Хабари рӯз

Чаро Афғонистон пасмондаву ҳамеша ноором аст ва мардумаш бо ҳам мухолифат доранд?

Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангии Ховари Миёна дар Донишгоҳи Иёлоти Калифорния

Як баҳси антропологияи фарҳангӣ.

Манро ҳатто таҳсилёфтаҳо ё намехоҳанд дарк кунанд ва ё қасдан мавзӯъро инкор мекунанд, ки мушкили мардуми Афғонистон қавмгароии ба сатҳи фавқулодда болост.

Қавмгароӣ дар ҳар кишвар вуҷуд дорад ва аммо дар Афғонистон хонумонсӯз аст. Қавмгароӣ як рӯҳия аст ва марбут ба як қавму як нажод нест. Ва аммо чаро дар Афғонистон паймонаи қавмгароӣ зиёд аст ва ҳеҷ илоҷ надорад барои ин аст, ки дар Афғонистон исломро бо қавмгароии паштун, яъне паштунволӣ хамирхоб карданд ва як кулчаи нав ба номи “афғоният” пухта карданд ва инро пахш карданд ба ҳама Афғонистон. Агар як афғонистонӣ (мардумоне, ки аз кишвари Афғонистон ҳастанд, монанди Амрико – амрикоӣ), Фаронса - фаронсавӣ, Эрон - эронӣ) савол кунӣ, ки мусулмон ҳастӣ ё афғон, аввал ҷавоб мегӯяд, ки афғон. Имрӯз як иддаи зиёди паштунҳо дар муқобили вожаи “афғонистонӣ” ҳассосият нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки мо аввал афғон ҳастем. Ҳатто онҳое ки худобовар нестанд, намегӯянд, ки ман аввал инсон ҳастам, мегӯянд, ман афғон ҳастам. Баъд аз ҷиҳоди Афғонистон дар муқобили рус вазъи кунунӣ, ки дар улуми сиёсӣ status quo мегӯянд, аз байн рафт, зеро ҳама ақвом дар ҷиҳод шомил буданд ва баъд аз ҷиҳод иддаои ҳувият карданд. Тилисми гузашта, ки ҳама “афғон” бояд худро бигӯянд, мутлақ шикаст.

Онҳое, ки паштун нестанд, афғоният ва паштунро яке медонанд ва намехоҳанд, ки худро “афғон” бигӯянд ва теъдоди ин гурӯҳ хеле зиёд аст ба савияе, ки дар Афғонистон як китоб зери унвони "Ман афғон нестам" ба нашр расид.

Чаро афғонҳо бо ҳам мухолифат доранд? Ин аст, ки дар Афғонистон ё бояд худро афғон бигӯӣ, дар ғайри он аз он кишвар нестӣ. Дувум, набояд усул, ки аз замони Амир Абдураҳмонхон вазъ шуд ва дар замони Нодирхон шадид тақвия шуд, мухолифат кунӣ. Масалан, ман форсизабон ҳастам. Вақте ман донишгоҳ менависам, мегӯянд, ки намояндаи Эрон аст. Аз барои Худо, пас калимаи дарӣ барои “пуҳантун” чист, ки ман ҳамонро бинависам? Оё забони дарӣ, ки (ман мухолифи овардани вожаи “дарӣ” ҳастам) бо бузургони шеър ва адаб, монанди Мавлоно, Саъдӣ, Бедил ва Иқбол ва... он қадар заиф аст, ки як калима барои “пуҳантун” надорад?

Иттиҳоди қавми паштун ва мазҳаби суннӣ дар Афғонистон боиси пасмонӣ ва бадбахтӣ шуд, зеро мардум аз ҳувияташон бурида шуданд ва ҳоло мардум ҳаминро қабул надоранд. Рӯҳияи қавмии паштунволӣ дар ҳама Афғонистон пахш шуд ва дар Афғонистон як исломи қавмӣ рӯи кор омад, на исломи Муҳаммадӣ. Таври мисол, муллоҳо ва тақрибан тангназарон рақсро ҳаром медонанд ва аммо вақте мардум “атан” мекунанд он ҳаром нест!!!??? Дар ҳоле ки атан ҳам рақс (и паштунӣ/афғонӣ) аст.

