Толибон ва ҷунбишҳои ифротии исломӣ, дар дараҷаи аввал салафиҳо, чӣ гуна мехоҳанд мардуми мусулмонро таҳти султаи худ дароваранд?
Нависанда: Муҳаммад Муҳиқ
Пояи машрӯъияти низомҳо дар ҷаҳони ҷадид раъй ва хости мардум аст. Ва низоме, ки аз тариқи раъйи мардумӣ рӯйи кор омада бошад, дорои ҳаққи машрӯъ барои истифода аз қувваи қаҳрия дар ҷиҳати иҷрои қонун аст. Толибон ва гурӯҳҳои бунёдгарои мушобеҳи онон ба раъй ва хости мардум бовар надоранд ва итоат аз султаи худро ҷанбаи динӣ медиҳанд. Онон барои иҷбори мардум бар фармонбарӣ ва таслимпазирӣ ба ояи 59 – и сураи “Нисоъ” истинод мекунанд, ки гуфтааст: "Худоро итоат кунед ва паёмбару авлиёи амри худро". Ҳадафашон аз пайванд задани ин мавзӯъ ба таолими динӣ ин аст, ки мардум дар баробари амре эътиқодӣ ва имонӣ қарор бигиранд ва ҷое барои чуну чаро пайдо накунанд. Бисёре аз мусулмонони одӣ, ки тахассусе дар умури динӣ надоранд, дар ин маврид сардаргум мемонанд, зеро наметавонанд омӯзаҳои диниро нодида бигиранд ва наметавонанд ба машрӯъияти ҳокимияти истибдодӣ бовар дошта бошанд.
Оё итоат аз ҳар касе, ки худро улуламр номид, фаризаи шаръӣ аст? Барои донистани ин ки улуламр кист, бояд дид муфассирони Қуръон аз он матни дини чӣ фаҳмидаанд. Қуртубӣ дар тафсири худ гуфтааст: "Акрама мегӯяд, мурод аз улуламр Абӯбакр ва Умаранд. Муҷоҳид мегӯяд, мурод аз он саҳобаанд. Аҳли ташайюъ гуфтаанд, Алӣ ва аҳли байтанд. Ҷобир гуфтааст, аҳли Қуръонанд. Ибни Кайсон мегӯяд, соҳибони хирад ва раъйанд." Ҳамчунон ибни Касир дар тафсири худ гуфтааст: "Ибни Аббос гуфтааст, мурод аз он афроди қобили эътимод ва диндоранд." Муҳаммад Абда дар “Тафсир ал-манор” гуфтааст: "Онон фармондеҳон, қозиён, донишмандон, бузургони сипоҳ ва шахсиятҳои мутанаффиз, ки мардум барои мушкилот ва масоили умумӣ ба эшон муроҷиа мекунанд." Бино бар ин ҳама касоне, ки дар заминае соҳиби назар ва соҳиби салоҳиятанд, тасмимҳояшон дар чорчӯби қонун мӯътабар аст ва онон бахше аз улуламр ба шумор мераванд. Ин итоат ҷанбаи тааббудӣ надорад ва сирфан барои сомондеҳӣ ба умури ҳамагонӣ аст.
Чунон ки дида шуд, калимаи "улуламр" дар асл ба маънои аҳли кор аст, яъне касе, ки ба лиҳози тахассус ё ба асоси механизми қонунӣ ба коре гумошта шуда ва дар он замина соҳиби салоҳият ба ҳисоб меравад. Ин калимаи бисёр омм аст ва ҷанбаҳои бисёр зиёде дорад, аз ҳокими мунтахаби мардум то вазири гумошташуда аз сӯи вай, то раисон ва мудирони интихобшуда аз сӯи вазирон, то фармондеҳони лашкар, то ниҳодҳои дигаре, ки дар арсаи умумӣ дорои салоҳият ва масъулиятанд. Дар воқеъ ин калима бар шахси бахусусе далолат надорад, балки маънои ин оя ин аст, ки корҳо бояд ба аҳли он супурда шавад ва дар заминае, ки аҳли он тасмим мегиранд, бояд ба тасмимашон эҳтиром ниҳода шавад, то замина барои ошуфтагӣ, ҳарҷу марҷ ва мушоҷираи мустамар мусоид нашавад.
Агар низоме бар мабнои ризояти мардум шакл нагирифта бошад, ҳатто агар номи худро исломӣ бигузорад, машрӯъият пайдо намекунад ва итоат аз он воҷиб нест. Қуртубӣ назари яке аз олимони қадим ба номи ибни Хавизмандодро дар бораи ҳокимони замонаш, ки мусулмон ҳам буданд ва зоҳиран улуламр ҳам буданд, нақл мекунад, ки гуфтааст: "ҳокимони замони мо на итоат аз онон равост ва на ҳамкорӣ ва на эҳтиромашон." Беҳтар аст ҳукуматҳо ба ҷойи истифодаи абзорӣ аз дин ба хости мардум тан бидиҳанд ва машрӯъияти худро аз он тариқ ҳосил кунанд.
Фалсафаи падид омадани низоми сиёсӣ ва ба таъбири Томас Ҳобз (“Левиафан”), мабнои муҳим барои фаҳми давлатдорӣ дар асри ҳозир аст.