Хабари рӯз

Танҳо адолат барои махлуқи Худост, зеро Қуръон гуфт, рабб ул-оламин, на гуфта, ки рабб ул- муслимин.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Аввал ин ки на зери унвони федерализм, аммо зери унвони ихтиёрдорӣ дар Туркияи Усмонӣ шашсад сол ҳамин навъи ҳукумат вуҷуд доштааст, ки устонҳо ҳуккоми худро доштанд  ва худмухтор амал мекарданд. Яъне як мавзӯи нав нест.

Федерализм чолишҳои худро дар ҷаҳони имрӯз дорад. Бузургтарин чолиши федерализм дар ҷаҳони имрӯз таъмини адолат аст, ки ноком мондааст. Дар кишварҳои ғарбӣ, ба шумули Олмону Амрико, ва осиёӣ, монанди Ҳиндустон адолат таъмин нашудааст.

Дар Афғонистон идеяи федерализм бар алайҳи қавми паштун аст, ки тасаллути сиёсиро зиёдтар аз дусад сол дар даст доштанд ва доранд. Яъне такқавмӣ будани Афғонистон аз нигоҳи антропология боиси бурузи идеяи федерализм шудааст, на ин ки Афғонистон омодаи федерализм бошад. Бо ин ки паштунҳо қудрати сиёсиро дар даст доштанд, аммо бар алайҳи қавми худ ба хотири шохчаҳои мухталифи қавмӣ, монанди ғилзоӣ ва дурронӣ зулм кардаанд ва ҳатто қавми худро нодида гирифтанд, фақат дӯст доранд дар қудрат бошанду бас. Авлод, бародар, аму ва аъзои хонаводаи худро ба хотири қудрат аз байн бурданд ба шумули Довудхон, ки Зоҳиршоҳро аз қудрат андохт ва то имрӯз Афғонистон ба ҳол намеояд.

Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ, федерализм ду пешниёз дорад, ки Афғонистон надорад:

Аввал, қувои аскарии қавӣ, ки Афғонистон надорад.

Дувум, санъату сармоя, ки Афғонистон надорад.

Кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ, ки соҳиби федерализм ҳастанд, ақалан яке аз ин ду пешниёзро доранд.

Чолиши дигари федерализм дар як кишвари ақибмонда, монанди Афғонистон лоббигарии қавмӣ аст. Дар низоми федерал ҳама ақвом ба шакли мусовӣ дар қудрат дар дохили пойтахт саҳим ҳастанд. Дар ин ҷост, ки агар як қавм барои манофеъи худ лоббигарӣ кунад, ки ин ҳаққро дорад, боз ҳам адолат таъмин намешавад, чунончӣ яҳудон дар Амрико барои манофеи яҳуд ва Исроил лоббӣ мекунанд ва ҳама кишварро ҳам дар Амрико ва ҳам Олмон ба гаравгон гирифтаанд, яъне ду кишвари муқтадири иқтисодии ғарбиро.

Ба ташаббуси ман аз аввали июни соли гузашта ҳамроҳи чанд тан аз дӯстон ба шумули доктор Муфид кӯшиш дорем, ки қонуни асосии исломии федералии Афғонистонро бинависем. Дар ин федерализм, адолати том ҳукмфармост, ки дар дигар низомҳои федералии дунё матраҳ нест.

Бояд бидонем, ки низомҳои сиёсӣ ба шумули демократия танҳо ҳуқуқи мардум ва ё раъй додан барои як шахс нест, балки як фарҳанг аст. Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ ду чиз дар демократия вуҷуд надорад: ахлоқу адолат. Имрӯз дар низоми федералии Амрико танҳо сармоядор садо дораду бас. Бо омадани Трамп дар Амрико як маҳшар аст.

Дар низоми федералии Ҳиндустон на танҳо, ки кастанизом аст ва мардуми қишри поин бо қишри табақотии дигар издивоҷ карда наметавонад, бар алайҳи мусулмонон шадид табъиз сурат мегирад. Дар Олмон як духтар ё зан баъд аз 9 шаб дар истгоҳи қатори оҳан худфурӯшӣ мекунад. Пас мебинем, ки на демократия корро ҳал карда ва на федерализм.

Аммо федерализми исломӣ, ки бояд адолати томе ҳукмфармо бошад аввалин бор аст, ки навишта мешавад ва мо кӯшиш мекунем, ки зудтар онро тамом кунем. Дар федерализми исломӣ на танҳо вилоёт ихтиёрдор аст, дар айни замон иқтисод ба шакли одилона тарҳрезӣ мешавад, ки на касе худфурӯшӣ кунад ва на танҳо сармоядорон дар қудрат бошанд, зеро низоми шаҳрвандии исломӣ матраҳ аст, ки ҳама махлуқи Худо, мусулмон ва ғайримусалмон аз адолат бархурдор бошад.

Кӯшиш мекунам, ки ин қонуни асосии исломии федералии Афғонистон ба даҳ забон, яъне се забони миллии кишвар: форсӣ, пашту ва узбекӣ ва шаш забони Милали муттаҳид, яъне арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, чинӣ, ва испониёӣ ва ҳамчунон ба хотири аҳамият иқтисоди Олмон ва муҳоҷирини Афғонистон дар Олмон ба олмонӣ тарҷума шавад. Чун ин қонуни асосӣ ҳаргиз дар ҷаҳон вуҷуд надорад ва навишта нашудааст, тақлид аз дигарон нест. Дар ин қонуни асосии исломӣ шиа ва суннӣ ва аксарияту ақаллият, зану мард ва мусулмону ғайримусалмон нест. Танҳо адолат барои махлуқи Худост, зеро Қуръон гуфт, рабб ул-оламин, на гуфта, ки рабб ул-муслимин.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!