Хабари рӯз

Ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар соҳаи маориф танҳо тарғиби забони русӣ нест, балки барои баланд бардоштани сифат ва шароити таълим дар мактабҳои Тоҷикистон аст.

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз 293 миллион нафар шаҳрвандони Иттифоқи Советӣ зиёда аз 280 миллион нафар ба забони русӣ гап мезаданд. Ҳарчанд забони русӣ аз лиҳози теъдоди гуфтугӯкунандагон (250 миллион нафар) яке аз забонҳои бузургтарин маҳсуб меёбад, вале имрӯз дар кишварҳои пасошӯравӣ теъдоди онҳое, ки бо ин забон ҳарф мезананд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Оё дар Тоҷикистон забони русиро “фаромӯш” мекунанд?

 

ЗАБОНИ МУОШИРАТИ БАЙНИ МИЛЛАТҲО

Русия ба таблиғи забони русӣ дар берун аз қаламрави худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад: албатта, ин барои таҳкими мавқеи он ҳамчун як бозингари фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ бисёр муҳим аст ва ҳамзамон имкон медиҳад, ки бо дигар давлатҳо робитаҳои наздиктар ба роҳ монда шавад. Вобаста ба Осиёи Марказӣ ва аз лиҳози сиёсати муҳоҷиратӣ ин барои Русия бисёр муҳим аст: ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, донистани забони русӣ ва анъанаҳои фарҳангии ин кишвар аз ҷониби муҳоҷирони корӣ барои то ҳадди ақал кам кардани теъдоди ҳолатҳои муноқишавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия мусоидат мекунад.

Аҳамияти донистани забони русиро дар кишварҳои ИДМ аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан душвор аст, зеро он барои муошират, таҳсил ва фаъолияти касбӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Забони русӣ барои муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногун, махсусан дар кишварҳои сермиллат ҳамчун забони умумӣ хизмат мекунад. Бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ва нашрияҳои илмӣ дар фаъолияти худ забони русиро истифода мебаранд ва донистани он дастрасӣ ба манбаъҳои таълимӣ ва тадқиқотҳо, инчунин, адабиёт, мусиқӣ, синамо ва дигар намуди санъати русро таъмин мекунад. Забони русӣ дар соҳаи тиҷорат низ ба таври васеъ истифода мешавад - донистани он ба барқарор кардани робитаҳои корӣ ва ҳамкориҳо мусоидат карда, ҳангоми ба кор қабул шудан бартарии бузурги рақобатиро фароҳам меорад.

Чаро дар ҳоли ҳозир сатҳи дониши забони русӣ дар байни тоҷикон поин рафтааст? Яке аз сабабҳо ин тағйир ёфтани вазъи демографӣ мебошад: дар давоми 20 соли охир теъдоди русҳо дар кишвар тақрибан ду баробар кам гардидааст. Сабаби дигар кам шудани соатҳои барои омӯзиши забони русӣ ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ аст.

 

ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, бахусус роҳбарияти кишвар ба рушд ва тарғиби он дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Соли 2019 дар Тоҷикистон Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030 қабул гардид, ки дар он баргузории курсҳои баланд бардоштани сатҳи таълими забони русӣ, ҷалби мутахассисон барои табодули таҷриба ва боло бурдани маоши омӯзгорон пешбинӣ шудааст.

Тавре вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода қайд намуд, боиси нигаронист, ки аксари хатмкунандагони мактабҳои кишвар забони русиро ҳатто дар сатҳи ибтидоӣ намедонанд. Ӯ пешниҳод кард, ки усулҳои таълимдиҳии забони русиро дар мактабҳо тағйир дода, методҳои интерактивӣ ва бозии таълим ҷорӣ карда шаванд. Илова бар ин, дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Русия, соли 2024 дар мактабҳои Тоҷикистон китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои тамоми синфҳо нав карда шуданд. То оғози соли хониши имсола Русия нашри 150 ҳазор китобҳои нави дарсиро маблағгузорӣ кардааст ва боз нашри 1,5 миллион китоб ба нақша гирифта шудааст.

Ташаббусҳои таълимии муштарак бо Русия самти афзалиятноки ҳамкориҳои байни кишварҳои моро ташкил медиҳанд.

“Бо назардошти норасоии китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ бо забони русӣ,  инчунин, норасоии омӯзгорон, мо ба идома додани корҳои муштарак дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ кардем”, - қайд намуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми музокирот бо Владимир Путин. Ва воқеан Русия ин муамморо фаъолона ҳал мекунад.

 

ОМӮЗГОР ВА КИТОБҲОИ ДАРСӢ

Дар нимаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон норасоии 2670 омӯзгор ба қайд гирифта шуд. Махсусан норасоии шадиди омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забони русӣ эҳсос мешавад. Соли 2017 Тоҷикистон иштирокчии пешқадами лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” гардид, ки то имрӯз самаранокии худро нишон дода, аллакай 13 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Имсол дар 27 мактаби Тоҷикистон 117 нафар омӯзгорони аз гӯшаҳои гуногуни Русия омада таълим медиҳанд. Тавре роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Патрушев қайд намуд: “Онҳо ба туфайли сатҳи баланди омодагӣ ва муносибати худ ба раванди таълим, ҳам дар байни ҳамкорон ва ҳам дар байни волидону хонандагон обрӯву эътибор пайдо кардаанд”.

