Хабари рӯз

Тоҷикон барои нигоҳ доштани забони русӣ дар Тоҷикистон фаъолона мусоидат мекунанд.

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Забони русӣ дар системаи маорифи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад ва аҳамияти он сол то сол меафзояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамкории зич бо Русия донистани забони русӣ барои хатмкунандагони мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон уфуқҳои нав боз мекунад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти забони русиро дар ҷаҳони муосир дарк намуда, барои беҳтар кардани таълими он дар мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолона корбарӣ мекунад.

 

САЪЮ КӮШИШИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон 59 мактаби русӣ фаъолият мекунад ва дар 185 мактаби дигар таҳсил бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамаи донишгоҳҳо низ курсҳои забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи дониши забони русӣ дар кишвар фаъолона корбарӣ мекунад. Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода иброз дошт, ки барои расидан ба ин ҳадаф дар ҷумҳурӣ барномаҳои гуногун, аз ҷумла курсҳои мунтазами такмили ихтисос барои омӯзгорон ҷорӣ карда мешаванд.

Дар доираи ин ташаббус навкунӣ ва тавсеаи маводҳои таълимӣ, аз ҷумла нашри китобҳои электронии дарсӣ пешбинӣ шудааст. Дар нақша аст, ки то оғози соли нави таҳсил барои хонандагони мактабҳои миёна 150 ҳазор адад маводҳои таълимӣ  аз фанни забони русӣ нашр карда шуда, дар оянда нашри 1,5 миллион китобҳои дарсӣ дар назар аст.

Махсусан ба таълими хатмкунандагон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад, то ки онҳо забони русиро хуб аз худ карда, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия, ё пайдо кардани кор дар кишварҳои ИДМ имконияти бештар дошта бошанд. Вазорати маориф бо Русия дар таҳияи усулҳои нави таълим ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла коркарди дубораи китобҳои дарсӣ аз забони русӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Бо ин мақсад дар кишвар барномаи давлатӣ барои такмил додани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ (аз соли 2019) амал мекунад. Ин барнома барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст ва идомаи барномаи аввала, ки аз соли 2015 то соли 2020 амал мекард, мебошад.

Ҳадафи асосии ин барнома - баланд бардоштани сатҳи дониши забонҳои русӣ ва англисӣ дар байни мактаббачагон ва донишҷӯёни кишвар аст. Барои ин мунтазам гузаронидани курсҳо ва тренингҳо барои омӯзгорон, таҳияи китобҳо ва маводҳои таълимӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии таълимӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар доираи барнома таҳкими омодасозии мутахассисон вазифагузорӣ шудааст, то онҳо дар муҳити касбӣ ва таълимӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ озодона истифода бурда тавонанд.

Барнома як қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин таҳкими равобити фарҳангиву таълимӣ бо кишварҳои дигар мебошад.

 

КӮШИШҲОИ РУСИЯ

Русия дар рушд додани системаи маорифи Тоҷикистон дар самти забони  русӣ, инчунин таъмин кардани мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсиву маводҳои таълимии босифат кӯмаки ҷиддӣ мерасонад, ки ин ба баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳо мусоидат мекунад.

Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Роҳбари намояндагӣ Андрей Патрушев қайд намуд: «Доираи фаъолияти Россотрудничество дар самти дастгирии омӯзиши забони русӣ хеле васеъ аст, ман мехоҳам танҳо якчанд лоиҳаҳои асосиро номбар кунам. Хонаи русӣ ба мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ адабиёти таълимӣ, бадеӣ ва методӣ бо забони русӣ барои хонандагони синну соли гуногун дастрас мекунад, ки ин барои мо ва  барои омӯзгорону хонандагон як навъ маросими хуш аст. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо китобҳои нави дарсӣ ва мусавварро ҳамеша бо хурсандӣ истиқбол мегиранд. Ин раванд ҳатто дар рӯзҳои таътил низ давом мекунад. Ҳоло дар мактабҳо ба оғози соли нави таҳсил омодагӣ мебинанд, бастаи нави адабиёти дастрасшуда мунтазири хонандагони худ аст.