Ваҳҳобиҳо дар Афғонистон баъд аз ҷиҳод зиёдтар мардумро ба номи дин ва суннат ҷазб карданд ва имрӯз ба савияи духтур зани худро дар Амрико контрол мекунад ва ҳиҷоб барои ҳамсараш иҷборӣ аст. Ваҳҳобиҳо чун худ дар Арабистон издивоҷи қавм бо мазҳабро ба вуҷуд оварданд, ин масъала дар Афғонистон хуб гул кард, зеро марди Афғонистони тасаввур мекунад, ки ин ку араб аст ва аҳли Паёмбар (с) аст, пас кораш мутлақ исломӣ аст. Тақрибан аксари суннимазҳабон аз равишҳои аҳмақонаи ваҳҳобие, ки қавму мазҳабро никоҳ кард, пайравӣ мекунанд ва ба озодии инсон эътиқод надоранд.

Нисфи умри азизи Афғонистон сари мавзӯъи аҳмақонаи Паштунистон сипарӣ шуд ва вақте ман навиштам, ки масъала Паштунстон ҷанбаи амалӣ надорад ва бояд фаромӯш кард, манро хоин гуфтанд.

Рӯҳияи қавмии вожаҳои қавми араби қабл аз исломро, монанди ғайрат ва номус, чунон ривоҷ доданд ва онро бо фарҳанги ислом хамирхоб карданд, ки имрӯз ҳар коре, ки ба завқашон набошад ё “ту беғайрат ҳастӣ” ва ё “беномус”.

Ба ёд дорам, дар барномаи телевизионӣ ман ба тарафдории рақс сухан гуфтам, ки аз ҳунарҳои зебост ва агар касе дӯст дорад метавонад бирақсад ва агар дӯст надорад, нарақсад. Касе тилфун кард ва савол кард, ки агар духтари ман бирақсад (намедонист, ки ман авлод надорам), ман гуфтам, бале. Ман озодии касеро ба номи дин намехоҳам мусолиҳа кунам ва ҳар кас дар аъмоли худ озод аст. Гуфт, ту беғайрат ҳастӣ!!!??? Ман гуфтам, ҳамин беғайратиро қабул дорам ва асоратро не.

Дар Афғонистон мардум аз ҳуқуқи мусовии маданӣ бархурдор нестанд. Издивоҷи қавм ва мазҳаб занонро қишри дуввуми ҷомеа сохта аст. Мазҳаби шиа ҳамеша маҳкум шудааст ва қавми ҳазора шадид истисмор шудааст. Ва ҷолиб ин ки олими дин, таҳсилёфта, инҷинер ва доктар ҳама худро хомӯш гирифтаанд ва яъне дар ин ҷиноёт хуш ҳастанд.

Ман чаро аз мазҳаби суннӣ истеъфо кардам? Ба хотири таассуб ва тангназариашон дар муқобили дигар мазоҳиб.

Ҳувияти мардуми Афғонистон мутлақ ба хотири никоҳи номашрӯъ ва ҳароми паштунволӣ ва мазҳаби суннӣ мусолиҳа шудааст ва то ин талоқ сурат нагирад, мо ҳамеша бадбахт хоҳем буд. На Покистонро маломат кунед, на Эрон ва Амрикову Русияро. Ба оинаи худ бангаред, ки худат чӣ қадар қавмгаро ҳастӣ. Оё номи ҳамсаратро озодона (мардонро мегӯям) дар як маҷлис гуфта метавонӣ? Агар наметавонӣ, қавмгаро ҳастӣ. Агар занатро контрол мекунӣ, қавмгаро ҳастӣ. Агар ба ҷойи донишгоҳ, вақте форсӣ сӯҳбат мекунӣ, “пуҳантун” мегӯӣ, иттиҳоди қавм ва мазҳаб туро мағлуб карда ва аз ҳувияти фарҳангиат бурида аст.

P.S. Бояд бигӯям, ки номи ҳамсари ман Фавзияҷон аст ва ман дар миллият амрикоӣ ҳастам (аз соли 1986 ба ин сӯ) ва дар фарҳанг кобулӣ ҳастам ва забони модарии ман форсӣ аст, на дарӣ.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!