардуми моро зер чакмаҳои истибдод хӯрд ва бар ҳарими обруву шарафи мутаннафиз, рӯҳонӣ ва сиёсатмадор таҷовуз сурат гирифт ва қатлҳои дастҷамъӣ дар зиндонҳо ифтихори ҳукуматмардони он вақт буд.

Чунончи ҳашти савр ҳам бо ба оташ кашидани шаҳри Кобул ва вайрон сохтани хонаҳо ва бастани макотибу мадорис ин сенарияро идома доданд. Бори дигар муҳоҷират, фирор, ятимӣ, бевагӣ ва садҳо ҳазор кушта армуғони дигаре буд, ки аз тарафи паёмоварони ҳашти савр ба мардум таҳмил карданд.

Ҳанӯз ин захм илтиём наёфта буд, ки бори дигар Толибон бар захмҳои илтиёмнаёфтаи ин мардум намаки дигаре шуд ва боз идомаи ҳамон трагедия - боз ҳам куштану ба дор овехтану зиндабагӯр кардан ва кӯчи иҷборӣ идома ёфт ва наздик ба се сол ҳукумати ноби муҳаммадиро ба бадтарин ваҷҳи мумкин бар сари ин мардум таҳмил карданд ва симои исломро ба шакли ваҳшатноке ба тасвир кашиданд.

Намедонам бо кадом шуур ва бо кадом эҳсос ҳашти савр ва омадани Толибонро таҷлил мекунанд?

Таҷлил аз ҳашти савр, ҳафти савр ва таҷлил аз омадани Толибон тавҳин ба ҳазорон шаҳид ва маълулу мафқуди Кобул ва вилоёти кишвар аст. Таҷлил аз ҳашти савр ва омадани дубораи Толибон тавҳин ба садҳо ҳазор беваву атфоли ятим аст, ки имрӯз аз фақр ба сӯъитағзия ва бемориҳои гуногун мубтало ва дар саракҳои Кобул ба дунболи мутарҳои охиринмудели раҳбарон ба хотири як рӯпия парса мезананд.

Таҷлил аз ҳашту ҳафти савр ва қудрат гирифтани Толибон тавҳин ба миллионҳо афғонистонии муҳоҷир аст, ки дар кишварҳои Эрону Покистон ва тамоми ҷаҳон бо тамоми таҳқиру тавҳин шуданҳо зиндагиро дар он кишварҳо тарҷеҳ медиҳанд ва аммо ҷуръати баргаштан ба кишварро надоранд.

Таҷлил аз ҳашт ва ҳафти савр ва ҳоким шудани дубораи Толибон таҷлил аз хушунату дарандагӣ, гиромидошт аз куштан, бастан, сӯхтан ва шикастан аст ва таҷлил аз ҳашту ҳафти савр ва ҳокимияти Толибон тавҳин ба шариати Муҳаммадӣ аст.

Биёед, ба ҷойи таҷлил аз ҳашту ҳафти савр ва ҷашн гирифтани омадани Толибон пероҳани сиёҳ бар тан кунем ва азодор бошем чаро, ки ин ҳама таърихи чаҳор даҳаи ахир, торих ва ҳодисаи Карбалои дигарест дар сарзамине ба номи Афғонистон. Биёед, дар ин рӯзҳо тамоми шуҳадои кишварро ба ҳисоб бигирам ва аз пешравии ятимон режа равем.

Ҳафтум ва ҳаштуми савр ва қудрат гирифтани Толибон эътироф ба гуноҳ ва узрхоҳӣ аз миллат аст.

Бале, болотарин ва пурарзиштарин шаҳомат ин аст, то омилин ва ҷилвадорони ҳаводиси чаҳор даҳаи ахир ин рӯзи таърихиро ба гуноҳҳои мутарокими хеш эътроф ва аз миллати мазлуми Афғонистон узрхоҳӣ кунанд.

Ҳама ба қимати хуни мардум ва иззати Афғонистон барои бегонагон хидмат карданд.

Агар ба авомилу ангезаҳои тамоми таҳаввулот, инқилобот ва буҳронҳо таваҷҷуҳ намоем, чунон дар меёбем, ки реша дар беруни кишвар дошта ва аз варои марзҳо масоиб ва мушкилоти базри ифшоӣ шуда ва обёрӣ гардидааст. Ин дастони аҷнабӣ буда, ки мудом дар ин кишвар буҳрону ташаннуҷ офарида ва дар ин сарзамин ба гунаҳои мухталиф ба ҷавлон пардохтаанд ва аз мо афғонистониҳо истифодаи абзорӣ карда ва ба нафъи сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фикрии худ моро истеъмол намудаанд.

Шумо шукӯҳу такаббури ҳамсояҳоро аз дарбадарии мо дармеёбед.

Агар хоста бошем, ки дигар дидагони мо вайронии кишвар, куштори мардуми бегуноҳ, мушкилот ва душвориҳои амниятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро мушоҳида накунад, аз ҳаводис ва рӯйдодҳои гузашта ва аз иштибоҳот ва хатоҳои мармуз ва ғалаткориҳои чаҳор даҳаи ахир, чунон бармеояд, ки бори нахуст чашми мо боистӣ бегонаро дар кишвар набинад, фикр ва андешаи мо оганда ба ганди диктаҳо ва талқиноти хориҷиҳо набошад, шуур ва ҳисси мо аз гарави бегонагароӣ раҳоӣ ёбад ва ҳисси истиқлолталабӣ, худиродиятҷӯӣ дар вуҷуди сиёсатмардони ин кишвар бедор гардад ва рӯҳияи эсору гузашт аз манофеи шахсӣ, ҳизбӣ, қавмӣ ва самтӣ ба манзури таҳаққуқи манофеи ҷамъӣ ва миллӣ дар вуҷуди ҳар фарди ин миллат зинда гардад.

Бояд ба ҳақ эъитроф кунем: таҷлил аз рӯзҳои мусибатбор хиёнат ба меҳан ва миллат ва тадовуми ранҷҳои бекарон аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!