Дар баробари ин барои ҳамаи хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русӣ - ҳамчун забони хориҷӣ гузаронида мешаванд. Ба ин курсҳо  онҳое ҷалб карда мешаванд, ки мехоҳанд сатҳи дониши забони русии худро барои муоширати ҳаррӯза ва ё, масалан, барои коргузорӣ мустаҳкам кунанд».

Вазорати маорифи Русия ва нашриёти «Маориф» (Просвещение) дар нақша доранд, ки ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ бо забони русӣ дастрас кунад. Барои ин Русия 200 миллион рубл ҷудо кардааст.

Қисмати муҳими раванди дастгирии забони русӣ дар Тоҷикистонро барномаи «Муаллими русӣ дар хориҷа» ташкил медиҳад. Омӯзгорони рус на танҳо аз забон ва адабиёти рус, балки риёзиёт, физика, химия, информатика ва дигар фанҳо дарс медиҳанд, ин ба боло бурдани сатҳи таҳсилот дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

«Дар мавриди Лоиҳаи байналмилалии башардӯстонаи «Муаллими рус дар хориҷа» бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки 7 сол қабл ин барномаро дар қаламрави худ ҷорӣ кард ва тайи ин солҳо барнома то дараҷае самаранокии худро нишон дод, ки имрӯз рисолати маорифпарваронаи он дар 13 кишвари ҷаҳон амалӣ гардонида мешавад. Бояд қайд намуд, ки талабот ба омӯзгорони русӣ хеле зиёд буда, сол то сол меафзояд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 75 нафар омӯзгорони рус фаъолият доштанд, интизор  меравад, ки имсол  шумораи онҳо зиёд мешавад.

Кор бо мактабҳо танҳо бо ин лоиҳаҳо маҳдуд намешавад. Соли гузашта бо дастгирии Россотрудничество дар шаҳрҳои Турсунзода ва Панҷакент ду маркази таҳсилоти иловагӣ кушода шуд. Ҳуҷраҳо бо мебелҳои зебою бароҳат, техника ва китобхонаи пур аз адабиёти бадеӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар ин марказ на танҳо машғулиятҳо ва факултативҳо аз забони русӣ, балки семинарҳо барои омӯзгорон, маҳфилҳои бачагона, озмунҳои адабӣ ва машғулиятҳои мавзӯӣ низ гузаронда мешаванд. Дар баробари ин, Намояндагии башардӯстонаи Русия боз ду синфхонаи забони русиро таъмир кард. Ва албатта, барои чунин синфхонаҳои муҷаҳҳаз аз дигар шаҳру ноҳияҳо дархостҳо меоянд.

Сарчашмаи асосии дониш барои кӯдак мураббии ӯ мебошад. Инро дарк карда, бо муаллимони рус ба таври  индивидуалӣ корбарӣ  мекунем. Инчунин ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мунтазам барои омӯзгорони донишгоҳҳо ва мактабҳо курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва кофронсҳо оид ба усулҳои муосири таълим баргузор карда мешаванд. Тирамоҳи соли ҷорӣ чорабиниҳои зиёди тарбиявӣ ба нақша гирифта шудааст. Маълумот ва эълонҳо дар бораи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон нашр мешавад, аз ин рӯ ба онҳое, ки мехоҳанд забони русии худро такмил диҳанд ё тахассуси худро баланд бардоранд, тавсия медиҳам, ки ба аккаунтҳои мо обуна шаванд ва эълонҳоро пайгирӣ кунанд”, - хулоса мекунад роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев.

Кӯшишҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши забони русӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, аллакай натиҷаҳои назаррас бахшида истодаанд. Дар ин раванд кӯмаки Русия, аз ҷумла сохтмони мактабҳои нав, дастраскунии маводҳои таълимӣ ва иштироки омӯзгорони рус бисёр муҳим аст. Ин на танҳо ба таҳкими робитаҳои таълимӣ, балки ба ҳамгироии фарҳангии ду кишвар мусоидат мекунад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!