Мушкилоти дигари ҷиддӣ дар системаи маорифи мо норасоии адабиёти таълимӣ мебошад: тибқи маълумотҳои Вазорати маориф ва илм, дар охири соли 2022 дар мактабҳои кишвар аз 44 номгӯи китобҳои дарсӣ  ҳудуди 500 ҳазор китоб намерасид. Барои ҳалли ин мушкилот  Русия ба мактабҳои мо пайваста китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ равон мекунад. Соли гузашта Владимир Путин иттилоъ дода буд, ки аз мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон огоҳ аст ва эълом дошт, ҳамасола барои ҳалли ин мушкилот аз буҷаи Русия 200 миллион рубл ихтисос дода мешавад.

Роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Андрей Патрушев низ дар бораи яке аз охирин миссияҳои башардӯстона дар самти таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ чунин гуфт: “Хонаҳои русӣ ба мактабу донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам адабиёти таълимӣ, бадеӣ ва методиро бо забони русӣ таълим медиҳанд. Ин китобҳои дарсӣ хеле рангорангу нав мебошанд ва барои синну соли гуногун пешбинӣ шудаанд, аз ин рӯ, онҳоро на танҳо дар мактабҳо, балки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ бо хушнудӣ қабул мекунанд”. Барои мисол, дар аввали моҳи сентябр ба мактаби №20 яксилсила китобҳо дастрас карда шуд. Илова бар ин, ин муассисаи таълимӣ аввалин иштирокчии лоиҳаи “Геологи ҷавон” гардид, ки дар доираи он Маркази геологҳо ва экологҳои ҷавони Урал барои дарсҳои география ба ин мактаб намунаҳои канданиҳои фоиданокро тақдим кард. Патрушев ҳамзамон изҳори умедворӣ кард, ки ин лоиҳа дар оянда дигар мактабҳои Тоҷикистонро низ фаро гирифта, таваҷҷуҳи хонандагонро ба соҳаи экология ва геология бештар мегардонад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар бораи муаммоҳои асосии системаи маорифи Тоҷикистон ҳарф зада, ба масъулин дастур дод, ки дар зарфи 2 сол ин камбудиҳоро бартараф кунанд. Сарвари давлат дар қатори ин муаммоҳо ҳолати бад ва ба қадри кофӣ муҷаҳҳаз набудани мактабҳоро қайд намуд. Дар ин росто, кори миссияи башардӯстонаи Русия оид ба нав кардани синфхонаҳои забони русӣ махсусан муҳим аст. Дар бораи дигар иқдомҳои мушобеҳ Андрей Патрушев чунин изҳори назар кард: “Соли гузашта бо дастгирии Россотрудничество дар шаҳрҳои Турсунзода ва Панҷакент 2 маркази таҳсилоти иловагӣ ифтитоҳ гардид, ки бо мебел, техника ва китобҳои зиёд таъмин карда шуданд”.

 

МАКТАБҲОИ РУСӢ

Бояд қайд намуд, ки китобҳои дарсӣ ба мактабҳои русӣ дастрас карда мешаванд - дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мебаранд, ки дар 152-тои он синфҳои русӣ мавҷуданд. Имсол ба ин рӯйхат як мактаби дигар ҳамроҳ шуд - дар кӯҳантарин гимназияи № 1-и шаҳри Хуҷанд 2 синфи русӣ барои 57 нафар хонанда ташкил карда шуд ва чанде пеш барои онҳо аз Русия 1400 адад китобу дастурҳои таълимӣ дастрас гардид.

Боз як хабари хуш – идомаи ташаббуси сохтмони мактабҳои нави русӣ, ки соли 2022 дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд, яъне то соли 2030 5 мактаби дигар аз ҳисоби буҷаи Русия бунёд карда мешавад, ки барои 5 ҳазор нафар хонандагон  (илова ба 5,7 ҳазор хонандагоне, ки дар мактабҳои аллакай сохташуда таҳсил мекунанд) пешбинӣ шудаанд.

Ҳамзамон дар  соли ҷорӣ сохтмони Маркази кӯдакони лаёқатманд оғоз меёбад. Русия ният дорад дар ноҳияҳои гуногуни кишварамон аналоги мактаби “Сириус”-ро, ки тайи чанд сол инҷониб дар Сочи бомуваффақият фаъолият мебарад, бунёд кунад. Фаъолияти чунин марказҳо барои кашфи кӯдакони лаёқатманд, ки дар санъат, варзиш ё илмҳои дақиқ донишу маҳорати худро нишон додаанд, инчунин, дастгирӣ ва рушди минбаъдаи онҳо равона карда шудааст.

Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ мегӯяд: “Таъсиси чунин марказҳо барои таҳкими иқтидори таълимии Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисоне, ки дар оянда дар рушди кишвар саҳм хоҳанд гузошт, як қадами муҳим аст”.

Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф, инчунин, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштаракро ҳамчун тадбирҳои муҳим на танҳо барои тарғиби забони русӣ дар ҷумҳурӣ, балки баҳри баланд бардоштани сифат ва шароити таълим дар мактабҳои Тоҷикистон арзёбӣ кардан мумкин аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!