Дар ин ҳеҷ шаку шубҳа нест, ки дар ин зиёдтар аз чиҳил сол Эрон иштибоҳоти зиёд кард ва ин боис шуд то иғтишошоти дохилӣ ба роҳ афтад.
Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангии Ховари Миёна дар Донишгоҳи Иёлоти Калифорния
Аз як донишманди улуми сиёсӣ омӯхта будам, ки шароити сиёсӣ фақат дар як ҳарфи кӯтоҳ метавонад тағйир кунад. Яъне бо як ҳарфи кӯтоҳе аз як ҷониб, шароит метавонад ба нафъи Эрон ва ё зарари Эрон тағйир кунад.
Асосан аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ суқут метавонад дохилӣ бошад ва ҳам байналмилалӣ. Суқути дохилӣ он аст, ки кишваре аз дохил пошон мешавад ва худашро гум мекунад. Ҳамин суқути дохилӣ боис мешавад, ки низом ба шакли байналмилалӣ тағйир кунад. Беҳтарин мисол суқути дохилие, ки мунҷар ба суқути байналмилалӣ шуд, яъне ҳувияти сиёсии кишвар тағйир кард, Иттиҳоди ҷамоҳири сотсиалистии Шӯравӣ буд, ки шароити дохилӣ боис шуд, то режим дар сатҳи байналмилалӣ суқут кунад ва Шӯравӣ аз нақшаи байналмилалӣ маҳву нобуд шуд ва як кишваре ба номи Русия арзи андом кард. Мисоли дигар империяи Туркияи Усмонӣ буд, ки шароити хароби дохилӣ боис шуд, то империяе баъд аз шашсад сол суқут кунад ва як кишваре ба номи Туркия ба вуҷуд омад.
Суқути Эрон ҳам, агар раҳбарони Эрон тасомими дуруст нагиранд, метавонад боиси суқути режим шавад. Дар ҳама кишварҳо ва империяҳо мухолифини хориҷии низоми сиёсӣ аз шароити сиёсии дохилӣ суъистифода мекунанд ва дар асари мудохилоти берунӣ ба низом садама мезананд.
Дар қисмати Эрон, ду кишвар аз шароити дохилии шадид суъистифода мекунанд ва ин кишварҳо ИМА ва Исроил аст, ки бурдбории низомро надоранд. Танҳо ба хотири таҳдид ба Исроил нест. Танҳо масъала мавзӯи иқтисодӣ ва ҳастаии Эрон нест. Асли мавзӯъ ин аст, ки Эрон ба хотири мусулмон будан бояд суқут дода шавад.
Дар ин ҳеҷ шаку шубҳа нест, ки дар ин зиёдтар аз чиҳил сол Эрон иштибоҳоти зиёд кард ва ин боис шуд то иғтишошоти дохилӣ ба роҳ афтад. Ва Ғарб, махсусан Амрико ва намояндаи он дар Ховари Миёна, Исроил шадидан ҳаросон аст. Ғарбиҳо ба саркардагии ИМА бурдбории як низоми исломиро надоранд, зеро як низоми усулӣ ва асосии исломӣ мухолифи ҳама барномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Ғарб дар минтақа аст.
Як далеле, ки демократияро ташвиқ ва тарғиб мекунанд, ҳамин аст, ки низоми ислом сарнагун шавад ва дар ин қисмат Арабистони Саудӣ шадидан ҳамкорӣ мекунад, зеро низоми исломии усулӣ ва асосӣ ба нафъи Арабистони Саудӣ ҳам нест, зеро агар як низоми усулӣ ва асосии исломие, ки ба мавозини ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи башар ва озодиаҳои фардие, ки ҳама дар исломи Муҳаммад (с) нуҳуфтааст, ба вуҷуд биёяд, низоми шайхнишинони араб ҳама сарнагун мешавад.
Чаро низоми мунтахаби Мисрро сарнагун карданд? Дар ин сарнагунии Миср ва марҳум Муҳаммад Мурсӣ, Амрико, Исроил ва Арабистони Саудӣ даст дошт. Дар Эрон ҳам масъала ҳамин аст, ки бояд ҳеҷ низоме ба номи ислом арзи андом накунад. Агар Эрон суқут мекунад, дар ин ҷойи шак нест, ки қудратҳое, ки тазаккур рафт, шадид нақш доштаанд ва онҳо тағйири режимро мехоҳанд, аммо Эрон худ боиси ин ҳама бадбахтӣ шудааст. Таҳмили дин, ки дар ислом нест, таҳмили ҳиҷоб, исрофи давлатмардон, сӯъистифодаи давлатмардон аз сармояҳои миллии кишвар, адами мавҷудияти як иқтисод ҳамаҷониба барои мардум ва даҳҳо мусибатҳои хурду бузурги суқути дохилӣ метавонад мунҷар ба суқути байналмилалӣ шавад, машрут бар ин ки Эрон аз таассуби мазҳабӣ берун шавад ва шароитро аз дохил ислоҳ кунад.