Хабари рӯз

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф барои ҷавонони тоҷик кадом имкониятҳоро боз мекунад?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Тоҷикистон дар рушди фазои таълимии худ ба Русия низ такя мекунад, зеро кишвари мазкур дар Тоҷикистон мактабҳои наву филиалҳои донишгоҳҳои худро таъсис медиҳад, омӯзгоронро барои мубодилаи таҷриба равон месозад ва хонандагонро бо китобҳои дарсӣ ва ғизои мактабӣ таъмин мекунад. Вале кумаки дӯстона дар самти тарбияи насли наврас бо ин ҳама маҳдуд намемонад. Ба наздикӣ дар ҷумҳурии мо маркази нави таълимии байналхалқӣ бунёд карда мешавад, ки шабеҳи маркази «Сириус»-и Русия буда, барои инкишоф додани истеъдоди бачагон имконияти хуб фароҳам меоварад. Умуман, имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф чӣ гуна аст?

Таҳсил дар Русия, табодули илмию фарҳангӣ ва форумҳои тиҷоратии аз ҷониби Русия пешниҳодшуда ба ҷавонони тоҷик дар барқарор кардани робитаҳои муҳим ва ҳифзи сулҳи байни халқҳо кумак мекунанд.

 

Инкишофи кӯдакони болаёқат      

Яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи дастгирии ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон бунёди як маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ба мисли маркази “Сириус”-и шаҳри Сочи хоҳад буд. Дар Русия аз рӯи модели Сириус аллакай тақрибан 70 марказҳои дастгирии кӯдакони болаёқат амал мекунанд ва дар соли 2024 ифтитоҳи 9 маркази дигар ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин роҳандозӣ шуда ва ҳадафи асосии он муайян кардан, инкишоф додан ва дастгирии касбии кӯдакони лаёқатманд дар соҳаҳои санъат, варзиш, фанҳои табиӣ ва эҷодиёти техникӣ мебошад.

Тибқи фармони сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин сохтмони ин марказ то охири соли 2024 дар Душанбе оғоз меёбад. Таълим дар марказ ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад. Дар нақша аст, ки маркази мазкур соли 2027 фаъолияти  худро оғоз намояд. Муассисони ин лоиҳаи нав Вазорати маориф ва илми Русия, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва инчунин, фонди таълимии “Истеъдод ва муваффақият” мебошанд.

Сохтмони чунин марказ дар Душанбе як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои таълимию фарҳангии байни Русия ва Тоҷикистон гардида, барои кашф намудан ва рушд додани истеъдоди кӯдакону наврасон, инчунин, барои пешрафти касбӣ ва муваффақ шудани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Ин лоиҳа пас аз маъруфияти бузург пайдо кардани 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2022 бунёд гардида, ҳар кадомаш барои 1,2 ҳазор нафар хонандагон пешбинӣ шудааст, имконпазир гардид.

Доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев дар ин бора чунин мегӯяд: “Русия ба баланд бардоштани сифати таълим дар Точикистон мусоидат мекунад. Мақоми мактабҳо ва донишгоҳҳои  ин кишвар дар ҷумҳурии мо хеле қадр карда мешавад. Ба гуфтаи кӯдакон ва волидон, барои  ба мактабҳои русӣ қабул шудан онҳо бояд аз интихоби ҷиддӣ гузаранд, зеро таҳсил дар ин мактабҳо тибқи стандартҳои баланди Русия ба роҳ монда шудааст. Русия ба мо на танҳо дар соҳаи маориф кумак мерасонад, балки барои онҳое, ки хоҳишманди дар ин кишвар таҳсил карданро доранд, роҳ мекушояд. Ин пеш аз ҳама дар сатҳи ҳукумат дастгирӣ шуда, ба рушди муносибатҳои байни кишварҳои мо мусоидат мекунад».

 

Саҳм дар таҳсилоти олӣ

Дар Душанбе бо дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аллакай филиалҳои якчанд донишгоҳҳои пешрафтаи Русия таъсис дода шудаанд. Ин филиалҳо кадрҳои баландихтисосро аз рӯи тахассусҳои гуногун омода намуда, ҳамзамон дар рушди иқтидори таълимии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Форумҳои ҷавонони Русияву Тоҷикистон пайваста баргузор карда мешаванд ва дар онҳо масъалаҳои волонтёрӣ, мушкилотҳои экологӣ, сайёҳӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ки ба дастгирии ятимону пиронсолон нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе хидматрасонии худро аз рӯи ихтисосҳои талаботнок пешниҳод мекунад. Донишҷӯёни филиал дар тадқиқотҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили дастаи эҷодии «M.SIRIUS-U» ва маҳфили донишҷӯёнаи «EHYO» фаъолона иштирок мекунанд. Филиали Донишгоҳи  миллии тадқиқотӣ-технологии МИСИС дар Душанбе низ мутахассисони соҳаи илму техникаро тайёр мекунад. Донишҷӯёни ин муассиса инчунин, дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо фаъолона иштирок мекунанд.

Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти энергетикии Маскав» дар Душанбе низ ҳамкориҳои байналмилалиро фаъолона густариш медиҳад. Дар донишгоҳи мазкур конфронсҳои илмию амалии донишҷӯён ташкил карда шуда, донишҷӯён дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иштирок мекунанд.

Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии Русия ва Академияи идораи давлатии Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисон дар самти ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ байни ҷавонон созишнома бастанд. Дар аввали соли 2024 30 нафар ба чунин гурӯҳҳо шомил  шуданд.

Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бошад барномаҳо тибқи стандартҳои таълимии Русия амалӣ карда мешаванд. Донишгоҳи мазкур бо донишгоҳҳои дигари Русия ҳамкории фаъол ба роҳ мондааст, ки он барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва табодули донишҷӯён  имконият фароҳам меоварад.

“Ҳамкасбони ман, ки дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон кор мекунанд, майлу рағбати афзояндаи ҷавононро барои дохил шудан ва таҳсил кардан дар ин муассисаҳо баён месозанд. Дар тамоми ҷаҳон стандартҳои таълимии Русия бисёр қадр карда мешавад ва донишгоҳҳое, ки аз рӯи ин стандартҳо амал мекунанд, бо сифати таълим ва гуногунии ихтисосҳои талаботнок фарқ менамоянд. Дипломҳои ин донишгоҳҳо мақоми баланд доранд, Аз ин рӯ, ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки ба донишгоҳҳои русӣ дохил шаванд. Тавассути филиалҳо, дар доираи табодули донишҷӯён, ҷавонон метавонанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд. Илова бар ин, ҷаҳони васеи илмӣ, фарҳангӣ ва умуман иттилоотиро бо забони русӣ қайд кардан лозим аст. Системаи маорифи Русия бартариҳои зиёд дорад. Аксари донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ДМТ бо донишгоҳҳои Русия робитаҳои зич доранд, барномаҳои муштарак барпо мекунанд, ки ин ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ тааллуқ дорад.

Донишгоҳҳои Русияро бо донишгоҳҳои кишварҳои дигар муқоиса карда, довталабон ва волидони онҳо якумиро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, довталабон кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз роҳҳои гуногун ва фонду ташкилотҳо ба донишгоҳҳои Федератсияи Русия дохил шаванд. Ба гуфти ҳамкасбонам аз Маскав, Новосибирск ва Екатеринбург, дар донишгоҳҳои ин шаҳрҳо теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Беш аз 76 дарсади донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, донишгоҳҳои Русияро интихоб менамоянд, ки ин аз сатҳи баланди эътимод нисбат ба низоми таҳсилоти олии Русия шаҳодат медиҳад.

Аз рӯи мушоҳидаҳоям имсол рақобат байни довталабон низ хеле калон аст. Боқӣ фақат метавонем орзу кунем, ки ҷавонони мо Тоҷикистонро дар макони бегона ба таври сазовор муаррифӣ карда, вазифаи донишҷӯи донишгоҳҳои бонуфузи Русия ва филиалҳои онҳоро дар Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо меоранд”, - хулоса намуд профессор Ниёз Мирзоев.

Ҳамасола ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон барои таҳсил ба Русия мераванд ва қисми зиёди онҳо ройгон таҳсил мекунанд. Дар соли хониши 2022-2023 барои донишҷӯёни тоҷик 750 адад ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳои Русия ҷудо шуда буд. Дар соли таҳсили 2024-2025 бошад, теъдоди квотаҳо то 1000 адад зиёд карда шуд. Беш аз 18 ҳазор донишҷӯёни тоҷик аз ҳисоби квотаҳо ва грантҳои донишгоҳҳо ва мақомотҳои маҳалии Русия ба тариқи ройгон дар ин кишвар таҳсил мекунанд.

Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ: “Рақобати калон байни довталабони ба донишгоҳҳои Русия дохилшаванда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дипломи русӣ нуфузу эътибори баланд дорад, дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия кадрҳои баландихтисос омода мекунанд ва хатмкардагони ин донишгоҳҳо дар оянда имконияти бештари пайдо кардани кор дар соҳаҳои гуногунро доранд. Аз ин рӯ, ҷавонон майлу рағбати зиёд барои таҳсил дар ин донишгоҳҳо нишон медиҳанд.”

Дар байни донишҷӯёни тоҷик ихтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт ва менеҷмент бисёр маъмуланд. Мақомоти Русия ҳамчунин, ташаббусҳои таълимии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Дар доираи барномаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар соли таҳсили 2023-2024 бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсилот аз Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 66 нафар омӯзгорони рус фиристода шуданд.

“Рушди равобити Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф дурнамои хуб дорад ва ин робитаҳоро бояд ҳавасманд ва густариш дод”, - Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ.

Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба рушди иқтидори кадрӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад. Ифтитоҳи маркази байналмилалии “Сириус” дар Душанбе як қадами муҳим дар ин самт хоҳад буд. Барномаҳои табодули донишҷӯён, форумҳо ва ташаббусҳои таълимӣ барои ҳамдигаршиносии ҷавонон ва шахси пурмасъул тарбия ёфтани онҳо мусоидат мекунанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!